06 April 2018

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони корхонаҳои бунёдшаванда

Рӯзи 4-уми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаҳои бунёдшаванда аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намуд.

Зимни боздид Раиси вилоят аз корҳои ободонӣ ва сабзкории даромадгоҳи минтақа изҳори нигаронӣ намуда, барои гулпӯш ва ба таври назаррабо зебо намудани даромадгоҳи МОИ “Суғд” ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Ифротгароӣ ваҳшаният аст!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  раванди устувори ба ҳам пайвастани ифротгароии динӣ, терроризм ва экстремизм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ ва гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба сафи ингуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ бештар ба мушоҳида расида истодааст. Ифротгароӣ ва таассуби динӣ аз масъалаҳои доғи рўз гардида, роҳҳои гаравидани бархе аз шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Роҳҳои ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб дар аксари давлатҳои олам якхела аст.

Барои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон як омилро сабаби асосӣ набояд  донист. Дар ин раванд сабабҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз тарафи дигар, мо ҳамагон дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Бар муқобили ингуна селоби азим тоб овардан мушкил  аст. 

Нахустин омиле, ки решаи аслии масъала аст, ин надоштани ҳам дониши динӣ, ҳам  дунявии қисме аз ҷавонони ноогоҳ мебошад. Ҷомеае, ки  дар  он бархе аз сокинони он ноогоҳ ё камсаводанд, ба равияҳои мухталиф гаравидан  ниҳоят осон аст. Аз ин рӯ, дар ҳар давру замон қувваҳои бузург хостгори  амалӣ  намудани мақсадҳои худ ҳар роҳу воситаро  истифода мебаранд.

Дигар омили ба ифротгароӣ  ҷалб  шудани ҷавонон ин аз  китобу китобхонӣ дур мондани бархе аз ҷавонон, сатҳи пасти маърифати онҳо аст. 

Аҳли ҷомеа набояд дар масъалаи  омӯзиши ҷавонон бетараф бошанд. Ба омӯзиши илму дониш ҷалб намудани онҳо, роҳи ростро нишон додану дар  рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон тадбири муҳими гирифтани пеши ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Амали ифротгароӣ ваҳшоният буда, умри ҷавононро месӯзад. Биноан, бо ҳар роҳу восита садди ин роҳи даҳшатбор бояд шуд!

А.Раҳматуллоев,
устоди  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Агар ҲНИТ намебуд…

Таърих шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин аст, ки бештар рeйи ихтилофи динӣ - мазҳабӣ тамаркуз мекунанд. Доираи ихтилофи динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рeҳонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сeфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас мешаванд, тавсеа ва густариш меёфт.

Мутаассифона, дар сад соли охир ҳам ин қишри ҳангомасоз ва худхоҳ боиси ноҷeриҳои ҷиддӣ дар низоми зиндагии мардуми мусулмон гардида, талошҳои собиқадори онҳо дардисарсозанд. Илова бар ин, рeҳонияти муҳофизакор ва авомфиреб ҳамеша дунболи қудрат мегардад ва ҷиҳати ғасби қудрат аз тамоми шеваҳои машрeъ ва ғайримашрeъ истифода мебарад. Қудратмадорӣ ва салтанатхоҳии ин тоифа аз зеҳни мағшуш ва ошуфтаи онҳо сарчашма мегирад. Бо макру ҳиял ва найрангу фиреб мардумро ба дом медароваранд ва дар хидмати худ қарор медиҳанд. Шоир маҳз ҳамин маъниро дар назар гирифта, гуфта буд:

Ту зи макри шайху сeфӣ, аҷабо, хабар надорӣ,

Ба ҷуз аз ду марди найранг ту, ки чорагар надорӣ.

ҳанeз аз нимаи дуюми солҳои шастуми асри ХХ сар карда, насли нави рeҳониёни маҳаллӣ пинҳонӣ ба мубориза алайҳи низоми давлатдории шeравӣ шeриданд ва тадриҷан қишрҳои гуногуни иҷтимоиро ба роҳи мубориза даъват намуданд. Муқовимати пасипардагӣ бо мафкураи коммунистӣ, ки бар пояи афкори дунявӣ бунёд ёфта буд, дар давоми солҳои ҳафтодуми қарни гузашта оҳиста - оҳиста шакли муборизаи дастаҷамъонаи ҷавонони мазҳабиро ба бар кард. Аз заифии блоки идеологии кишвар ва бетафовутии масъулони ҳизбӣ - сиёсӣ истифода бурда, дар водии Вахш созмони сиёсие таҳти унвони ҳаракати ҷавонони исломии Тоҷикистон таъсис ва минбаъд густариш ёфт. Дар заминаи созмони сиёсии динӣ ҳалқаҳои дарсӣ ва тадрисӣ (манзур ҳалқаҳои дарсии динӣ) дар гeшаву канори ҷумҳурӣ ташкил шуданд, ки насли ҷавони муллоҳои наҳзатӣ дар баробари тадриси масоили динӣ - мазҳабӣ, ҳамчунин ба масоили сиёсӣ, ақидатӣ ва мафкуравӣ дахл карда, муридон - сабақгиронро ба муборизаи сиёсӣ омода менамуданд. ҳамин тариқ, ташкилоти экстремистӣ - террористии ҲНИТ дар шакли ибтидоӣ таъсис ёфт ва барои рeйи даст гирифтани мардум ва ҷомеа иқдом кард. Албатта, барномарезиҳои ибтидоие, ки ТЭТ  ҲНИТ ва раҳбарияти вақти он роҳандозӣ кардан мехостанд, аз ҷониби мардум ва табақоти иҷтимоӣ пазируфта нашуд. Акнун масъалаи муҳим ба даст овардани насли ҷавон, ки хуни гарм дошт, аввалиндараҷа ҳисобида шуд ва гурeҳҳои таблиғотии ҲНИТ корро дар самти ҷалби ҷавонон ба тарафи наҳзат ҷоннок намуданд. Бо ин ният, дастандаркорони наҳзатӣ аз ҳисоби муллоҳои нисбатан ҷавон ҳалқаҳои дарсиро дар водиҳои Вахш, Қаротегин (Рашт), шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ таъсис дода, ба таври пинҳонӣ ҷараёни муқовиматро алайҳи низоми дунявӣ, ки аз ҷониби онҳо ҳамчун низоми бебандубор ва бехудо талаққӣ мешуд, таҳким бахшиданд. Он замон насли ҷавони ҲНИТ намедонистанд, ки бо чӣ созмоне сари кор гирифтанд ва оқибати кор ба чӣ фоҷиае меанҷомад?

Бояд ёдовар шуд, ки аз нахустин рeзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рeҳонияти наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиёни тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар масири муборизоти мазҳабӣ рeҳонияти исломӣ  таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ТЭТ  ҲНИТ) - ро, минҳайси сарчашмаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ - мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон» - и рeҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ харҷу марҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ - мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гeшаҳои даргири қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқeъ пайваста, боиси ҳалокати зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ҲНИТ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. ҳосили ин «ширкати фаъол» - ро метавон имрeз дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди ҳар як тоҷикистонӣ ба хубӣ мушоҳида кард. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ТЭТ ҲНИТ ба истилоҳи ҳуқуқи ҷиноятӣ фигуранти асосии силсилаи ҷиноятҳо маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муддате аз масири рушду тараққӣ боздошт. Махсусан, омил ё фактори мазҳабзадагӣ мисол ва намунаи асосиест, ки ҷомеаи тоҷикро аз масири таҳрикот ва таҳаввулот канор гирифт. Аз тарафи дигар, агар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқeъ намепайваст, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид.

Мубориза бо низоми дунявӣ, ки зидди назарияҳои хушки хурофоти динӣ мебошад, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат буду ҳаст. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пeшиши либос риоят мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раёсати сиёсӣ ташаккул ёфт, ба хотири ҷалбу ҷазби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ корбаст намуд. Аз ин ҷост, ки барои рeйпeш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТЭТ  ҲНИТ аз василаи мудерн кардани зоҳир – ба бар кардани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риоёти ҳадафмандонаи низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабиро пинҳон доштан ва амсоли инҳо васеъ истифода мебарад. Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТЭТ  ҲНИТ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТЭТ  ҲНИТ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири аврупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари амволи мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ, барҳам задании низоми дунявӣ, афзудани фабрикаи истеҳсолоти барда ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти наҳзат ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз боварии мардум суиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ суиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рeйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукeҳу шаҳомат мегарданд. ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ  ҲНИТ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст.

Фаридун ОРИЁ

Читать далее

ТАЪСИРИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН

Дар замони муосир масъалаи ташвишоваре, ки ҷомеаи моро фарогир аст, ин шомилшавии бархе аз қишри ҷомеа махсусан, ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки бо номи «исломӣ ва динӣ» мебошад. Ба ғайр аз ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳоли ҳозир вазъи оромро боз ҳам норомтар менамояд.

ТЭТ ҲНИТ низ аз қабили чунин ҳизбҳои ифротие ба шумор меравад, ки мехоҳад вазъи ҷомеаи Тоҷикистонро ноором созад.  Аксари мо шоҳиди он ҳастем, ки тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн шудани ҳар гуна гуфторҳои иғвоангезонаи аъзоёну роҳабарияти ҲНИТ моро ба ташвиш андохтааст. Онҳо аз хориҷи мамлакат истода  даъвои ватандӯстиву ватанхоҳӣ карда, давлату ҳукуматро бо айбҳои сохтаву бофтаи худ танқид мекунанд. Мо зидди танқид нестем, лек танқиди онҳо объективӣ набуда, характери субъективӣ дорад. Ин гуруҳ аслан, гуруҳи дурӯғгӯёну фиребгарон ҳастанд. Чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳабу меҳани худро барои пулу сарвати чанд тангаи хоҷагони хеш фурӯхтаанд. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна шахсиятхои бенангу номус на миллат доранду на мазхабу на ватан ва шахсиятҳои ифлоскунандаи  ҷомеаи тоҷик мебошанд.

Амалиётҳои ғайриқонунии онҳо, бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон, аз байн бурдани ваҳдат ва якпорчагии давлат, барпо кардани давлати Исломӣ ба ҳисоб рафта, бо ин ҳам онҳо қаноат накарда, сарзмини моро ба хоҷагонашон туҳфа карданӣ буданд.

ТЭТ ҲНИТ арзишҳои диниву мазҳабиро истифода бурда, амалиётҳои экстремистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапўш карда, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷанги бародаркуш  даъват мекарданд.

Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург мебошад. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода,  дар натиҷа мутаассифона фалаҷ месозанд. 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Миллате, ки насли ҷавонаш дар гирдоби ҷурму табоҳӣ дасту по мезанад, бешак кулли орзуҳояш ба боди фано хоҳанд рафт.

Бинобар ин, ҳар фарди соҳибҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон вазифадоранд, ки маърифати худро баланд бардоранд. Ҷавонони мо фирефтаи мафкураи наҳзатизм ва ифротсозии равандҳои динӣ – идеологӣ, ҳадафҳои аслии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ нагарданд. Барои нигоҳ доштани шуури миллӣ бояд аҳли ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Ҷавонон бояд ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошанд ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватани биҳиштосои хеш буда, баҳри ободии диёри азизамон саъйю талош намоянд.

Зокирова Ш.М. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ - ҶАРАЁНИ БАСО ХАТАРНОК!

Тӯли даҳсолаи охир терроризм чун ҷараёни хатарнок ба ҳаёти  ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад. Зеро фаъолияти ин гуна ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Давлату ҳукумат, хоссатан Президенти кишвар ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид кардаанд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ  кишварҳои олам бояд дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд.

Оиди масъалаи мазкур Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: ”Террориства экстремист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад. Дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароӣ ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал    наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

Ин ишора бар он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад. Терроризм бо амалҳои худ амнияти давлатро зери хатар мегузорад.

Миллати тоҷик тӯли ин солҳои истиқлолият хеле хуб дарк намуд, ки террористон чӣ мехоҳанд ва чӣ мақсад доранд. Мунтаҳо ТЭТ ҲНИТ ба созмони террористӣ ва экстримистӣ бадал карда шуда, миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои наваддуми асри ХХ басанда набуд, ки ин гурӯҳ ба ”иқдом”-и навбатӣ даст зад. Амалҳои террористии онҳо ошкор шуд. Ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бар ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ ва дар кишвар давлати исломӣ бунёд намудан будааст. Омилҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин ҳизб гардид.  Пеш аз ҳама вобаста ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки мардумро ба табаддулоти давлатӣ, ба даст гирифтани яроқи оташфишон, муқовимати мусаллаҳона нисбати мақомотҳои низомӣ ва бо тариқи зӯрӣ сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ иборат буд.

Давлату ҳукумат ва кулли мардуми Тоҷикистон ғаразҳои нопоки гурӯҳҳои террористиро хуб дарк намуданд ва роҳ намедиҳанд, ки ҳаёти осоиштаи ҷомеаро душманон ва бадхоҳони миллат халалдор намоянд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,  ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро дар навбати худ ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

  Негматова М.М. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

БО НИДОИ “ХУДОВУ ДИН”

Мутаассифона, имрўз бархе аз мардуми кишвари мо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои ифротӣ гардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд. Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад, зеро баланд бардоштани дониши дурусти динӣ ва дунявии мардум метавонад, омили паст гардидани ҷалби мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

Боиси афсӯс аст, ки дар барномаҳои ТЭТ ҲНИТ дарки дурусти омўзиши илмҳои динӣ дуруст ба роҳ монда нашуда буд. Онҳо барномаҳои таълимию тарбиявии муттаҳидсозиро барои худ пеша накарда буданд. Яке аз сабабҳои тақсимшавии ҷомеаи мусулмонон дар рўйи олам ин гурўҳсозӣ ва парокандагӣ мебошад.

Имрўз дар ҷомеаи исломӣ  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки дар байни ҷомеа тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ  ва қафомонии мусалмонон аз дунёи пешрафта мегарданд. Ниҳоят ин раванд боиси сар задани ихтилофоти дохилӣ  мегардад.

Аз амалҳои ТЭТ ҲНИТ бармеояд, ки мақсаду мароми ў дар байни мардум тафриқаандозӣ аст. Бо ин кор онҳо тарафдори халалдор шудани зиндагии осоишта ва гумроҳ кардани мардуми Тоҷикистон  мебошад. Оқибати ихтилофот бадбахтист. Ҳамаи мо шоҳиди он  ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои мусулмонишин мардум бо нидои «Худову дин» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани инсони бегуноҳ, пиру ҷавон, кӯдаку наврас  ҷиҳод аст? Магар шахси маргталаб шаҳид мебошад?

Аз нигоҳи шариати исломӣ, мазҳабӣ ва аҳли суннат амали онҳо ҷиҳод набуда, балки худкушӣ аст!

Дини ислом-дини ҷангу худкушӣ нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст. Бинобар ин мо бояд ваҳдати милливу динӣ ва таҳаммулпазириро нигоҳ дорем. Ба қадри тинҷию оромӣ бирасем ва намонем, ки дар байни мардуми шарифи тоҷик ғояҳои номатлуби ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИТ ҷорӣ гардад.

Хеле афсўс, ки аъзоёни ҳизби ба ном исломӣ муқаддасоти исломро барои худашон пеша накардаанд. Онҳо дар ҳаёти сиёсии хеш аз номи дини мубини ислом байни мардум лофи беҳуда мезаданд. Худро ва ҳизби худро нигаҳбони дину мазҳаб меҳисобиданд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи аслии давлату Ҳукумат аст. Асос ҳамин ваҳдати миллист. Ваҳдате, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён шиносонид ва ба миллати мо умри дубораи ҳастиро ато намуд. Маҳз ваҳдати миллӣ тухми худшиносиву хештаншиносӣ ва таҳаммулпазириро дар байни ҷомеа кишт намуд. Имрӯз ҳамаи мо – шаҳрвандони мамлакати биҳиштосо мисли гавҳараки чашмони худ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро нигоҳ дорем.

Самадов Б.О. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ҲИФЗИ ВАТАН, ҲИМОЯИ МАНФИАТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ВА КОНСТИТУТСИОНИИ ШАҲРВАНД АСТ

Дар ҳақиқат роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ барои халалдор сохтани амнияти миллии Тоҷикистон бо нияти ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок тамоми кўшишу нерўи худро сафарбар намуд. Бо назардошти манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ амал намуда, ба муқобили амнияти давлати худ, арзишҳои милливу фарҳангӣ фаъолият намудан гуноҳи нобахшиданист. Итминони комил дорем, ки мардуми Тоҷикистон кирдорҳои номатлуби наҳзатиёнро  маҳкум намуда, ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст нахоҳад дод.

Гарчанде, ки ҳокимияти конститутсионии кишварамон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барпо ва пойдории сулҳ ба онҳо вазифаҳои давлатиро бовар карданд, вале онҳо аз ин истифода бурда, ба миллату давлати Тоҷикистон хиёнат карданд.

Вақте, ки мардуми хирадманди Тоҷикистон дар интихоботи охирини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ба намояндагони ин ташкилоти хиёнаткор раъйи худро надоданд, онҳо барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ моҳи сентябр ба сохтори конститутсионии Тоҷикистон таҳдид оварда, хуни ноҳақи ҳамватанони азизи кишварамонро резонданд. Хушбахтона, имрўз мақомоти қудратии мо ба ингуна амалҳои номатлуб истодагарӣ карда метавонад ва ин аблаҳонро дар вақти мувофиқ бартараф сохт. Аммо онҳо минбаъд ин амалҳои худро дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд. Магар ин хиёнат нест? Мо бояд ҳама вақт ин қабил афродҳоро ба хоки ВАТАН роҳ надиҳем!

Аъзоёни ин ташкилоти ғайриқонунӣ нафарони беақлу бесавод ҳастанд, ки барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ, яъне соҳиби молу чиз шудан аз «хоҷагони хориҷии худ», ба ВАТАНИ худашон хиёнат мекунанд.  Фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравонаш ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Халқи тоҷик  намехоҳад марзу буми Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад. Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии давлатҳои дар боло зикршуда, ки гўё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рўзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл маълум аст, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад? Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест…

Барои ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст меоранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Баъд аз кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти экстремистӣ ва терроистии ҲНИТ бобати аъмоли нопоки асосгузорон, роҳбарият ва аъзои он зиёд гуфтаанду навиштаанд. Саҳми бориз доштани ин ҳизб дар кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳалим боис шуд, ки аъмоли нопоки он ба мардум рўнамоӣ шавад. Муътақидам, ки агар наҳзатиҳои террорист шукронаи бахшиш ва имтиёзҳои ба онҳо додашударо риоя карда, фаъолияташонро дар асоси қонунҳои ҷорӣ ба роҳ мемонданд, шояд то ин андоза шармсор намешуданд ва аъмолу аҳдофашон расонаӣ намегардид. Айни замон афкори ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки баъд аз бардоштани парда аз чеҳраи манфури ин ташкилоти террористӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба ғайр аз нафрат нисбат ба ташкилоти экстремистӣ ва террористии ҲНИТ чизе дигаре надоранд. 

Хеле бамаврид ва қобили қайд аст, ки тағйироту иловаҳое, ки санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсия ворид гардиданд, таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро манъ намуданд. Ин муқаррароти меъёрӣ дар ҳақиқат боиси пешгирии ҷудоиандозӣ байни мардуми ҷумҳуриамон мегардад. Чунки дар кишварамон ба ғайр аз пайравони дини мубини ислом, дигар шахсоне, ки андешаашон нисбат ба дин гуногун аст зиндагӣ доранд. Инчунин таъсис ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз хориҷи кишвар манъ карда шуд. Ҳамин тавр, ин тағйиротҳо барои боз ҳам пурзўр гардонидани соҳибихтиёрии давлатамон ва устувор гардонидани пояҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ мусоидат мекунанд, ки аз иродаю хоҳиши мардуми ҷумҳуриамон бармеоянд.

Ватанро дўст доштан, миллатро дўст доштан аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Бобоев А. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Аввалин бор дар таърихи ҳуқуқи байналмилалии муосир ҳуҷҷати умум дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1937 қабул гардида буд. Аммо муоҳида, ки  аз тарафи Лигаи Миллатҳо дар бораи пешгирии терроризм ва ҷазо барои содир намудани он, кор карда шуда буд, қувваи қонунӣ пайдо накард.

Минбаъд созишномаҳо доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул гардид. Ҳоло дар доираи СММ 16 созишномаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм қабул гардида, ҳамаи онҳо дар ҷодаи ҳуқуқи байналмилалӣ амал менамоянд. 

  Аз ҷумлаи онҳо:

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Доир ба мубориза бо ғасби гаравгонон» аз соли 1979;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ҷиноятҳо ва дигар амалҳои дар дохили киштиҳои ҳавоӣ содир мешавад» (муоҳидаи Токио) аз соли 1963;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ» аз соли 1970;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи амалҳои ғайриқонунии нисбати авиатсияи гражданӣ равона гардидааст» (Муоҳидаи Монреалӣ) аз соли 1971;

-Муоҳидаи байнамилалӣ «Доир ба мубориза бо терроризми истифодабарандаи мушакҳои тарканда» аз соли 1997;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Оид ба терроризми молиявӣ» аз соли 1999;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Оид ба амалҳои терроризми атомӣ» аз соли 2005;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ва пешкаш намудани ҷинояткорон бо мақсади мубориза бо терроризм» аз соли 2008;

-Эъломия дар бораи чораҳои бартараф намудани терроризми байналмилалӣ аз соли 1994;

-Эъломия дар бораи кўшишҳои умум дар кори мубориза бо терроризм аз соли 2001;

-Эъломия доир ба масъалаҳои мубориза бо терроризм аз соли 2003.

  Илова бар ин дар доираи СММ соли 2006 таҳти № 60/288 Стратегияи байналмилалии зиддитеррористӣ қабул карда шудааст.

Барои муқовимат ба терроризм инчунин якчанд резолютсияҳои (қарорҳои) Шўрои амнияти СММ бахшида шудааст. Байни ҳама резолютсияҳо мақоми марказиро қарори №1373 аз 28 сентябри соли 2001 ишғол менамояд. Сабаби чунин баҳодиҳӣ ба ин резолютсия дар он аст, ки резолютсияи мазкур тибқи моддаи  7 Оинномаи СММ қабул гардидааст ва ин ҳолат аҳамияти қарорро нисбати ҳамаи давлатҳо ҳатмӣ мегардонад. Инчунин қарори мазкур нисбати давлатҳо мубодилаи ахборотро доир ба масъалаи мубориза  бо терроризмро ҳатмӣ менамояд. Резолютсия нисбати ҳамаи мамлакатҳо ўҳдадории ҳар чӣ қадар тезтар эътирофи расмии (ратификатсияи) муоҳидаҳои аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидаро вогузор мекунад. Илова бар ин қайд шуда буд, ки ҳамаи давлатҳо бояд дар қонунгузории миллии худ, амали террористиро ба сифати ҷинояти вазнин муқаррар намоянд. Барои назорат аз болои иҷрои резолютсияи номбурда Кумитаи зиддитеррористии Шўрои амнияти СММ ташкил карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки нишондоди резолютсияи номбурдаи Шўрои амнияти СММ-ро дар амал тадбиқ менамояд. Мамлакати мо дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардонидааст, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад. Консепсияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

 Илова бар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда доири ин мавзӯъ суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ, вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд. Сарвари давлат аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигарони намуда, қайд карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Таъкид ба маврид аст, ки амалҳои ваҳшиёнаи ифротгароӣ бо дини мубини Ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Баръакс онҳо мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом баромад мекунанд. Мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд. Муборизаи муштарак гарави пешгирии густариши ифротгароист.

Солиев И.М. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ТОҶИКИСТОН БА «ХИЗМАТ»-ҲОИ ШУМО НАҲЗАТИЁН НИЁЗ НАДОРАД!

ТЭТ ҲНИТ аз рӯзхои аввали таъсисёбӣ амалу ҳаракатҳои зиддидавлатии худро пеш гирифт. Дар табаддулотҳои сиёсии кишварҳои исломӣ  беш аз пеш нақши ҳаракати  гурўҳҳои ифротгароии динӣ назаррас  аст. Ташвиқоту тарғиботи гурўҳи сиёсии онхо на ба дин, на ба дунё арзиш дорад. ТЭТ ҲНИТ низ мехост бо амалҳои номатлуби худ вазъи сиёсии моро  халалдор созад, вале ба максади худ нарасид. Имрӯзҳо фаъолияти  ин ҳизби сиёсӣ дар Ҷумхурии Точикистон қатъ гардида бошад ҳам, вале Мухиддин Кабирӣ   бо даъвоҳои бемаънии худ мехохад, вазъи ороми кишварро вайрон созад.

Барномаҳои хар  як ҳизб он вақт амалӣ мегардад, ки ин ҳизб аз дастгирии мардум бархурдор бошад, вале ҲНИТ бо манманӣ  машғул гашта, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намуд. Имрӯзҳо роҳбарони ҲНИТ худро бегуноҳ ҳисобида,  ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, ба  СММ ва мамлакатҳои кафили сулҳ дар Тоҷикистон номаҳои шикоятӣ пешкаш намуда,  худро  сафед карданӣ хастанд.

Кабирӣ бо даъвоҳои беасос, вазъи ногувори озодии баён ва эътиқоди диниро дар мамлакат  дар ҳоли бад баҳо дода, фаъолияти бомароми давлату ҳукуматро зери шубҳа қарор додааст, ки чунин баҳогузории ӯ комилан хатост. Ӯ  дар мусоҳибаҳои пештара низ интихоботи солҳои пешинаро интихоботи сохта ва муғризона унвон карда, надоштани вакилонашро дар маҷлисҳои маҳаллӣ гӯшрас карда буд. Аммо, ба андешаи мо, нагузаштани вакилони ҲНИТ аз он шаҳодат  медиҳад, ки ба ин гуна нафарони зархарид мардум эътимоду боварӣ надоранд. Дар асл наҳзатиён бо 20-30 шарҳҳое, ки дар васоити ахбори омма гуфта мешавад, гӯё тарафдорони онҳо ҳастанд, гумон мекунанд, ки дар ҷомеа аъзо ва пайравони зиёд доранд. Воқеияти ҳол он аст, ки мардум аз динбозию сиёсатбозиҳои пасипардагии онҳо хаста шудаанд ва ба ваъдаҳои «болохонадор»-и онҳо гӯш карданӣ ҳам нестанд.

Боиси нигаронист ин дарде, ки кишварҳои Шарқи Наздик имрўз ба он  дучор гардидаанд, ба тамоми халқҳои сайёраи замин бетаъсир намондааст, Тоҷикистони мо низ истисно нест. Ҳодисаи  нангине, ки дар аввали моҳи  сентябри соли 2015 туфайли  даст ба ҷинояти зидди давлат ва миллат  задани  гуруҳи  мусаллаҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода дар мамлакат рух дод, гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин ҳодиса нишон дод, ки гурўҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки тинҷию оромии кишвар ва мардум барояшон арзише надорад. Онҳо тайёранд аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастии иддае аз мардум истифода карда, суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд ва соҳиби мансаб ва молу мулки ҳангуфт шаванд.

Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳи ифротӣ, гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки машғули ҷиҳод мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд. Магар ҷанг бар зидди мардуми мусалмон ҷиҳод аст, ё кушта шудан дар роҳи манфиатҳои қудратҳои бегона шаҳид шудан аст? Ҳаргиз не! Ин ҷавонони фиребхӯрда гумроҳону ҷавонмардоне мебошанд,  ки мубориза ва марги онҳо назди Худо ва назди башар қадр ва арзише надорад.

Ин бадбахтон амалхои нобакоронаашонро ниқоби исломӣ мепушонанд ва гўё манфиатҳои исломро пушибонӣ мекунанд, лекин дар асл онҳо ҳадафҳои нопокашонро ба ин васила амалӣ кардан мехоњанд. Ислом дини пок буда, муқобили ҳама ихтилофот, куштор, ғорат, террор ва дигар амалҳои нопок аст. Шахсе, ки воқеан аз ислом хабар дорад, умуман, амалҳои бадбахтонаи онҳоро маҳкум менамояд. Мутаассифона имрўз баъзан афрод фирефтаи аќидањои ин номардон мешаванд ва дар ду дунё худро шарманда месозанд.

Каримов А.А. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее