March 2018

19 March 2018

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд

Рӯзи 15 марти соли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони иншооти таъиноташон гуногун, рафти корҳои саҳроӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст аз шаҳри Панҷакент боздид намуд. Сарвазири мамлакатро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Читать далее

16 March 2018

Мардуми тоҷик сиёҳро аз сафед фарк кардаанд

 

 

 

Фаъолияти пасипардагии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ собит намуда истодааст, ки ин ташкилот дар ҳақиқат бо номи дини мубини ислом ба бадномсозии он машғул будаасту халос. Чӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чӣ дар садову симо агар маводе ё хабаре инъикос мешавад, ҳатман дар он оид ба чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ сухан меравад ва ё ин ё он паҳлӯи норавшани фаъолияти пасипардагии ин ташкилоти террористӣ ошкор мешавад. Дар воқеъ ошкор гардидани паҳлӯҳои норавшани фаъолияти ин ташкилоти бадхоҳ намунаи равшани огоҳии ҷавонон ва ҷомеа аз хатари чунин ташкилотҳои ифротгаро ва пешгирии шомилшавии онҳо ба чунин ташкилотҳо маҳсуб меёбад.       

Масалан, агар тариқи шабакаҳои иҷтимоиву телевизиони даврӣ аз кирдорҳои разилонаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» огаҳӣ пайдо кунем, мебинем, ки онҳо бо номи дини мубини ислом даст ба қатлу куштори бераҳмонаи занону кӯдакон, наврасону ҷавонон мезананд.

Агар ба намоиш гузоштани наворҳои қатлу куштор ва ваҳшонияти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз як самт ба хотири ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон бошад, аз нигоҳи дигар расонидани таъсири равонӣ ба зеҳну шуури онҳо дар масъалаи истифодаи чунин омилҳои номатлуб зимни муқовимат бо ҳамагуна гуруҳҳои муқобил маҳсуб меёбад, ки ин омил на танҳо ба як ё ду кишвари мусалмоннишин, балки ба ҷомеа хатари манфии худро мерасонад.

Акнун мегузарем сари амалҳои пасипардагии аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ. Дар ин ҷо шояд суоле пайдо шавад, ки «Чаро амалҳои ДОИШ ва амалҳои пасипардагии ҲНИТ? Посух он аст, ки ДОИШ агар амалҳои қатлу кушторро имрӯз ошкоро анҷом диҳад, ҲНИТ пасипардагӣ. Яъне ҲНИТ аввал байни ҷавонон ва мардум тафриқаандозӣ намуда, мехоҳад онҳоро ба фирқаҳо ҷудо намуда онҳоро барои нобудии худ бо дасти худашон раҳнамоӣ кунад.

Чун амалҳои разилонаву манфури наҳзатиёни хатарафзо дар ниқоби дини мубини ислом ба миён меояд, мехоҳам назари Худовандро ба чунин бадтинатон баён созам. Худованд дар сураи Бақара оятҳои 8, 9, 10, 11,  13 ва 14 мефармояд: «Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол онки имон наовардаанд. Инон Худову муъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худ фиреб медиҳанд. Дар дилҳояшон маразест ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар. Чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд: «Мо муслеҳонем (накӯкоронем). Ва чун ба муъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем». Худост, ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро вомегузорад то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.

Яъне аз ин сураи муборак бармеояд, ки сафҳои ТЭТ ҲНИТ пур аз гумроҳон аст ва онҳо гумроҳиро ба ҳидоят харидаанд.

 Фарҳод Воҳидов

 

 

 

Читать далее

Мо арҷгузори фарҳангу тамаддуни оламшумуламон ҳастем

 

 

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар сомонаҳои интернетии дасисабоз доир ба як ҷамъомади дар Ҷенева баргузоргардида як-ду маводи расонаии низоъбарангезу сулҳшикан паҳн гардида, тухми адовату кина ва ғаразҳои манфури баъзе аз «бузургон»-у «бузургдавлатон»-ро кошта истодааст.

Гӯё дар ин ҳамоиш иштирокчиёни саммит ба ҳамкорони тоҷикистонии худ тасаллият изҳор намуда, дар кори «ҳимоя»-и ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва демократия дар ин давлат ҳамгироиро баён намуда бошанд.

Мо, ҷавонони бонангу номус ва соҳибватану ваҳдатсаро ва сулҳпарвару дӯстҷӯ ва арҷгузоранда ба ниёгону волидайни худ ва инсондӯсту созандаи тоҷику тоҷикистонӣ ба чунин афрод ва ҷамъомади онҳо ва ба ақидаву баёнияҳои онҳо танҳо бо як ҷумла ҷавоб медиҳем: «Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод сулҳи тоҷикон, шукуфон бод диёри азизамон, саломат бошанд падару модар ва пайвандонамон, нек ба камол расанд насли наврасамон ва ҳамеша дар амон бод Пешвои миллатамон!!!»

Мо, ҷавонони некбину некандеш ва идомадиҳандагони корҳои бунёдкоронаи аҷдодонамон ва арҷгузоранда ба фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумуламон ба афроду роҳбарони ин ташкилотҳо танҳо якчанд суолҳо дорем:

Наход Ҷеневае, ки баҳри инсондӯстиву рафоқат Ҳуқуқи башардӯстиро эҷод карда бошаду дар атрофи худ афроду ташкилотҳои қотили башариятро ҷамъ оварда бошад?

Наход Ҷеневае, ки ба баҳри сулҳу субот, пешгирии оқибатҳои даҳшатбори ҷангу низову офатҳо Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро таъсис дода бошаду дар атрофи худ ҷангҷӯёну низоъпарварони фалокатоварро ба ҳам оварад?

Оё «инсонпарварӣ» маънии ҷудоиандозию ҷудоихоҳӣ, хурофоту шаккокӣ, куштору таҷовуз ва аз байнн бурдани давлати тозаистиқлоли дунявиро дорад?

Оё ду нафари дар саммити зикршуда иштирокдошта: аз номи миллионҳо нафар тоҷику тоҷикистонӣ ҳуқуқи сухан гуфтан доштанд?

Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоли вакили Парлумони Тоҷикистон буданаш ба ҷуз бизнеси худу камбудигӯиҳояш чӣ коре ба нафъи мардуми шарафманду меҳнатқарини Тоҷикистон кард?

Чаро дар хориҷаву ҷамъомадҳои хориҷӣ шарафу манзалати тоҷику тоҷикистонӣ ва эътибори Тоҷикистонро паст мезананд? Ба онҳо кӣ чунин ҳуқуқро додааст?

Оё танҳо аъзои ҳизби наҳзати ислом мусалмонанд? Боқимонда 99 фоизи сокинони кишвар кофиру ғайримусалмонанд магар?

Оё пешрафти воқеъию бунёдкориҳо сулҳу субот, мунтазам муҳайё гаштани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ ва инкишоф, бомаром амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди бемайлони илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, дар миқёси ҷаҳонӣ роҳандозии иқдомҳои глобалии Тоҷикистон, эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистону Роҳбари муаззами он, осоиштагиву ободии хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва умуман воқеъияти имрӯзаи пешрафти Тоҷикистону тоҷикистониён магар барои баъзе афроду ташкилотҳо аён нест? Ё онҳо нодида мегиранд, ё намехоҳанд, ё ин ки дигар ғаразҳои зидди миллату давлатро доранд?

Тоҷикистони биҳиштосо давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ аст ва халқи он қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад, бунёди ҷоеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, баҳри пешрафти Ватани азизи худ содиқона фаъолият бурда истодааст.

Комрон Исмоилзода,
ноҳияи Деваштич

 

 

 

Читать далее

ҲНИТ: Анҷумани озодандешон не балки террористон ….

Мо як гуруҳ ҷавонон ва сокинони ноҳияи Деваштич тасмим гирифтем, ки нисбати таъсиси «Анчумани Озодандешони Тоҷик» вокунише кунем. Ба ҳамагон маълум аст,  ки Анҷумани мазкур маҳз бо ташаббуси кадом «озодандешон» таъсис дода шуд. Ин Анҷумани озодандешон нест, балки анҷумани террористон аст.

Имрӯз, ки онҳо ба амалҳои нопоки худ мехоҳанд зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Зеро Тоҷики асл дар Ватан аст ва ё берун аз бошад ҳам дар хизмати Ватан аст. Чунин хоинону гурезагон ва имонфурушон ҳуқуқи истифодаи воҷаи Тоҷикро надоранд ва ҳамчунин қабил ашхосон миллатҳам надоранду онҳо ғуломи молу давлати хоҷагони худ мебошанд. Тоҷикистонро кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷуҳ доранд. На бо хоинону Ватанфурушонаш.

Аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта ҲНИТ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ХНИТ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Аммо нақшаҳои тарҳрезӣ  намудаи онҳо амалӣ то охир амали нагардид. Ҳама барбод рафт. Мо, ки ҳама мардуми мусалмон ҳастем. Ба онҳо бовар намудем. Зеро онҳо бо ниқоби ИСЛОМ кори худро пеш бурданд. Ин боварии мо боис гардид, ки онҳо амалҳои нобахшиданиро анҷом диҳанд.

Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси «Анҷумани озодандешони Тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин Анҷуман на озодандешон ҳастанд. Балки хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин як бозии хом аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи пуч доранд. Онро хоинону ватанфурушон таъсис доданд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Боз ягон хоҷаи хориҷӣ ӯро маблағгузорӣ намудааст. Инчунин онҳо сомонаи ozodandishon.oқg ки бо хабарҳои ивғоангезонаи худро паҳн мекунанд, фаъол гардид. Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин, ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд.

Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад».

Мо ҷавонон барои ҳимояи Ватан аз душманону хоинонаш ҷони хешро дареғ намедорем.

Ҷавонони ноҳияи Деваштич

Читать далее

Роҳбарони ТЭТ ҲНИТ аз кадом тоифаи инсонҳо иборат?

Дар асл миллати тоҷик бо фарҳанг, тамаддун ба ҷаҳониён маълуму машҳур аст. Мардуми шарафманди он миллатдӯст мебошанд. На хостори ҷангу ҷидол ва нооромиҳо ҳастанд. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешравии ҳамаи соҳаи мавҷудаи ҷумҳурӣ тадбирҳо андешида истодаанд.

Аммо ба ҳамагон аёну возеҳ аст, ки бо корбарии хоҷаҳои хориҷӣ Муҳиддин Кибирӣ мехост ба оромиву сулҳи Ватан табаддулот ворид созад. Хусусан  ҲНИТ ба воситаи хориҷиён сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ шуда, имрӯз дар хориҷи кишвар низ андешаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ҳар роҳу восита вайрон карда истодаанд. Онҳо танҳо ба манфияти худ корро мебаранд, аммо парвои дигаронро надоранд, ки тақдири онҳо чӣ мешавад. Аз ислом истифода намуда, мардуми мусалмони ҳақиқии тоҷикро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Кабириву ҳаммаслакони ӯ мусалмони асил набуда, сабабгори марги ҳазорон нафар бегуноҳону зиёиёни миллат ҳастанд. Инчунин раёсати олии ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар нишасту вохӯриҳо ташкил намуда, муҳтавои онро ба сомонаи payom.net нашр мекунанд. Хоинони  миллати тоҷик боз як анҷумани хоинонро таъсис додаанд, ки онҳо низ як гуруҳи ивғоангезу террористон мебошад. Зеро онҳо низ як сомонаи хоинонаи ozodandishon.com нисбати Тоҷикистони сулҳовару сулҳпаравар андешаҳои нолоиқи худро тарғиб карда истодаанд. Онҳо шахсони озод нестанд, танҳо иҷрокунандагони  фармони хоҷагони худ мебошанд.

Лоиқ Тӯйчиев
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Падидаҳои номатлубро пешгирӣ мебояд!

Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон воқеаҳои даҳшатноку фоҷеабор идома доранд. Терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо таҳдид доранд.

Мавзӯи терроризм ва экстремизм имрӯзҳо яке аз мавзӯъҳои муҳиму мубрами тамоми кишварҳои дунё аст. Он яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, зеро қувваи асосиаш аз ҳисоби ҷавонон ва наврасоне, ки аз таълиму тарбия дур мондаанд, саводи мукаммали диниву дунявӣ надоранд, ташкил ёфтааст. Ин гуна ҷавонону наврасон, ҳатто маънову моҳияти экстремизм ва терроризмро дарк ҳам накардаанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу даҳшатафканӣ амалӣ созанд.

ҳар як фарди ҷомеа бояд бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад, ки қарзи ҳар як инсони комил аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти хатарноки динӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид фаъолона мубориза бурда, барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тадбирҳои судманд андешида, соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардидааст, ки мақсади он ошкор ва пешгирии терроризм мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар бораи ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ба зиёда аз сад давлати дунё, дар бораи нооромиву низоъҳо ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ сухан намуда, инчунин иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундравии хушунатомез изҳор доштанд. Бояд ҳар як фарди тоҷик муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм беш аз пеш пурзӯртар ва дучанд намояд, зеро ин падидаи номатлуб ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, ба ояндаи ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ дорад. Фардои дурахшони давлатдории миллӣ аз пешрафти бемайлони ояндаи ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Бо дарки чунин марҳалаҳои таърихӣ бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ илму донишҳои муосирро омӯзанд, бисёртар китоб мутолиа намоянд, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кунанд, ба волидони худ ёрӣ расонанд ва ба ягон машғулиятҳои манфиатнок вақти худро сарф, барои ободии Ватан кӯшиш карда, муқаддасот ва марзу буми диёри азизамонро содиқона ҳифз намоянд.

Тошбегим Ҷумъабоева,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ

Читать далее

Наврӯз – ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ

Таърихи тамаддуни башар аз оғоз то имрӯз шоҳиди бавуҷудоӣ ва азбайнравии идҳои ақвоми гуногуни олам ва расму анъанаҳои марбут ба он идҳо шуда, дар ҳофизаи худ фақат номи ҷашнҳоеро сабт кардаву то ба мо интиқол додааст, ки муҳимтарин хусусияти онҳо инсонҷавҳарӣ ва табиатмеҳварӣ мебошад. Яке аз чунин идҳо Наврӯз аст, ки тибқи омори соли 2010-соли ҷашни ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ шудани ин ид 300 миллион аҳолии ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос дар пайванд бо расму оинҳои миллии худашон таҷлил карданд. Аз 23-юми феврали соли 2010, ки ҷашни Наврӯз дар Сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи “Тамаддунҳои ҷаҳонӣ” ҳамчун Наврӯзи ҷаҳонӣ эътироф шуд, шумори кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди ваҳдатшиор дар миқёси ҷаҳон бамаротиб афзуд.

Барои миллатҳои ҳавзаи қаламрави Наврӯз, бавиҷа барои мо-тоҷикон чунин вусъат пайдо кардани ҷашни Наврӯз ва дар минтақаҳои гуногуни сайёра тоҷикона садо додан ва таҷлил шудани он дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои умумибашарӣ боиси ифтихору сарафрозист.

Таъриху сарнавишти Наврӯз дар китоби муқаддаси “Авасто”, асарҳои “Динкарт”, “Бундаҳишн”, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайёми Нишопурӣ ва дигар осори таҳқиқиву мақолаҳои илмии донишмандони ҷаҳониву ватании асрҳои миёнаву нав инъикос шуда, дар ҳама ҷо ҳамчун ҷашни некоину хуҷастапаём, иди шикасти бадиву зулмат ва пирӯзии хубиву рӯшноӣ, бедоршавии табиату инсон ва киштукори деҳқон, рӯзи хайрхоҳиву саховат ва гиромидошти вуҷуди пирону барҷоймондагон ва дуогӯӣ ба равони ниёгон, рӯзи ҳамоиш бо ҳамсояҳо ва қадршиносиву риояти ҳаққи якдигар тавсифу таъриф шудааст, ки барҳақ инъикосгари мазмуни рангини ин ҷашни фархунда мебошад. Чунончӣ муҳаққиқони наврӯзшинос муайян кардаанд, яке аз авомили босуръат ҷаҳонишавии Наврӯз дар ҳикмати офариниши шашмарҳала ё шашрӯзаи оламу Одам, тақвиму солшуморӣ ва дигар падидаҳои марбут ба ҳастишиносиро шомил будани он аст, ки ҳама аз равзанаи динҳои ҷаҳонӣ низ ҳамсону ҳаммонанд ба назар мерасанд.

Яке аз оинҳои неки дигари Наврӯз пошидани об ба якдигар аст, ки ин расм дар байни халқҳои гуногуни олам низ бо мақсади талқини покиву озодагӣ, сериву пурӣ, фаровониву серҳосилӣ, фараҳбахшиву шодифизоӣ бо тарзу равишҳои хос баргузор мегардад. Об ҳамчун яке аз чаҳор унсур дар фарҳанги башар сарчашмаи ҳаёту зебоӣ эътироф шуда, дар боварҳои халқҳои ҷаҳон мавриди парастиш қарор мегирифтааст. Вуҷуди илоҳаҳое бо номи Аноҳито (илоҳаи обу ҳосил дар Эрони бостон), Дана ва Агидел (илоҳаи об дар бовари славянҳои қадим), Амфитрита (илоҳаи баҳр дар Юнони қадим), Исида ва Нейт (илоҳаҳои обу боду зояндагӣ ва баҳру шикор дар Мисри қадим), Кебхут (илоҳаи об дар Африқо), Сарасвати (илоҳаи обу ҳосил дар ҳинди қадим) ва дигар эзадон ин гуфтаро тасдиқ менамояд. Имрӯз, новобаста аз он ки инсоният ин ҳама бовари худ ба об ва муқаддасшумории онро дар саҳифаҳои таърихи куҳан гузоштаву ҳоло ба дараҷаи баланди тараққиёти илмӣ-техникӣ расида, барои ҳарчӣ беҳтару бароҳаттар зистан тадбирҳои муҳим андешида, онҳоро дар муддати кӯтоҳ амалӣ месозад, ҳамоно ниёзи бештаре ба табиати зинда ва бавиҷа, ба оби тоза ва ғизои солим дорад.

 Муносибати ҳамсоягиву бародаронаи миллатҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз, ки реша дар қаъри асрҳо дорад, дар даврони ба даст овардани истиқлолияти милливу давлатии халқҳои мазкур сатҳу сифати тоза касб кард. Хусусан, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки имрӯз таҳти ҳидояти роҳбарони воқеан дурандешу халқпарвари ин ду давлати ҳамсоя рӯ ба беҳбуд овардааст, далел аз ҷарфии иртиботу пайванди самимию мустаҳками ёриву бародарии тоҷикону ӯзбекон мебошад. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми март дар арафаи иди Наврӯзи некоин ба кишвари мо бо сафари давлатӣ ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва худи он рӯз нашр кардани изҳороти тарафайн оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ба имзо расонидани 27 ҳуҷҷати ҳамкории дуҷониба, аз як сӯ далели дар ҳавзаи кишварҳои таҷлилгари Наврӯз аз оғоз ҳамсояи наздик будани тоҷикону ӯзбекон дарак диҳад, аз сӯйи дигар аз ояндаи неки муносибатҳои ҳамҷаворӣ муҷдарасон аст. Ҳамчунин, кушодашавии 10 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии байни давлатҳои ҳамсоя дар нимаи аввали моҳи март низ ба ҳамфарҳангиву ҳамҷавории таърихан куҳани тоҷикону ӯзбекон ва наврӯзмазҳарии тафаккури ин ду миллат далели равшан шуда метавонад.

Ба ҳам омадани сарони ду давлати бародару дӯст дар оғози фасли бедории табиат–остонаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки яқинан муҷдаи баҳори ҳамкориҳои тоза ва рушди робитаҳои ҳаматарафаро барои тоҷикистониёну ӯзбекистониён хоҳад расонид, дар чашми мардуми ҷаҳон риояшавӣ ва иҷрои оинҳои неки наврӯзиро аз ҷониби халқҳои тоҷику ӯзбек ба ҷилва овард.

Аз ин рӯ, месазад, ки ҳар як фарди фарҳангдӯсту инсонгаро барои амалисозии ҳикматҳову оинҳои неки ҷашни ҷаҳонии Наврӯз талош варзида, баҳри дар сатҳи аз ин ҳам густардатар тарғибшавии он саҳми арзандаи худро гузорад, то ин ки ҳар рӯзи сол барои ҳамаи ҳалқҳои олам рӯзи Наврӯз, рӯзи шодиву нишот, фархундаайшиву хуҷастарӯзгорӣ ва дӯстиву бародарӣ бошад.

Шодӣ Ҳасани Шарифниё,
муаллими кафедраи адабиёти
классикии тоҷики Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.

Читать далее

Маросими гулчанбаргузории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан дар шаҳри Остона

15 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Читать далее

15 March 2018

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

14.03.2018, Қазоқистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.

Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.

Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.

Читать далее