03 May 2018

«Меҳнат – асоси бунёди зиндагии арзанда»

Санаи 1 май дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки собиқадорони меҳнат, раисони иттифоқҳои касаби ташкилоту муассисаҳо, олимону донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ ва дигар меҳмонон конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ бахшида ба Рӯзҳои байналмилалии ҳифзи меҳнат ва меҳнаткашон таҳти унвони «Меҳнат – асоси бунёди зиндагии арзанда» баргузор гардид.

Дар кори конференсия сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят  Ш.Нодирӣ, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят  Ш.Абдуллозода, муовини раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни ҷумҳурӣ   З.Охунов, раиси шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд  Ш.Саидзода, Ассистенти кафедраи ҳуқуқи граҷданӣ ва меҳнати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  М.Шуҳратпур суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнати меҳнаткашон бо ташаббуси Созмони байналмилалии меҳнат аз соли 2003 ин сана расман Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати  меҳнат эълон гардида буд. Аз ин лиҳоз  бештар аз 100  давлати ҷаҳон ин рӯзро ҳамасола ҷашн мегиранд.

Дар фарҷоми конференсия ба собиқадорони соҳаи меҳнат аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касаби вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, мавод ва дастурамалҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ба иштирокдорон тақдим карда шуд.

Наимҷон ДАДОБОЕВ,
сармутахассиси Раёсати Агентии
меҳнати шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Читать далее

Моҳвораи ҷавонон дар Гулистон оғоз шуд

Ҳамасола 23 май дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо диққати махсус медиҳанд. Боиси қайд аст, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида буд ва дар миқёси ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи оммавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида буданд.

Тибқи супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳвораи ҷавонон дар қаламрави вилояти Суғд оғоз гардид.

1 майи соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти раиси шаҳр Матлуба Амонзода  бо ҷавонон  доир  гардид. Дар мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳр, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳр, ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳо ва варзишгарони шаҳр иштирок намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт. Пешниҳоди ҷавонон аз тарафи раиси шаҳр қабул ва ба мақомотҳои далхдор вобаста ба беҳбудии кор бо ҷавонону наврасон супоришҳо дода шуд.

Аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр нақшаи чорабиниҳо башида ба моҳвораи ҷавонон тартиб дода шуда, силсилаи чорабиниҳо дар миқёси маркази шаҳр, шаҳраку ҷамоатҳои Гулистон гузаронида мешаванд. Ҷамъбасти моҳвора рӯзи  23 май дар маркази шаҳр бо баргузории барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ ба итмом мерасад.   

Саидахон Аҳмадзода,
мудири бахши ҷавонон ва
варзиши шаҳри Гулистон

Читать далее

Дастовард аз кордонӣ аст

То 27 апрели соли равон хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен дар 12015 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1634 гектар зиёд мебошад.

- Дурнамои кишти пахта соли равон дар 6000 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 27 апрел кишоварзони ноҳия дар 5832 гектар пунбадона кишт намудаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки ин нишондод 97 фоизи иҷрои дурнаморо дарбар гирифта, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 508 гектар зиёд мебошад, - изҳор дошт сардори раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода.

- Аз ҷумла то инҷониб дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти Т.ӯлҷабоев ба 1306 гектар, Тағояк 1050, Истиқлол 535, Куруш 1861, Сарбанд 540 ва Хуррамзамин 540 гектар кишти пунбадона гузаронида, корҳои омодагӣ ба парваришу нигоҳубини он дар ин самт идома дорад.

Бо мақсади дар давоми сол таъминоти аҳолии ноҳия бо сабзавоти тару тоза ва нигоҳ доштани болоравии нарх дар бозорҳои дохила тибқи дурнамо кишти сабзавот дар 1000 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нақшаи соли 2017-ум 566 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дурнамои кишти помидор 50 гектар, бодиринг 15, пиёз 245 ва сабзӣ 10 гектар нисбат ба соли гузашта изофа аст.

Ҳамчунин, кишоварзони ноҳия кишти сабзавотро дар 471 гектар гузаронидаанд, ки ин 47,1 фоизи дурнаморо дарбар мегирад. Аз ҷумла, пиёз дар 321 гектар ва дигар намудҳои сабзавот дар масоҳати 150 гектар гузаронида шудааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ

Дар қисми сарҳадии 0214, деҳаи Муряки ноҳияи Деваштич дидбонгоҳи нави сарҳадӣ сохта, ба истифода дода шуд. Он яке аз ҷузъҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои сарҳадчиён боз як шароити хуби хизматӣ фароҳам гардид. Дар маросими ба истифода додани бино Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хушқадам Қадамов иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода баён намуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш дар назди қисми сарҳадӣ биноҳои дуошёнаи хуштарҳу замонавии истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд. Кушода шудани дидбонгоҳи нав таҷассуми диққату эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба марзбонон мебошад.

Бинои нав бо маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза аст. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаррухрӯз»-и ноҳияи Мастчоҳ ва ҶДММ «Эъҷозкор»-и шаҳри Хуҷанд анҷом додаанд.

Генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия П.Кенҷаев, раиси Ҷамоати деҳоти Росровут Р.Шарифзода сипосномаи Фармондеҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Равшаной Маъмурова нишони сарисинагии «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ»-ро супорид.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Макон ва шахсияти таърихӣ

ё назаре ба Маҷмааи меъмории Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ

Ҳамарӯза сокинони вилояти Суғд ва меҳмонону сайёҳони зиёде аз майдони Регистони мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ва мақбараи Шайх Бадеъуддини Нурӣ, мулаққаб ба Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ дидан менамоянду аз тамошои ин макони таърихӣ ба ҳайрат меоянд.

Мақбараи Шайх Маслаҳатдин манораи 21-метра, гумбазҳои кошинкорӣ, намозгоҳ, хонақоҳро доро буда, намуди берунаи ин макони таърихӣ дар ҳақиқат тамошобоб аст.

Шайх Маслаҳатдин дар хонаводаи мардуми закию донишманд ва тақводору парҳезгори шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маҳз муҳити созгори хонаводагӣ дар камоли маънавии ӯ муассир будааст, ки мардуми шаҳр ва атрофу акнофи он 800 сол инҷониб эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Шайх аз замони туфулият бо ақли расо, амали нек мавриди иззату эҳтироми атрофиёнаш будааст, ки ривоятҳои марбут ба зиндагониаш исботи онанд.

Дар байни мардуми шаҳри Хуҷанд ривояте ҳаст, ки тибқи он аҷдоди Шайх Маслаҳатдин аз шаҳри Макка, аз наводагони Муҳаммад будаанд ва ҳангоми лашкаркашии қарохитоиҳо Бадеъуддини 7-сола ба саволи Гӯрхони қарохитоӣ «Маро ба шаҳри Хуҷанд кӣ овард?» ҷавоби босавод дода, шаҳри Хуҷандро аз қатлу ғорат маҳфуз медорад. Намунаи ин ривоят дар як санади хаттие, ки дар бойгонии миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, дида мешавад ва матни онро муаррих Абдуллоҷон Мирбобоев ба нашр расонидааст. Пас, агар ривояти мазкур асос дошта бошад, Шайх Маслаҳатдин дар охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри ХII ба дунё омадааст. Маҳз, собиқаи бонуфузи таърихии фарҳангиву маданӣ ва муҳити созгори рушди илму дониш имкон додааст, ки дар шаҳри Хуҷанд ба мисли Шайх Маслаҳатдин орифи номвар, қутби замон ба дунё омада, қуллаҳои камоли маънавиро тай намояд. Шуҳрати Шайх Маслаҳатдин ҳамчун ориф дар замони зиндагиаш то ба Бухорову Хоразм, Чочу Исфиҷоб, Фарғонаю ӯзганд ва Туркистони Шарқӣ расида будааст.

Дар «Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ»-и Муҳаммадбашир ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ, ки аз ҷумлаи сарчашмаҳои нодири таърихӣ ба шумор рафта, дар мавриди маърифати вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмию адабии сарзамини тоҷикон-Мовароуннаҳр аз давраҳои қадим то асри ХХ, ҳамчунин дар шинохти обидаҳои таърихӣ ва орифону фозилони камоломӯхтаи миллат маълумоти арзишмандро ҷамъоварӣ намудааст, оварда мешавад, ки номи аслии Шайх Маслаҳатдин маълум набуда, дар сарчашмаҳо бо алқоби «Бадеъуддини Нурӣ», «Маслаҳат», «Маслаҳатдин», «Маслаҳатуддин», «Муслиҳиддин», «Авлиё», «Валӣ», дар байни мардум бо лақаби «Подшоҳмарди Валӣ» ва дар манобеи мухталиф бо унвонҳои фахрии «Шайх», «Қутб», «Қутбулақтоб», «Қутбулмуҳаққиқин», «Кудватулорифин», «Қутби олам» ва «Қутби замон» зикр шудааст.

Шайх Маслаҳатдин соли 618 ҳиҷрӣ мусодиф ба 1221 мелодӣ олами фониро падруд гуфтааст. Айни замон мақбараи мунаввару мутаҳҳари ин шахсияти бузургу таърихӣ Хуҷанди фирдавсмонандро бо як шукуҳу шаҳомати хоса боз ҳам зеботару дилкаштар гардонидааст. Бинои мақбара аз ду қисм-хонақоҳ ва дахма иборат аст. Бино ба гуфтаи меъмори машҳур Сергей Хмелнитский, ки бори аввал соли 1958 хусусиятҳои меъмории мақбараи Шайх Маслаҳатдинро омӯхтааст, бунёд шудани мақбараи мазкур чанд марҳаларо паси сар карда будааст. Баъди омӯзиши андозаи хиштҳо ва кошинҳои ороишӣ, ки ҳангоми кофтукови бостоншиносӣ аз зери бинои мақбара пайдо шудаанд, ин олим замони бунёди мақбараи аввалинро дар асри ХII медонад. Давоми садсолаҳо мақбараи мазкур борҳо таҷдиду тармим шудааст, ки охири онҳо солҳои 80-уми асри ХХ сурат гирифтааст. Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ соли 2001 бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷалби ҳунармандони мумтоз аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сақфи мақбараи Шайх Маслаҳатдин тиллокорӣ карда шуд, ки яке аз беҳтарин намунаҳои санъати тиллокорӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Дар табақаҳои дари даромадгоҳи самти ғарбии мақбараи Шайх Маслаҳатдин бо тарзи катибаи барҷаста ин порчаи назмӣ навишта шудааст:

Муслиҳудин Шайхи ирфондастхоҳ,

Аз китоби сияри асмоу сифот,

Остонаш қиблагоҳи аҳли Ҳақ,

Ҳар табақ дарвозаи ӯ (як) варақ.

Соли сохта шудани ин дари дутабақа 1322 ҳиҷрӣ-1904 мелодӣ буда, навиштаҷот дар рӯи табақи рости он дарҷ шудааст.

Мақбараи Шайх Маслаҳатдин иншооти бузургест, ки аз зиёратхона, гӯрхона ва ҳуҷраҳои зиёде иборат аст. Зиёратхона се даромадгоҳи пештоқдор ва гумбаз дорад. Дар гӯрхона сағонаи чӯбини кандакорӣ маҳфуз мондааст. Дар асри ХIХ дар шафати ин мақбара масҷиди бошукуҳе бино ёфт, ки толорҳои зебо, айвонҳои серсутуни наққошиву кандакориҳояш то имрӯз қиммати худро гум накардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба эҳёву тармими обидаҳои таърихию меъмории мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намудани мақомоти маҳаллӣ низ аз дастурҳои Сарвари давлат маншаъ мегирад. Бо саъю кӯшиши хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааҳои меъмории Исмоили Сомонӣ, «Қалъаи Ҳисор», Мадрасаи Кукгумбаз ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ, эъмори ҳайкали Камоли Хуҷандӣ, масҷиди Шайх Маслаҳатдин Бадеъуддини Нурӣ дар шаҳри Хуҷанд, мадрасаи Олим дар шаҳри Конибодом, даҳҳо макони муқаддас эҳё гардидаву ба ҳамагон манзур шуданд.

Месазад, ки ҳама мавзеъҳои таърихии кишварро бо имконияти шоистаи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Маъмурияти Маҷмааи меъмории Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ кӯшиш бар он дорад, ки саҳни беруниву дарунии мақбара, намозгоҳ, хонақоҳ, манора, гумбазҳо ва умуман, ҳудуди беш аз 2-гектараи маҷмааро тозаву обод нигоҳ дорад ва ба сайёҳон хизмати шоиста расонад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

2 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқот Раиси вилоят бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги “Суғдиён” ба намоиш гузошта шуда буд, шинос гардид.

Читать далее