March 2018

15 March 2018

Кишти картошкаи барвақтӣ таъмин гардид...

Вале дар ин самт кишоварзони ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва шаҳри Конибодом ба саҳлангорӣ роҳ доданд

Тибқи дастури Раиси вилоят кишоварзони вилоят то 10 марти соли равон бояд кишти барвақтии картошкаро ба анҷом мерасониданд. Вобаста ба вазъи кунунии ҷараёни кишти зироати мазкур бо сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода ҳамсуҳбат гардидем ва маълум гашт, ки дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1250 гектар пешбинӣ шуда, то 12 марти соли равон дар майдони умумии 1359 гектар кишт карда шудааст, ки 108,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мавсуф то 12 март дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 325,4 фоиз, Ашт 104, Бобоҷон Ғафуров 96,8 Ҷаббор Расулов 92,1, Исфара 90 ва Спитамен 82,9 фоиз кишти картошка ба иҷро расонида шудааст. Аммо дар ноҳияҳои Мастчоҳ 50 фоиз, Зафаробод 30 ва Конибодом 28 фоиз кишт гузаронида шудаасту халос. Сабаби асосии иҷро нашудани дурнамои кишти картошкаи барвақтиро мутасаддиён дар норасоии тухмӣ, яъне захираи нокифояи тухмӣ ва шароити номусоиди обу ҳаво шарҳ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ мутобиқи талабот дар ноҳияҳои Мастчоҳ 420, Зафаробод 450 тонна ва Конибодом 600 тонна тухми картошка мебоист захира карда мешуд. Дар асл бошад, дар ноҳияҳои Мастчоҳ ҳамагӣ 250 тонна, Зафаробод 160 ва Конибодом 201 тонна тухмии картошка барои кишт захира гардидаасту халос.

Дар маҷмӯъ, барои таъмини дурнамои кишти барвақтии картошка 1,5 ҳазор тонна тухмӣ намерасад. Вале ин набояд баҳона гардад. Зеро тибқи хулосаи олимону мутахассисони соҳа кишти барвақтии картошкаро бояд аз моҳи феврал оғоз ва то санаи 10-уми март ба итмом расонид. Дар ин сурат ҳосили дилхоҳ рӯёнида мешавад.

Аммо бо ин саҳлангорӣ ҷиҳати дар мӯҳлати оптималӣ кишт нашудани картошка гумон аст, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида шавад.

Иҷрои саривақтии супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, масъулияти бештари мутасаддиёни соҳа ва истифода аз вазъи мусоиди обу ҳаво барои рӯёнидани ҳосили баланд ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ зарур мебошад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Оқ-Орда” сурат гирифт.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”

Рӯзи 14 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ва иншооти  варзишӣ мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ёдовар шуда, доир ба тарбияи ҷавонони лаёқатманд, рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол ва тарбияи футболбозони беҳтарин ибрози андеша намуд.

Читать далее

Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои тасдиқ пешниҳод шуд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро, ки дар раванди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Читать далее

14 March 2018

Раҷаббой Аҳмадзода: Иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода шаванд

Дар идомаи шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” боздид намуд.

Маврид ба зикр аст, ки самти асосии фаъолияти корхона ба истеҳсоли ришта нигаронида шуда, соли гузашта дар ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” 2300 тонна пахта коркард шудааст. Ҳоло он ки иқтидори лоиҳавии корхона ба коркарди то 12 ҳазор тонна пахта баробар аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки корхона дорои дастгоҳҳои муосир аст, вале бинобар набудани маблағи гардиш аксарияти ин таҷҳизот аз фаъолият боз мондааст, ки ин ҳолати нигаронкунанда мебошад. Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки дар ояндаи наздик ҷиҳати ҳалли ин муаммо ва ба кор андохтани иқтидори истеҳсолӣ чораандешӣ намояд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Неку Хуҷанд” ва ҶММ “Ҷавонӣ”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд ва сатҳи некӯаҳволии мардумро беҳтар намояд.

Нимаи дуюми рӯзи 13 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук аз як қатор корхонаҳои дар маркази вилоят қарордошта боздид намуд.

Читать далее

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарону калонсолон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон аз рӯи 17 намуди вазн бо иштироки 105 нафар варзишгарон (42 нафар духтарон) аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид.

Ғолибон ва ҷойзадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон.

Дар намуди даставӣ аз дасти чап.

Ҷои якум – дастаи вилояти Суғд

Ҷои дуюм – дастаи вилояти ВМКБ

Ҷои сеюм -  дастаи вилояти Хатлон

Дар намуди даставӣ аз дасти рост.

Ҷои якум – дастаи вилояти Суғд

Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Душанбе

Ҷои сеюм -  дастаи вилояти Хатлон

Писарон: ишғоли ҷои якум.

Дар вазни 60 кг - Баҳриев Ёқубҷон   

Дар вазни  65 кг - Хуҷаалиев Абдуманон   

Дар вазни  70 кг - Бобоҷонов Аминҷон     

Дар вазни  75 кг - Комилов Фаррух    

Дар вазни  80 кг - Мирзо Ахмедов   

Дар вазни  85 кг - Ашуров Акмал  

Дар вазни  90 кг - Мухадияров Фирдавс  

Дар вазни 100 кг - Насридинов Умед  

Дар вазни 100ӯ кг - Каримов Ҷамол 

Духтарон: ишғоли ҷои якум.  

Дар вазни  50 кг - Донаева Урия   

Дар вазни 55кг -  Нозимова Хадича 

Дар вазни 60 кг - Лидовская Анна   

Дар вазни 70 кг - Назирзода Малика 

Дар вазни 80 кг -  Мамадова Муҳаббат

Дар вазни 80ӯ кг - Азимова Бихалича

Дар фарҷоми мусобиқаи мазкур ғолибони ҷоизадорон бо медал ва диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Шодмон НУРМАТОВ,
Роҳбари хадамоти матбуотии
Раёсати кор бо ҷавонон ва
варзиши вилояти Суғд

Читать далее

Мусобиқаи волейбол байни духтарон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят санаҳои 9-11 марти соли 2018 мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2000 ва хурд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Бобоxон Ғафуров баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 62 нафар варзишгар аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоxон Ғафуров, Спитамен Ҷаббор Расулов иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

Маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи Ҷаббор Расулов 2-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ашт ва ҷои сеюм насиби дастаи Ҷаббор Расулов 1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу дипломҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Шодмон НУРМАТОВ,

Роҳбари хадамоти матбуотии

Раёсати кор бо ҷавонон ва

варзиши вилояти Суғд

Читать далее

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее