09 May 2018

Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд

Санаҳои 8 – 9 майи соли 2018 ба вилоят ҳайати сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бобати иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории вилояти Суғд ташриф оварданд. Боиси зикр аст, ки сафари меҳмонон тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта, онҳо ба ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо ва манзараҳои дилфиреби вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Санаи 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулчанбаргузорӣ гузориш дод. Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири шаҳидони роҳи ғалаба гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Читать далее

Шаҳристон: Дар ростои соли сайёҳӣ

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳия

7 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ум ба номи Улуғбек Холбоев шинос шуд. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нарзулло - 2008» мебошад.

Читать далее

Ҳафтаи идоракунӣ дар Гулистон

4 май дар толори мақомоти иҷроияи мақомоти ҳокимияти дарвлатии шаҳри Гулистон вохурӣ бо иштирокчиёни ҳафтаи идоракунӣ доир гардид. Дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа И.Р.Мадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш С.Аҳмадзода ва масъул оид ба масъалаҳои кадрии дастгоҳи раиси шаҳр М.К.Қаҳҳорзода иштирок ва суханронӣ намуданд.    

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз 7 то 14 майи соли 2008 тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон М.С.Амонзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр «ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон» гузаронида мешавад.

Ҳафтаи худидоракунӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, ташкили захираи кадрҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида мешавад.

Саидаҷон Аҳмадзода,
мудири бахши ҷавонон
ва варзиши шаҳри Гулистон 

Читать далее

Ҳамкории таърихӣ ва судманд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад ва ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ ва табодули таҷриба бо дигар Донишгоҳҳои Ӯзбекистон низ омода аст. Дар вохӯрӣ  аз Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур муовини  ректор оид ба корҳои илм Бахтиёр Расулов, мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ  Фарҳод Алимов, профессори кафедраи филлологияи ӯзбек Дилоро Набиева, донсенти кафедраи психология Машрабой Ҳалимова иштирок намуданд.

Дар доираи ҷамъомад миёни ду донишгоҳ  шартномаи таҳсил ба имзо расид, ки мувофиқи он минбаъд донишҷӯён ва магистрантон дар Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Гуфта шуд, ки  ҳадаф аз ин ҳамкорӣ табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати таълим ва саводи донишҷӯён мебошад. Ду ҷониб аз имзо шудани шартнома изҳори хушнудӣ карданд. Қайд гардид,  ки иқдоми мазкур ба қавитар шудани робитаи дӯстии ду миллат заминаи хуб мегузорад ва донишҷӯён бо фарҳангу тамаддуни ҳамдигар аз наздик ошно мегарданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷ.Ҳ. Ҷӯразода  аз сафари намояндагони Тоҷикистон ба Самарқанди Ӯзбекистон, ки чанде қабл сурат гирифта буд,  ёдоварӣ кард ва гуфт, бо сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат робитаи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду халқи ба ҳам дӯст ва бародар дар ҳама соҳаҳо торафт мустаҳкам мегардад.

Бахтиёр Расулов, доктори илмҳои таърих дар Донишгоҳи давлатии Андҷион  ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур пешниҳод намуд, ки минбаъд устодони ду донишгоҳ иқдом намуда, конференсияҳои байналхалқӣ ташкил намоянд ва табодули таҷриба кунанд. 

Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ҳамчун рамзи дӯстӣ ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур маҷмӯаи асарҳои Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро тақдим намуд. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳҳои Самарқанд ва Фарғона низ шартнома бастааст.

Маркази иттилоот ва таҳлили
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

“Либоси миллӣ ва замони муосир”

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд расми кушоди намоиш таҳти унвони “Либоси миллӣ ва замони муосир” доир гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов намоишро оғоз бахшида, суханро ба С. Ҳасанов - дотсенти кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. С.Ҳасанов аз ҳамкориҳои муташаккил байни Осорхонаи таърихӣ ва Академияи мусаввирон ёдовар шуда, зикр доштанд, ки ин даҳумин намоиш дар ду соли охир аст. Ҳамчунин аз ҷониби Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳассилини Мактаби рассомии бачагонаи №1, №2, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, факултети санъат, факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Сипас Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов ва  намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ф.Усмонова лентаи рамзиро бурида, намоишро оғоз бахшиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар намоиш 75 адад аксу мусаввараҳои зиёда аз 30 нафар мусаввиру аксбардорон ба маърази тамошо гузошта шуд. Хусусан аксҳои бардоштаи аксбардори ҷавон аз Фотостудияи “Акс” С.Баротов хеле диққатҷалбкунанда буд. Намоиши аксҳои “Либоси миллӣ ва замони муосир” то охири моҳи ҷорӣ идома меёбад. Ҳаводорону мухлисони ин намуди ҳунарро ба тамошо даъват менамоем.

Аслиниссо Ёдгорӣ
Наргисахон Бузурукова
кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее