March 2018

20 March 2018

Иштироки Раиси вилоят дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳри Конибодом

Рӯзи якшанбеи 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳр ширкат намуд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар чорабиниҳои наврӯзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинонро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт. Қайд гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо фарорасии фасли диловези баҳор ва Наврӯзи Аҷам ба корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат баста, Наврӯзро бо руҳияи тоза истиқбол мегиранд.

Читать далее

Раиси вилоят бошандагони Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодомро бо Иди Наврӯз табрик гуфт

Дар шаҳри Конибодом низ чун дигар минтақаҳои вилоят тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфтанд. Рӯзи якшанбеи 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзии сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф овард.

Зимни боздид аз шаҳри Конибодом Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом дидан кард ва бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро ба Иди Наврӯз табрик намуда, афзуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ пайваста ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.

Читать далее

19 March 2018

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоизаи Наврӯз-2018

Дар заминаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавияти варзиш ва ҳам ҷалби кормандон ба тарзи ҳаёти солим дар маҷмааи варзишии Раёсати андози вилояти Суғд пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Раёсати андози вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он оғоз гардид. Чи тавре ки сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон зимни ифтитоҳи расмии мусобиқа иброз дошт, ба варзиш машғул шудани кормандон маҳсулнокии меҳнати онҳоро низ афзун мегардонад. Мусобиқа дар рӯзҳои тантанаҳои Ҷашни Наврӯз ҷамъбаст 20-дастаи футболбоз аз Шуъбаҳои Раёсати андози вилояти Суғд ва Нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ширкат меварзанд. Бояд зикр намуд, ки бозӣ рӯзҳои истироҳат дар майдони барҳавою замонавии футболи хурд воқеъ дар дохили бинои Раёсат сурат мегирад. Дастаи ғолиби мусобиқа бо Ҷоизаи Наврӯз-2018, ва ба бозингарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

-Таъмини нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои семоҳаи аввали соли 2018 дар фосилаи моҳҳои январ-феврал, яъне пеш аз мӯҳлат тӯҳфаи  арзандаи кормандони Нозироти андози ноҳияи Айнӣ ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай арзёбӣ гардида, минбаъд ҳам ҳамин анъанаи некро идома дода, нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро дар ҷамъбасти соли 2018 барзиёду босифат ва пеш аз мӯҳлат таъмин созем иброз дошт зимни сeҳбат Фарзон Оқилзода.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
 Роҳбари Маркази матбуоти Раёсати
 андоз дар вилояти Суғд

 

Читать далее

Баргузории тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Гулистон

Рӯзи шанбеи 17 март дар шаҳри Гулистон ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ силсилаи чорабиниҳои идона баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии асосии наврӯзии шаҳри Гулистон, ки дар маркази шаҳр ҷараён гирифт, иштирок намуда, кулли сокинони шаҳрро бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфт. Зимни суҳбат Раиси вилоят аз талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ин ҷашни бостонии мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз имрӯзҳо дар аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар чорабиниҳои наврӯзии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рӯзи 17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврузӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Раиси вилоят нахуст аз мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, ки барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон заиф пешбинӣ шуда, дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз ҷойгир аст, боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернати мазкурро ба муносибати фарорасии иди Наврӯзи Аҷам табрик гуфт. Зикр карда шуд, ки дар остонаи иди аҷдодӣ ба ҷо овардани аёдат ва зиёрати пирони барнодил ва собиқадорони меҳнат, беморон ва ятимону бепарасторон аз амалҳои неку писандидаи мардуми мо ва як суннати хуби наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар чорабиниҳои наврӯзии сокинони шаҳри Бӯстон

Рӯзи 17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳе аз аҳли зиё ва ходимони давлатию ҷамъиятии вилоят дар тантанаҳои  наврӯзии сокинони маҳаллаи “Озодӣ”-и шаҳри Бӯстон ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси вилоят аз растаҳои гуногун боздид намуда, бо тасвирҳои инъикоснамудаи рассомони ҷавон ва маҳсули дастранҷи занону бонувони ҳунарманди шаҳр шинос гардид.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии наврӯзии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Рӯзи 17 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии наврӯзии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф овард.

Раиси вилоят тарбиятгирандагонро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфта, иброз дошт, ки зери роҳбариву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа тавааҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва кӯдакони ятиму бепарастор ҳеҷ гоҳ худашонро танҳо ва бекас эҳсос нахоҳанд кард.

Читать далее

Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд

Рӯзи 17 марти соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ оғоз ёфт. Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии гурӯҳе аз шоиру нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои Раззоқ ва Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо таъкид намуд, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Читать далее

Боздиди Қоҳир Расулзода аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 16 марти соли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Аз ин лиҳоз, дар вилояти Суғд барои ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои муаасир андешида шуда, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, комплексҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншооти муҳими соҳаи туризм ба нақша гирифта шудаст. Дар робита бо ин дар маркази вилоят меҳмонхонаи наву замонавие бо номи “Парламент” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин меҳмонхонаи замонавӣ дар муҳити зебову фароғатбахш, дар канори дарёи Сир ҷойгир шуда, ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад.

Читать далее