April 2018

20 April 2018

Насли ояндасозро ба воя расонем

Афзоиши  пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар  ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза  гаштааст.  Дигаргуниҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон  дар соли 90-уми асри гузашта паси сар кард, кишвари моро ба душвориҳои  сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷанги таҳмилӣ гардид, ки оқибатҳои он  ҳоло  ҳам  эҳсос  мешавад ва  хотираҳои мардумро  ранҷ медиҳад. Агар мушоҳида намоем, барои сар задани бесарусомониҳо бешак, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони хориҷии онҳо даст доштанд.

Айни замон дар  байни терроризм ва экстремизм ягонагии  амалиёт дида мешавад: ҳардуи  ин зуҳурот масъаларо  бо  роҳи зӯроварӣ  ҳал  кардан  мехоҳанд. Қувваҳои  экстремистӣ дар ҳолатҳои  муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок  онҳоро ба  вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои  алоҳидаро муташанниҷ  мекунанд.  Ғайр аз  ин, экстремизм берун  аз сиёсат низ арзи вуҷуд  карда метавонад.

Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз минбарҳои  сатҳи  гуногун  иброз  доштаанд,  ки   «Террорист,  Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин  рӯ, мубориза ба муқобили терроризм  ва экстремизм  фароҳам  овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои  якдигар ва  муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар  пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».

Дар  айни замон ба омилҳои паҳн  гаштани зуҳуроти терроризм ва  экстремизм набояд  фаромӯш кард, ки асоси  он  дар  соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир  ниҳон  аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулияти падару модар дар   таълиму тарбияи  фарзанд»  дар  байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешарониҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8-и  қонуни мазкур падару модарон ӯҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои  динӣ, ғайр аз  кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси  динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.

Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100  падару  модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Албатта, ин ҳама  чораҳо  барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани  волидони онҳо андешида мешавад. Зеро, аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи  имрӯза шукргузорӣ намоянд.

Танҳо дар сурати ваҳдату ягонагии мардуми кишвар душвориҳо ва монеаҳо  паси  сар мешаванд.  Рӯзгори   мардум   рӯ ба беҳбудӣ  меорад., кишвари  азизамон ба шоҳроҳи пешрафту   тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле  ҳаст, ки  ҳамеша меваи ширин  ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро  чашидем, ҷомеаи мо  аз  он  баҳравар гардид, ҳаргиз  роҳ  надиҳем, ки дигар  теша  ба решаи  он расад»

Он ниҳол Сулҳу Ваҳдат аст, ки имрӯз  меваи ширин самар овардааст. Хушбахт аз онем, ки осуда, дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем. Ҳақиқатан  Ваҳдати  миллӣ шукуфоии Ватан  аст, зеро дар  давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ мустаҳкам мегардад.

Пас мо - омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рeҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгарӣ Ватан будан тарбият намоем ва таъкид намоем, ки чун як фарзанди бонангу  номус бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи  худ  ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, баҳри пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд. Зеро, Тоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасози бо  нангу номус дорад.

И.КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ №10,
шаҳри Бӯстон

 

Читать далее

Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят

Рӯзи 19 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо вазъи кунунии ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд”, корхонаи дӯзандагии “Зиннат” ва Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” аз наздик шинос шуд.

ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” дар гузашта яке аз корхонаҳои маъруф маҳсуб меёфт ва дар он пӯст то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расонида шуда, чарм ва пойафзол истеҳсол мегардид. Вале бо сабабҳои гуногун корхонаи мазкур имрӯзҳо фаъолият надорад. Дар аснои шиносоӣ Раиси вилоят аз фаъолияти пурсамари корхона дар гузаштаи на чандон дур ёдовар шуда, дар назди роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” вазифа гузошт, ки корхонаро дар муҳлатҳои кутоҳтарин дубора фаъол намояд. Таъкид гардид, ки бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар марҳилаи аввал бояд то 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шавад.

Читать далее

Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад

Аз 20 то 22 апрели соли равон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд гуруҳи калони намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуд.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо ҳамчунин миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд Бизнес – форум баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар доираи Бизнес – форум миёни соҳибкорони ҳар ду ҷониб созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Дар доираи чорабиниҳо ҳамзамон дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Динамо»-и шаҳри Самарқанд дидори дӯстона анҷом медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт

Рӯзи 19 апрел бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ду дидбонгоҳи сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Абдураҳим Қаҳҳоров - Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” қайд намуд, ки таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бе фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст.

Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд

Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву техналогияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.

Фармоишгари иншооти мазкур ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” буда, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ-и “Сохтмон”-и ноҳияи Масчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ ба анҷом расонидаанд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” низ ба истифода дода шуд. Дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ-и “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт сохта шудааст ва он дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҳимояи марзу буми Ватан воҷиб аст

Вақте ба  адабиёти ҳазорсолаи  миллати тоҷик назар меандозем, осон пай мебарем, ки ахлоқи ҳасана аз қабили дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар, фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ, ростқавливу росткорӣ аз мавзӯоти меҳварӣ маҳсуб мешавад. Зеро, гузаштагони бонангу ори мо ба ин масоили муҳими зиндагӣ эътибори ҷиддӣ медоданд ва тарбияти инсони мукаммал ва арзандаи ҷомеаро аз вазифаҳои муқаддас мешумориданд.

Махсусан Ватан ва ватандорӣ, ҳимояи марзу бум, омода будан барои дифои Ватан ва сокинони он саросари гуфтаҳои бузургонро ташкил мекунад. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон ин мавзӯро борҳо дар осорашон зикр кардаанд. Чунончи ин байти Саъдӣ аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин гуфтаҳо мансуб мешавад.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем

Ҳатто дар ашъори шоирон ҳикматҳои ҷолиб ҳаст, ки хонандаро ба ватандорӣ талқин мекунад. Чунончӣ:

Ҳанӯзам зи хурдӣ ба хотир дар аст,

Ки дар лонаи мокиён бурда даст

Ба минқорам он сон ба сахтӣ газид

Ки ашкам чу хун аз раг он дам дамид

Падар ханда бар гиряаам зад ки ҳон

Ватандорӣ омӯз аз мокиён

Воқеан ҳар як ҳикмати  ҳакимон ҳидоятгари  мардум, хусусан ҷавонон  мебошад.  

Ҷавонони  азиз! Шумо дар  замони беҳтарин  зиндагонӣ мекунед. Шукр кунед, ки Ватани  мо Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои  миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орому  осоишта зиндаги  ба  сар  мебаред, Марзу буми Ватан бо хидмати ҳомиёни  ҷасур ҳимоя карда  мешавад.    

Имрӯз шукр  мекунем, ки ҷавонмардони мо ихтиёран барои  хидмат ба Ватан  рафта, дар сафи Қувваҳои  мусаллаҳ марзу  буми Тоҷикистонро  ҳимоя  мекунанд. 

Ҷонбози Ватан 

Ҷонбозӣ баҳри Меҳан рамзи шарофат омад,

Ҳам ҷуръату далерӣ кашфи ҷасорат омад.

Пушту паноҳи меҳан шуда рамзи навҷавонон,

Аз баҳри ҳар ҷавонмард амри ҳимоят омад.

Дар ҷурму ҳам хиёнат эҷоди зарби миллат,

Аз дасти ноҷавонмард қаҳру адоват омад.

Дар ҳаққи  қавму миллат хидмат бувад шарофат

Бо якдигар садоқат нақши асолат омад.

Ҳифзи  Ватан  намоӣ вирди забони мардум,

Як достони Меҳан  баҳри  ривоят омад.

Даъват намо  Ҳусайно аз баҳри хидмати халқ,

Дар роҳи он ҳимоят нашри шуҷоат омад.

Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод

Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод,

Аскаронат дар ҳимоят рӯзу шаб созанда бод.

Артиши миллӣ бароят  ҷони худ қурбон кунад,

Лашкарат бо меҳри худ ҳам дар садоқат зинда бод.

Хасми душманро бидонад ҳар сипаҳсолори ту,

Тоҷикистон давлати ман душманат шарманда бод.

Сояи ин давлатат маҳфуз дорад,  халқи ту,

Дар ватандорӣ ҳама бо сидқи дил ҷӯянда бод.

Ҷилвагар бошад ба илму маърифат ин парчамат,

Нури хуршедат мудом садсолаҳо топанда бод.

Тоҷикистон васфи ту шуд мағзи ашъори Ҳусайн,

Номи некӯ шуҳратат бар тоҷикон зебанда бод.

Ҳар  як ҷавон бояд Ватани худро ҳимоят кунад зеро хидмат дар ҳимояи  марзу буми  Тоҷикистон  шараф  мебошад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Читать далее

Гар сухан ҷон набувад...

Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечутоб буда, дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукумати қонунӣ ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, ҷавонони сатҳи пасти маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафи хеш ҷалб менамоянд, онҳоро ба амалҳои ғайриқонунӣ сафарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз зуҳуроти номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад.

Чӣ тавр зуҳуроти номатлубро пешгирӣ бояд намуд? Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавононро баланд бардошта, муқаддас будани Ватан - Модар, сулҳ ва арзишҳои миллиро фаҳмонидан лозим аст. Бо воситаи телевизион ва дигар васоити ахбори омма оқибатҳои ба амалҳои номатлуб даст заданро намоиш дода, тарзи ҳаёти солимро тарғиб муҳим аст. Зеро васоити ахбори омма қудрати таъсиррасонӣ, сафарбарсозӣ, маърифатноккунӣ дошта, барои бартараф намудани унсурҳои зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа нақши калон доранд.

Дар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо доир намудани мулоқот ва вохӯриҳо оид ба  пешгирии зуҳуроти номатлуб муҳим аст.

Чунон ки мегӯянд, пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Пас мо, ҷавонони саодатманди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, дасти ҳам гирифта, ба муқобили зуҳуроти номатлуби давр садо баланд намоем, то ин ки сарзамини биҳиштосо, ором ва ободамонро аз ин ҳам ободтар созем.

Ш.Файзуллоева,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумӣ

Читать далее

Ҳамдиливу ҳаммароми муқаддас аст!

Ифтихормандем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷомеаи озоди мо дар фазои соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба ваҳдати комил зиндагии оромона ба сар мебаранд. Вале имрӯз зуҳуроте ба миён омадааст, ки алайҳи осудагии ҷомеаи ҷаҳонӣ амалиёти номатлубе дорад. Ин амал ба терроризму экстремизм марбут буда, алайҳи он муборизаи оштинопазир бурда мешавад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оқибатҳои даҳшатангези терроризму экстремизм сухан ронда, борҳо таъкид намудаанд: «Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд».

Терроризм зуҳуроти хатаровар буда, оқибатҳои басо вазнин ва дар аксар ҳолат барқарорнашаванда дорад.

Аз расонаҳои дохилию хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки қувваҳои бадхоҳ баъзе аз ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, ба мамлакатҳои хориҷа баҳри аз онҳо тайёр намудани террористу ифротгаро сафарбар карда истодаанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳии миллӣ аз ҷониби падару модар ва омӯзгорон басо муҳиму зарур аст. Кишвари мо дар роҳи рушду такомули соҳибистиқлолӣ қарор дорад, дастовардҳои бо заҳмат соҳибгардидаамон ба боди фано набояд равад! Ҳаргиз нагузорем, ки ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон барин ҳаракатҳою гурӯҳҳои ифротгаро сулҳи мисли шири модар пок ва бо заҳмат ба дастовардаи халқи тоҷикро халалдор намояд.

Зеро тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Дастоварди муҳимтарину бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо он ифтихор хоҳанд кард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст».

Мо бояд ин арзиши бузурги миллатамонро, ки маҳз бо муҳаббати бепоёну қарзи фарзандӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизашон ато намудаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Имрӯз мо амалҳои хоинонаи роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сахт маҳкум менамоем. Намегузорем, ки онҳо ҳаёти осоиштаи халқи тоҷикро халалдор намоянд.

Ҳамдиливу ҳаммаромии нерӯҳои солим ҳамавақт барои садди роҳи ифротгароён мавқеъ дошт. Пешвои миллат ба қувваи бузург ва хиради азалии халқи созандаашон итминони комил доранд. Ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои бебадали Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – кормандони соҳаи маориф пайваста мекӯшем, ки дар шукуфоии Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор гардем.

Рухсора Абдуғаффорзода,
директори литсейи №1,
шаҳри Бӯстон

Читать далее

Бо ифротгароӣ мубориза бояд бурд!

Нафаре, ки илму дониш дорад, ин сарваташ ӯро аз ҳаводиси бади рӯзгор эмин нигоҳ медорад. Ҷавононе, ки аз асли дини Ислом ноогоҳанд, ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фирефта мегарданд, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф намуда, худ ва даҳҳо нафарро ба гирдоби раҳгумӣ меандозанд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ бохабар ҳастем, ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонони мо аз бефаҳмию зудбоварӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд, ки инҳо натиҷаи надоштани саводи кофӣ, бемасъулият будани падару модар дар таълиму тарбия ва амсоли инҳо мебошанд.

Имрӯз бархе ҳамватанони мо, ки ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё таҳсили илм рафтаанд, зуд ба доми фиребу найранги нафарони бадхоҳу бадкин афтода, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, ки боиси бадбахтии худ ва аҳли хонавода мегарданд. Нафаре, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешавад ва барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистиву террористӣ саҳм мегузорад, хиёнаткор аст. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш дода буданд, ки шахсони ғайриқонунӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафта бозгардонида шаванд.

Дар муассисаҳои таълимӣ кори созмонҳои тарбиявиро хуб ба роҳ монда, ҷалби ҷавонон ба маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ боиси мусаллаҳии хонандагон бо илму дониши кофӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мегардад. Бешак, чунин амалҳои нек заминаи бузурги мубориза бо ифротгароӣ мебошад.

Ш.Файзуллоева,
омӯзгори МТМУ № 3, шаҳри Бӯстон

Читать далее

ТЭТ ҲНИТ – ДУШМАНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорад. Ҷанги дохилӣ аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Имрўз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон конунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Имрӯзҳо шахсоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИТ мебошанд. Маҳз ҲНИТ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ  мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо  манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд.

Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имрӯз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ бар канор нестанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем.  Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

Ҷабборов Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

НАҚШАҲОИ «СОЗАНДА» ВА ПАСИПАРДАГИИ ТЭТ ҲНИТ

ТЭТ ҲНИТ аз рӯзи пайдоиши худ то ба имрӯз худро ҳамчун ҳизби ифротиву иртиҷоӣ нишон додааст. Аз ҷониби аъзоёну пайравони ин ҳизби ҷиноӣ баҳри рушди афкори ифротӣ дар ҷомеа тамоми қувваи худро равона намудаанд. Дар ин роҳ онҳо ба хоҷагони  хориҷии худ рӯй меоваранд, то ки аз онҳо баҳри амалӣ намудани “нақшаҳои созандаи худ” маблағҳои ҳангуфт бигиранд.

Дар Оинномаву барномаи ҳизби наҳзат аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ дарҷ гардидааст. Лек кору пайкори пайравону роҳбарони ҲНИТ бар муқобили оинномаи худ амал мекунанд.

Мисоли равшани онро, мо то баста шудани ин ҳизб аз ҷониби аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз қабили газетаи ҳизбии худ “Наҷот” ва сомонаи расмии худ “nahzat.оrg ”  норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд. Амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид менамуд. 

Аъзоёни ҲНИТ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барнагехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд.

Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар  ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурўҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намудаанд.

Мақсади асосии ТЭТ ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад. Пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон несту нобуд намоянд.

Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд. Нақшаву ниятҳои разилонаи ТЭТ ҲНИТ ҷомаи амал напӯшид ва роҳбарону фаъолони ватанфурӯши наҳзатӣ ба чанд пули ҳароми хоҷагони худ имону виҷдони худро фурӯхтанд. Имрӯз онҳо дар хориҷи мамлакат пулҳои гирифтаи худро барҳаво сарф намуда истодаанд. Баҳри пул аз Ватан, модар, миллат ва дини худ даст кашиданд. Лек онҳо ин суханҳоро инкор мекунанд. Худро мисли “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, тамоми гуноҳи худро бар сари давлату ҳукумат бор мекунанд. Аммо офтобро бо доман пинҳон карда намешавад. Маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИТ ифротӣ буд ва ифротӣ боқӣ мондааст. Онҳо ислоҳ нашудаанд ва агар роҳи худро идома диҳанд, ҳеҷгоҳ ислоҳ намешаванд.

Мамадов С.В.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее