April 2018

27 April 2018

Ифротгаро лаънаткардаи халқ аст!

Ташкили хатар ба ҷомеа аз тарафи шахсони алоҳида, субъектҳо ва ташкилотҳо тариқи зӯроварӣ, истифодаи қувва, ба вуҷуд овардани муҳити тарсу ҳарос, вазъияти ноором терроризм ном дорад. Аз ин лиҳоз ифротгаро, тундрав, носипосу бадхоҳро лаънаткардаи халқ мегӯянд, ки дуруст аст.

Мақсади асосии терроризм амали зӯроварӣ, даҳшатафканӣ барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии шахсони алоҳида, гурӯҳ ва ташкилотҳое мебошад, ки худро бо номҳои гуногун ба ҷамъият муаррифӣ мекунанд. Сарчашмаи таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки маргталаб дар як лаҳза худро қурбони ҷаҳолат мекунад. Шахсе, ки ба ин дард мубтало гаштааст, рӯҳияи инсонбадбинӣ дорад ва дар сатҳи пасти дониш, ҷаҳонбинии динию дунявие қарор дорад, ки боиси хуруҷи инсонбадбинӣ мегардад. Барои аз байн бурдани таассуб ва таассубгароӣ фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифати шахс зарур аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Имрӯз бояд нисбат ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои абарқудрат созмон додаву маблағгузорӣ карда мешаванд, аз дини мубини Ислом истифода мебаранд, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд. «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Айни замон байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни ду дини бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Fарб маҳз ҳамин сиёсати дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини Ислом ва Масеҳӣ, тамаддуни Шарқу Fарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Fарб ва ҳам Шарқ аст. Дар ин раванд имрӯз тамоми устодону олимон ва зиёиёни кишварро зарур аст, ки баҳри тарбияи солими насли наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамаи донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии қатъии шомил шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро суботкорона мубориза баранд. Тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон аз оилаву кӯдакистон сар карда, то мактабҳои миёнаву махсус ва олӣ дар рӯҳияи худшиносии миллӣ қатъӣ ба роҳ монда шавад.

Аз ҷумла равандҳои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва динии ҷавонон, ташвиқу тарғиби идеяҳои ватандӯстӣ дар машғулиятҳо ва байни толибилмон, такомули дониши сиёсӣ, динӣ ва маърифатии ҷавонон, ҳамчунин шарҳу тафсири дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба тарбияи наврасон ва ҷавонон маҳаки асосии фаъолияти ҳар зиёии кишвар, аҳли заҳмат ва падару модар шинохта, ҷонибдорӣ ва пайравӣ карда шаванд.

Саидмурод ҚАЮМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

МАВҚЕИ ОМӮЗГОР ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТӢ

Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум ба масъалаи амнияти давлат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар оғози Паёми худ қайд намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”.

Даҳсолаи охир дар гӯшаву канори  олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Сарвари давлат дар Паёми худ аз проблемаҳои ҷаҳонӣ изҳори андеша намуда, кишварҳои оламро ва кулли роҳбарони давлатҳоро ба муттаҳидӣ даъват намуданд. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки аз “сиёсати дугона” ва ё “сиёсати ду хура” каноргирӣ намуда, муттаҳид бошанд, зеро ба танҳоӣ наметавон бар муқобили вабои аср истодагарӣ намуда ва амнияти ҷомеаро таъмин кард. Яъне дар ҷаҳони пуртазод мафҳуми терроризмро аз мафкураи мардум бояд дур кард.

Ҳамаи мо ба хуби огаҳӣ дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор дошта, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусу иқдомҳои созандааш мақоми худро дорад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.  Яъне Тоҷикистон дар ин замина фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст ва мо боварии комил дорем, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм намунаи барҷастаи таъмини амният аст.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари он нафароне, ки фирефтаи суханҳои тундгароёну ифротгароён мешаванд, махсусан насли наврас ва ҷавонон мебошанд. Аз ин лиҳоз, давлату ҳукумат, хоссатан роҳбарияти олии мамлакат дар ҳама мулоқоту вохӯриҳои худ бо аҳли ҷомеа ҳушдор бар он медиҳанд, ки бояд фарзандон ва насли ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва муҳаббат ба ин сарзамин тарбия намоянд. Ба ҳамин хотир соли гузашта, яъне соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон намуданд, то ки ҷавонони бонангу номуси мо аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб канорҷӯӣ  намуда, баҳри ободии ватанамон саҳми худро гузоранд. Хушбахтона, ҷавонони сарбаланду миллатдӯсти мо дар соли сипаригашта тавонистанд ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Президенти кишвар оиди ин масъала чунин таъкид намудаанд:”Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонанд, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад”.

Мо омӯзгорону устодон ва аҳли зиёи ҷомеа ба ин ҳама таваҷҷӯҳу бовариҳои Сарвари кишвар ва давлату миллатро ҷавоби муносиб дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки рисолати касбии хешро баҳри ҳимояи манфиатҳои давлату миллат равона намуда, намегузорем, ки ақидаҳои ифротиву иртиҷоӣ дар ҷомеаи мо паҳн шавад. Сиёсати созанда ва пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ки дар таъмини амнияти мамлакат саҳмгузор бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳнатпарастӣ талқин намоем.

Ҳасанов М.М.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ДАСИСАКОРИҲОИ ТЭТ ҲНИТ

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромӯш шударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани ба ҷону дил баробари мо рӯз аз рӯз зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфта истодааст, ки дар он саҳми кулли тоҷикистониён бағоят бузург аст.

Аммо дар қатори ингуна пешравиҳои ҷаҳони муосир, боз як вабое арзи ҳастӣ намуд, ки онро эктремизм ва терроризм ном мебаранд. Барои  терроризм ва экстремизм сарҳад вуҷуд надошта, ин падида тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ларза оварда истодаанд. Дар мамлакати мо низ то соли 2015 як гурӯҳи ифротӣ бо номи ҲНИТ фаъолият мебурд, ки дар роҳи ифротисозии мардум нақши калон дорад. Маҳз аъзоёну пайравони ин ҳизби ҷиноӣ дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар мамлакатҳои Шарқи Наздик бар муқобили ҳукумати қонунии онҳо мубориза мебаранд.

Вазъи сиёсии аксари мамлакатҳои исломӣ дар замони муосир хеле ноором аст, ки он бевосита ба тамоми мамлакати ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Равияҳо ва ҳизбҳои экстремистӣ дорои хусусияти иртиҷоӣ буда, ба истиқлолият ва давлатҳои дунявӣ таҳдид ворид месозанд.  Аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ давлати мустақили мо тоҷиконро ба гирдоби ҳалокатовари ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. ҲНИТ, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекарду дорои рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетӣ буд, ки бо воситаи он дар ҷомеаи тоҷик пешбарандаи идеологияи ифротгариву иғвогарӣ, ки бар зиддӣ сиёсати оқилонаи давлату ҳукумат равон карда шуда буд, баромад мекард.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон: «Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Дар ҳақиқат ТЭТ ҲНИТ аз рӯи фаолияташ ҳамчун равияи хусусияти террористӣ дошта, худро дар ҷомеа муаррифӣ кард. Санаи 3 – 4 сентябри соли 2015 бо сарвари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва  муовини вазири мудофиа генерал – майор Назарзода А.М. бо сӯистифода аз вазифаи худ ҳамяроқони худро, ки зиёда аз 150 нафар буданд, дар маркази ш. Душанбе кучаи А. Дониш 55 (собиқ «Хлебзавод»), ҷамъ оварда, онҳоро бо либосҳои ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон аз ҷумла: «автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ» мусаллаҳ кард. Иттиҳодияи ҷиноятии мусаллаҳкардашуда «… дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд».

Дар натиҷаи ин амалиёти даҳшатангез боз дар ҷомеа овози гӯшхароши тиру туфанг садо дод. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ: «Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд».

Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик буд. ТЭТ ҲНИТ дини Исломро истифода бурд. Амалиётҳои экстремистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапӯш карда, ҷонибдорони худро ба ҷанги бародаркуш даъват мекард. Варақаҳои ҳизбӣ, ки дар амалиёти кофтуковӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар утоқҳои кории ҲНИТ дарёфт карда шуда буданд, шаҳодати зидди давлатӣ доштани ин ҳизбро муайян кард.

Баъд аз ин ҳодисаҳои пурмудҳиш, ки аз ҷониби ҲНИТ ба сари халқи тоҷик омад, хабари алоқа доштани Эрон бо душмани халқи тоҷик сарвари ҲНИТ - Кабирӣ М.Т. ҷомеаи тоҷикро ба ҳайрат овард. Аз тарафи Эрон даъват шудани М. Кабирӣ ба конференсия таҳти мавзӯи «Ваҳдати исломӣ» ягон шакку шубҳае нест. Эрон, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор мерафт, кунун чи тавр бояд шинохт? Дар ин ҳолат мақоле ба ёд меояд: «Дӯсти душмани мо, душмани мост».

Дар натиҷа, дастгирии Ҷумҳурии Исломии Эрон М. Кабириро муаммоҳои зиёдеро падид овард, ки ба муносибати дустонаи байни Тоҷикистону Эрон рахнае зад.

Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи тоҷикро тира намегардонад.

Воқеан ҳамаи мо шоҳиди он ҳастед, ки чи гуна наҳзатиён солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар хиёбонҳои зебои пойтахти кишварамон чигуна хунрезиҳо, қатлу сӯхторҳоро ба роҳ монданд, ки сабаби овораю дарбадаршавии пирону кудакон, занҳову ҷавонон  сабаб гардид.

Оиди солҳои даҳшатафкани  солҳои 90-уми асри гузашта сухан ронда таъкид менамоям, ки назҳатиён аз ҳоли хароби пирону барҷомондагон хабар намегирифтанду ба ҷои ёрӣ расонидан онҳоро қатл мекарданд. Ҳамаи ин таърихро зуд Кабириву тарафдоронаш аз хотир бароварданд ё ба хотир оварданӣ нестанд.

Боиси зикр аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон  ҳама мусулмон буда, ба муқаддасотӣ динӣ ва дастури шариати Ислом эҳтиром мегузорем ва кӯшиш менамоем, то якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву оромиро аз ҷону дил муҳофизат менамоем.

Темиров К.О.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

БО НИДОИ ХУДОВУ РАСУЛ БАР МУҚОБИЛИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ҶАНГИДАНИ НАҲЗАТИЁНИ МАККОР

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, ба монанди терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо сӯиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ТЭТ ҲНИТ зери шиорҳои динӣ баромад карда, аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи  ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардуми он барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИТ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида буд ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд, на чизи дигар.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро ба сураву оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо пайваст намуда, ҳамаи онҳоро сарманшаи кори худ меномиданд. Бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои бади шайтонию аҳриманӣ истифода мебурданд. Онҳо худро муъмину мусалмон хонда, олимону зиёиён ва кормандони давлатиро кофир меномиданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки мардумро бар муқобили давлату Ҳукумат шӯронда, ба муноқиша ва низоъ бархезонанд.

Аз чунин тарзи гуфтору рафтори террористони наҳзатӣ бар меояд, ки гӯё Аллоҳ Худои шахсии эшон бошаду тамоми аҳкому аркони исломӣ танҳо ва танҳо ба хотири ин фасодкорону бадахлоқон нозил шудааст. Ин тоифа, ки дар ниқоби “дӯст“ кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию носуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар давоми солҳои давлати Шӯравӣ дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо насронӣ ва 2 ибодатгоҳи яҳудӣ амал мекард. Вале, ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва маркази исмоилӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои динӣ мавҷуданд). Ин воқеият на танҳо аз назари мардуми шарифи Тоҷикистон, балки аз назари тамоми аҳли сайёра берун монда наметавонад.

Аммо роҳбарони ТЭТ ҲНИТ тамоми имкониятҳои дар самти озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон ҳам аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анҷом додани табаддулоти давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои наҳзат ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, ки пештар фирефтаи муллоҳои наҳзатӣ шуда буданд, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро  дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд. Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТЭТ ҲНИТ намегарданд.

Нодири Қодир

Читать далее

“НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ! НЕСТ БОД ТЭТ ҲНИТ!”

Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифратгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ нисбати ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрӯз низ идома дорад.

Ифротгароӣ маънои тундравй, маҷораҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ, вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок ва даҳшатангезро дошта, дар одамон ҳисси хатар, тарсу  ваҳм зоҳир мешавад.

Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷгимоию сиёсй ва фалсафию ахлоқӣ пайдо шуданд, ки боиси cap задании низоъву муноқишаҳо гардиданд.

Дар замони имрӯза ифротгароиро ба навъҳои динӣ, миллӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо менамоянд, ки дар байни он ифротгароии сиёсӣ мавқеи калон дорад. Ифратгароии сиёсӣ дар ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Чунки он бавуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифротгароӣ мебошад, аз  ҷумла он ба дигар навъи ифротгароӣ тобиши маъноӣ ва сиёсӣ медиҳанд.

Барои пайдо шудани ифратгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯрӣ, бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳон тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноӯҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад. Байни гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ, мақсади сиёсӣ ва унсурҳои “мафиозӣ” вуҷуд дорад. Онҳо кӯшиш мекунанд, бо роҳи ифротгароёнаи худ сарчашмаҳои бузурги моддӣ ва молиявиро ба даст оранд. Дар мақсади худ онҳо аз ҳар  роҳ истифода мебаранду  ҳамаро “гунаҳкор” ва худро “бегуноҳ” ҳисоб мекунанд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳои диниву мазҳабӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои хориҷӣ, ки хилофи таълимоти анъанавии исломанд, мехоҳанд низоъву зиддиятро байни ҷомеа ба вуҷуд оваранд.  Ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва дорои ғояи ифротӣ ТЭТ ҲНИТ, “ДИИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Салафия”, “Ваҳҳобия” “Ҳизбуттаҳрир” ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Таъкид ба маврид аст, ки фаъолияти гуруҳҳои болоии дар боло номбарда шуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, ҳамчун ҳизби ифротӣ шинохта шудаанд. Мутаассифона, аксари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо номи дини мубини ислом баромад намуда, динро бар рӯйи худ ниқоб мегардонанд. Амалҳои худро аз номи дин ва шариат бароварда, диндорони соддаву омиро ба роҳи каҷи худ дохил мекунанд.

Бобати аз номи дини Ислом истифода бурда, дини покро дар ҷаҳон сиёҳ кардани гуруҳҳои ифротиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид намуданд: «Воқеан дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин ҳар яке мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем, ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем».

Мутаассифона, домани паҳншавии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Дар сафи худ ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавонону наврасони ноогоҳро бо роҳу воситаҳои фиребгаронаи худ дохил намуда истодаанд, ки ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем. Дар аксари давлатҳои ҷаҳон ин раванд дида мешавад  ва объекти ҳуҷуми агрессии ифротгароён қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, якеро бо роҳи ҳавасмандкунии пулӣ ва дигареро бо роҳи даъвати исломиву мафкуравӣ ба сафи худ ҳамроҳ мекунанд. Лек  мақсади онҳо як аст, ки ин ҳам бошад соҳиби ақлу идрок ва мулку ҷамъияти зердастони худ шудани роҳбарону сардорони гурӯҳҳои ифротӣ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар қафои гурӯҳҳои ифротгарову тундрав хоҷагони сарпарасти онҳо меистад, ки барои онҳо қадру қимати одами худотарсу худоҷӯ ҳеҷ аст. Сарвати ба даст овардаи онҳо бар ивази ҷони чандин  ҳазор инсони бегуноҳ мушарраф гаштаанд. 

Дар ин радиф мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамият ва оромии давлат расида ба ободониву созандагӣ ва бо тарбияи ҷавонон дар роҳи рост машғул шавем. Нагузорем, ки ягон ифротӣ ва ягон наҳзатӣ сарзамини тинҷу ороми моро вайрон созад. Пеши роҳи густариши ақидаҳои авомфиребонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро гирем. Бо як нидо изҳор медорем, ки мо бар зидди душманони миллату давлат, яъне наҳзативу ифротагроӣ қарор дорем.

Мирсаидов С.А.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

МАҚСАДИ ТЭТ ҲНИТ ОҒУШТАИ ХУН КАРДАНИ ТОҶИКИСТОН БУД, ЛЕК...

ТЭТ ҲНИТ аз зумраи ҳизби динии пасошуравӣ ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи солҳои 90 – уми миллати тоҷик аз худ доғи сиёҳ боқӣ гузоштааст. Маҳз аз арзишҳои диниву мазҳабии мардуми тоҷик истифода бурда, мусалмонони беогоҳро ба майдоннишинӣ даъват намуда, дар маркази пойтахтамон шаҳри Душанбе мисли худашон барин ифротгароёнро ҷамъ намуданду майдони худро “Шаҳидон” номиданд.

Танҳо ҳамин омил ҷомеаи моро ба ҷанги таҳмилӣ водор намуд. Номгузорӣ кардани майдон бо номи “Шаҳидон” нишона аз дину мазҳаб истифода бурдани наҳзатиён дарак медод. Баҳри кадом шаҳид номгузорӣ кардани майдон равшан нест. Агар фоҷиаи февралии соли 1990 – умро мисол оварем, пас дар фоҷиаи баҳманмоҳ низ дасти наҳзатиён кам нест. Аз ҳамон давра сар карда, ин ҳизби ҷиноӣ бар сари миллати мо балову балвоҳоро овард.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ТЭТ ҲНИТ берун аз хоки кишвар дар сарзамини Афғонистону Эрон фаъолияти сиёсиву ҳарбӣ ва ифротии худро идома медод. Маҳз ба шарофати сиёсати созандаи роҳбари давлат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи хиёнаткорони наҳзатӣ бахшида шуда, ба онҳо “шонси дубора” ислоҳ шуданро имкон доданд. Маҳз баъди ба имзорасии созишномаи сулҳ намонядагони ин ҳизб ба мақомотҳои сохториву ҳарбии давлатӣ шомил гардида, ба ҳаёти осоишта гузаштанд. Лек ин ҳама дастгириҳо барои онҳо ҳеҷ будааст. Аксари наҳзатиён дар дил кинаву адовати солҳои ҷанги шаҳрвандиро нигоҳ дошта, хостори боз ба даст гирифтани яроқро доштанд.

Баъди ба сари роҳбарии ҳизб омадани Муҳиддин Кабирӣ маҷрои ҳизб дигар шуд. Ӯ худро “ҷаноби ғарб” вонамуд карда, аз мамлакатҳои Аврупо маблағҳои ҳангуфт талаб карда, худро ҳомии дину мазҳаб метарошид. Муҳиддин Кабирӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани амалҳои ғаразноки худ мисли худашбаринҳо инсонҳоро ба мансабҳои роҳбарикунандаи Раёсати Олии ҳизб ва шуъбаҳои шаҳриву вилоятӣ таъин намуд. Аз ҷумлаи он Илҳом Ёқубов ба вазифаи раиси бахши минтақавии ҲНИТ дар вилояти Суғд таъин гардида буд, ки дар ҳудуди вилоят назҳатиёни иртиҷогароро  ҷамъ намуда, дар гӯшаву канори вилоят “тазоҳуротҳои майда”-ро ташкил дод. 

Соли 2008, ки қароргоҳи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо сабаби напардохтани маблағи андоз, ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, барқи он хомӯш гардида, муваққатан  баста шуда буд. Лек Кабирӣ ва командаи ӯ баҳри дар ҷомеа шӯру ғавғо барангехтан тамими гирифт бо фаъолону аъзоёни худ мулоқотро дар қароргоҳи ҳизб барпо намояд.

Албатта, ҳадафи Кабирӣ бо ин кирдораш фитнаандозиву барангехтани кинаи наҳзатиён нисбати сохторҳои давлатӣ маҳсуб меёфт. Чун дари қароргоҳ баста буд ва барои гузаронидани маҷлиси наҳзатиён монеа пеш омад. Онҳо бо супориши Муҳиддини Кабирӣ ба “План Б” гузашта, як – ду ҷавони гумроҳи тайёршударо, бо садои баланд ба дохили издиҳом дароварданд.  Ин гуруҳи таҳмилӣ аввал бо “такбир” оғоз бахшида, нисбати давлату ҳукумат садо баланд карданд.

Ин сенарияи аввалину охирини Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ набуда, аз соли 2006 то соли 2015 якчанд маротиба ба чунин шева кор мебурд. Маҳз чунин амалу кирдори Муҳиддин Кабирӣ буд, ки 22 декабри соли 2012 зимни мулоқоти ӯ бо сокинони шаҳри Исфара ходимони дин Абдурақиб Раҳмонов, Обидхон Ғафуров, Ҷамолиддин Шаҳобиддинов ва дигарон вокунишҳои шадид нишон дода, ҳамчун ҳизби исломӣ амал кардани наҳзатро хилофи назари шаръӣ маънидод намуда, бо овардани мисолҳо аз ҳамсоякишвари Афғонистон ва амалкарди ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи исломӣ, ки бо гуфтани «Аллоҳу Акбар» ба сӯи якдигар тир мекушоянд.

Ба ин монанд моҳи июли соли 2014 зимни мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ки ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии Муҳаммадшариф Набиев роҳбари бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид ба ҳамлаи ҷавонон нисбати ӯ анҷомид. Аз ин бармеояд, ки ҷавонони бонангу ори шаҳри мо он замон аллакай аз нақшаву ниятҳои разилонаи ҲНИТ-у Кабирии манфур огаҳ гардида буданд. Андеша меравад, ки агар Кабирӣ он замон вакили Парлумон намебуд шояд ҷавонон ӯро дигаргуна ҷазо медоданд.

Хушбахтона, соли 2015 тибқи қонунгузории мамлакат ва қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ манъ гардид. Ин иқдомро аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта, ақидаҳои ифротгароёнаи онро маҳкум намуданд. ТЭТ ҲНИТ бар зарари давлату миллат буда, амал накардани он гарави гул – гулшукуфии Ватани азизамон мебошад.

Қурбонов Ҳ.

Читать далее

“МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН” Ё АЪЗОҶАМЪКУНИИ ПИНҲОНӢ БА НАҲЗАТ

Ман ба ҳайси як ҷавони зодаи истиқлолият дар замони фаъолияти расмии ҲНИТ дар чандин мулоқоту ҷаласаҳои ҳизби мазкур, ки баргузории мулоқоти раиси ҳизб бо ҷавонон унвон дошт ширкат намудаам.

Вақте мушоҳида мекардам, ки дар ибтидои ҷаласаҳои расмӣ ва мулоқот бо ҷавонон роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вақте ба толор ворид мешуд ва ба мулоқот оғоз мекард Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода нашуда, балки дар маркази толор ба ҷои акси нишони давлатӣ ва парчами миллӣ нишони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷой дода мешуд. Ин амал нишона аз арзишҳои милливу давлатӣ боло гузоштани арзишҳои ҳизбиву гуруҳии ҲНИТ буд.

Мутаассифона, дар суханронии худ роҳбарияти ҲНИТ, шахсан Муҳиддин Кабирӣ туҳмату буҳтон, фитнаву тафриқа ва ихтилофангезӣ садо медод. Аз ҳама нафрататовараш он буд, ки шахсони дар толорнишастаи гумроҳони ришу сатрдор, вақте суханони ихтилофангези Кабириро мешуниданд бо овози баланд тӯтивор «такбир» мегуфтанд. Такбири онҳо бар зидди давлату миллат буд. Такбири онҳо яроқ бардоштан, табаддулот кардан ва аз ҳукумати феълӣ интиқоми солҳои ҷангро гирифтан буд. Ин беадабон такбиру сухани худро дар вақту соати ҳифзи давлату миллат баланд намекарданд. Мисли шахси ба “даҳон об гирифта” хомуш меистоданд. Вале баҳри суханони пучи роҳбарону аъзоёни худ дину маҳзабро истифода мебурданд. Мо, ҷавонон дар ин лаҳзаҳо ҳайрон мемондему гумон мекардем, ки ин гумроҳон девона шудаанд, ки дар як маҷлиси ҳизбии худ  чунин бесарусомонӣ мекунанд. Аммо Кабирӣ аз ин кирдори пайравонаш ба ҷӯшу хурӯш омада, боз ҳам сафсатагӯиҳои хешро идома медод.

Иштирокчиёни мулоқоти Кабирӣ - ҷавонон ва аксаран донишҷӯёни макотиби олӣ барои Кабириву наҳзатиён мисли гӯшти лаҳм, аз ҷониби лошахӯрони наҳзатӣ истифода мешуданд. Масалан, дар ҳар саф ва назди донишҷӯёну ҷавонон мисли “донаҳои бозии шоҳмот” наҳзатиён нишаста буданду ҳар сухани Кабириро тасдиқ намуда, бо баҳонае бо ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, бо ин тариқ онҳоро бо пеш овардани ояту ҳадис, намозхониву эҳтироми дин, Худову Расул моту ҳайрон карда, ба ибораи дигар «гипнос» менамуданд. Баъдан суроғаву нишонаҳои онҳоро гирифта, бо онҳо ба ибораи ба худашон маъруф «бародар» мехонанд. Баъдан пай бурдем, ки ин «бародарон» ҷавононро ноогоҳона ба сафи ҳизби наҳзат ҳамроҳ мекарданд.

Ҳатто мушоҳида намудем, ки қабл аз оғози мулоқоти Кабирӣ таҳти шиори бақайдгирии иштирокчиёни мулоқот ришчадорону сатрдорони ношинос билети донишҷӯии бархе аз ҷавононро нусхабардорӣ менамуданд, ё саросемавор тариқи телефон ва ё сканер аксбардорӣ мекарданд. Дар аввал гумон мекардем, ки чун замони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, дастгоҳи ҳизби наҳзат чунин пешрафтааст, ки ҳамаро чунин сабтином ва бақайдгирӣ мекунад. Аммо баъдан фаҳмидем, ки ин амалҳо таҳти супориши худи Муҳиддин Кабирӣ ба хотири афзун намудани сафи «ихтиёриёни ҷавон» ҷиҳати пайвастан ба ҳизб сурат гирифтааст. Чун аз пуштибониҳои ҳамешагии хоҷагони ҳизби наҳзат огаҳӣ дорам, гоҳе менишинаму меандешам, ки ҳадафи Кабирӣ таҳти шиори «мулоқот бо ҷавонон» барқасдона ва пинҳонӣ аъзо намудани онҳо ба ҳизбаш будааст. Бо ин васила ба ҳар сари аъзои ҳизб аз хоҷагони худ кӯмак талаб мекарданд. Аз нигоҳи дигар афзун намудани сафи ҷавонони ҳизб василаи ширкат дар интихоботи соли 2015 ва афзун нишон додани шумораи аъзоёни ҳизб низ маҳсуб мешудааст. 

Ингуна амалҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИТ то соли 2015 давом намуд. Хушбахтона, давлату миллат аз амалҳои пасипардагии ин ҳизби ҷиноӣ огаҳии комил пайдо намуда, фаъолияти онро ба таври қонунӣ манъ намуд. Зеро мавҷудияти ҳизби ба ном исломӣ ба арзишҳои диниву мазҳабӣ доғ меоварду ҷомеаи тинҷу ороми моро ба мисли ҷомеаҳои ҷангзада табдил медод. Лек ин нуктаро наҳзатиён ҳеҷ гоҳ қабул намекунанд. Дар назари виҷдони онҳо, гарчанде дар онҳо “виҷдон” набошад ҳам, худро худотарсу худоҷӯ метарошанд. Амалу нияти онҳо мисли амалу нияти аҳриманӣ аст. ТЭТ ҲНИТ ва наҳзатсимоҳо ҳеҷгоҳ баҳри рушди Тоҷикистон шавқу ҳавасе надоштанд. Барои онҳо гирифтани ҳокимият ва ташкили ба ном давлати исломӣ заруру авлотар буд.

Воҳидов Ф.

Читать далее

26 April 2018

Таассурот пас аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Қурбони АЛИМАРДОН, директори генералии  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

-Умуман, таассуроти ман ҳамчун иштирокчии сафари мазкур хеле зиёд аст. Пешвози гарму самимии хурду бузурги Самарқанд, сатҳи баланди меҳмононавозӣ ва эҳтироми аҳли сокинон нисбат ба меҳмонони тоҷикистонӣ дар сатҳи олӣ буд. Ободии шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он хеле назаррас ва мафтункунанда буданд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, роҳраву гулгаштҳо, мавзеъҳои таърихӣ тозаву озода ва бениҳоят дилрабову ҷолибанд.

Шаҳр бо саъю кӯшиши роҳбарияти вилояти Самарқанд ва бо заҳмату меҳнати аҳлона ва якдилонаи мардуми меҳнатқарини он обод шудааст.

Ман ба чунин хулоса омадам, ки мо низ дар кишвари худ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бештар машғул шуда, дар доираи ташаббуси 1300 Рӯзи ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакати биҳиштосои худ ҷидду ҷаҳд намоем ва дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои қабули меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонон аз Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ҳамеша омода бошем.

Додохон Очилов- раиси Раёсати Асотсиатсияи «Кедр»:

  Дар доираи гуфтушунидҳо ва шартномаҳои байни вилоятҳои Суғд ва Самарқанд, ки қаблан ба тавсиб расида буд, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд рӯз дар шаҳри Самарқанди бостонӣ Рӯзҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он корхонаҳои истеҳсолии Ширкати Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркарди чӯби «Кедр» низ иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намош гузоштанд. Аз ҷумла Корхонаи муштараки туркӣ-тоҷикии «Силкоат боя», ки истеҳсоли зиёда аз 40 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст, Корхонаи фаръии «Арча», ки зиёда аз 200 намуд, аз ҷумла дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳои гуногун ва дигар маҳсулоти аз фаршиву сақфӣ, ки пурра бо чӯб коркард мешавад, корхонаи «Силкоат руф» болопӯшакҳои (бомҳо) полимерӣ ва аз қуми квартс омодашуда ва «Силкоат Сӯва» ки аксари ашёи хоми онҳо дар заминаи маҳсулоти ашёи хоми ватанӣ истеҳсол мегарданд, дар ин намоишгоҳ ба маърази сокинону меҳмонони вилояти Самарқанд гузошта шуда буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бори аввал маҳсулоти коргоҳи нави «Арча мебел», ки асосан самти фаъолияти хешро барои истеҳсоли мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, барои соҳаи тиб, мебел барои ширкатҳову хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти маъмуриву маишӣ нигаронида шуда, алҳол васлу насби таҷҳизот, корҳои бунёдии он идома дорад, бо намунаҳои истеҳсолоти хеш дар намоишгоҳ ширкат доштанд.      

Аслан Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон садсолаҳо байни ҳам равобити дӯстиву хешутаборӣ дошта, ба тиҷорат машғул буданд. Мутаассифона, бо сабабҳои мухталиф даҳсолаҳои охир  ин муносибатҳо, алалхусус аз ҷиҳати иқтисодӣ коҳида буданд. Хушбахтона, чанде пеш бо ибтикору кӯшишҳои пай дар пайи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон, зимни ташрифи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтушунидҳо баргузор шуда, ин муносибатҳо тадриҷан барқарор гардида истодаанд. Барои ширкатҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ин фоли нек аст, чунки иқтидорҳои ҳамаи коргоҳҳои Ширкати мо қодир аст нафақат талаботи дохили ҷумҳурӣ, балки бо дарназардошти фурӯши маҳсулоти истеҳсолаш ба кишварҳои дигар аз ҷумла, Қирғизистону Қазоқистон, Афғонисону Покистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва инчунин Федератсияи Россия дар назар аст. Масалан, иқтидори коргоҳҳои мо барои 65 миллион нафар ба назар гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, муносибатҳои кунунии ҳамсоядавлатҳои мо натанҳо ба ширкати мо, ҳамчунин ба ҳамаи корхонаҳои саноатии вилоят аз  ҷиҳати дарёфти бозор, тақвияти иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон  басо ҳатмист. Чунонки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш солҳои охир таъкид медоранд,  имрӯз соҳибкори истеҳсолӣ дар самти фаъолияти хеш ду вазифаи асосӣ, ин ҳам бошад аввал таъмин намудани талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ватанӣ, истеҳсоли маҳсулот содиротивазкунанда ва дуввум, ба хотири нигаҳдории иқтисодиёт ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ тақвият дода шавад.

Имрӯзҳо барои соҳибкорон ва саноатчиён ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Аз 5 коргоҳи мо 3 адади он дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ Суғд қарор дошта, аз имтиёзҳои зиёд ҳам аз ҷиҳати андозбандӣ ва ҳам истифодаи инфрасохтор бархурдор аст.

Бо ин мақсад иштироки Ширкати мо бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар чунин намоишгоҳҳо басо саривақтӣ буда, пайдо кардани шарикони иқтисодӣ барои бастани шартномаҳои ҳамкорӣ моҳияти яке аз ҳадафҳост.

Маҷмӯан гирем, аз ҷониби Ширкати мо ба наздик 2,5 миллион сомонӣ шартнома баста шуд. Бовар дорем, ки ин қадамҳои аввалин буда, минбаъд низ муносибатҳои байнидавлатӣ боз ҳам густариш ёфта, имконоту талабот боз ҳам беҳтару бештару мегардад.

Абдуаҳад Тоҷибоев - директори генералии «Доро-инвест»:

 -Пеш аз ҳама миннатдориамонро ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мерасонем. Шод ҳастам, ки дар қатори гурӯҳи калони намояндагони вилоят бо сарварии роҳбарияти вилояти Суғд дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзидем.

Пеш аз ҳама бояд зикр намоям, ки бозшавии гузаргоҳҳои марзӣ ва барқароршавии робитаҳои мардумони тоҷику ӯзбек ин самараи сиёсати оқилонаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

Дар ин сафар дилгармии мардуми вилояти Самарқанд ҳис карда мешуд, чунки моро дар сарҳад хеле хуш истиқбол намуданд. Аз ин маълум гардид, ки онҳо дер боз интизори мо будаанд. Ҳангоми вохӯрие, ки байни соҳибкорони ҳамсоякишварҳо ба амал омад, ҳадафҳои асосӣ алалхусус тақвияти ҳамкориҳо ба назар мерасид. Баҳри ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн барои пешрафти соҳоти мухталиф гуфтушунид баргузор гардид.

Инчунин зимни сафар аз якчанд корхонаи шаҳри Самарқанд дидан намудем, ки яке аз он корхонаи “СамАвто” мебошад, ки дар он истеҳсоли автобус ва мошинҳои боркаш ба роҳ монда шудааст, шинос шудем, ки он барои вилояти мо хеле мувофиқ аст.

Ҳамзамон аз фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” дидан кардем. Бояд гуфт, ки ин гармхонаро соҳибкори муваффақ Баҳруллоҷон, ки дар шаҳри Самарқан фаъолият мебарад, ташкил намудааст. Бо ӯ чанд сол пеш шинос будем, дар давоми 11 соле, ки байни мо робитаҳо набуда, ӯ ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Вақте аз гармхона дидан намудем дар ҳайрат мондем, ки ин соҳибкор ба фаъолияти хуби соҳавӣ муваффақ гаштааст.

Дар суҳбати дӯстона ва тадбиркорона ба хулоса омадем, ки ин амали соҳибкори самарқандиро соҳибкорони вилояти Суғд низ пайгирӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки якдилию ҳамфикрӣ бошад, ҳар давлат ва ё ҳар як соҳибкор, чӣ дар Ӯзбекистон ва ё чӣ дар Тоҷикистон фаъолият мебарад, як мақсаду маром доранд. Яъне ҳадафҳои ҳар яки мо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва хизмат баҳри ободонии Ватан мебошад.

Ман ҳамчун иқтисодчӣ гуфта метавонам, ки агар сафи соҳибкории хурду миёна чӣ қадар зиёд шавад, он вақт пояи ҳамкориҳо ду тараф мустаҳкам гашта, ҷойи кор таъмин мешаванд ва соҳибкории хурду миёна  пеш меравад ва мардум бо кор ҷалб мешаванд.

Имрӯз вилояти мо аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла   маҳсулоти ширию гӯштӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Умедворем, ки минбаъд низ муносибатҳо густариш ёфта, соҳибкорони ҳарду давлат дар соҳоти мухталиф алалхусус тиҷорат ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мешаванд.

Мӯъминҷон Муллоев, корманди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ:

- Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дeстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон қавӣ гардид. Аз ин ҷост, ки санаи 20 апрел баҳри иштирок дар Рeзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуруҳи калони намояндагони вилоят ба шаҳри Самарқанд ташриф оварданд. Моро мардуми меҳмоннавози Самарқанд, алалхусус фарҳангиёни шаҳр бо нону намак самимона пешвоз гирифтанд. ҳарду ҷониб аз хушнудӣ ашки шодӣ мерехтанд, зеро расидан ба рӯзҳоро мардум дербоз интизор буданд.

Баробари ин миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ташкил гардид, ки маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, намунаҳои ҳунарҳои миллии ду вилоят ба намоиш гузошта шуд.

Дар Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид, ки бо рӯҳияи баланд тамошо кардем. Самарқанд хеле ободу зебо ва мардуми он ҷо низ моро хуш пазируфтанд.   

Читать далее

Душанбе – эҳёгари тамаддуни тоҷикон

Бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар

Ҳамасола 21 апрел дар тамоми манотиқи кишвари азизамон Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Мардуми шарафманди вилояти Суғд низ ин рӯзи фархундаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Сокинони вилоят бегоҳии ҳамон рӯз майдони Боғи Камоли Хуҷандиро ба ҷашнгоҳ табдил доданд.

Муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ҳамаи сокинонро аз номи Раиси вилоят ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки шаҳри Душанбе муаррифгари давлату миллати мо ва эҳёгари тамаддуни тоҷику тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии хеш қайд намуд, ки миллати тоҷик расму анъанаҳои худро махсусан тавассути ин шаҳр ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Он гаҳвораи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои пешрафти кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд ва ба қатори шаҳрҳои зеботарини олам ворид гаштааст.

Саъдулло Саъдуллоев, ҷавони хушбахти даврони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, шукргузор аз он аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ таҳсили худро давом медиҳад.

- Ҷашнгирии рӯзи пойтахт ин нишона аз ифтихори ватандорӣ ва пос доштани тамаддуни миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, шиносоии ҳар миллат тавассути пойтахти он ба роҳ монда мешавад, - иброз медорад С. Саъдуллоев.

Ба андешаи Шарофат Бобоева - сокини шаҳри Хуҷанд таҷлили Рӯзи пойтахт баёнгари дӯст доштани миллату давлат ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ба шумор меравад.

- Имрӯз мебинем, ки иншоотҳои бузург шаҳри Душанберо зеб медиҳанд. Мо - кулли мардуми шарафманди шаҳр шукргузор аз он ҳастем, ки дар таҷлили чунин ҷашнҳои бузурги миллати хеш сарбаландона иштирок намуда, барои пешрафти Ватани азиз каме бошад ҳам ҳиссаи арзанда мегузорем, - илова намуд Шарофат Бобоева.

Чорабинии идонаро ҳунармандони шуҳратманди Суғди бостон бо сурудҳои ватандӯстонаашон хушу хотирмон намуданд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чархи фалакам қуфл зи кошона кушод!

Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ин чорабинии нишотангезу файзбахш дар фазои ҳамдиливу осудагӣ, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид. Намояндагони вилояти Суғди бостонӣ бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фаъолона дар ин чорабинии таърихӣ ва сурурбахш ширкат варзида, нақши тозае дар муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар саҳифаи таърихи ду миллати дӯсту бародар гузоштанд.

Ин рӯзҳо рӯҳи устодони бузург Рӯдакиву Мавлоно Ҷомӣ ва Ҳазрати Навоӣ, Мирзо Турсунзодаву Ғафур Ғулом шод шуд. Ин файзу нусрат, ин нишотмандиву болидарӯҳӣ ба шарофати сиёсати одилона, оқилона ва инсондӯстонаву башардӯстонаи Сарварони ду кишвар ба қалбу вуҷуди ҳамагон, ҳар узви оилаи чӣ тоҷикону чӣ узбекон нишоту фараҳмандӣ, ба суруру шодмонӣ бахшид.

Ба ҳам омадани мардуми мо рӯзгорони аз қадим дӯсту бародар, авлоду меросбарони содиқро маънии замонавӣ, тоза ва амиқ бахшид ва неъмати дӯстиву ҳамгироиро афзун намуд. Мусаллам аст, ки аз азал расми хуби тоҷикону ӯзбекон дӯстонро гарм бар оғӯш гирифтан аст.

Шоир хуб фармудааст:

Дар сари роҳи ҳидоят Ҷомӣ аз нуру сафо,

Ҳамраҳаш бошад Навоӣ баҳри миллат мақтадо.

Раҳбарони ҳарду кишвар байни мардум раҳнамо,

Пешво – Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиё!...

Таърих шаҳодат медиҳад: мардуми тоҷик ва ӯзбекро фарҳангу анъана, маданияту урфу одатҳои қадима, ки хеле ба ҳам монандӣ доранд, ба ҳам мепайвандад, онҳо ба қавле «гӯшту нохунанд», яъне дӯсту бародарони азалӣ ҳастанд.

Аз муносибатҳои неки ҳамсоягӣ сухан мегӯему аз кушода шудани роҳҳо меболем. Зеро даҳсолаҳо боз муштоқи ҳам будем, бародару хоҳар, дӯсту рафиқи ҷонӣ, ҳамкору ҳамназарҳо аз ҳам ҷудо афтода буданд.

Чархи фалакам қуфл зи кошона кушод,

Бар тоҷику ӯзбек дари хона кушод.

Шамъе рахшид агар зи рӯҳи Ҷомӣ,

Аз рӯҳи Навоӣ бол парвона кушод!...

Тоҷикону ӯзбекон ба ҷониби фардои босаодат, ба хотири ободии рӯзгору таҳкими дӯстиву рафоқат ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мениҳанд.

Чархи фалако, садқаи чархидани ту,

Бахт аст ба мо, лаҳзаи хандидани ту.

Тоҷик ба ӯзбек кушодаст оғӯш,

ӯзбек фараҳ бигирад аз дидани ту!

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намоиши маҳсулоти муассисаҳои саноатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорон ва тоҷирон дар ду давлати ҳамсоя, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистони азиз сафари ҳайати расмии вилояти Самарқанд дар тантанаҳои наврӯзӣ, инак дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Самарқанд нишотбахши сиёсати башардӯстонаи Сарварони ҳарду давлати ҳамсояву қарин ҳастанд.

Ду навдаи шохаи сабзем агар,

Монеаи сарҳадӣ надорем дигар.

Хоке, ки ба марзи тоҷику ӯзбек аст,

Боғе сабзад, ки он шавад боровар!!!

Умед ҳаст, ки минбаъд низ пайванди маънавӣ ва таҳкими ҳамгироии ду миллати дӯст - тоҷикону ӯзбекон тақвият ва густариш меёбад ва боз ҳам ба хубтар шудани равобити ҳасанаи мардум, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Мухтори АБДУЛЛО,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее