04 May 2018

НАҚШАҲОИ АҲРИМАНИИ ТЭТ ҲНИТ

Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имрӯз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб аксари давлатҳои ҷаҳон ва шаҳрвандони он дар ҳолати тарс зиндагӣ намуда, амнияти худро таъмин карда натавониста истодаанд.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи хатари ҷаҳонӣ бо далериву матонат қарор гирифта, тамоми сокинони худро аз ин вабои нави ҷаҳонӣ дар ҳифзу бехатарӣ қарор додааст. Имрӯз мамлакати мо тамоми марзу буми худро ҳимоят намуда, баҳри ҳимояи давлату миллат аз ҳаргуна таҳдидҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта истодааст. Баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ давлати мо низ ба коми оташи ҷанге, ки ба сабаби иғвоҳои беасоси наҳзатиёни ифротӣ ба амал омад, дохил шуд. Лек ба туфайли кордонии роҳбарияти давлат ва якдилии халқи тоҷик ҷанги дохилӣ бо сулҳу салоҳ ба охир расид.  Ба гурӯҳҳое, ки саркардагони низои дохилӣ буданд, авфи гуноҳ шуданду ба ҳаёти осоишта дохил шуданд.  Аммо ба сад афсӯс ки наҳзатиёни маккор боз даст ба амалҳои ифротӣ заданд. Роҳбарияти ҲНИТ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошта баҳри расидан ба мақсади худ ба ҳар амал даст мезаданд. Онҳоро аз давлатҳои хориҷа хоҷагони пасипардагиашон кӯмакҳои моддиву молиявӣ мерасонанд. Баҳри пули додаи худ наҳзатиёнро ба ҳар роҳ раҳсипор менамоянд, ки охири роҳ ҷаҳолат аст.

ТЭТ ҲНИТ аз рӯзи пайдоиши худ то ба имрӯз худро ҳамчун ҳизби ифротиву иртиҷоӣ нишон додааст. Аз ҷониби аъзоёну пайравони ин ҳизби ҷиноӣ баҳри рушди афкори ифротӣ дар ҷомеа тамоми қувваи худро равона намудаанд. Дар ин роҳ онҳо бо ҳар ному шиор баромад карда, баҳри амалӣ намудани “нақшаҳои созандаи худ” маблағҳои ҳангуфт мегиранд.

Таърихи аксари аъзоёни пайравони ТЭТ ҲНИТ ниҳоят нангин аст. Қариб сад дарсади онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардааст. Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Аз кирдорҳои ҷиноии сарварон ва аъзоёни ин ҳизби мамнӯъ маълум мегардад, ки мақсади олии онҳо ноором кардани вазъи тинҷиву оромии мамлакат буда, бо ҳамин роҳ  ҷавононро гумроҳ намуда ба давлати исломӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон буд. Хушбахтона, нақшаҳои аҳримании наҳзатиён шикаст хӯрд. Мо, аҳли ҷомеа, хоссатан устодону омӯзгорон ҳаргиз намегузорем, ки ақидаҳои ифротгаронаи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ҷомаи амал пӯшад.

Қаюмов Ф.Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ГАРАВИ ПЕШГИРИИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Дар арафаи асри XXI Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шуд ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифт.

Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ, ба Тоҷикистон имконияти мустақилона интихоб ва пеш гирифтани роҳи ислоҳоту рушд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омад. Зарурияти пешбарӣ кардан ва амалӣ намудани ғояи пешқадам ва созандае лозим гардид, ки то мардумро муттаҳид ва пояи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагиро таҳким бахшад.

Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари тозаинтихоби ҳокимияти конститутсионӣ роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Лек солҳои аввали истиқололият дар баробари пешравиҳо, дучори монеаҳои ҷиддӣ гардид, ки барои бартараф кардани онҳо нерӯю афкори созандае, ки кафолати таъмини ободию созандагӣ, омили пешрафти ҷомеа гардад, ногузир буд.

Дар ҳамин раванд дар мамлакат якчанд гуруҳҳои идеологии ба ҳам зид ба миён омад, ки роҳи ояндаи давлату ҳукуматро ба ҳам медиданд. Аз ҷумла,  як гурӯҳи муайян ба роҳбарӣ гирифтани таҷриба ва ғояҳои  давлатҳои пешқадами Ғарбро ҳамчун роҳи ягонаи наҷот ва халосӣ аз душвориҳо донанд, гурӯҳи дигар умедҳои худро фақат ба худшиносӣ, таҷрибаи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ вобаста карда буданд. Зумраи дигар бошанд, бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави конститутсионӣ, ҳамчун давомёбии низоми идеологии  коммунистӣ баҳо дода,  дар ҷустуҷӯи барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ буданд.

Ҳамаи гурӯҳҳои мафкураашон ба ҳам зид фазои идеологии холиро забт кардан мехостанд. Дере нагузашта дар қатори чунин ақидаҳо, дар байни мардум афзалият пайдо кардани ақидаҳои низоъангезу ифротӣ, ақидаҳо ва шиорҳои «гӯё динӣ» мушоҳида гаштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирӣ ва  маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар, тавонист тарафдорони худро пайдо намояд, муттаҳид ва мусаллаҳ созад, ба руҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад. Дар байни ҷомеа солҳои дароз ба ҳам мисли дӯсту бародарвор зиндаги карда, тухми кинаву адоватро кишт намуда, аз пайи гирифтани “ҳосил” буданд. Ҳосили онҳо ба ҷанги дохилӣ кашидани Тоҷикистони мустақил буд. Гурӯҳҳои ба ном исломӣ, гарчанде дар забон номи дину диёнатро дошта бошанд ҳам, лек амали онҳо дини мубини исломро доғдор намуд.

Дар байни мардуми Тоҷикистон зуд паҳн гаштан ва афзалият пайдо кардани ақидаҳои аз дини мубини ислом сарчашма гирифта беҳуда набуд. Зеро мардум дар тӯли зиёда аз ҳазору чаҳор сад сол ба дини ислом эътиқод дошта, аз рӯи меъёру қонуну қоидаҳои он зиндагӣ ба сар бурдаанд. Аммо, бинобар дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мазмуни аслии меъёрҳои дини ислом ва минбаъд бо ҳисси манфиатдорӣ, шӯҳратпарастӣ, ба таври  ғалат шарҳу маънидод ва шитобкорона ташвиқоту тарғибот шудани асос ва қоидаҳои динӣ аз ҷониби «ба ном ҳомиён ва ходимони дин», боиси он гардид, ки  мақсадҳои низоии ифротгарон зери пардаи демократияи исломӣ, ноаён монд. Ба зумраи чунин ниқобдорон ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон роҳи худро пеш гирифт. Мутаассифона, қисме аз мардуми зудбовар ба доми фиреб ва иғвогарӣ афтода, ҷони худро дар кашмакашҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ фидо карданд. Ин оқибатҳои таҷовузи мақсадноки идеологии қувваҳои сиёсие буд, ки вазъияти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро ба сӯи фоҷиаҳои даҳшатноки ниҳоӣ такон доданд.

Барои паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва бо мақсади таҳким бахшидан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди афкори созандагию бунёдкорӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «Мақсади мо бунёд кардани ҷамъияти мутараққӣ аст. Вай аз таҷрибаи бойи ба дастовардаи давлатҳои пешрафта баҳра бардошта, ҷавобгӯйи омолу ормонҳои мардум хоҳад буд…. Ормони мо давлатест, ки  ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мусоидат менамояд».

Ҳамин тавр, падида ва зуҳуроти фаъоли чунин нерӯҳои тахрибкор ба монанди ТЭТ ҲНИТ, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ ногузир ба густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мусоидат мекунад. Суръати густариши онҳо ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд.

Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз қабили ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИТ, “ДИИШ”, “Салафия”, “Ваҳҳобия”, “Ҳаракати Исломии Туркистон” ва аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ бояд дошт.

Асророва М.А.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее