April 2018

24 April 2018

Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаёти солим

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон семинар - машварат оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ байни ҷавонони шаҳри Бӯстон, таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» ташкил ва баргузор гардид.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим, бахусус саломатии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шуда истодааст.

Дар семинар мутахассисони соҳаи тиб оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии нашъамандӣ ба иштирокдорон маълумоти амиқ пешниҳод намуданд.

Шодмон НУРМАТОВ

Читать далее

23 April 2018

"Ҳафати китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон"

17 апрел дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» бо иштироки зиёда аз 400 нафар хонандагону ҳаводорони китоб баргузор гардид. Нахуст боздиди меҳмонон аз растаи намоиши китобҳои бачагона сурат гирифт.

Муовини раиси шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода дар ифтитоҳи Фестивали мазкур иброз дошт, ки "бо мақсади иҷрои нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» тибқи фармони сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» дар китобхонаҳои вилояти Суғд баргузор гардида истодааст".

Чун оғози Фестивали мазкур ба 140-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ тавъам омад, дар ин рӯз ҳаводорони осори устод Айнӣ порчаҳои шеърӣ ва саҳнаҳоро аз ҳаёт ва фаъолияти устод ба маърази намоиш гузоштанд.

Ҳунармандони ансамбли "Навои Бӯстон", гурӯҳи рақсии "Ёсуман" ва кӯдакон бо шеъру суруд ва рақсҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Сайёҳӣ – омили пешрафти иқтисодиёт

19 апрел бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бӯстон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Мулоқот бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, масъулини Маркази назорати давлатии сантитарию эпидемиологӣ, кормандони муассисаҳои фарҳанг, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ватан»-и шаҳр ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардид. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ - ташвиқотӣ дар суханронии худ оид эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии падидаҳои номатлуб ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Истаравшан: Конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа»

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба 80 – солагии ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида Гулҷаҳон Бобосодиқова конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» баргузор гардид.

Дар кори конфронс фаъолзанону ҷавондухтарон, собиқдорони ҷангу меҳнат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, омӯзгорону табибон, раисони Шӯрои духтарон, донишҷӯёни коллеҷҳо ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Нигора Наимҷонзода муовини раиси шаҳр  сухан нашуда, иброз намуд, ки Бобосодиқова Гулҷаҳон соли 1961 мактаби бузурги кор бо ҷавононро гузашта, ба иҷрои корҳои хизбӣ шурӯъ намуд. Дар вазифаҳои котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи марказӣ, котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон доир ба корҳои идеологӣ интихоб гардидаанд ва чун зани соҳибдонишу соҳибирода дар тозакориҳои Ватан устуворона қадам заданд.

“Барои фаъолияти пурмаҳсули чандинсола ин зани сиёсатмадор бо чандин мукофотҳо ва унвонҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ шудааст, вале унвони баландтарини Гулҷаҳон Бобосодиқова ин сазовор будан ба эътимоди мардум аст” – афзуд Н. Наимҷонзода.

Сипас, маърӯзаи Гулҷаҳон Бобосодиқова  дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» шунида шуд. Номбурда аз талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар нисбат ба занону духтарон, азму иродаи қавӣ, ватандусту меҳнатқарин будани занон ҳарф зада, даъват ба амал овард, ки бояд ҳар як нафар баҳри якпорчагиву ободонии кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

Дар рафти конфронс мудири шуъбаи кор бо занони ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ф. Мӯъминова, раиси КИШ ҲХДТ М.Ш. Мухторова, раиси Шурои занони самти тандурустӣ Н. Азимова, раиси Шурои духтарони шаҳр З.Эркаева, фаъолазанон  Х.Фозилова, С.Содиқова, М.Искандарова баромад намуда, оид ба нақш ва манзалати зан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуданд.

 Як гуруҳ донишҷӯдухтарони литсейи касбӣ-техникӣ бо қироати шеър ва гуфторҳои бузургон дар васфи занон хотири ҳамагонро шод намуданд.

Рамзи эҳтиром барои заҳматҳои тӯлонӣ ба зани сиёсатмадори давр Гулҷаҳон Бобосодиқова Сипоснома ва туҳфаи хотиравии роҳбарияти шаҳр тақдим карда шуд. 

Шералӣ АЗИМӢ
Котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Читать далее

Боздиди намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд

Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику ӯзбек - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар ҳудуди боғ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд.

Читать далее

Намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” ва корхонаи “СамАвто” –и вилояти Самарқанд шинос шуданд

Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ба ноҳияи Паст Дарғом ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” шинос шуд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар гармхонаи мазкур бо усули гидропоникӣ помидор истеҳсол ва асосан ба хориҷа содирот карда мешавад.

Читать далее

Дар Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд

Рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Бизнес – форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее

Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид

Рӯзи 20 апрел миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва "Динамо"-и шаҳри Самарқанд бозии рафиқона баргузор шуд.

Дидори дӯстона миёни дастаҳо дар варзишгоҳи "Динамо" сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид.

Ҷараёни бозии футболро роҳбарони вилоятҳои Суғду Самарқанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Туробҷон Ҷӯраев, инчунин теъдоди зиёди сокинони Самарқанд тамошо намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад.

Аз ҷумла, мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи навро боз намуд.

Читать далее

20 April 2018

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо мақсади таъмини иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич рӯзи ягонаи ахбор доир гардид. Дар мулоқот собиқадор Махкам Миркамолов ва мудири кафедраи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Исомаддинов иштирок намуда суханрони карданд.  

Мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Деваштич Зиёдулло Турдиев суханронӣ намуда, ҳозиронро ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ ва нақши онҳо барои хубу хотирмон гузаштан хуб арзёбӣ намуд. Чорабинии мазкур бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» собиқадор Маҳкам Миркамолов доири манфиятҳои ҳунармандӣ дар пешбурди рӯзгор  ва инъикоси ҳунарҳои миллии Тоҷикистон ба ҷаҳониён суханрони намуд. Инчунин, Ҷамшед Исомаддинов қайд намуд, ки сол аз сол ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд гардида, кишвари моро ба ҷаҳон муаррифӣ намуда истодаанд.

Лоиқ Тӯйчиев
мутахассиси шуъбаи
таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич

Читать далее