April 2018

20 April 2018

ХОИНРО ҲЕҶ КАС ҶОНИБДОР НЕСТ!

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ТЭТ ҲНИТ маълум буд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзоёни он ихтилофандозӣ байни мардум аст. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд дар ҷомеа низоъву зиддиятро рӯи кор оварда, ба сари ҳокимияти сиёсӣ муфт соҳиб шаванд. Лек баъди манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби ҷиноӣ, аъзоёни дар хориҷа паноҳ гирифта, амалиётҳои иғвогаронаи худро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бурда истодаанд. Наҳзатиёни маккор мисли солҳои 90-ум хоҳони ташкили гурӯҳи мухолифин буда, зимоми идораи онро гирифтанӣ буданд.

Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд тасарруфи фикрӣ ва баъдан тасарруфи амалӣ намуда, мухолифини зархаридро “ба роҳи рости худ” ҳидоят намоянд. Дигар тарафи масъала боз аз он иборат аст, ки наҳзатиён барои устувор намудани базаи мухолифини худ аз хоҷагони хориҷиашон мабалағҳои ҳангуфт талаб намоянд.

Аммо тири онҳо хок хӯрд. Мухолифини дар хориҷ буда, ба ин иқдоми ҲНИТ ҷавоби сазовор надоданд. Тибқи он Кабириро на ҳама ба сифати роҳбари ягонаи мухолифин қабул кард, балки ҳамчун як чолпуси хориҷиён ва тоҷири судхӯр шинохт.

Оид ба худхоҳии раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ,  як тан аз мухолифини дар хориҷ буда, Додоҷони Атовуллоҳ дар мусоҳибаи худ ба радиои BBC ишора намуда зикр дошта буд, ки Кабирӣ ҳоло мехоҳад тамоми мухолифинро дар зери чатри ҲНИТ ва зери сояи худи ӯ ҷамъ оварад. Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад аз худ як бозингар битарошад. Аммо ҳам табараш кӯҳна асту ҳам чӯбаш пӯсидаву ҳам истеъдодаш мелангад. Дар идомаи сухан иброз медорад, ки: “дар наҳзат бисёр шахсони калидияш аз рафтору кирдори Кабирӣ ба танг омадаанд. Шояд онон ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Аз ин рӯ, Кабирӣ мехохад барои худаш як "запасной аэродром" бунёд кунад. Журналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ оварад ва оппозитсияи нав созад, ки дар унвонаш номи "ислом" набошад ва худаш пешво шавад”.

Бо ҳамин мавҷи интиқодҳои Додоҷони Атовулло  баъди нишасти Дортмунд сар шуд. Дар шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федералии Олмон дар ҳошияи як нишасти бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ раҳбарони гурӯҳҳои мухолифин ҷиҳати ташкили як иттиҳод тавофуқ карда буданд. Чун эълони "Гуруҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро, ки "бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолат”-и ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи дигари мухолифинро комилан қатъ кардааст шунидам, ба хулоса омадам, ки ҳатто мухолифин низ сиёсати ноуҳдабароёна ва зери ниқобу супориши хоҷагони хориҷӣ фаъолият бурдани Муҳиддин Кабириро низ дарк карда бо ӯ мухолифат доранд. Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи "Гуруҳи 24” бо нашри як баёния эълон кард, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсиашро бо ТЭТ ҲНИТ комилан қатъ мекунад. Дар изҳороти "Гуруҳи 24” аз 20 январ бидуни ироаи ҷузъиёт "сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ҳамчун далели қатъӣ ҳамкориаш бо ҲНИТ ном бурда мешавад.  

Дар робита бо қатъи фаъолият Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи расмии "Гуруҳи 24” рӯзи дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ кардааст, ки“қадамҳое, ки аз ҷониби ҲНИТ бардошта шуд, ба сӯи эътилоф ва иттиҳод набуд”.

Аз ин бармеояд, ки мухолифин низ ба “Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ мухолиф” буда, маҳз ҷудоихоҳии ӯ буд, ки ҷудоихоҳон аз ӯ канора ҷустанд.  Бо дарки ин, ки ҳатто мухолифин аз раиси наҳзат Муҳиддин Кабирӣ безоранд, моро зарур аст, ки наздикону пайвандон ва хоссатан насли наврас ва ҷавонро аз доми оташи наҳзат раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки ба гирдоби балои наҳзатиҳо гирифтор шуда, ояндаи босаодати хешро барбод диҳанд.

Раҳматова З.М.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ТАЪСИРИ ХАТАРНОКИ РАВИЯҲОИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин таъкид намуданд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитики ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди  давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд, тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад, пояҳои давлатро заиф гардониданд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми вобастагии мустақим дорад».

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъиятӣ аввалин маротиба солҳои 1798-1820  бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар  мамлакатҳои Фаронса, Италия, Ирландия, Македония, Сербия, Испания ва якқатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охирҳои қарни ХIХ рост меояд. Барои таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгўи гузаштаи ин раванди номатлуб нест. Балки омилу сабабҳои пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро пайгирӣ менамоем. Марҳилаи нави терроризм аз солҳои   60 – уми асри гузашта сар шудааст, онро бо истилоҳи «терроризм»-и сиёсӣ ном мебаранд. Маҳз аз ҳамин вақт сар карда, ба терроризм ва экстремизм тобиши сиёсӣ дода шуд.

Амалҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ба ифротӣ ба таърихи мо бегона нест. Зеро солҳои 90 – ум ба сари миллати мо рӯзҳои мудҳиш фаро расид. Гурӯҳҳои ифротӣ дар зери ниқоби дин, тавонистанд мардуми тоҷикро ба ҷанги дохилӣ дароранд. Дар сари он муллоёни чаласаводи наҳзатӣ ва роҳбарони ҲНИТ меистоданд. Дар натиҷа дар мамлакат ҳолати бенизомӣ сар зад. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилоти сиёсию террористӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намудаанд. Онҳо пеш аз ҳама аҳолиро дар масҷиду мадрасаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ақидаҳои ифротии худ ҷалб менамуданд. Албатта, дар шароити номуайян мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд, ки барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракати нав таъсиси ҳамон вақта бо баҳонаи ҳифз кардани  дин ва аҳли тақво аз ташкилоту созмонҳои бузурги хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат менамуданд.   

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар вуҷуд надоштани ваъзи назорати қатъии  бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, аз он бароварда расонид, ки онҳо ба ўҳдаи яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беназорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористиву экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.

Бо мақсади решакан намудани  амалҳои ифротгароӣ соли 1999 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ба танзим даровард. Дар қонун омадааст, ки терроризм – яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур карданд ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол,  ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гунонуни иҷтимоии ҷаҳони муосир яке хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда, ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср ба тамоми минтақаҳо таъсир расонида, ягон давлат ё мамлакате аз он дар канор монда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ - экстремистӣ пеш аз ҳама нодуруст фаҳмидани аҳкоми шариат аст. Аҳкоми шариатро дар доираҳои муайян ба тарзи ба худ маъқулу мақбул маънидод мекунанд. Дар ин роҳ  наврасону ҷавонон таълиму тарбия медиҳанд. Мактабҳои ғайрирасмии динии худро боз намуда, тарбиятгирандагони худро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Ҳамин омил боис гардид, ки аксари ҷавонону наврасони дар мактабҳои динии дар хориҷ ва дохил таълим гирифта, гирифтори дарди бедавои ифротӣ гаштанд. Мактабҳои динӣ макони ифроттайёркунӣ гардид. Аз ҷумла сокинони мамлакати мо, ки дар кишварҳои арабӣ дар ва мамлакатҳои исломӣ таълимоти динӣ гирифтаанд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавӣ ва ғайримазҳабӣ,  аз ҷумлаи «Ваҳҳобия», «Салафия» оғоз намуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд менамоняд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳои ба монанди таъсири манфии сабтҳои таҳсил фарогирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замима гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм  хусусияти байналмиллалӣ дошта, барои ингуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ,  миллат ва дин,  муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он, ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва тарбия дар муасисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидои миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур боз ҳам бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро дар замири хонандагону донишҷӯён нисбати терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ТЭТ ҲНИТ бедор намоянд.

Ташкил намудани вохуриҳо  бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зиёд ба роҳ монда шуда, симои аслии ифротгароён фош карда шавад.  Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту ватанпарвар ва шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.    

Раҳматуллоева Р.Р.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ОҚИБАТИ “НЕКИ”-ҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро касб намуд. Истиқлолият ба мардуми кишвар нисбати дин ва мазҳаб озодиҳои фароғ дода, дар ҷомеа баҳри адо намудани аркони динӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Аммо ин ҳама озодиҳо бар зарари ҷомеа равона гардид. Зеро дар ин дам муллову руҳониёни аз дин бехабар ва ноогоҳ, ки мағзи сарашонро хурофоту таассуби мазҳабӣ ташкил медод.

Ингуна муллоҳои худобехабар боварию имони мусалмонони моро дар роҳи бади худ истифода намуда, онҳоро мисли ғуломи ҳалқабаргӯш раҳсипор менамуданд. Дар сари онҳо роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ меистод. ТЭТ ҲНИТ таҳти назари хадамоти истихборотӣ, ҷосусии беруна қарор гирифта ба таври худогоҳу нохудогоҳ бо намояндагони онҳо дар минтақа робита доштанд.

Омўзиш ва таҳлили фаъолияти созмони махфии динии Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1973 таъсис гардидааст, усулҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ-ифротӣ собит месозад, ки ҳанўз дар солҳои ҳафтодуми асри бистум дар ҷумҳурӣ ҷараёни решаёбии афкори тундгароёнаи мазҳабӣ ва тарғиби мураттаби он таҳким ёфта, ҳолати мазкур роҳи минбадаи муносиботи сиррии наҳзатиҳоро бо созмонҳои истихборотии беруна таҳкиму тақвият бахшид. Маҳз дар заминаи нерӯманд шудани созмони махфии наҳзатӣ дар миёни табақаҳои иҷтимоии вақт, воқеаи муҳими сиёсӣ, ки дар муҳити мустақили расонӣ инъикос ёфта буд. 

Кулли сокинони кишвар  нисбати фаъолияти хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИТ аз расонаҳои дохилию хориҷӣ бохабар мебошанд. Амалияи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамлакатҳо ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмўъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Ҷолиби қайд мебошад, ки роҳбарият ва созмондиҳандагони ТЭТ ҲНИТ ҳанўз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта шеваҳои гуногуни узвият ва наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода бурда мешавад. Як бахши аъзоёни наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромадҳои мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шуравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ҷашм ноайён ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷамъиятро ташкил медоданд шабона ба тариқи пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар, хусусан дар кишварҳои аврупоӣ карор доранд эъмин намондаанд.

Тавре аз сарчашмаҳои расмӣ бармеояд, бахши дигар аъзоёни наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар бошишгоҳҳои давлатҳои исломӣ таълим гирифта бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатл, террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро “ҷанговари наҳзат” ном мебурданд.

Асоси ақидаи ТЭТ ҲНИТ барпо намудани «давлати исломӣ» буда барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳоло он ки дини ислом аз ин гуна корҳо пок буда рафтори ТЭТ ҲНИТ имрўз бараъкси ғоя ва ахлоқи дини ислом мебошад.

Имрўз воқеаҳои давлатҳои Шарқи наздик ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон, Яман, Ироқ, Ливия ба ҳамагон бояд дарси ибрат бошад. Мо бояд ҳамарўза шукронаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ намуда,  бо садоқат ба Ватани хеш хидмат намоем. Лекин, сад афсўс, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИТ на меҳру муҳаббат ба Ватан ва на имону эътиқод ба дин доранд. Наҳзатиён худро риштарошӣ мекунанд ва бо ин амалашон нишон доданӣ мешаванд, ки онҳо ҳимоятгарони Тоҷикистон ва дини мубини ислом ҳастанд. Аммо амалу рафтори онҳо бар зарари дин ва миллат аст.

 Самадов Б. – устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Ношукрӣ ояндаро норавшан мекунад!

Фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ бояд ба нафъи давлату миллат равона гардад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намоянд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.

