01 May 2018

Тӯппидӯзи номдор

Тоқиву тоқидӯзӣ, ки тӯппӣ низ меноманд, дар байни тоҷикон аз қадим то имрӯз  аҳамияти худро гум накардааст. Дар ҳар манотиқи ҷумҳурӣ тӯппии ба худ хосро мепӯшанд, ки онро занони пурҳунар кашидадӯзӣ мекунанд. Дар ноҳияҳои манотиқи Кӯлоб бештар тӯппӣ ё тоқиҳои гирдак тайёр мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳо оро ёфтаанд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо ресмони ранга калимаи «Кӯлоб»-ро кашидадӯзӣ карда,  бо пӯпакҳо оро медиҳанд.

Дар Бадахшон бештар тӯппиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин баштар ба занон хос аст.  Мардони Бадахшон низ тоқиҳои гулдӯзишударо истифода мекунанд.

Тӯппидӯзони Исфарашаҳр тӯппиҳои чоргули тоқа ё балдоқро бештар медӯзанд. Садсолаҳост, ки нақшу нигори тӯппиҳояшонро тағйир надодаанд.  Бинобар  ин, ҳар марди исфарагиро  зуд аз тӯппияш шинохтан мумкин аст.

Тӯппиҳои қадимаи Истаравшанро тӯпии ироқии гулдӯзӣ меноманд. То солҳои шастуми асри гузашта мардон бештар тӯппиҳои гулдӯзишударо ба сар карда, ифтихор менамуданд, ки онро занони гулдаст дӯхтаанд.  Мо хурд будему ҳавас мекардем, ки ҳамин хел тӯппӣ дошта бошем. Боре ба ҳавлиамон яке аз тӯппидӯзони номӣ – аммаи ҳикоят (рӯҳашон шод бод) омада, аз падарамон хоҳиш карданд, ки барояшон сандуқе созанд. Падарам Маҳкамбой-устои сандуқсоз аз аммаи ҳикоят хоҳиш намуданд, ки маблағи сандуқро намегиранду ба худи ду фарзандашон тӯппӣ дӯхта диҳанд. Аммаи ҳикоят розӣ шуданд. ҳамин тавр, мо соҳиби тӯппии нави ироқӣ гаштем, ки онро танҳо дар рӯзҳои ид ба сар мегузоштем.

Шакли дигари тӯппӣ чоргул буда, дӯхташ осонтару нархаш арзон. Бештар мардони калонсолу миёнсол  ин гуна тӯппиҳоро мепазируфтанд.

ҳоло ба ин касби пуршараф бештар занон машғуланд. Яке аз онҳо тӯппидӯзи истаравшанӣ Саодатхон Раҳимова буда, бо маҳсули дастонаш борҳо ғолиби озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии «ҳунарманди беҳтарин» гашта аст. Дар қатори 30 бонуи вилоят, ки ба гирифтани Гранти раиси вилояти Суғд ғолиб омаданд, Саодат Раҳимова низ буд, ҳамчун ҳунарманди хонакор гирифтани 5 000 сомонӣ   сазовор шуд.

Сайфулло Махкамов,
рӯзноманигор дорандаи ҷоизаи
жумҳуриявии ҷурналистон ба номи А.Лоҳутӣ

Читать далее

Тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Читать далее

Натиҷабардорӣ аз фаъолият

Рушди иқтисодиёти вилоят, тағйирёбии сатҳи нархҳои бозори дохилӣ ва таварруми истеъмолӣ, пурра мавриди андозбандӣ қарор додани даромадҳо аз ҳисоби воридот ва содироти молҳо ба даст омада, барои боз ҳам зиёд ҷамъоварӣ намудани андоз ба буҷети давлатӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 шароит ва имконияти мусоид фароҳам овардааст-таъкид гардид дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти мақомоти андози вилоят дар семоҳаи якуми соли равон, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони мақомоти андози вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз мақомоти андози вилоят 107фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 588,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки аз нақша 42,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки маблағҳои ҷамъоваригардидаи андоз назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум 93,1 миллион сомонӣ бештар аст.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби мақомоти андози ҷумҳурӣ ин мавҷудияти бақияи зиёди қарзи андоз мебошад. Дар ин самт роҳбарияти мақомоти андози вилоят тибқи нишондоду талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Кумитаи андоз пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин буд, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ маблағи бақияи қарзи андоз дар вилоят ба андозаи 2,5 миллион сомонӣ кам карда шуд. Инчунин, ба маблағи 12,4 миллион сомонӣ ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ дар фаъолияти наздик 500 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ошкор шудааст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар вилоят 8 ҳазору 410 шахсони ҳуқуқӣ ва 20 ҳазору 534 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба системаи пешниҳоди электронии ҳисоботҳо пайваст шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласа ҳама паҳлӯҳои фаъолияти мақомоти андози вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини соҳа, пеш аз ҳама, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва барзиёду босифат таъмин намудани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2018 муваззаф гардиданд.

Тоҳирҷон Искандарзода

Читать далее

Конибодом. Раиси вилоят собиқадоронро аёдат намуд

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилояти нахуст ба манзили Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳусенбой Ҷабборов ташриф овард. Мавсуф 78 сол дорад ва солҳои зиёд барои таълиму тарбияи насли ҷавон меҳнат намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси ҷамоати Пӯлотон ва мудири шуъбаи умумии ҳукумати шаҳр кор кардааст.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар Конибодом

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Рӯзи 28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот шинос шуд. Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо рафти сохтмони бинои нави мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ошно гардид.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом

Рӯзи шанбеи 28 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодадар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2018 доир шуд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 103,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 15 млн. 657,6  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 505,7 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2846,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Читать далее

Конибодом. Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон 60 нафар ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд

Рӯзи шанбеи 28 апрел аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят бо масоили марбут ба саҳми замин, манзил, ҳимояи ҳуқуқ ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ 60 нафар муроҷиат намуданд.

Читать далее