02 May 2018

Раиси вилоят собиқадори меҳнат ва духтури хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Мирзосангин Қутфиддиновро аёдат намуд

Рӯзи 2 майи соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ғалаба собиқадори меҳнат ва духтури хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Мирзосангин Қутфиддиновро аёдат намуд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мирзосангин Қутфиддинов яке аз духтурони маъруфи кишвар буда, тӯли чанд даҳсола ба ҳайси сардухтури Беморхонаи клиникавии вилоятӣ фаъолият намудаааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ лоиҳаи беморхонаи вилоятӣ омода шуда, соли 1982 бинои нави Беморхонаи клиникавии вилоятӣ бо беш аз 1000 кат сохта шуд.

Читать далее

Ғолибият муборак!

Бо ибтикор ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар асоси фармоиши Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд дар театри ҷавонони ба номи Одил Назарови шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Хушдидон ва ҳозирҷавобон" бахшида ба соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 14 дастаи муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷавонони болаёқати дастаи "Дилкушо" - и "Хушдилон ва ҳозирҷавобон"-и Гимназияи №1-уми шаҳри Бӯстон ҷойи аввал, дастаи ҷавонони болаёқати шаҳри Гулистон ҷойи дуввум ва дастаи ноҳияи Спитамен ҷойи севвумро сазовор гардиданд.

Инчунин дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Зафаробод ва Истаравшан барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Сардори Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Сарвари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон»- и шаҳри Панҷакент

Шерзод Абдуллозода, ба унвони беҳтарин иштирокчии озмун баргузида шуд.

Фирдавс Ашӯрматов

Читать далее

Мубориза бо коррупсия - тақозои замон

Дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, муовинони директор ва дигар кормандони соҳа мулоқот баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода ифтитоҳ гардид.

Вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода маърӯза намуд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷамолиддин Насриддинзода роҷеъ ба тадбирҳои андешида дар самти муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф, сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурӣ - ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳр Камолиддин Миркамолов дар бобати роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои марбут ба коррупсия сухан ронданд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бӯстон

Читать далее

Зарнисор: Оби ҷонбахш омад!...

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои боир, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чора ва тадбирҳои амалӣ андешанд.

Тавре маълум аст, дар шаҳри Истаравшан тайи чанд соли охир ҷиҳати истифодаи самараноки замин, корам намудани заминҳои бекорхобидаи киштбоб ва аз ҳамин ҳисоб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба амалигардонии яке аз самтҳои барномаи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Обшор ва ба гардиши кишоварзӣ фаро гирифтани заминҳои мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан аз зумраи чунин тадбирҳост, ки ҳам барои афзун гаштани маҳсулоти кишоварзиву фаровонии дастархони мардум, ҳам таъсиси садҳо хоҷагии деҳқонӣ ва бо ҷойи кор таъмин гаштани сокинон мусоидат мекунад.

…Дар мавзеи Сексарии шаҳр соли 2017 аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва набудани соҳиби ин заминҳо 1279 гектар замин, аз он ҷумла 716 гектар замини захираи махсус ва 563 гектар замини захираи давлатӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд. Дар ин мавзеъ, умуман 5929,9 гектар замин мавҷуд буда, аз он 3299,8 гектараш замини корам мебошад.

Баҳри обшор ва бо кишти зироатҳо фаро гирифтани ин заминҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои обгузар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳо ба роҳ монда шуданд.

ҳини сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи обкашии ин мавзеъро мавриди баҳрабардории кишоварзон қарор доданд. Имрӯз аллакай заминҳо обшор, кишти зироатҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар ин мавзеъ, чунонки сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Тоҳир Абдувоҳидов изҳор дошт, алҳол 500 хоҷагии кишоварзӣ фаъолият бурда, дар истифодаи онҳо зиёда аз 2020 гектар замини корами обӣ қарор дорад. Акнун, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин дашти ташналаб оби ҷонбахш омад, имрӯз вобастакунии замин ба мардум бомаром идома дорад. Барҳақ, ҷое об ҳаст, албатта, ободонӣ мешавад. Ҳоло кишти зироатҳо босуръат ҷараён дошта, то имрӯз ғалладонагиҳо, аз ҷумла дар 1615 гектар гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, мош, арзан, дар 131,7 гектар зироатҳои техникӣ, дар 202 гектар сабзавот, аз он ҷумла 178 гектар пиёз, 45 гектар ҷуворимакка барои дон, 185 гектар полезиҳо ва 165 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд. Кишти зироатҳо алҳол идома дорад ва беназардошти заминҳои захирашуда кишти баҳорӣ бештар аз 89 фоиз ба анҷом расонида шудааст, - гуфт сардори раёсати кишоварзӣ.

- Чанд фурсат мегузараду ин мавзеъ, ки бо ибтикори Пешвои миллат Зарнисор номгузорӣ гардид, мувофиқи номаш ба макони ободу сарсабз, сердолударахт ва саҳрои доманфарохи зироатҳои кишоварзиву меваву сабзавот тадбил мегардад. Зеро, чунонки олимони соҳа муқаррар намудаанд, хоки ин замин ҳосилхез, иқлимаш ба равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, парвариши зироатҳо, бахусус ғалладонагӣ, полезиву сабзавот хеле мувофиқ буда, баҳри рушди соҳаи чорводорӣ бо кишти зироатҳои хӯроки чорво имкониятҳои фаровон дорад.

Имрӯз дар заминҳои корамшудаи ин мавзеъ мардум баҳри ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар ҷаҳду талош доранд.

Ҳини мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пойгоҳи обкашии мавзеи Сексарӣ Президенти мамлакат ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд. Тавре сардори раёсати кишоварзӣ иттилоъ дод, то имрӯз дар 17 гектар боғу ток бунёд, аз ҷумла дар 3 гектар себҳои сурхи навъи «Ситораи кӯҳистон», 2 гектар себи «Беназир», 2 гектар навъи «Зарринтоб», 2,5 гектар олуи навъи «Гурдаолу», 3,5 гектар навъи олуи «Нилуфар», токи ангури навъҳои тоифии нимранг, ҳусайнӣ ва кишмиши сиёҳ, дар боқимонда замин олуи сиёҳ шинонида оби нашъунамо дода шудааст. Бунёди боғ идома дорад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маърифати истифодаи обро баланд бардорем!

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

«Об, ту на мазза дориву на ранг ва на бӯй, туро тасвир кардан имконнопазир аст. Гуфта намешавад, ки ту барои ҳаёт зарурӣ, ту худ ҳаётӣ! Ҳамроҳи ту ба ҷисми мо қувваҳое бозмегарданд, ки мо бо онҳо аллакай падруд гуфтанием. Бо раҳму шафқати ту чашмаҳои хушкидаи дили мо аз нав ба тапиш меоянд. Ту аз ҳама боигарии калонтарин дар ҷаҳонӣ.”

Антуанна де Сент Экзюпери,
нависандаи фаронсавӣ.

Ин гуфтаи нависандаи бузург бебаҳс аст. Аз чор се ҳиссаи замини моро об ташкил диҳад ҳам, дар аксар мамолики ҷаҳон таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташвишовар аст. Мувофиқи маълумот дар ҷаҳон аз сабаби паст будани сифати оби нӯшокӣ ҳар сол то 500 миллион нафар гирифтори бемориҳои гуногун гардида, қариб 5 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд ва беш аз 1 миллиард аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалин ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ин навбат боз аз моҳи марти соли равон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз гардид.

Муносибати бераҳмона бо сарчашмаҳои обӣ боиси сар задани бемориҳо мегардад. Дар таърих мисолҳо зиёданд, ки чӣ тавр қавму миллатҳо дар масъалаи об моҷаро намудаанду шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Унсури асосии зиндагӣ будани об аст, ки гиромӣ доштани ин неъмати бебаҳо реша дар умқи таърих дорад.

Дар замони кунунӣ, ки аҳолии сайёра аз танқисии об дар азоб асту кишварамон сарзамини обшорон номида мешавад, мо бояд чӣ гуна рафтор намоем, то амалисозандаи суханони Пешвои миллат оид ба сарфа ва истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳо бошем? Ба фарзандони худ ҳам фаҳмонем, ки ба қадри об расидан аз як ҷониб расидан ба қадри неъмат бошад, дигар саҳмгузорӣ дар иқтисодиёт ва буҷети оила мебошад.

Дар бисёр гӯшаи дунё аз сабаби набудани оби нӯшокӣ аз борон истифода мебаранд.

Ба дараҷаи истифодаи об дар заминҳо низ бояд диққати хоса диҳем.

Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки обмониҳои бенақша ва дуру дароз дар заминҳои кишт ба назар мерасанд. Дар ин самт ба роҳ мондани обёрии реҷавӣ мувофиқи мақсад мебошад. Имрӯзҳо гузаштан ба обёрии қатрагӣ тарғиб гардида, ин шакли обмонӣ басо мувофиқ аст.

Раванди асосӣ дар истифодаи об ин тарғиби усулҳои пешқадами кишоварзӣ байни омма ва баланд бардоштани шуурнокии экологӣ, иқтисодӣ ва башардӯстии аҳли ҷомеа мебошад.

Саодатхон ҶАББОРОВА,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом,
 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Нахуст Раиси вилоят дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ боздид намуд.

Читать далее