April 2018

16 April 2018

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” ва ба истиқболи Иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Охири ҳафтаи гузашта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод ва бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардид. Нахуст Раиси вилоят аз Қалъаи таърихии Муғ боздид намуд ва аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки бо ташкили ситоди махсус ҷараёни корҳоро зери назорат қарор диҳанд.

Читать далее

Ёдгориҳои таърихӣ ифхории миллист!

Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо хеле муҳим аст. Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавзеъҳои таърихиашонро таҳти назорат ва ҳифзи доимӣ қарор додаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Қонун «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», соли 2006 Қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» ба тавсиб расиданд. Санадҳои мазкур дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, масъалаҳои истифодаи дурусти онҳоро муайян мекунанд.

Дар ноҳияи Ашт чандин ёдгории таърихӣ ба монанди «Муғхонаҳои дашти Шӯробак» (асрҳои VIII-III пеш аз мелод), «Меҳроби Ашт», «Тӯдаи хурд», «Тӯдаи калон» (асри I-II мелодӣ), «Мазори Ҳашт Саҳоба»» ва ғайраҳо мавҷуданд.

Яке аз ёдгориҳои таърихӣ «Меҳроби Ашт» (асри Х) дар осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ карда мешавад.

Ниёзмуҳаммади Иброҳимзод,

рӯзноманигор

Читать далее

Мулоқот бо ҷавонони Бӯстон

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода  бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.

Р. Ҳошимзода иброз дошт, ки дар ҳар давру замон ба раванди дастгирии ҷавонон ва истифодаи  нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Агар ба марҳалаи таърихӣ назар кунем, маълум мешавад, ки дар замони қадим низ бузургони илму адаб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос боварӣ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва зиндагии шоиста ба ҷавонон ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, истодаанд.

Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуданд.

Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан  аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳр тақдим карда шуд.

 Мамнури МЭЛС

Читать далее

Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 140-умин солгарди Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони  «Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик» баргузор гардид.

Конференсия бо суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ ёфт.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конференсия расонид.

Ҳамчунин, маърӯзаҳои олимони маъруфи тоҷик Абдусамад Муллоев – декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти унвони “Консепсияи ҳунари чеҳранигорӣ дар насри С.Айнӣ”, Муртазо Зайниддинов  – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робитаҳои адабии халқҳои  тоҷику тотор дар ҳарими матбуоти даврӣ”, Матлубаи Мирзоюнус ­– профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Омилҳои шуҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ” шунида шуд.

Дар конференсия масъалаҳои сиёсат, таърих ва ҳунарҳои мардумии замони Садриддин Айнӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, матншиносӣ ва мероси адабӣ дар осори устод, нақши ӯ дар ташаккули забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ, матбуоти миллии тоҷик, ақидаҳои педагогӣ ва маорифпарварии Садриддин Айнӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи баргузории конференсия озмуни донишгоҳии “Ёддоштхонӣ” ҷамъбаст гардида, аз тарафи ректори донишгоҳ зиёда аз 10 нафар магистрант ва донишҷӯёни ғолиб бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Боҳир Раҷабов,
муовини сардори раёсати
 илм ва инноватсияи ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Машъали рахшони адолат

Шоир, нависанда, рӯзноманигор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар байни халқ мақому манзалати бузургеро соҳиб шудааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Халқи тоҷик ин фарзанди фарзонаи миллатро на чун як сарвари сиёсӣ ё саркардаи низомӣ, балки ҳамчун як қаламкаши бемислу фаромӯшнопазир мешиносаду дар ҳар давру замон аз суханони пурҳикмати ӯ ёдовар мешавад. Воқеан, дар худшиносиву пойдории миллат, ваҳдату ягонагии мардум нақши хомаи ин нависандаи беназир назаррас аст ва моро пайваста мебояд аз навиштахои ин устоди сухан сабақ гирем.

Устод С.Айнӣ фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии худро ҳангоми дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ ихтиёр карданаш оғоз намуда, ин пешаро то охири умр давом додааст. ӯ ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» фаъолият карда, ҳануз солҳои 1919-1920 дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаори «С.М.», «С.Х.», «К.А.», «С.К.», «С.А.», «М.» мақола, фелйетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ навиштааст. Аммо фаъолияти публитсистии устод С.Айнӣ маҳз дар рӯзномаи «Овози тоҷик» инкишоф ёфтааст.

Ҳар нафаре, ки хунаш ҷӯш мезанаду «ман тоҷикам»,-гуфта фахр мекунад, биандешад, ки оё боре бе ҳеҷ баҳона, ақаллан «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ё «Ёддоштҳо»-и устод С.Айниро хондааст ё на? Агар на, биштобад, зеро ифтихори эшон бе мутолиаи ин ду китоби арзишманд ҳеҷ аст.

Сайёра Абдуллоева,
омӯзгори МТМУ №27-и ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

13 April 2018

Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ

13 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Анҷуманро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси вилоят зимни суханронии хеш меҳмонони Анҷуманро ба вилояти Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, доир ба вазъи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, робитаҳои судманди минтақавӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи вилоят ҳарф зад.

Читать далее

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли маърифат бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд.

Ҳар инсон, хусусан ҷавонон бояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки Ислом чунин аст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».

 Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ накарда, хидмат мекунад».

 Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад.

Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем.

 Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ аз дини Ислом сӯиистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ кайҳо мушоҳида намудаем.

Дар асл ҳам иғвоангезон ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ созанд, аммо бадхоҳу душман ҳаргиз ба мақсад нарасидаасту оқибат бадном гардидааст.

 Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин рӯҳия, дар арҷ гузоштан ба ҳуввияти Ватан тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем.

Абдулазиз ШУКУРОВ

Читать далее

Алҳазар, аз кирдори ифротгароён!

Ёдовар шудану ҳар факту далелро дар қиёс овардан воқеаро нишон медиҳад. Солҳои навадуми қарни гузашта аз бетартибӣ ва бесарусомониҳо истифода карда, дар кишварамон фаъолияти ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зуҳур кард ва бо иғвоҳои худ аз байн рафт.

Ҳизби иғвоангез аз бенизомӣ истифода карда, ба таври пӯшида амал ва сафашро аз ҳисоби ҷавонҳои сустирода, ноогоҳ афзун месохт. Баъзе ашхоси ноустувор бар ивази гирифтани маблағи ночиз дину имону виҷдони худро фурӯхта, оқибати амалашонро наандешида, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешуданд. Алҳазар, аз кирдорҳои манфуру ҳалокатовари ифротгароён ва террористон, онҳоро маҳкум менамоем. Аксар медонанду огоҳанд, ки дар даврони шӯравӣ ҳатто, чопи китобҳои динӣ мумкин набуд. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ тамоми шароит барои ба ҷо овардани рукнҳои дини мубини Ислом фароҳам оварда шудаанд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо ҳарфҳои кириллӣ дастраси мардум карда шуд ва Тоҷикистони азизамон оҳиста – оҳиста рӯ ба тараққӣ ниҳода, корҳои ободиву созандагӣ вусъат ёфтаанд. Баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, ноил гаштан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва боздоштани сатҳи пасти зиндагӣ қадамҳои шоиста гузошта шуданд. Ба мардум 75 ҳазор гектар замин дод шуд, ки сарчашмаи фаровонии рӯзгори онҳо гашт.

Аммо баъзе ашхоси ношукру роҳгум ҳастанд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро нодида гирифта, ба гурӯҳҳои экстремистиву тундгаро шомил шуда, ҳаёти худро барбод дода истодаанд. Мо - сокинони кишвар як мазҳаб дорем, ин ҳам бошад, Имоми Аъзам аст, ки гузаштагони мо асрҳо онро риоя кардаанд. Аммо баъзе ҷавонон равияҳои дигарро қабул намуда истодаанд, ки ин, албатта, аз ноогаҳии онҳост.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон соҳиби обрӯву нуфузи баланд гашта, бо меҳмондӯстию сулҳофарӣ, ҳунармандиву хушкорӣ мавқеи хос дорад.

Набӣ Ҷумъа,
 шаҳри Истаравшан

Читать далее

Омилҳои аз байн рафтани ҲНИТ

Тавре ба ҳамагон маълум аст Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  4 декабри соли 1991 ташкил карда шуд. Баъди баста шудани Созишномаи умумии Истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ  ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, фаъолияти худро аз 28 сентябр соли 1999 ва 15 октябр соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ  ба фаъолият  шурӯъ намуд. Ҳарчанд он бо мақсади ҳимоя намудани якпорчагии давлат, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷорӣ шуда бошад ҳам, дар солҳои  охири фаъолияташ маълум гардид, ки ба гурӯҳҳои хусусиятҳои  террористию шароити содир намудани ҷиноят фароҳам меовард.

Аз рӯи нишондодҳо маълум гардид, ки  танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои   ҲНИТ ҷиноятҳои вазнини  ногуфтаниро содир намуданд.

Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин зери ҳайати дастаи террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ»  таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси  «Алии Бедакӣ»  ва Раҳимов Абдуллоҳ  соли 2010 дар водии  Рашт боиси куштори 25 нафар хизматчиёни  ҳарбии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гаштааст.

Дигар  ҷинояте, ки  ба қайд гирифта шудааст, чанде аз фаъолони ин ҳизб аз шаҳри   Исфара Шарипов Муккарамхӯҷа,  Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов  Абдумубин, моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби Исломи Туркистон»  Қайюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро бо яроқҳои оташфишонӣ   мусаллаҳ намуда, барои сордир намудани  куштори    афсари милитсия  ва дигари  ҷиноятҳои  махсусан вазнин   шароит фароҳам намуданд, ки дар ин  бора мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  корбарӣ  намуда  истодаанд. 11 авгусити соли 2017 5 аъзои ин ҳизб  Саидов  Д,  Фозилов Д, Ҳоҷимуродов Т ва Абдуллоев Ҷ  барои боз ҳам оташи иғвою фитнаро баланд намудан ва бо мақсади халалдор намудани ҳаёти  осоиштаи  мардум ва тарсониданӣ аҳолӣ дар назди  кӯпруки деҳаи Чашмаи 1 шаҳри Норак Парчами  ташкилоти ин ҳизбро  бо номи  «Давлати Исломӣ»  овехтанд. Чунин   амали  оид ба ҳолати  афрохтани парчами   «ДИИШ»  дар ноҳияи Шаҳритӯс  низ ба чашм расида буд, ки дар мавриди он  тафтиши кормандони   ҳифзи   ҳуқуқ идома дорад.

Ҳамчунин   ногуфта  намонад,  ки  Назарзода А.М  ки аз вазифаи дар ӯҳдаи доштааш  сӯистифода  намудан (собиқ муовина  вазири  мудоифа)  бо  ҳампешагони худ, ки 12 нафарро ташкил   медод,  аз  ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории  нуқтаи назорати  гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17  615-ро  беяроқ гардонида, ба бинои Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии мазкур ғайри қонунӣ ворид шуда, яроқҳои оташфшон сару либосҳои ҳарбӣ  ва лавозимоти ҷангиро мусодира намудаааст.   Инчунин Назарзода   ва пайравонаш муовини   Вазири мудофиа  Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор  Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии №08050-ро дар Вазорати мудофиа  ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтанд. Баъди ин воқеа боз чандин қисмҳои ҳарбиро   талаву  тороҷ намудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дахлдор чунин шахсони ифратгар  дастгир шуда, ҷазо муқаррар карда шудааст. Лекин  ташвишовару ва хатаровар будани амалҳои ин гуна  ашхос ҳар як касро бетараф гузошта  наметавонад,  зеро, тавре огоҳ ҳастем, моҳи августи соли сипаригашта воқеаи дар шаҳри Риполи Испания  ба вуқӯъ омада аз ин гуфтаҳо далолат мекунад. Гуфта  шудааст, ки ммоми масҷид  дар шаҳри Риполи Испания  дар амалҳои  террористӣ   даст. Созмондиҳандаи ин амалҳои  террористӣ, ки замоне барои вайрон кардани қонунҳои марбут ба муҳоҷират дар зиндон буд ва дар он ҷо бо чанд тан террористон ба тамомои  аъмоли террористии моҳи марти соли 2004 дар шаҳри Мадрид шиносоӣ  пайдо намудааст. Дар он террорҳо, ки дар чанд вагони қатор анҷом дода шуд, ки беш аз 190 нафар кушта ва қариб 1000 нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Тибқи гузориши расонаҳо дар амали террористи дар маркази Барселона 15 нафар кушта зиёда аз 130 нафар захмин гаштанд. Ин амалӣ ғайри инсони ҳам монанди садҳо ҷиноят дигари террористон бо номи Худо бо нидои «Аллоҳу Акбар» ба иҷро расидааст. Ин ҷо боз воқеаҳои зиёдеро овардан мумкин, аст,  лекин мақсади мо бо баён намудани чунин амалҳо ва сабаби  аз миён рафтани ин ҳизбро ба  шумо хонандагони гироми равшан намудан аст.   

Дар  ягон ҷои  китоби муқаддаси Қуръон оварда нашудааст, ки қатл куштор, зино ва  буҳтон раво дониста шуда бошад, танҳо ин гуна ифротгароён мехоҳанд бо номи Худо ва китоби муқаддас-Қуръон амалҳои зишту нопоки худашонро амалӣнамоянд. Аз ҳар як хонандаи гиромӣ ҳамчун омӯзгор хоҳиш дорам, ки  бештар  аз расонаҳои  хабари огоҳ бошанд, зиракии сиёсии худро ҳифз намоянд, бештар рӯ  ба илму ҳунар оваранд, китобҳои илмию оммавӣ  мутолиа намоянд, аз андарзҳои бузургон баҳравар шаванд.

М.СОДИҚОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббӣ
шаҳри Хуҷанд, ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Читать далее

Саҳм дар рушди Ватан фарз аст!

Терроризм ва экстремизм маҳфумҳоест, ки имрӯз сари он кулли ҷомеаи башарӣ андеша карда истодааст.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, маънои аслии экстремизм, ки ифротгароӣ ва ошӯбу исёнгарӣ маънидод мешавад, пас худи экстремист шахсест, ки дар ҷомеа фаъолияти якравию тундравона дошта, мехоҳад, ки дар ҷомеа шӯру балво ва нооромиро роҳандозӣ намояд. Мутаассифона аксарияти чунин шахсон бештар аз номи дини мубини Ислом мақсадҳои нопоку амалҳои зишткоронаи худро амалӣ намудан мехоҳанд.

Террористон ба он ақидаанд, ки мақсаду мароми нопоки худро ба тариқи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ҷорӣ намоянд. Аввал онҳо он шахсонеро роҳгум карданӣ мешаванд, ки ҷавон ҳастанд. Дигар ин ки аз дини мубуни Ислом бархӯрдор бошанд. Дар ин гуна фурсатҳо ақида ва фикру андешаи онҳоро заиф гардонида, нақшаҳои худро таҳрезӣ ва оҳиста – оҳиста онҳоро ба сафар кардан моил менамоянд ва ба ҳар гуна роҳу васила мехоҳанд, ки андешаи онҳоро дигар намуда, ба сафари “оянда” – и онҳо ёрӣ диҳанд.

Афсӯс, ки дар чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое  ба вуқӯъ омада истодааст, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гаштааст. Масалан, сӯзонидани китоби муқаддасӣ Қуръон аз тарафи роҳбари Бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нодуруст ва гунаҳгоронаи даниягӣ Курт Вистергард, ки акси (сурати ҳаҷвӣ) хаёлӣ офаридани Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) – ро дар НЮ – Йорк дар шакли бомба офаридааст ва боз дигар амалҳои нафратангез нисбати китоби муқаддас ва пайғамбари Ислом боиси нафрати кишварҳои исломӣ гаштааст.

Аз як тараф ин амалҳо, амалҳои масхараомез нисбати дини Ислом бошад, аз тарафи дигар нигоҳ кунем, байни мусулмонон ва масеҳиён андохтани шӯру иғво мақсади баъзе роҳбарони америкоӣ мебошад. Вақте  шӯру ғавғо зиёд мешавад, оташи ҷанг низ аз он аланга мегирад ва ин метавонад боиси ҷанги байни кишварҳо гардад.

Як чизи дигарро қайд намуданӣ ҳастам, ки имрӯз аксарияти мардуми Тоҷикистон ба мақсади кору тиҷорат  дар Русия муқимӣ гаштаанд, то зиндагии худро таъмин намоянд, лекин дар баъзе ҳолат ба ҷои фоида зараровар шуда ҳам метавонад, зеро, ин чиз имконият медиҳад, ки ҷавонон барои сафар намудан ба дигар кишварҳои Ховари Миёна  бе мамоният сурат гирад.  

Шароиту имкониятҳое, ки барои адо намудани фарзҳои  исломӣ имрӯз дорем, дар замони Шӯравӣ надоштем. Таҳлилҳо  исбот мекунад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3334 масҷидҳои панҷвақта амал мекунад, ки он дар тӯли 70  соли даврони Шӯравӣ ин миқдор вуҷуд надошт. Ин нишондод ба ҳисоби миёна ба 2000 нафар аҳоли 1 масҷид рост меояд. Яъне аз ин хулоса бармеояд, ки ҳар кас дар доираи фароизи исломиро метавонанд бемамоният иҷро намояд.

Аз ин хотир ҷиҳати ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлолии кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ шомил нашавем. Дар рушду нумӯи Ватани азиз саҳми худро гузорем.

 Муборак СОДИҚОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии

шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Читать далее