07 May 2018

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

04.05.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Читать далее

Истаравшан. Раиси вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулиҳо тақдим кард

Рӯзи шанбеи 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан

Рӯзи 5 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун шинос шуд.

Раиси вилоят сараввал бо рафти корҳои навсозӣ дар Қалъаи таърихии Муғ ва сохтмони Амфитеатр ошно гардида, аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ кард ва ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати вусъати корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Масъулияту ташаббускорӣ мебояд, на фориғболӣ!...

5 майи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳо ва ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Раиси вилоят баргузор шудани мулоқотро бобати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳое, ки ҳангоми сафари корӣ дар вилояти Суғд дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ изҳор дошта буданд, бамавриду судманд арзёбӣ намуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Читать далее

Таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

5 майи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Ба Раиси вилоят 69 нафар сокинони шаҳр бо арзу дархости хеш бобати ҳалли масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои самараноки вилояти Суғд ва Бонки умумиҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ қаноатманд буда, барои густариши ҳамкориҳо ҳамаҷиҳата омода мебошад.

Читать далее

Нақшаи даъвати баҳорона кай иҷро мегардад?

Ҳамасола барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва хизмат намудан дар назди Ватан - Модар соле ду маротиба маъракаи сиёсии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор мешавад. Аксарияти ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва рӯҳану ҷисман обутобёфта ба хизмат мераванд.

Даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз аввали моҳи апрел оғоз гардида, то санаи 3-уми май вилояти Суғд беш аз 78 фоизи нақшаро иҷро намудааст.

- Дар рӯзи аввали гусели наваскарон, ки бо иштироки Раиси вилоят баргузор гардид, беш аз 1000 нафар ҷавонон ихтиёран шомили Артиши кишвар гардиданд, - гуфт зимни суҳбат муовини сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят, майор Фаридун Отабоев.

Мавсуф қайд намуд, ки айни ҳол шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро намудаанд, ки аз ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон дарак медиҳад.

Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент ва Конибодом нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ҷиҳати пеш аз муҳлат таъмин намудани нақшаи даъват корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби ситодҳои вобаста хуб ба роҳ монда шудааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки нақшаи даъват чун соли гузашта, пеш аз муҳлат таъмин мегардад, - иброз намуд Фаридун Отабоев.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Истаравшан: Саъю талош дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳр бунёди иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Аз ҷумла, кишоварзон аҳлона баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон заҳмат мекашанд ва ният доранд, ки дар 23687 гектар кишт гузаронанд. Бо ин мақсад хоҷагиҳои кишоварзӣ дар масоҳати 16071 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд, ки аз ин ҳисоб 11339 гектар зироати ғалладона, 1885 гектар сабзавот, 410 гектар ҷуворимакка барои дон, 415 гектар зироатҳои равғандеҳ, 313 гектар полезиҳо ва 616 гектарро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад. Вобаста ба шароити иқлим кишти бархе аз зироатҳо дертар амалӣ гашта, мавсими кишт давом дорад, -гуфт дар суҳбат сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Тоҳир Абдувоҳидов.

 Тавре аён аст, давоми солҳои охир тибқи дастуру супориши Президенти мамлакат ба парвариш ва изофа кардани майдони кишти картошка эътибор афзудааст. То 24-уми апрел дар 1502 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 753 гектар зиёд мебошад. Ҳамчунин, баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳи картошка аз навъҳои серҳосили Пикассо, Санте, Муротто, Кардинал, Шукрона истифода мекунем ва ҷоиз ба қайд аст, ки картошкаи тухмиро низ дар хоҷагиҳои деҳқонии худ барои соли минбаъда захира мекунанд.

-Имсол кишти сабзавот ҳам назар ба соли гузашта афзудааст,-гуфт Т. Абдувоҳидов,- агар порсол дар ҳамин давр дар масоҳати 1219 гектар сабзавот кишт шуда бошад, ин рақам алҳол 1885 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат сол аз сол ба тайёр кардани пилла, ки ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ аст, эътибори хоса дода мешавад. Соли равон кирмакпарварони шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки парвариши 355 қуттӣ тухми кирмакро ба роҳ монда, 16 тонна пиллаи хушсифат тайёр кунанд. Алҳол ба сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ, Пошкент, Ниҷонӣ, Гули сурх, Ҷавқандак, Қалъачаи Баланд, Қалъачаи Калон, Сабристон, Зарҳалол қуттиҳои тухми кирмак тақсим карда шуда, мутахассисони Раёсати кишоварзӣ ва Идораи пиллаи шаҳр мунтазам аз рафти нигоҳубини кирмак огоҳ шуда, баҳри риояи қатъиву ҳамаҷонибаи қоидаҳои агротехникии парвариши кирмак маслиҳатҳо дода истодаанд. Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзӣ Ёқубҷон Ашӯров изҳор дошт, имсол кирмакдорон барои дастрас кардани ғизои кирмак - барги тут танқисӣ намекашанд, таъмини иҷрои нақша имконпазир аст.

Дар шаҳри Истаравшан бо дарназардошти хоҷагиҳои ҷомеавӣ ва ҳам хоҷагиҳои аҳолӣ дар масоҳати 2,24 гектар фаъолияти гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо сабзавоти барвақтӣ, кабудӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Аз ҷумла, то 20 апрел ба миқдори 9,1 тонна помидор, 7,5 тонна бодиринг, 5,7 тонна лимӯ, 0,8 тонна дигар намуди сабзавот бо ҳосили қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ба миқдори 28,8 тонна маҳсулоти тару тоза ба дастархони сокинон пешкаш карда шуд.

Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо кишоварзони Истаравшан баҳри пурфайзу бобаракат гардонидани дастархони сокинони диёр ва ба ин васила саҳми шоиста гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат саъю талош доранд.

Рафоат МӯЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Венгрия, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Ливия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд.

Читать далее