March 2018

23 March 2018

Бахшида ба Иди Наврӯз мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" баргузор шуд

Рӯзи 22 марти соли 2018 бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Бузкашӣ" ва "Пойга" баргузор шуд.

Пеш аз оғози мусобиқаҳои варзишӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, кулли тамошобинон ва ҳаводорони бозиҳои миллиро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят 8400 сар асп парвариш карда мешавад ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишии "Пойга" ва "Бузкашӣ" дар арафаи Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Бист сол инҷониб баргузор шудани чунин мусобиқаҳо худ гувоҳи он аст ки "Пойга" ва "Бузкашӣ" аз маъруфияти хосе бархурдор аст.

Читать далее

Баргузории хатнасури хайриявии кӯдакони оилаҳои ниёзманд

Рӯзи 22 март дар тарабхонаи "Ҷавонӣ"- и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хатнасури хайриявии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.

Хатнасури хайриявии кӯдакони оилаҳои ниёзманд бо ташаббуси Раёсати андоз дар вилояти Суғд ташкил гардид. Раиси вилоят зимни суханронии худ аз ин иқдоми нек истиқбол намуда, таъкид кард, ки бояд дар оянда низ чунин корҳои хайр ба анҷом расонида шавад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон кӯдакони хуштолеъ ва пайвандони онҳоро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Читать далее

Иштироки намояндагони аҳли зиё ва фарҳанги вилояти Суғд дар чорабинии наврӯзии вилояти Самарқанд

Дар доираи амалӣ намудани нуктаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расиданд, бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва даъвати роҳбарияти вилояти Самарқанд санаи 20 марти соли равон гурӯҳи иборат аз 18 нафараи олимону адибон, аҳли фарҳангу ҳунар ва кормандони ВАО-и вилояти Суғд барои иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.

Дар ин бора Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ дод.

Читать далее

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд

Рӯзи 21 марти соли 2018 дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ҳузури теъдоди зиёди сокинон чорабинии калони идона баргузор шуд.

Чорабинии наврӯзӣ дар саҳни Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷараён гирифт.

Читать далее

20 March 2018

Наврӯз - мероси ниёгони мо

Бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз 19 марти соли 2018 конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Наврӯз – мероси ниёгони мо” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории конфронс баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худогоҳии ҷавонон, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллии Наврӯзи байналмилалӣ ва дар сатҳи сазовор таҷлил намудани “Наврӯз - 2018” аст. Конфронс бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва ҳамкорӣ бо шӯрои олимони ҷавони вилоят доир гардид.

Дар конфронс мутахассисони пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз таърихи дерина дошта, ойини бедории табиат, пирӯзии равшанӣ бар зулмат мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро мардуми мо пос медоранд. Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри мо бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тантана таҷлил мегардад, сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳимми сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад. Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои созандагӣ ва ободкорӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад.

Дар конфронс озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Беҳтарин расми Наврӯзӣ» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардида, аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

ШОДМОН Нурматов,
Роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати
кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Читать далее

Имтиёз ба фарзандони собиқадор

Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ноҳияи Деваштич соли 2014 таъсис дода шуда, зиёда аз 50 нафарро дар худ муттаҳид мекунад ва бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ, таблиғу татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ташкил гардидааст.

Роҳбари иттифоқ Ҳайит Туробов зикр намуд, ки иқдомҳои дар соли 2017 аз ҷониби аъзои иттифоқ дар миқёси ноҳия роҳандозигардида обрӯву нуфузи ташкилотро боз ҳам баланд бардошта, хотири шаҳидони барқароркунии сохти конститутсионӣ ва аъзои оилаи онҳоро шод гардонид. Инчунин қайд гардид, ки фарзандони 35 нафар собиқадори эҳтиёҷманди иттифоқ аз хароҷотҳои мактабӣ бо дастгирии шӯъбаи маорифи ноҳия озод гардида, дар шафати даромадгоҳи ҳавлиҳои шаҳидони барқарор кардани сохти конститутсионӣ лавҳаҳои хотиравӣ насб карда шуданд. 

Сарвар САИДОВ,
роҳбари намояндагии ТҶҶ
«Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Ҳузури муборак ва хуҷастаи Иди байналмилалии Наврӯзи Аҷамро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба куллиҳамватанони азиз муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Читать далее

Ба истифода додани пули роҳи оҳан дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Читать далее

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Ҷавонон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад.

Читать далее