Ватани азизамон - Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолиаш, озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расиданд. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки дар қаламрави он ба Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати фаъолияти озодона дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро ба ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, самти корашро то имрӯз дигар накардааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намояд. Мутаассифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома доданд ва имрӯз низ давом дода истодаанд.

Дар ин замина иддае аз гумроҳон ва нохалафони наҳзатӣ, бо супориш ва ҳидоятҳои хоҷагони хориҷиашон амал намуда, пешрафту шукуфоии Ватанамонро дида наметавонанд. Ин нохалафон нақшаву ниятҳои нопок дошта, рисолаташон харобкориву даҳшатафканӣ ва бадномкунии дини мубини Ислом аст. Аз табори чунин нохалафон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбӣ роҳашон номуайян буд ва нақшаву нияти ғаразнок доштанд. Онҳо ҳамчун бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ амал намуда, аз хати кашидаи онҳо берун намераванд. Барои эҳтироми хоҷагонашон, ҳатто, аз баҳри падару модар, аҳлу пайвандон, зану фарзанд ва азизтарин инсонҳо мебароянд.

Сарварон ва аъзои ин ҳизби мамнӯъ тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба бадномкунии миллат задаанд. Аз рафтори онон аён мегардад, ки роҳи ояндаашон норавшан аст.

Мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди ақидаҳои ифротгаронаи ҳизбу созмонҳои иртиҷоӣ муборизаро ҷоннок намоем.

Д. ХОҶАЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

19 April 2018

Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018

18 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиивилоят дар семоҳаи аввали соли 2018 доир шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ, раисону шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Читать далее

Густариши робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 14-15 марти соли равон як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар санади ба тозагӣ ба тасвиб расида нуктаи муҳиме барои муҳоҷирони меҳнатӣ ишора шудааст, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро дар қаламрави якдигар хеле саҳлу осонтар мекунад. 

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Созишномаи қаблии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон будубоши шаҳрвандони ҳарду ҷониб аз рӯзи убури сарҳад 30 шабонарӯз муқаррар гардида буд.

Ҷиҳати осонтар намудани кори муҳоҷирон ва талаботи замон равуои сокинони ду кишвар ҳайати комиссияи ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави якдигар будубоши шаҳрвандон то 90 шабонарӯзи тақвимӣ муайян карда шавад, ки яке аз нуктаҳои калидии Созишномаи ҷадид мебошад.

Ин банди муқаррароти Созишнома ба шаҳрвандони ҳарду ҷониб, бахусус шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон барои расмӣ кардани будубошашон шароити мусоидтар фароҳам меорад. Чунки дар гузашта муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо 5 рӯз ва муҳлати будубош 1 моҳ муқаррар гардида буд. Дар ин муддати кӯтоҳ аксари шаҳрвандони мо аз сабаби надонистани қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон ва ё рост омадани сафари онҳо ба рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузории дар ҷои иқоматро надоштанд.

Яъне, ҳанӯз фурсат пайдо накарда, муҳлати 5-рӯза ба охир мерасид. Маҳз, ин нукта буд, ки дар аксар ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистонро барои вайрон намудани қонунгузории ин давлат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҳатто аз марзи Қазоқистон ба тариқи маъмурӣ берун мекарданд.

Ҳамчунин, тибқи Созишномаи мазкур шаҳрвандони мо дар бобати бақайдгузорӣ муддати 30 рӯз озод буда, будубошашон то 90 рӯз аст. Дар сурати ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан онҳо метавонанд бо гирифтани иҷозати кор муҳлати истодашонро то ба як сол тамдид намоянд.

Ҳамчунин, мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумотҳо оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои корӣ, омода ва сафарбарсозии муташаккилонаи шаҳрвандони тарафҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудан ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар он кору фаъолият доранд. Тибқи маълумотҳои расида, дар қаламрави Қазоқистон имрӯзҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар муҳоҷир будубош доранд. Зимнан, аз ҳисоби он, ки дар ин кишвар тоҷикони кишварҳои ӯзбекистону Қирғизистон низ ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, 8 нуқтаи диаспораи тоҷикон амал мекунад.

 Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳусни назаррабои шоҳроҳи Хуҷанд – Fафуров

Роҳ воситаи наздик кардани байни мардум ва пайвандгари дилҳост. Тавассути он инсон метавонад аз ҷое ба ҷои дигар сафар карда, барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи худ кӯшиш намояд.

Шоҳроҳи Хуҷанд - Fафуров роҳест, ки ҳамарӯза садҳо ҳазор нафар пиёдаву савора аз он гузашта, роҳи худро наздик ва мушкилоташонро бартараф менамоянд. Ободии роҳ агар барои тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва равуои пиёдагардон бошад, аз тарафи дигар идомаи кори бузургест, ки бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар анҷом дода мешавад.

Тайи чанд сол аст, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома доранд. Сол аз сол Ватани азизамон обод гардида, ба худ ҳусни зебое мегирад, ки воқеан, бунёдкору ташаббускор будани миллати тоҷикро бозгӯй менамояд.

Роҳи ҳафткилометраи Хуҷанд - Fафуровро шурӯъ аз оғози мавсими баҳорӣ гулпӯшу гулбасар мебинем. Кормандони муассисаи давлатии Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Бобоҷон Fафуров кӯшиш доранд, ки шоҳроҳ ҳамеша тозаву озода ва гулпӯш бошаду диққати ҳамагонро ба худ ҷалб созад.

- Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” моро зарур аст, ки ҳарчӣ бештару беҳтар ба мардум хизмат расонем. Агар ҳар нафари тавассути ин шоҳроҳ равуокунанда лаҳзае бошад ҳам, аз зебоии гирду атроф ва ободии роҳ баҳраманд гардад, худро хушбахт эҳсос хоҳем кард, - мегӯяд директори сарраёсат Мирзоғанӣ Эргашев.

Алҳол дар ин шоҳроҳ беш аз 53 ҳазор бех гули садбарги сафед, 52 ҳазор бех канаи сурх, инчунин гулҳои голландии питуния ва пагет шинонида шудаанд. Гулҳои ороишии кана, ёси ҳиндӣ ва ниҳолҳои сӯзанбарг қадди роҳро назаррабо гардонидаанд. Ҳамчунин, чароғи равшанидиҳанда, ки ба 210 симчӯб насб шудаанд, азнавсозӣ гардида, чароғакҳои ороишии намуди лола бо баргаш фурӯзонанд.

Болои симчӯбҳо мавҷудияти рамзи Нишони давлатӣ ва Тоҷ аз миллати тамаддунофар ва хештаншинос будани мардуми Суғдзамин гувоҳӣ медиҳад. Шиору овезаҳои 1300-рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ваҳдати миллӣ ва навиштаҷоти таблиғотӣ таҷассум ёфта, ҳусни шоҳроҳро дучанд зебо гардонидаанд.

Имрӯзҳо 30 корманди муассисаи давлатии Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзили коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо 12 Ҷамоати деҳот баҳри ободию кабудизоркунии маҳалли зист заҳмат мекашанд. Ҳамчунин, имрӯзҳо дар майдони назди муҷассамаи Бобоҷон Fафуров корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта, масъулин мекӯшанд, то таҷлили ҷашнҳои миллӣ ин мавзеъро ободу зебо гардонанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Таҳкими арзишҳои миллӣ масъулият металабад!

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

18 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони вилоят ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. 

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷумро муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ намуд ва дар он 12 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Читать далее

18 April 2018

Мавзеи Қизилӣ: муждаи ҳаёт омад!

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Қизилӣ ва Сексарӣ барои мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич нерӯи наву тоза бахшид.

Барои обёрӣ намудани ин мавзеъҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷудо гардида, беш аз 40 километр каналҳои ҳудуди он аз таъмиру тармими хушсифат бароварда шуданд. Бо пахш кардани тугмачаи барқӣ аз тарафи Президенти мамлакат ба каналҳо об ҷорӣ гардид.

Шодию хурсандии кишоварзон ҳадду канор надошт, зеро, зиёда аз 4 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Деваштич шодоб гардида, ҳазорҳо нафар ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Аҳли деҳаи Даштикон, ки қариб 3 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, аз ин ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат ризову сипосгузоранд. Хоҷагидорони он дар ихтиёри худ бештар аз 153 гектар замини обӣ дошта, дар он зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, нахӯд ва ғалладонагӣ кишт намудаанд.

Дар зиёда аз 10 гектар замини Президентӣ хоҷагидорон кишти маҳсулоти хӯроквориро ба роҳ монданд. Тавре раиси кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии «Даштикон» Эмомалӣ Миров иброз медорад:

- Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Деваштич ба мо об дастрас гардид.

Мо бояд ҳар қатраи онро самаранок истифода барем ва ба исрофшавӣ роҳ надиҳем. Аз соли оянда ният дорем, ки картошка кишт намуда, бозорҳои вилоятро бо картошкаи босифати барвақтӣ таъмин ва дар амалишавии Барномаи озуқавории мамлакат ҳиссаи худро гузорем.

Зайниддин Қаландарзода,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Осори таърихӣ нақшест мондагор

“Вазифаи мо аз он иборат аст, ки мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем”.

 Эмомалӣ Раҳмон

“Зебоӣ дунёро наҷот медиҳад” гуфтааст М. Достоевский. Ҳангоми суҳбат дар бораи зебоӣ шояд ба ёди аксари мо ин ё он асари санъати мусиқӣ, рассомӣ, адабӣ ё намунае аз осори гаронбаҳои таърихӣ расад. Асарҳои устодони аҳди эҳё бо мурури замон куҳна намешаванд, баръакс, боз ҳам зеботар менамоянд. Миллионҳо ҷаҳонгардон ба шаҳри Париҷ омада, пеш аз ҳама ба Лувр медароянд, то ки асари “Ҷоконда”-и Леонардо де Винчиро тамошо кунанд. Нафаре, ки бо осори таърихӣ шинос аст, дарк менамояд, ки зебоӣ натанҳо эҳсоси шахсист, балки ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни башар аст. Аз ин рӯ, шахсе, ки маданияти воло дорад, вақти сафар ба ягон кишвар албатта ба ҷойҳои таърихиву фарҳангии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. 

Хуҷанди бостонӣ низ аз марказҳои илму фарҳанг, сиёсию иқтисодӣ ва маданию адабӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша машъалбардори маърифат аст. Ин ҷо зодгоҳи Камолу Маҳастии Хуҷандӣ барин бузургони тамаддун, Темурмалик барин мардони шуҷоатманд ва садҳо номдорони миллат, ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Ҳоҷӣ Юсуф, Содирхон Ҳофиз мебошад, ки номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст.

Осорхонаи таърихии вилоятии маркази шаҳр воқеан маконест, ки ҳангоми ворид шудан гӯё дунёи дигаре туро пешвоз мегирад. Дари ин макон ҳамарӯза барои тамошобинон ва сайёҳон боз буда, кормандон кӯшиш менамоянд, ки ҳар нафари меомада аз ин ҷо бо як ҷаҳон таассурот баргардад. Онҳо нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор кардани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд. Инчунин, баҳри боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти илмии осорхона тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии бозёфтҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кӯшиш менамояд.

Теъдоди тамошобинони алоҳида дар семоҳаи аввали соли равон 6414 нафар буда, аз кишварҳои хориҷ 175 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ ”Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов” ва ”Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-ро 19585 нафар тамошо карда, лаззати маънавӣ гирифтанд. Аз ҷониби кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии таърихӣ-фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанӣ гардонидани коллексияи фонди осорхона ба 20 адад бозёфти таърихӣ-фарҳангӣ варақа тартиб дода шуда, номгӯи ашёҳои пешниҳодгашта барои харидорӣ ба қайд гирифта шуданд, – гуфт дар суҳбат омири кулли муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов.

Дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 241 адад дарахти сосна, моҷевелник, дуб, сирени ҳиндӣ ва 43800 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд ва истироҳаткунандагон тибқи реҷаи корӣ аз тамошои фаввораҳо ва обшорон ба ваҷд меоянд. Инчунин, дар ҳудуди боғ ҷиҳати татбиқи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” растаҳои ҳунармандии минтақаҳои кишвар аз тарафи муассисаҳои таълимии миёна ва олии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил карда шудаанд.

Кормандони маҷмаа дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизмат расонидан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее