10 May 2018

Дуои диловарони Ватан

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи “Моҳвораи ҷавонон” ба ифтихори Рӯзи Ғалаба намояндагони Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва диловарони ақибгоҳро аёдат намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни аёдат зикр гардид, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои диловарони Ватан дар таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар фаромӯш намешавад. Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву шуҷоатмандонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардуми сайёра таъмин карда шуд. Дар ин набардҳо ҳазорон фарзандони кишвари мо иштирок намуда, шуҷоату далерии онҳо барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии халқҳо боқӣ мондааст.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат, пойдории сулҳу субот ва мардуми сарбаланди кишвар дасти дуо бардоштанд .

Шодмон Нурматов,
роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати кор бо
ҷавонон ва варзиши вилоят

Читать далее

Рисолат: Хидмати шоиста ба Ватан

Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи арбоби ҳизбиву давлатӣ Усмон Қосимов маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Маҳфили ёдбудро муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ намуда, бобати ғамхории Ҳукумати мамлакат ва қадршиносии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ашхоси барӯманд ҳарф зада, фаъолияти пурбаракати корӣ ва хидматҳои шоистаи Усмон Қосимовро барои насли муосир намунаи ибрату пайравӣ арзёбӣ намуд.

Дар маҳфил зикр гардид, ки Усмон Қосимов фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1936 ҳамчун котиби Шeрои деҳоти Чорбоғ оғоз намуда, то соли 1938 фаъолият дошт. Солҳои 1938 - 1946 дар сафи Артиши Шeравӣ хизмат кардааст. Соли 1946 бо рутбаи лейтенанти калон аз хизмати ҳарбӣ баргашта, солҳои 1946 - 1963 вазифаҳои масъули ҳизбию хизматиро ба eҳда дошт.

Қобилияти кордонӣ, масъулияти баланди ташкилотчигии Усмон Қосимовро ба инобат гирифта, соли 1963 eро ба вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи калонтарини пахтакории ҷумҳуриявӣ – Шаҳритус пешбарӣ менамоянд ва то декабри соли 1970 дар ин вазифа кору фаъолият менамояд.

Моҳи декабри соли 1970 бо қарори Президиуми Шeрои Олии РСС Тоҷикистон Усмон Қосимов раиси Кумитаи ташкилӣ оид ба таъсиси вилояти Ленинобод таъин шуда, санаи 16 феврали соли 1971 дар Сессияи якуми Шeрои депутатҳои меҳнаткашони вилоят ба вазифаи раиси комиҷроияи Шeрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод интихоб шуда, то нафаси вопасин – 5 сентябри соли 1978 хизмати арзанда баҳри Ватан ва халқ мекунад.

Хизматҳои тeлонӣ ва шоёни ҷангию меҳнатии Усмон Қосимов бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардидаанд. Барои абадӣ гардонидани хотираи ин марди шариф мактаби таҳсилоти умумии№21 - и деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан ба номи e гузошта шуда, нимпайкарааш низ дар он ҷо қарор дорад. Дар арафаи ҷашни 100-солагии шодравон Усмон Қосимов яке аз кeчаҳои шаҳри Хуҷанд номи eро гирифт.

Дар маҳфили ёдбуд собиқадорони ҷангу меҳнат Баҳриддин Аҳмадов, Бобораҷаб Бобоев, муаррихи шинохта Усмонҷон Fаффоров, раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон баромад намуда, аз саҳми беназири ин фарди накӯном, хислатҳои нек ва саҳми беназираш дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ҳарф заданд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Сарбози Ватан

Дар ҷанги дуюми ҷаҳон, ки аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият унвон мешавад, мардуми шарафманди Тоҷикистон низ қатори дигар халқҳо ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд. ҳазорҳо ҷавони меҳандӯсту ватанпараст дар майдони набардҳои беамон бо адӯ мубориза бурдаву ғалаба ба даст овардаанд.

Яке аз чунин ҷавонони далеру шуҷоъ, ки дар ин ҷанг корнамоиҳои зиёд нишон додааст, Ҷӯра Ҳамдам мебошад. Ин марди шарифу фурӯтан, ватандору ватандӯст соли 1923 дар деҳаи Қалъаи дӯсти ноҳияи Деваштич чашм ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Овони наврасӣ ҷасуру далеру нотарс буду нисбат ба ҳамсолонаш зираку ҳушёр, аз зодгоҳ ва мардуми сарбаландаш он меболиду аввалин таронаву шеърҳояшро дар васфи ёру диёр ва азизони хеш эҷод мекард. ҳама дар деҳ ба ӯ муносибати хеле гарму самимона доштанду шоир ном мебурданд, дар дил орзуву ниятҳои нек мепарварид. Мехост баъди адои хизмати ҳарбӣ роҳи илму эҷодро пеша намояд.

Аммо ҷанги хонумонсӯз нақшаҳои ӯро дигар сохт. Соли 1940, пеш аз оғози ҷанг Ҳамдам Ҷӯра дар хизмати ҳарбӣ қарор дошт. Як субҳ командири қисми ҳарбӣ ба сарбозон аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ хабар дод. Вай дар қатори дигар сарбозон барои ҳифзи истгоҳи барқӣ равон карда шуд. Ниҳоят вориди майдони ҷанг гардида, барои озод намудани шаҳрҳои Москва, Смоленск ва Тула ҷангид. Рӯз аз рӯз шумори ҷароҳатҳояш меафзуд, вале майдони ҷангро тарк намекарду ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт. Ҳангоми набард дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Тула фашистонро саркуб намуда, тамоми яроқу аслиҳаҳояшонро гирифтанд, аммо аз пояш тир хӯрд. Дар госпитали ҳарбӣ давоми се ҳафта табобат гирифта, ба бригадаи шашуми танкӣ ҳамроҳ шуду боз ба набардгоҳ баргашт. Соли 1942 дар майдони ҷанг боз ҷароҳат бардошта, баъди табобати семоҳа ба полки эҳтиётии шаҳри Сердобский роҳхат гирифт. Моҳи январи соли 1944 дар рафти озодкунии шаҳри Новгород ҷароҳате гирифт, ки тамоми умр аз он ранҷ мебурд ва ин сарбози Ватанро маҷрӯҳи гуруҳи I гардонид. Бо тани дардманд ба Тоҷикистон баргашту қалам бар даст гирифт.

Ман зи ҷанг арчӣ танеро дардманд овардаам,

Бар ту, насли нав, ҳаёти судманд овардаам.

Ранҷу дарде дорам арчӣ, лек меболам аз он,

Баҳри ту ман бахту иқболи баланд овардаам.

Барои ҷонбозиҳояш бо медалу унвонҳои зиёд ва ордени «Шараф» қадрдонӣ гашт. Ҳамчунин, барои хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст. Баъд аз итмоми ҷанг то нафаси вопасини умраш раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанберо дар уҳда дошт. Соли 1993 риштаи умри ӯ гусаста шуд.

Аз ӯ маҷмӯаи шеърҳо таҳти унвони «Шукрона», «Меҳри Ватан», «Синасипар», «Марди сарбоз», «Бо номи Ватан», «Сипоснома» боқӣ мондааст. Эҷодиёти шоири муборизро вақте мутолиа менамоӣ, дар умқи қалб ҳисси ватандӯстӣ бедор мегардад. Эҷодиёти ӯ ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ бахшида шудааст.

Солҳо сипарӣ мешаванд, аммо қаҳрамонию корнамоиҳои абармардони диёр ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.        

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Маълумоти пешакӣ оид ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018

Ҷамъбасти пешакии рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2018 нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ин давра таъмин гардидааст.

Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд дар давраи январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавӣ ба 3306,2 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 106,8 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 2298,1 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 108,1 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 439 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши моли чакана дар семоҳаи якуми соли 2018 ба 2303,6 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 822,5 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 117,7 ва 100,4 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 500,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 46,2 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ 136,2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ 364,6 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,9 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Дар заминаи афзоиши нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда нақшаи даромадҳои буҷети умумии вилоят (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 107,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 475,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 34,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 79,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Барзиёдии иҷрои нақшаи пешбинишудаи контингенти андозҳо асосан аз ҳисоби нисбат ба нақша ба буҷети давлатӣ барзиёд ворид гардидани андоз аз фоида (114,4 миллион сомонӣ), андоз аз даромад (98,4 миллион сомонӣ), низомҳои махсуси андозбандӣ (50,3 миллион сомонӣ), андоз аз молу мулки ғайриманқул (24,6 миллион сомонӣ), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (26,7 миллион сомонӣ), андоз аз воситаҳои нақлиёт (17,4 миллион сомонӣ) ва ғайраҳо таъмин гардид.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 8,7 фоиз маблағи (-5,5 миллион сомонӣ) ва андоз барои захираҳои табиӣ ба андозаи 3 фоиз (2 миллион сомонӣ) таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети умумии вилоят 7,5 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Роҷеъ ба маълумоти пешакии Раёсати андоз дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба андозаи 101,4 фоиз ва ба маблағи 163,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 89 фоиз ё ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 108,1 фоиз ё ба маблағи 113,3 миллион сомонӣ таъмин гардидааст.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартибе, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардиданд, ба маблағи 88,9 миллион сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,3 миллион сомонӣ ё 3,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 35,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 108 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 355,7 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 384,4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 28,6 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли сипарӣ 41,8 миллион сомонӣ ё 12,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ шаҳри Панҷакент уҳдадории худро дар иҷрои даромадҳо ба андозаи 14,4 фоиз (-3,8 миллион сомонӣ) таъмин накард ва дар натиҷа ба даромади буҷети маҳаллӣ 3,8 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории хароҷоти буҷети вилоят дар доираи воридоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ таъмин гардида, ба иқтисодиёти вилоят 325,8 миллион сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба нақша 4,2 миллион сомонӣ кам мебошад.

 Аз ҷумла, қисми хароҷоти буҷети вилоятӣ дар ин давра ба андозаи 99,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 55,3 миллион сомонии нақшавӣ, амалан аз буҷети вилоятӣ 54,9 миллион сомонӣ масраф гардидааст, ки нисбат ба нақша 0,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаи маориф 167,7 миллион сомонӣ, нигоҳдории тандурустӣ 79,8 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 25,5 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур беш аз 275,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 84,7 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад.

Дар таркиби хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллии вилоят дар ин давра ҳиссаи хароҷоти ҳимояшавандаи буҷет – музди меҳнат ва маош 60,3 фоиз, маблағҷудокунии кордиҳандагон 14,8 фоиз, кӯмакпулӣ, идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва алоқа 0,7 фоиз ва ҷамъи хароҷоти номбурда 76,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад, субвенсия ба маблағи умумии 27 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 0,9 миллион сомонӣ, Ашт 8,6 миллион сомонӣ, Деваштич 11 миллион сомонӣ, Шаҳристон 3,3 миллион сомонӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 3,2 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки 100,0 фоизи нақша мебошад.

Хадамоти матбуоти
Сарраёсати молия дар вилояти Суғд

Читать далее

Саҳм дар солимии мардум

Солҳои тулонӣ аз иллати сутунмӯҳра дарди миён азиятам медиҳад. Бо тавсияи табибони ҳозиқ дар ҳар шаш моҳ бояд дар муассисаҳои табобативу солимгардонӣ муолиҷа гирам. Лекин баъзан аз ташвишҳои зиндагӣ ва серкорӣ дар вақташ муолиҷа гирифта наметавонам, ки оқибат аз дарди ҷонкоҳ шинухез ва роҳгардиам душвор мегардад. Алалхусус, рӯзҳои боронӣ, яъне аз намии зиёд дарди миёну пой авҷ мегирад.

Имсол аз боронҳои пайдарпайи аввали баҳорӣ ва риоя нашудани муҳлати табобат, роҳгардӣ ва шинухезам мушкил гардид. Ба хулоса омадам, ки агар саривақт табобат нагирам, шояд барқарор намудани саломатиам ин дафъа тӯл кашад. Бо тавсияи фарзандону аҳли оила дар Маркази табобатӣ – солимгардонии «Нур» бистарӣ шудам. Дар ин дармонгоҳ тамоми шароит баҳри муолиҷаву фароғати мизоҷон муҳайё буда, утоқҳои барҳавои тозаву обод, аз ҷумла физиотерапевтӣ бо таҷҳизоти барқиву гармӣ ва дамгирӣ барои беморон хуб мебошад. Роҳбарият, пизишкону ҳамшираҳои шафқат, ҳатто, ошпазҳову фаррошони марказ бо муомилаи хуш баҳри солимии мардум хизмати шоиста менамоянд.

Хуллас, бо доруву дармон ва суханони табобатбахши духтурони дараҷаи олӣ Шавкат Муҳиддинов, Одилҷон Қобилов, ҳамшираҳои шафқат Дилором Усмонова, Мадина Умарова, Умеда Ҳоҷибоева, Санавбар Маҳкамова ва дигар кормандони Марказ саломатиам хеле беҳтар гардид. Аз ин рӯ, ба ин шахсоне, ки барои барқарории саломатиам хизмати шоиста карданд, миннатдории хешро ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаам мерасонам. Бигзор доимо тансиҳату комёб ва баҳри солимии мардум бо донишу малакаи тиббиашон саҳми хешро гузоранд.

А. АМИНЗОДА,
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 

Читать далее

Фазои холии иттилоотӣ пур мешавад!

Радио яке аз воситаҳои муҳими расонаҳои хабарӣ маҳсуб меёбад. Он ихтирои мақбултарин барои омма буда, василаи дастрастарини паҳн кардани ахбор мебошад. Махсусан, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати мардум ба радио бештар буд. Муҷдаи Fалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм тавассути он садо дод ва чӣ қадар ашкҳои шодӣ рехта, одамон якдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Бо тақозои айём аз солҳои 90-уми асри гузашта таъсири радио нисбатан коҳиш ёфт. Хусусан, аз кор мондани радиоҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ муносибати иттилоотии мардум, махсусан наврасону ҷавононро аз як воситаи муҳим канда кард. Нуқтаҳои радиошунавонӣ нисбатан барҳам хӯрданд. Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолӣ радио ҳамчун воситаи муҳими таъмингари иттилоот боз мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ аз 14 декабри соли 1996 ба тасвиб расид ва баъди мавриди амал қарор гирифтани он радио фаъол гардид.

Алҳол дар маҳалҳо радио мақоми худро ёфта, дар хизмати мардум аст. Масалан, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Fафуров нуқтаи радиошунавонӣ тавассути Қасри фарҳанги деҳа фаъолият дошта, дар шаҳраки Fафуров низ ҳамарӯза садои радио баланд аст.

Муқимҷон Алишехов

Читать далее