April 2018

18 April 2018

Мувофиқат ба орзую ормони ҷаҳон

Бар асари гармшавии иқлим, то соли 2050 зиёда аз 45 фоизи сокини сайёра аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ ба мушкилот дучор гашташон мумкин аст. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сатҳи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид қайд карданд, ки: «Аз гармшавию тағйирёбии иқлим сарчашмаи обҳо кам шуда истодааст, ки ин мушкилоти мардуми ҷаҳонро ба дастрасии оби тозаи нӯшокӣ зиёд мекунад. 60 фоиз оби кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд». Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст, дорои 7 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, зиёда аз даҳҳо ҳазор чашмаҳои шифобахши маъданӣ аст.

Сарвари давлатамон борҳо таъкид кардаанд; «Хушбахтона, захираҳои об дар Тоҷикистони мо беохир аст ва мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳои табии расем. Содироти оби зулоли худро ба кишварҳои хориҷа ба роҳ монем ва аз ин даромади калон ба даст оварданамон мумкин аст».

Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои мардуми кишварамон ифтихори бузург буда, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам меафзояд. Ташаббуси Сарвари хирадманди Тоҷикистони биҳиштосоямон дар ҷодаи истифодаи босамари об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он боиси сарфарозии ҳар фарди диёр аст.

Ниёзмуҳаммади Иброҳимзода,
ноҳияи Ашт

Читать далее

Об зиндагист!

Пешниҳод ва ташаббуси Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки ба орзуву армони мардуми башар мувофиқат мекунад, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон дар оғози ҷашни Наврӯзи байналмилали  пазируфта шуд.

Ман чун як шаҳрванди Тоҷикистон фахр дорам, ки раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода дар ҳошияи ташаббуси Сардори давлатамон кӯчаву хиёбонҳо, боғу майдонҳои ташналаби шаҳри Истиқлолро, ки ба об эҳтиёҷманд буданд, шодоб гардонид. Аз ин ҷост, ки гузаштагони мо гуфтаанд «Напурс, ки чӣ қадар замин дорӣ бипурс, ки чӣ қадар об дорӣ?» Муҳофизат ва тоза нигоҳ доштани он солимии ҷамъият аст. «Об ибтидои ҳамаи сарчашмаҳост»- гуфтааст донишманди бузург Ҳипократ.

Вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар бобати оби наҷотбахшу дарёҳои шӯхи кӯҳӣ, тозагии ҳаво, боғу бӯстонҳо, шоду хуррамии кишвар чунин навиштааст:

Нишастам дар лаби дарёи кӯҳӣ,

Ба худ ман ёфтам маъвои кӯҳӣ.

Бад- ӯ гуфтам, ки рӯзи равшан астӣ,

Муроду мақсади ҳар гулшан астӣ.

Ҳавои боғу бӯстон хуррам аз туст,

Замини Тоҷикистон хуррам аз туст.

Ҳастии инсон ва мавҷудоти рӯи олам аз об сарчашма мегирад.

Наимҷон ҲОШИМЗОДА,
мушовири шӯъбаи маорифи
шаҳри Истиқлол

Читать далее

17 April 2018

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардид, ки дар доираи ин иқдом корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Аз ҷумла, дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ, инчунин “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти гуногун ҷараён дорад. Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар маркази вилоят шинос шуд.

Читать далее

Дар Бадахшон хачми калони нашъа мусодира шуд

https://www.youtube.com/watch?v=hFOdbq0eXHw

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос намуданд.

Читать далее

Риояи қонун ба манфиати ҷомеа

Дар Муассисаи давлатии Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ доир гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок карданд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ ду масъала - иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» дар шаҳру навоҳии вилоят ва ҷараёни татбиқи иқдоми соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷаласаро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба нақш ва мақоми Шӯрои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон ва ҷалби онҳо ба пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ ҳарф зад. Мавсуф оид ба иҷрои қонуни мазкур дар шаҳру навоҳии вилоят маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4510 тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор гардид, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш 51 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бобат чанде аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи иҷрои ҳатмии қонуни мазкур, маҳаки асосии қонун, риояи қонун баҳри беҳ гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа андешаи хешро баён доштанд. Доир ба масъалаи соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода андешаронӣ кард.

Қайд гардид, ки алҳол дар миқёси вилоят 264 Маркази таълимӣ – истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки аз он 193 адад ба атласу адрасбофӣ ва 71 –тоаш ба қолинбофии дастӣ машғул аст. Ҳунармандони вилоят дар семоҳаи аввали соли равон зиёда аз 207,8 ҳазор метр матоъи дастибофи гуногунранг истеҳсол карда, аз он 198, 2 ҳазор метр атласу адрас ва 4,4 ҳазор метр қолин ба фурӯш бароварда шудаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳунармандоне, ки дар шароити хона ба истеҳсол машғуланду моли хешро ба фурӯш баровардаанд, аз ҳамаи намуди андоз озоданд. Айни замон зиёда аз 105 намуди  ҳунарҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре дар ҷаласа таъкид гардид, ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади дастгирии ҳунармандон гранти Раиси вилоят ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, барои 60 нафар ҳунармандон муқаррар гардидааст.

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо оид ба масъалаҳои баррасишуда ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи ободонӣ фикру андешаашро иброз дошт.

Дар анҷом лоиҳаи қарори Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд аз ҷониби аҳли нишаст қабул гардид.

Т.АЛИЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

“Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018”

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 апрели соли 2018 ба андозаи 108 фоизи нақша иҷро гардида, 384366,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 325823,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба нақша 98,7 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,5 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,4, хоҷагии коммуналӣ 99,5, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,3, суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 97 фоиз маблағ сарф шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2298054,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,1 фоизро ташкил дод.

Аз 125 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - марти соли 2018 истеҳсоли 85 номгӯй (68 фоиз) афзуда, 38 номгӯй (30,4 фоиз) кам ва 2 (1,6 фоиз) номгӯй истеҳсол карда нашудааст.

Аз 594 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда 273 корхона (45,9 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-марти соли сипаригардида сатҳи истеҳсолро баланд бардоштанд. Айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар семоҳаи аввал 219 адад ё 36,9 фоизро ташкил намуда, 102 (17,2 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 219 корхонаи бозистода, 103 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накарданд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017 афзоиши истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроҷ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ – марти соли 2018 ба маблағи 1018681,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2017-ум 14,4 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 13,3 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ 25,4 фоиз, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг 22,6 фоиз зиёд шудааст.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ – марти соли 2018-ум 1146803,5 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 496507,6 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 165298,8 ҳазор сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 96609 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 104,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 89,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби камшавии истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот 61,6 фоиз, орд 31,5, равғани растанӣ 17,6, гӯшт 8,3, нон ва маҳсулоти нонӣ 2,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ - 2,5 баробар зиёд шуда, аз ҳисоби зиёдшавии семент - 2,2 баробар, рангҳои сохтмонӣ - 2,1 баробар ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ – марти соли равон зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 53 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани газвори абрешимии тайёр - 6,1 баробар, маҳсулоти ҷорӯбӣ-3,7 баробар, маҳсулоти дӯзандагӣ - 1,9 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ - 10,7 фоиз ба амал омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 132570 ҳазор сомониро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсолот мувофиқи намуди фаъолияти мазкур 108 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсими нерӯи барқ, газ ва об дар ин давра 90356,7 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,7 фоиз мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018 якҷоя бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 2216116,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳо 30,2 фоизро ташкил намудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 439014,5 ҳазор сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 2768,9 ҳазор сомонӣ ё 58,9 фоиз ва чорводорӣ 436245,7 ҳазор сомонӣ ё 5,6 фоиз зиёд гардидааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 дар ҳамаи категорияи хоҷагӣ 338,7 тонна сабзавот истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,5 фоиз зиёд мебошад.

Кишти баҳорӣ

Айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилоят мавсими кишту кори баҳорӣ давом дорад. То 1 апрели соли 2018 ҳамагӣ дар майдони 50848,9 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла, дар 35454,8 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо гандум – 10886,1 гектар, ҷав – 22677,8 гектар, дигар зироати ғалладонагӣ – 1890,9 гектар, ҷуворимакка барои дон – 607,5 гектар, зироатҳои техникӣ – 3530,4 гектар, аз он пахта – 957,2 гектар, картошка – 3759,7 гектар, сабзавот – 4591,7 гектар, полезиҳои озуқаворӣ – 558,7 гектар ва зироати хӯроки чорво – 2333,1 гектар мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 19 фоиз зиёд шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Хоҷагиҳои вилоят то 1 апрели соли 2018 дар майдони 570,4 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли  2017-ум 77 фоиз иҷро шудааст. Дар ҳамаи бахши хоҷагиҳо 568,9 гектар боғҳои нав бунёд гардида, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 79 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 69,7 гектар ниҳоли меваҳои тухмдор, дар 485,9 гектар ниҳоли меваҳои донакдор, дар 1 гектар ниҳоли меваҳои мағздор ва дар 12,3 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудааст.

То 1 апрели соли 2018-ум 1,5 гектар токзори нав бунёд карда шуданд. Ҳамагӣ 640,8 гектар боғ ва 41,5 гектар токзор аз нав барқарор карда шуда, инчунин 7,4 ҳазор адад ниҳоли тут шинонида шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 апрели соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3578 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2630 адад ё 74 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.

То 1 апрели соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 357,4 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 тонна зиёд аст. Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 99,9 килограмм рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 килограмм зиёд мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба ҳолати 1 апрели соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 643,3 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли  гузашта 7,6 ҳазор сар ё 1,2 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 26,9 ҳазор сар ё 1,8 фоиз, саршумори мурғ 115,2 ҳазор сар ё 7,1 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,8 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 3 фоиз, Мастчоҳ – 2,4, Бобоҷон Ғафуров – 1,6, Истаравшан – 1,4 фоизро ташкил дод.

Ба 1 апрели соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 11464,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаригашта 4,8 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 48,1 фоиз, Мастчоҳ – 10,6, Шаҳристон – 4,8, Ашт – 4,7 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 68453,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба  1 апрели соли 2017-ум 5,7 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла, дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 64,6 фоиз, Исфара – 10,6, Истаравшан ва Мастчоҳ – 6,2 фоизӣ, Шаҳристон – 4,8, Зафаробод – 3,7 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,5 фоизро ташкил менамояд.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2018 ба миқдори 38391,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 2,9 баробар, Исфара – 33,1 фоиз, Спитамен – 30,5 фоиз, Мастчоҳ – 16,3 фоиз, Ашт – 14,4 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1 апрели соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 2915 сар гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хоҷагиҳои вилоят 10,6 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 42,8 фоиз, Мастчоҳ – 40,3, Истаравшан – 10,2, Ашт – 4,9, Зафаробод – 3,2 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд. Ба 1 апрели соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 46014 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 1 апрели соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 5,7 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 43,9 фоиз, Зафаробод – 42, Мастчоҳ – 23, Кӯҳистони Мастчоҳ – 17,5, Ашт – 8,6 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, ба 1 апрели соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 352 килограмм шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давра 4,8 фоиз ё 16 килограмм зиёд мебошад. Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 50 кг., Исфара - 48 кг., Конибодом - 30 кг., Истаравшан - 9 кг. зиёд аст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 60 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли 2017-ум 9,1 фоиз ё 6 донагӣ кам аст.

Ба 1 апрели соли 2018 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 18 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 5,9 фоиз ё 1 сар зиёд аст. Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 51 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 23 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров - 10, Спитамен - 6, Зафаробод - 4 ва Айнӣ - 2 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 82,3 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт - 5,8 тонна, шир - 0,9 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд. Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 87 сар чорвои калон, 3726 сар гӯсфанду буз, 88 сар асп дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 200,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 53,1 фоиз иҷро шудааст. Инчунин, дар ин давра дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 9,3 тоннаро ташкил намуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 6,4 фоиз, зағорамоҳӣ – 10,5, амури сафед – 2,7, сӯфмоҳӣ – 31,8 ва дигар намуди моҳиҳо – 48,6 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 245157,9 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 114,1 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ). Дар ин давра дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 172540,8 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 70,4 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 98859 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 54,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 50139,3 ҳазор сомонӣ ё 50,7 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст.

Дар ноҳияи Спитамен анборҳои нигоҳдории гази моеъ ва сӯзишвории нафтӣ аз ҳисоби ҶСП «Фароз» ва ҶДММ «Гули Сурх континент» ба истифода дода шуда, ба ҶДММ «Зерновая компания» таҷҳизоти замонавӣ ворид гардид. Ҳамчунин, дар шаҳри Бӯстон анбори нигоҳдории орд ва маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Анҳор» сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмону мавриди истифода қарор гирифтани як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷаи чунин нишондиҳанда гаштааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ - 22931,9 ҳазор сомонӣ ё 23,2 фоиз, давлатӣ – 2152,0 6 ҳазор сомонӣ ё 2,2 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 17736,6 ҳазор сомонӣ ё 17,9 фоиз, ҶДММ – 45997,9 ҳазор сомонӣ ё 46,5 фоиз, корхонаҳои муштарак - 29,0 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 10011,6 ҳазор сомонӣ ё 10,1 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошад.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 барои беҳдошти соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 72617,1 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 29,6 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 ба масоҳати 64049 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 104,4 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, ки дар моҳҳои январ - март соли равон 53172 метри  мураббаъ ё 83 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 7899 метри мураббаъ ё 12,3 фоиз, аз ҳисоби маб- лағҳои соҳибкорони инфиродӣ – 2978 метри мураббаъ ё 4,7 фоиз хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт дар МТМУ №58 синфхонаи иловагӣ барои 180 ҷои нишаст аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ ва дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхона барои 41 кат - ҷой аз ҳисоби маблағи соҳибкори инфиродӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ - марти соли 2018 бо қувваи худ ба маблағи 53156 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 94,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 84,8 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), саҳҳомӣ 4799,6 ҳазор сомонӣ (9 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 44794,1 ҳазор сомонӣ (84,3 фоиз) ва соҳибкорони инфиродӣ 3477,5 ҳазор сомонӣ (6,5 фоиз).

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 бо ҳамаи намуди нақлиёт 6,2 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 103,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилии шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 5,3 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 4 фоиз зиёд) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 0,8 миллион тонна (нисбат ба соли  гузашта 2 фоиз зиёд) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ҳаҷми 611,2 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 23,4 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намуди нақлиёт дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 44,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2017-ум 108,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои шаклҳои моликияташон гуногун, соҳибкорони хусусӣ 44 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд), бо нақлиёти роҳи оҳан 8,6 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 1,6 баробар зиёд), бо нақлиёти ҳавоӣ 54,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 18,2 фоиз кам) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намуди нақлиёт 740,6 миллион мусофир км.-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2,6 фоиз зиёд мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 ҳаҷми хизмати пулакие, ки ҳамаи соҳаи хизматгузор ба аҳолии вилоят расонидаанд, 822,5 миллион сомониро ташкил дода, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2017-ум 0,4 фоиз зиёд мебошад.

Корхонаю ташкилотҳои расмии бақайдгирифташуда бошад, ба маблағи 338,6 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 44,2 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 8,3 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 315,4 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 гардиши савдои чакана, яклухт, таъмири автомобилҳо дар вилоят 2303,6 миллион сомониро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 суръати афзоиши гардиши мол бо нархҳои муқоисавӣ 17,7 фоиз ё ба маблағи 428,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 1833,5 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 973,6 млн. сомонӣ ё 53,1 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 149,4 млн. сомонӣ чорвои зинда, 251,5 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 42 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш,  сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 386,5 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо вобаста ба таъмири автомобилҳо 30,5 млн. сомониро ташкил додааст.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 51,4 фоиз ё 926,7 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (17,8 фоиз), орд (7,7 фоиз), маснуоти қаннодӣ (7,2 фоиз), равғани растанӣ (5,4 фоиз), қанду шакар (3 фоиз), меваҷот (2,7 фоиз) ва картошка (2,5 фоиз). Таносуби молҳои ғайриозуқа 48,6 фоиз ё 50,5 млн. сомонӣ мебошад, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводҳои бинокорӣ (29,2 фоиз), газвор (12,6 фоиз), пойафзол (8,3 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (6,8 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (4 фоиз), либос (3,8 фоиз )-ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон,  Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 695,1 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхона ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 95,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 фоиз зиёд мебошад.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 500,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 10,2 фоиз ё 46,2 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, 228,3 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 46 мамолик, аз он ҷумла бо 11 ҷумҳуриҳои ИДМ ва бо 35 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 78,9 фоиз ё 395,1 млн. доллар ва ба ҳиссаи кишварҳои хориҷи дур 21,1 фоиз ё 105,7 млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ - марти соли 2018 нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 27,2 фоиз ва воридот бошад, 72,8 фоизро ташкил медиҳад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 184 млн. доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур – 44,3 млн. доллар мебошад.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар  моҳҳои январ - марти соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017 бо мамлакатҳои ИДМ 6,8 фоиз ё 25 млн. доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур бошад, 25 фоиз ё 21,2 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 содироти мол 136,2 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 11,7 фоиз ё 14,3 млн. доллар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилоят 364,6 млн. долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 9,6 фоиз ё 31,9 млн. доллар зиёд аст.

Дар ин давра содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 22,4 фоиз ё 0,4 млн. доллар кам гардидааст.

Айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017 содироти маҳсулоти маъданӣ 5,9 фоиз ё 6,1 млн. доллар кам, нахи пахта бошад, 4,4 баробар ё 14,6 млн. доллар зиёд шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 31,5 фоиз ё 3,9 млн. доллар зиёд, чӯб ва маҳсулот аз он 15,6 фоиз ё 3,9 млн. доллар зиёд, воридоти гандум бошад, 1,3 фоиз ё 0,5 млн. доллар, орд 61 фоиз ё 3 млн. доллар кам гардидааст.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, шарикони асосии содиротӣ: Қазоқистон (54,5 фоиз), ӯзбекистон (15 фоиз), Туркия (6,4 фоиз), Русия (6,1 фоиз), Чин (4,6 фоиз), Нидерланд (3,8 фоиз), Италия (2,8 фоиз), Эрон (1,8 фоиз) мебошанд.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон – 36,7 фоиз, аз Русия – 34,7, Чин – 12,1, Литва – 3,5, ӯзбекистон – 2,5, Қирғизистон – 2,5, Беларус – 1,5 ва Туркия – 1,2 фоиз.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 528,4 ҳазор доллар ё 718,4 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 478,7 ҳазор доллар ё 663,6 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ - феврали соли 2018-ум 402,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 254,6 ҳазор нафар дар бахши воқеӣ ва 147,5 ҳазор нафар дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 марти соли 2018-ум 9,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 50,9 фоизаш занҳо мебошанд.

Сатҳи бекорони расмӣ бақайдгирифташуда 1,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшу- да)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2018-ум 979,09 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 марти соли 2018-ум 9988,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботии 2018-ум 377,3 ҳазор сомонӣ ё 3,8 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 7845,4 ҳазор  сомонӣ (78,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 1713,7 ҳазор сомонӣ (17,2 фоиз) ва дар саноати коркард 394 ҳазор сомонӣ (3,9 фоиз) ба амал омадааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 104,7 фоиз, аз он ҷумла: молҳои озуқа – 104,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 104,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 105,7 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 индекси нархҳои истеъмолӣ 0,3 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,1 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз буд).

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум дар вилоят 0,3 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар арзон шудаанд: бехпиёз – 35,8 фоиз, ярмаи марҷумак – 15,9, тухм – 12,2, картошка – 11,4, карам – 9,9, орди навъи якум – 8,4, равғани пахта – 7,4, лимӯ – 5,5, шакар – 5,3, гӯшти гов – 4,5, нони гандумӣ – 4,2 фоиз ва биринҷ – 3 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра себ – 1,5 баробар, кабудӣ – 35,6 фоиз, ангур – 22,1, нок – 21,8, сабзӣ – 16,8, яхмос – 14,2 ва гӯшти мурғ – 4,6 фоиз қиммат шуд.

Аз аввали соли 2018 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қиммат шудаанд: гулҳои зинда – 37,6 фоиз, майкаи мардона – 26,2, футболкаи бачагона – 25,9, майкаи бачагона – 22 фоиз, пойафзоли варзишии мардона – 21,4, камзӯли мавсимӣ – 20,9, пойафзоли хонапӯшӣ – 19,6, тахтаи кошии сафолин (керамическая плитка) – 18, кастрюли сирдор – 17,2, колготкаи занона – 14,5, туфлии духтарона –, алебастр – 13, шими ҷинсӣ – 12,9, пойафзоли варзишии бачагона – 12,5, омехтакунанда – 11,8, шими занона – 10,9 фоиз ва зардевор – 10 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра ангишт – 19,5 фоиз, ҷорӯб – 13,5, гази моеъ – 11,8, доруворӣ – 5,9 ва шифер – 5,4 фоиз арзон шуд.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қиммат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 35 фоиз, хизмати лабораторияҳои тиббӣ – 26,9, дӯхти маснуоти дӯзандагӣ шахсӣ – 18,2, хизмати беморхона – 17,5, пардохти оби хунук ва канализатсия – 15,1, пардохти пули партов – 10,6, арзиши роҳхатҳо барои истироҳат – 10,3 фоиз ва хизмати техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти шахсӣ – 9,4 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 19,8 фоиз арзон шуд.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ - феврали соли 2018 (аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ - феврали соли 2018-ум 3106 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - феврали соли 2017-ум 1,6 баробар зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 25,1 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 5,8 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ - феврали соли 2018-ум 1557 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - феврали соли 2017-ум 13,5 фоиз кам аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 131,5 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ - марти соли 2018-ум бо назардошти бақияи аввали сол  (1 млн. сомонӣ) 131 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 1 апрели соли 2018-ум 214693 нафар мебошанд.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

Читать далее

16 April 2018

Имзои беш аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ

Чунонки иттилоъ дода будем, 13-14 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, веқеъ дар шаҳри Гулистон Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ баргузор гардид. Мақсад аз ташкили чорабинӣ пеш аз ҳама дарёфти шарикон, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои иқтисодӣ, дарёфти бозор дар кишварҳои дуру наздик ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ буда, дар натиҷаи он соҳибкорони мо бо дигар истеҳсолкунандагон робитаҳоро ба роҳ мемонанд.

Ин васила имкон медиҳад, ки онҳо роҳҳои васеъ намудани фаъолияти худро дарёбанд.

Дар анҷоми Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ маросими баимзорасии шартномаҳо ва меморандуми ҳамкорӣ барпо гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҳуҷҷатҳои заруриро кормандон ва масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд омода ва пешниҳод намуданд. Бори нахуст миёни Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон ва вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, дар анҷуман бештар аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла 17 меморандум бо Федератсияи Россия, 12 меморандум бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, 6 меморандум миёни Палатаҳои савдо ва саноат, шартномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ба имзо расиданд.

Дар хотима муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз натиҷаи кори дурӯзаи Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки баргузории он дар рушди муносибатҳои кишварҳои иштироккунанда ва табодули таҷрибаи доираҳои тиҷоратӣ таъсири амиқ мерасонад. Анвар Яъқубӣ бо боварӣ зикр намуд, ки иштирокдорони ин Анҷуман дар дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар вилояти Суғд минбаъд ба нақша гирифта шудаанд, иштирок мекунанд ва шарикони худро дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ пайдо хоҳанд намуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«Ободонӣ шиори мост»

 

 

 

Бо мақсади ободонӣ, сарсабзӣ ва зебою шукуфо намудани ноҳияи Деваштич дар шаҳраки Ғончӣ амалӣ намудани қарорҳо дар корхонаю ташкилоти ноҳия нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, корҳо баҳри иҷроиши онҳо равона карда шудааст. Мутобиқи он дар ноҳия дарахтони ороишӣ ва сояафкан, гулҳои гуногуншакл ва мавсимӣ дар кўчаю хиёбонҳои шаҳрак шинонида шудааст, ки наъшунамои хуб доранд ва шакли зоҳирии шаҳракро зебо гардондаанд. Инчунин ҳар як роҳравҳои шаҳрак сафалакпeш гардида, роҳи пиёдагардон низ таъмир карда шудааст. Дар як ваrт тамоми ҷӯйбору лотокҳо аз партову лойқа, партовҳои кўчаю хонаҳои истиқоматӣ берун бароварда шуд.

То таҷлили 30-солагии Истиқлолияти ватани азизамон мардуми ободкору бунёдкори ноҳияи Деваштич иқдомҳои некро дар амал татбиқ менамоянд.

 

С.САИДОВ,

роҳбари намояндагии  ТҶҶ

«Созандагонни Ватан» дар ноҳияи Деваштич

 

 

 

Читать далее