11 May 2018

Бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд гармхонаҳои замонавӣ бунёд мешавад

Рӯзи 10 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сунро ба ҳузур пазируфт.

Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд. Ширкати "Мён Сунг" аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усули гидропоникӣ гармхонаҳои муосирро бунёд кардааст, ки дар онҳо помидор, бодиринг ва булғорӣ истеҳсол карда мешавад.

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон

Рӯзи 10 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои як моҳи ҷавонӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон идома дорад, бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқот Раиси вилоят бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада шинос гардид. Дар рафти мулоқот, ки дар маҷлисгоҳи донишкада ҷараён гирифт, Раиси вилоят аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва фароҳам намудани шароити мусоид барои фаъолияти босамари аҳли илму адаб ва ихтироъкорону навоварон ёдовар шуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф низ пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд.

Читать далее

Нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи дом гарданд!

Дар ҳар давру замон инсонҳое ба дунё меоянд, ки бо кирдору рафтори ношоями худ боиси нафрати падару модар, ҷомеа ва тамоми сайёра мегарданд. Ин нафарон аслан андеша ва мақсади муайян надошта, бо супориш ва дастгирии хоҷагонашон умр ба сар мебаранд.

Ҳатто барои татбиқи супориши коргардонҳои пасипардагиашон аз тамоми арзишҳои муқаддас рӯй гардонида, баҳри расидан ба бовариву эътимоди хоҷагони хеш ҷаҳду талош меварзанд.

Аз табори чунин нохалафон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ- террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хосатан фарзанди хоин ва носипоси Ватан Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки ҳамарӯзаву ҳарсоата аз дастгириҳои хоҷагонаш бархӯрдор гардида истодааст.

Ин гумроҳ баъди ошкор гардидани амалҳои разилонааш аз кишвар фирор намуда, дар паноҳи хоҷагонаш зиндагиашро ба сар бурда истодааст.

Кабирӣ имрӯзҳо гӯё барои пиёда сохтани орзуву ормонҳои пинҳониву разилонаи хоҷагонаш ҷаҳду талош намуда, ҳамчун ҷини “ҳоҷатбарор” амал намуда, мунтазам барои афзун намудани сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ”, сафи ташкилоти террористӣ ва дигар созмонҳои тахрибкор аз ҳисоби наҳзатиён ва ҷавонони ноогоҳи кишвар ҷаҳду талош намуда истодааст.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки мавқеи хешро нисбат ба Кабирии бешараф, фарзанди хоин ва гумроҳи миллат муайян намуда, нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми ҷини хоҷагон афтида, ҳаёташонро бисӯзанд.

Фарҳод Воҳидов

Читать далее

Пушаймонӣ надорад оқибат суд...

Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, баробари дигар давлатҳо дар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор мебошад. Вазъи ҷаҳони имрӯза хеле ҳассос буда, дар баробари дигар масъалаҳо муаммоҳое мавҷуданд, ки ягон инсонро бетараф гузошта наметавонад.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар қатори ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин шаҳрвандони кишвари моро масъалаи терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва амалҳои номатлуби шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои ғайриқонунӣ ба ташвиш овардааст.

Зеро бархе аз ҷавонон ба ҳаёти осоишта, неъмати бебаҳои давлати соҳибистиқлол ва хоку оби кишвари биҳиштосо ношукрӣ намуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Имрӯз дар зери ҳавою ҳавас, сарват ё мумкин гумроҳӣ, ашхосе, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардида, амалҳое содир мекунанд, ки он ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Дар байни онҳо ашхосе низ ёфт мешаванд, ки аз кардаи худ пушаймон шуда ва ё дар ин роҳ ҳалок гардидаанд.

Онҳо на танҳо ҷони худ, балки ҷони фарзандони худ, хешу табор, падару модари хешро ба хатар гузоштаанд. Ин гуна ашхос дер дарк намудаанд, ки оқибати кори онҳо ба беномунишонӣ, ноумедӣ ва пушаймонӣ оварда мерасонад.

Хуб мешуд, ҳар яки мо новобаста ба синну сол ба хоки Ватани худ, авлоди худ, падару модари худ содиқ монда, аз ҳаёти барҳақ, биҳиштосо шукргузорӣ намуда, барои халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, кору зиндагӣ намоем. Ватани азизи худро дӯст дорем ва обод созем.

Мунира АЪЗАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №21, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

ҲНИТ бо балвоҳояш маҳв шуд

Ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зумраи ҳизби динии пасошӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар таърихи солҳои 90-уми миллати тоҷик аз худ доғи сиёҳ боқӣ гузоштааст.

Маҳз аз арзишҳои диниву мазҳабии мардуми тоҷик истифода бурда, мусалмонони ноогоҳро ба майдоннишинӣ даъват намуд.

Танҳо ҳамин омил ҷомеаи моро ба ҷанги таҳмилӣ водор намуд. Аз ҳамон давр сар карда, ин ҳизби ҷиноӣ бар сари миллати мо балову балвоҳоро овард.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ТЭТ ҲНИТ берун аз хоки кишвар дар сарзамини Афғонистону Эрон фаъолияти сиёсиву ҳарбӣ ва ифротии худро идома медод. Маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Роҳбари давлат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи хиёнаткорони наҳзатӣ бахшида шуд. Маҳз баъди ба имзорасии созишномаи сулҳ намояндагони ин ҳизб ба мақомотҳои сохториву ҳарбии давлатӣ шомил гардида, ба ҳаёти осоишта гузаштанд. Лек ин ҳама дастгириҳо барои онҳо ҳеҷ будааст. Аксари наҳзатиён дар дил кинаву адовати солҳои ҷанги шаҳрвандиро нигоҳ дошта, хостори боз ба даст гирифтани яроқ буданд.

Баъди ба сари роҳбарии ҳизб омадани Муҳиддин Кабирӣ маҷрои он дигар шуд.

Соли 2008 қароргоҳи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо сабаби напардохтани маблағи андоз ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқ муваққатан баста шуд. Лек Кабирӣ ва командаи ӯ баҳри дар ҷомеа шӯру ғавғо барангехтан тасмим гирифт бо фаъолону аъзоёни худ мулоқотро дар қароргоҳи ҳизб барпо намояд.

Албатта, ҳадафи Кабирӣ бо ин кирдораш фитнаандозиву барангехтани кинаи наҳзатиён нисбат ба сохторҳои давлатӣ маҳсуб меёфт.

Ба ин монанд моҳи июли соли 2014 зимни мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ба ҳамлаи ҷавонон нисбат ба ӯ анҷомид. Аз ин бармеояд, ки ҷавонони бонангу ор он замон аллакай аз нақшаву ниятҳои разилонаи ҲНИТ огаҳ гардида буданд.

Хушбахтона, соли 2015 тибқи қонунгузории мамлакат ва қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ манъ гардид. Ин иқдомро аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта, ақидаҳои ифротгароёнаи онро маҳкум намуданд. ТЭТ ҲНИТ бар зарари давлату миллат буда, амал накардани он гарави гул – гулшукуфии Ватани азизамон мебошад.

Ҳ. Қурбонов

Читать далее

Ваҳдат пояи давлат аст!

Таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон бар он башорат дорад, ки ин халқи тамаддунсоз ва бомаърифат баробари таъсис додану устуворбахшии давлати соҳибихтиёри худ тавонист дар рафъи мушкилоти аҳли башар ва умдатарин масоили давр нақшгузор бошад. Мардум хуб дарк кардаанд, ки озодии комили миллат дар замоне насиби мо гаштааст, ки ҷаҳонро рақобати сиёсиву худхоҳӣ фаро гирифтааст. Онҳо рисолати аҷдодии худ - некхоҳу футуватмандӣ, инсондӯстиву хештаншиносиро ҳифз намуда, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорию такомули пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузоштаанд.

Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми наҷотбахш ва тақдирсози миллат тавонист тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову поянда гардонад, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад. Ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозӣ будани онро собит созад.

«Ман, агар зарур шавад, ҷонамро барои осоиши Тоҷикистон фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намегирам. Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем. Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», - дар якчанд изҳороту Паёмҳои Пешвои миллат ин суханон ифода ёфтаанд, ки ба гуфти таърихнигорон барномаи амали Президент ва моҳияти дарси расидан ба ягонагии миллиро ифода мекунанд. Маҳз амалӣ шудани ҳамин барнома ба Тоҷикистон оромӣ ва сулҳу салоҳ овард, адлу некӣ дар кишвар ғалаба карда, ба якпорчагии Ватани тоҷикон ва ҳифзи ягонагии миллати тоҷик, ба ҳалли масъалаҳои умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шавад ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Обидиён Шавкат Анвар,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее

ХИЁНАТКОР ҲАР ҶО БОШАД, БОЗ ХИЁНАТКОР АСТ!

Хушбахтона, вақтҳои охир нисбати амалҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИТ  ягон нафар шаҳрванди баору номус ва ватандўсти кишвар дар канор набуда, нуқтаи назари худро оид ба ин ҳизби ҷиноӣ бо ВАО дохиливу хориҷӣ баён мекунанд. Таъкид ба маврид аст, ки ҳамчун ташкилоти ифротӣ эълонгардидани Ҳизби наҳзат амри саривақтӣ ва хеле зарур буд.

Зеро бархилофи таъиноти асосии фаъолияти худ аъзоёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон солҳои охир пайваста ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, ба ҳамин васила ба амният ва осудагии мардуми кишвар халалдор ворид сохтанд ва ҳатто ба табаддулоти давлатӣ даст заданд. Кирдорҳои хоинонаи роҳбарият ва аъзоёни ин ҳизби мамнўъ ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар барои ҳамагон маълум шуда буд. Лек наҳзатиёни маккор худро мусичабарин бегуноҳ вонамуд мекарданд ва дар рӯйи худ ниқоб гирифта буданд. Охиру оқибат ниқоби онҳо кашида шуд. Амалҳои онҳо рӯи об баромад.   

  Таъкид ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳварндӣ, ки касе намехост ба мансаби баланди давлатӣ таъин шавад ба майдони сиёсат омада, бо ҷонбозиҳои зиёд ва музокироти тўлонӣ дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор намуданд.  Яке аз иқдомҳои ҷавонмардона ва тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлат бахшишу авфи мухолифони давлату миллат буд, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Ҷонбозиҳои роҳбарияти давлат буд, ки боз халқи тоҷикро аз мардуми парешон сарҷамъ намуда, садҳо ҳазор гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид ва дар як муддати кўтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфт ва ин раванди бунёдкорӣ то ба ҳол идома дорад.

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо вуҷуди оташангезиҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ буданаш аз сиёсати таҳаммулпазирии Сарвари кишвар баҳраёб шуд, вале кўрнамакии аъзоёни ин ҳизб буд, ки дунболи ҳадафҳои ғаразнок ва супориши хоҷагони худ шуданд ва қариб буд, ки дубора алангаи ҷанги шаҳрвандиро боз намоянд.

  Ин ташкилоти террористӣ ҳатто нақшаи табаддулоти давлатиро тарҳрезӣ намуда, мехостанд бо ин амали худ зимоми идораи давлатро ба даст бигиранд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2015 генерали хоин  Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ҳамроҳ бо наҳзатиёни ватанфурӯш даст ба хиёнати Ватан заданд. Дар асоси факту далелҳои раднопазир ин амалкардаро пуштибону сарпарасташ Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҲНИТ буда,  ҳангоми кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дафтари кори ин ҳизб санадҳое дарёфт гардиданд, ки аз  мардум ба тазоҳуроту гирдиҳамоӣ ва ҳатто ҷанг даъват ба амал меоварданд.

  Фаъолияти баъдиҷанги дохилии ТЭТ ҲНИТ гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарону аъзоёни ин ҳизб барои ободию пешрафти давлат ва осудагии мардуми кишвар кори кўчаке ба анҷом нарасонидаанд, баръакс нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати давлат бо чашми нобоварӣ назар карда, дастоварду пешравиҳои даврони соҳибистиқлолиро нодида мегирифтанд.  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тамоми давраи фаъолияти худ танҳо амалҳои иғвоангезона ва манфиатҷўёна амалӣ намуда, кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар кишвар тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд, ки ин  амалҳои онон нобахшиданист.

Пўшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар ба туфайли заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз ҷиҳати иҷтимоӣ - иқтисодӣ пешравиҳои назаррасро  ноил гардидааст. Аммо, душманону миллитаи мо намехоҳанд, ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Ин тоифа даст ба исёну сияҳкорӣ зада, андешаҳои худро ба мардум таҳмил мекунанд. Вале халқи меҳнаткаш ва худогоҳу худшиносӣ мо ба дурустӣ дарк кардаву сиёҳро аз сафед ҷудо намуда метавонанд. Ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 мисоли барҷастаи ин гуфта аст, ки мардум бар зидди Назарзодаву гумроҳонаш ба по хеста, барои дастгир кардани ин ҷиноятпешагон ба мақомот кўмак карданд. Дар ин асос, мардуми кишвар фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро хиёнаткорӣ ба миллату давлат эътироф намуда, дигар ҳаргиз ба чунин ҳизбҳо эътимод намекунад. 

Салимова М.М
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ, НА ЗЕРИ ҚУДУМИ ХОҶАГОН

 

 

 

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Кошифӣ

Эҳтироми падару модар ва иҷро намудани супоришу хоҳиши онҳо аз беҳтарин сифати инсонӣ буда, некиву накукорӣ ба онҳо, бароварда намудани ниёзҳояшон хусусан дар дами пирӣ касро ба ояндаи дурахшон ва босаодат хоҳад расонид, ки ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати одаму одамгарӣ қобили қабул аст.

Гуфторе байни мардум маъмул аст, ки “агар дарахт бо об сабзад, инсон бо дуо хоҳад сабзид”. Чун аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ бадандеш ва гумроҳ ҳастанд, шояд ин гуфторро ба фаҳмиши танги худ дарк ва қабул кунанд. Шояд онҳо ду ҷониб будан ва ё ду сар доштани дуоро надонанд. Чунки то ин дам дар ёд надорам, ки ягон модаре ва ё ҳаммиллате нисбати онҳо дуои нек карда бошад. Ҳамагон аз тавлиди чунин фарзандони нохалаф безоранд. Аз рӯ, бори дигар ҳушдор медиҳем, ки дуои нек инсонро месабзонад, на дуои бад.

Чун Шумо наҳзатиҳо худро дар минбарҳо ҳомии дини мубини ислом ва “озодандешон” вонамуд мекунед, гумон мекардам шояд дар мавриди эҳтироми падару модар аз китоби муқаддаси Қуръони карим хондаед. Аммо кирдору рафтори шуморо дар ин маврид мебинам боз ба ҳайрат меафтам, андешае ба сарам меояд, ки заррае дар ин бора хабар надоред. Зеро барои Шумо ва шумобаринҳо хоҷа аз волидайн ҳам боло меистад.

Барои исботи гуфтаҳо мисоле меорам, ки воқеист ва он ҳатто аз ҷониби роҳбари ҳизби ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст. 3-юми майи соли 2012, баъди адои намози зуҳр дар масҷиди деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод маросими ҷанозаи модари Кабирӣ бе иштироки ӯ баргузор гардид. Ба шарҳи наҳзатиҳо, ки гӯиё Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар як конфронси байналмилалӣ ва мулоқот бо муҳоҷирини меҳнатӣ ба Маскав рафта буд, имкони ширкат дар ҷанозаи модарашро пайдо накард. Аммо паҳлӯи равшани масъала ин аст, ки аз он замон ошкоргардии камбудиву норасоии наҳзат ва сӯйистифодаи дини мубини ислом, ки дар ҳизб мушоҳида мегардид. Кабирӣ аллакай бо супориши хоҷагонаш барои дар хориҷ аз кишвар барои афзун намудани сафи наҳзат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии азияткашида ва мушкилидошта камар баста буд. Муҳиддин Кабирӣ медонист, ки агар ин супоришро иҷро накунад, хоҷагонаш аз ӯ рӯй мегардонанд. Онҳо дигарбора ба ӯ кӯмак намекунанд. Ҳамзамон дарк мекард, ки дигар барояш аз модари даргузашта манфиате нест. Аз ин рӯ баргузории мулоқот ва суҳбатро дар мавриди гумроҳкунии ҷавонони муҳоҷир авло донист. Бо ин роҳ Кабирӣ гӯё содиқ будани худро ба хоҷагонаш нишон дод. Ӯ дар як сӯҳбати телефонии худ, ки ба мардуми дар маросими ҷаноза ҷамъомада тавассути баландгӯяк расонда мешуд, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Миннатдорам, ки дар ин рӯзи душвор ҷойи моро пур кардед. Мо ки натавонистем дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи модар бошем, яко яки Шумо ҳамчун фарзанди модарам ба ҷои мо ҳастед.”

Саволе пайдо мешавад, ки кадом инсон метавонад дар қалби модар ҷои ҷигарбандашро пур кунад? Агар чунин мешуд... Аз ин бармеояд, ки ба гӯши Кабирӣ фармудаи “биҳишт зери қудуми модарон” - “биҳишт зери қудуми хоҷагон” расидааст.

Мавриди дигар, ки шаҳодат аз канор гузоштани модар ва авло донистани хизмат ба хоҷагон ошкор гардида истодааст, ин рафтори хоини миллати тоҷик Сайидюнуси Истаравшанист. Ин нокас дар забонаш дигар гап асту амалаш дигар. Ин мисли ҳамон воизест, ки Хоҷа Ҳофиз васфаш карда:

Воизон к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват меравад в-он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Масалан дар торнамое, ки ба Сайидюнус ва хоҷагонаш марбут мебошад, оид ба эҳтироми волидайн оварда шудааст, ки:

Некӣ бо модар намову бо падар,

Дарди онҳоро ба ҷони худ бихар!

Пир гардад гар яке ё ҳардувон,

Пеши ту эй огаҳ аз асрори ҷон!

Рӯ туруш манмову ҳаргиз уф магӯ,

Бо хушӣ бинмо ба онон гуфтугӯ.

Аммо дар амал бинем агар имрӯз дур аз модар Сайидюнус ба хизмати хоҷагонаш машғул буда, тарки модар кардааст. Ҳатто бо супориши хоҷагонаш дар кишваре, ки модараш дар он зиндагӣ мекунад барои нооромиву бесуботии он мекӯшад. Яъне ин нохалаф  бо волидони худ ҷанг эълон кардааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми модар зикр доштанд, ки: “Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад”.

Агар аз нигоҳи дини мубини ислом ба масъалаи эҳтироми падару модар назар афканем, маълум мегардад, ки барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Паёмбари акрам (с.а.в.) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд. Парвардигор ба падару модари худ меҳрубон будан ва ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳои боиси хушҳолкунандаро фармудааст. Барои волидон фарзандони солеҳ ҳадяи беҳтарини Яздони пок нури чашмон ва фараҳу сурури қалбҳоянд.

Аз Расули акрам (с) дар гиромӣ доштани волидон чунин фармудааст:  «Ал-ҷаннату таҳта-л-қудуми уммаҳот» (Биҳишт зери пои модарон аст).  Накўӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Подоши накўӣ ба падару модар аз он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Дар Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро ба волидайнашонро надодааст.

Дар «Ҷомеъ-ус-сағир» омада: Аллоҳ таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таолоро дар ғазаб оварда бошад».

Хулоса, ба роҳбарият, аъзову ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва дигар хоинони миллати тоҷик муроҷиат намуда, баён медорам, ки ба хотири эҳтироми Ватан, ки дар он модаратон зиндагӣ мекунад ва ё дар он оромгоҳи модаратон вуҷуд дорад ба Ватан – Модар хиёнат накунед. Бовар дорам, ки модаронатон низ аз кирдори Шумо ризо нестанд. Зеро ягон модар бадбахтии фарзандро намехоҳад. Аз ин рӯ, хиёнат ба Ватан – хиёнат ба Модар аст. Муборизаи шумо бо Ватан – мубориза бо модаронатон аст. Эълони ҷанги шумо бо Ватан эълони ҷанг бо модаронатон аст, зеро дар ин Ватан дар канори ҳамватанон модарони Шумо низ зиндагӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, бори дигар даъват ба амал меорем, ки агар дар қалбатон заррае раҳму шафқат ва эҳсоси муҳаббат нисбат ба модар доред аз хиёнат ба Ватан – модар даст кашед.

Ф. Воҳидов

 

 

 

Читать далее

ТАЪРИХИ БАВУҶУДОӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОНИИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегўянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тўли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хеле амиқ буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.

Терроризм ҳамчун падидаи таърихӣ бо решаҳои худ аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Аз рўи бавуҷудоии худ истилоҳи лотинии «терроро» маънои «тарс, ҳарос»-ро дорад. Лекин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ он то пайдо кардани номи худ низ вуҷуд дошт. Дар таърихи инсоният аз ҳама гурўҳи машҳури террористӣ – гурўҳи сиккориҳо дониста мешавад.

Дар асри XI дар кишварҳои китъаи шарқ гурўҳи ассосинҳо амал менамуд. Гурўҳи пинҳониро Ҳасан ал- Саббоҳ ташкил намуда буд, ки вайро таърихшиносон асосгузори ғоявии терроризм эътироф менамоянд. Гурўҳҳои пинҳонии террористӣ давраи қадим дар Шарқи дур, Ҳиндустон ва Хитой маълум буданд. Аъзоёни ин гурўҳҳо бо кирдорҳои номатлуб, одамкушии касбӣ ва умуман бо ном «хизматрасонии пулакии» фармоишгарон машғул буданд.

Таккони ҷиддиро ба ташаккули терроризм инқилоби бузурги Франсия расонидааст. Маҳз дар натиҷаи рух додани инқилоби номбурда падидаи нави терроризми сиёсӣ ба вуҷуд омад. Ибтидо аз асри XIX амалҳои террористӣ дар қитъаи Аврупо хусусиятӣ мунтазамро пайдо намуд.

Масъалаи ташаккули зуҳуроти терроризм аҳамияти хосаро дар кишвари  Русия дошт. Байни ташкилотҳои сершумори террористӣ дар давраҳои гуногуни Русия амал менамуда, ба таври махсус бояд гурўҳи «Народная воля (иродаи халқӣ)»-ро ишора намуд. Дар тўли се соли вуҷуддоштани худ аъзоёни гурўҳи мазкур кирдорҳои террористӣ, аз қабили ба қатл расонидани Генерал-губернатори Петербург, роҳбари шўъбаи сеюм генерал Мезентсев, шоҳаншоҳ Александри II  ва ғайра ба ҳисоб меравад.

Ғояҳои  «иродаи халқчиён» террористони чӣ дохилӣ ва чй хориҷиро илҳом мебахшид. Ворисони ақидаҳои террористии «иродаи халқчиён» гурўҳи Эсерҳо баромад менамуданд. Қариб ҳамаи кушторҳои қисми аввали асри XX, аз соли 1901 то соли 1911 дар Русия аз тарафи террористон – эсерҳо ба вуқўъ пайвастааст. Ба сифати объекти зарбаи террористӣ ду вазир, шонздаҳ ҳокимони шаҳрҳо, сиву се генерал губернатор ва муовинони онҳо, ҳафт генерал ва адмиралҳо, понздаҳ полковникҳо, ҳашт машваратчиёни судӣ баромад намудааст.

Соли 1918 аз ҷониби эсер Сергеев Комисар оид ба корҳои нашр, ташвиқот ва тарғибот Володарский, аз ҷониби эсер Блюмкин бошад  сафири Германия дар Россия граф Велгелм Мирбах кушта шуда буданд. Аз ин бармеояд, ки дар қаламрави давлатҳои алоҳида гурўҳҳои террористӣ вуҷуд дошта, барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо роҳи муборизаи пинҳонӣ ва террористиро пеша менамуданд.

Тамаддуни ғарб ва шарқ низ аз падидаҳои террористӣ холӣ набуданд. Дар Амрико аз тарафи террористон Президентони США Мак-Кинли ва Гарфилд ба қатл расонида шуда буданд. Дар Германия бошад ба ҷони кайзери олмон Бисмарк сўиқасд шуда буд. Соли 1894 Президенти Франсия Карно, соли 1897 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 шаҳзодаи австрия венгрия Елизаветта, соли 1900 бошад шоҳи Италия Умберто аз дасти террористон ба қатл расонида шуда буданд.  

Дар асри XX то оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ терроризм ҳамчун нишонаи ҳаракати чап, ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ дониста мешуд. Аммо муборизон барои озодӣ ва соҳибистиқлолии кишвари македония, ирландия ягон иртибот бо ҳаракати чапи таъиноти сотсиалистӣ дошта надоштанд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ ташкилотҳои террористӣ дастгирии худро дар симои гурўҳҳои ҷудоихоҳ, масалан,  ҳаракати озодихоҳи хорватӣ дастгирии худро аз тарафи Италия ва Венгрия меёфтанд.

Терроризм инчунин дар доираи ҳаракатҳои фашистӣ рушд карда буд. Мисоли он ҳаракати руминии «гвардияи пулодин» ба ҳисоб меравад. 

Солҳои 30-40-уми асри XX терроризмро ҳамчун олоти барои истифода гурўҳҳои эстремистии хусусияти тарафи роста дошта, ба монанди «Бародарони мусулмон» ва ё «Мисри ҷавон» мегиранд.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон кирдори террористон ба дараҷаи дуюм паст фаромад. Мақоми онро ҷангҳои хусусияти локалӣ ва ё шиддатнокиаш паст, масалан, ҷанг дар Корея ва ё Ветнам ишғол менамояд. Ҳаракатҳои террористӣ акнун ҳамчун ҳаракатҳои ихтиёрию партизанӣ ё худ ҳамчун қисми қувваҳои мусаллаҳ баромад менамуд. Ин ҳодиса бо гурўҳҳои террористии аврупоӣ рух дод, ки бо оғози моҷарои гражданӣ дар Фаластин ва таҷовузу истилои қувваҳои мусаллаҳи араб, ҳамчун қисми таркибии қувваҳои мусаллаҳи Исроил баромад намуданд. Лекин баъди солҳои 60 –ум ва оғози солҳои 70 –ум асри XX фаъолгардии босуръати ҳаракати террористӣ мушоҳида гардид. Мисоли гуфтаҳои боло воқеаҳои соли 1972 дар Мюнхен, дар вақти баргузории бозиҳои олимпӣ шуда метавонад. 5 октябри соли 1972 аъзоёни гурўҳи террористии «сентябри сиёҳ» варзишгарони давлати Исроилро ба гаравгонӣ мегиранд. Ҳангоми ҳуҷум дар ҷои воқеа ҳам варзишгарон ва ҳам террористон нобуд мегарданд. Махсусан, солҳои охири асри XX терроризм васеъ ва беамон гардид. Он ба ҳамагуна амалҳои қотилонаи бераҳм даст мезад. Таркишҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар қатораҳо, вокзалҳо, ресторанҳо, ҳангоми баргузории ҷорабиниҳои тантанавию ҷашнӣ ба миён меомад. Махсусан баргузор намудани таркиш бо истифода аз автомашинаи бо маводи тарканда муҷаҳҳаз гардида, хеле бисёр истифода мегардид.

Ҳолати дуздидани хизматчиёни давлатӣ, дипломатҳо, пешвоёни ҳизбҳои сиёсӣ, куштор ва ғасби биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ хеле зиёд гардид. Самтҳои нави то ҳол номаълуми амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд: терроризми ҳавоӣ, ядроӣ, биологӣ, экологӣ, ахборотӣ ва ғайра. Ҳамаи онҳо баръало хусусияти терроризми сиёсиро дар худ дорад.  

Мақсади асосии он гирифтани товони пасхарид (выкуп)  ва ё аз маҳбасҳо озод намудани ҳамяроқони дастгиршуда набуда, балки  мақсади олии онҳо ба ҳолати ногувори вобастагӣ ва сархам қарор додани кулли ҳалқҳо, миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Аз ҳама амалҳои террористии овозадор маҳз дар даҳсолаи охирони асри  XX рух додааст. Дар ҳамин давра стратегияи терроризми муосир коркард шуда, усули баргузории он сайқал дода мешавад. Террористон ба иттиҳодияҳои байналмилалӣ «гурўҳои муттаҳида» сарҷамъ гардида, ба хизмати худ дастовардҳои беҳтарини илм ва техникаро  омода менамоянд.

Дар сад соли охир падидаи терроризм ба тарафи манфӣ тағйир ёфт. Терроризм як омиле маҳсуб меёбад, ки бо он ҳамаи ҳукуматҳо чӣ дар сиёсати дохилии худ ва чӣ дар сиёсати берунаи худ бархурдор шуда, онро ба инобат мегиранд.

Қудратнокии терроризм алалхусус солҳои 60 –уми асри XX баланд гардид ва дар натиҷа минтақаҳои калони олам бо фаъолнокии гурўҳҳои террористӣ фаро гирифта шуда буд. Дар давраи муосир дар арсаи байналмилалӣ тақрибан 500 ташкилотҳои ғайриқонунии террористӣ вуҷуд дорад.

Аз соли 1968 то 1980 аз тарафи ин ташкилотҳои террористӣ тақрибан 6700 амалҳои террористӣ содир шуда, дар натиҷа 3668 нафар кушта шуда, 7474 нафар ярадор гардидааст.  Дар давраи муосир хуруҷ гирифтани фаъолияти террористии шахсони экстремист, гурўҳҳо ва ташкилтҳо ба чашм расида мураккабию зиддиинсонӣ будани ин амалҳо мушоҳида карда мешавад. Фаъолияти террористӣ бо паҳногии амалишавӣ, алоқамандии ташкилотҳо ва гурўҳҳои террористии байналмилалӣ фарқ карда мешавад. Ин сохторҳои пуриқтидор дорои таъминоти мувофиқ низ мебошад. Дастгирии асосии молиявии ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби кишварҳои нафт истиҳроҷкунандаи араб ва кишварҳои бойи ғарб ба амал бароварда мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти як қатор олимони рус ва таҳлилҳои хориҷии дур буҷаи умуми терроризм дар давраи ҳозира тақрибаи аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоро ташкил медиҳад. Терроризм оҳиста-оҳиста ба тиҷорати фоидаовари глобалӣ, бозори васеи шуғли меҳнат (ҷалби зархаридон барои амалҳои террористӣ) ва бозори «сармоягузорӣ» (харидории яроқ, нашъаҷалобӣ ва ғайра) мубаддал гардида истодааст.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – ум фоҷиаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд: «Имрўз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ  мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки  мубориза бар  зидди терроризм, яке аз проблемаҳои  муҳимтарин, ки  имрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ  менамояд. Мо терроризмро дар тамоми  шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем».

Солиев И.М.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ПРИНСИПИ ҲАМСОЛ БА ҲАМСОЛ РОҲИ БЕҲТАРИНИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷавон буда, теъдоди бештари сокинонашро насли наврас ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин замина бояд гуфт, ки барои тарбияи солими насли наврас ҳамаи афроди ҷомеаи муосир масъулият доранд,  аз ҷумла мо – омӯзгорону устодон вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.

Дар замони мо падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм паҳн гаштаанд, ки ба амнияту осоиштагии ҷомеа хатарафзо мебошанд.

Ифротгароӣ ва тундравӣ падидае аст, ки шахси ба он гирифторгардида танҳо ақидаи худашро дуруст ва гуфтаҳои дигаронро инкор мекунад. Махсусан, ба ифротгароӣ бештар ҷавононе майл мекунанд, ки таҷрибаи зиндагӣ надоранд ва мехоҳанд, ки “дониши бадастовардаашон”-ро дар амал татбиқ намоянд. Дар ин замина донишҳои динӣ барои майл кардани онҳо ба ифротгароӣ мусоидат мекунад. Аслан, дониши динӣ новобаста аз он, ки пайрави кадом дину оин аст, ҳаргиз ба терроризму экстремизм тарғиб намекунад. Аммо гурўҳи ҷавонони ба тарғибу ташвиқи мубаллиғони равияҳои динӣ, “муллоҳои чаласаводи гирифторгардида” ба ифротгароӣ рўй меоваранд. Мутаассифона, мушкилии дигар дар он аст, ки ифротгароиро як ҷузъи “фарҳанги миллӣ” намоиш медиҳанд.

Мисоли оддие, ки дар аксари ҷомеаҳои Шарқи Наздик ба чашм мерасад, ба мактаб ва донишгоҳ ҷалб нагардидани занону духтарон мебошад. Ҷавонони ифротӣ ҳамсарашон як тараф истад, нисбати таҳсилу илмомўзӣ ба хоҳаронашон монеа эҷод мекунанд. Онҳо ин корашонро чунин шарҳ медиҳанд, ки пештар чунин набуд, бибию бибикалонҳояшон таҳсил накарда буданд.  Аммо онҳо бо ин ақидаи хурофотии худ бар зидии аҳкоми шариат зид мебароянд. Хушбахтона, дар мазҳаби мо - ҳанафия қадру қимати илмомӯзӣ то ба ибодат бардошта шудааст.

Исломи воқеӣ онро талаб мекунад, ки ҳар мусалмонмарду мусалмонзан илм омўзанд ва он аз зумраи фарзи шаръӣ ҳисобида мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар байни сокинони ҷомеа чунин пиндорҳо гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Аз ин хотир, барои аз байн бурдани фаҳмишҳои барғалат ва ифротӣ беҳтарин роҳе, ки метавонад ҷавононро ҳидоят намояд, усули тарбияи ҳамсол ба ҳамсол аст.

Дар ин намуди тарбия нақши муҳимро ҳамсолони ҷавонон ба ҷо меоранд. Як гурӯҳи солимфикри ҷавонон ба гурӯҳи дигар роҳи дурусти зиндагӣ ва баромадан аз ифротгароиро мефаҳмонад. Агар ҷавони ифротгаро майл ба дин дошта бошад, ҳамсолаш,  бояд ба ў роҳи дурустро фаҳмонад.

Аз ин рў, дар донишгоҳҳою донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ гурӯҳи фаъоли донишҷўёни пешқадамро ташкил намудан лозим аст. Онҳоро барои бурдани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ бо ҷавонони андешаҳояшон майл ба ифротгароӣ дошта, ҷалб намудан лозим аст. Дар ин маврид худ аз худ ҳамсол бо ҳамсол муносибат карда, барои ба роҳи рост раҳнамоӣ кардан мусоидат менамояд.

Гузашта аз ин, роҳи пешрафтаи паст кардани ҳолатҳои ифротгароӣ ва тундравӣ боло бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи ҷавонон аст. Дар ин самт низ ҷавонон метавонанд, ҳамчун дастёрони тарғиботчиёни сиёсӣ дар донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ баромад намоянд.

Ҷавонони ҳамаҷониба рушдёфта, пешсаф ва зирак метавонанд ҳамсолони худро тарбия намоянд. Онҳоро ба роҳи рости ҳам қонунӣ ва ҳам шаръӣ ҳидоят намоянд.

Дигар омили муҳимтарини паст рафтани руҳияи иртиҷоиву ифротии ҷавонон ба онҳо фаҳмонида дода тавонистани нодурустии фикру рафторашон аст. Дар ин маврид бояд роҳбарони синф, гурӯҳҳои академӣ, масъулони тарбия бо онҳо суҳбату мулоқотҳо гузаронанд. Руҳияи ифротгароён ва тундгароён чунон аст, ки бо дидгоҳи яктарафа маҳдуд гаштааст. Агар онҳоро ба фикр кардан кас водор кунад, оҳиста-оҳиста аз роҳи бад бармегарданд. Аммо барои ўро қоил гардонидан ба омўзгор ва мураббӣ сабру дониши бениҳоят зиёд даркор аст. Дар ин ҷода принсипи ҳамсол ба ҳамсол  метавонад, ки ҷавононро беҳтар ва хубтар аз роҳи бад боздорад.

Инчунин ҷавонон дар деҳаҳо, дар маҳаллаҳо метавонанд, ки сабабгори кам кардани руҳияи ифротӣ гарданд. Аз ҳама муҳим дар ин самт ибрати шахсии ҷавонони пешқадам шуда метавонад.

Асри кунуниро асри иттилоот меноманд ва фаровонии маълумот метавонад, ки ҷавононро раҳгум занонад ва аз анбуҳи иттилоот чизи даркориро ёфта натавонад.  Аммо мутолиаи китобҳои даркорӣ, раҳнамоҳои дурусти ахлоқӣ, асарҳои бадеӣ ва илмӣ метавонад, ки асоситарин монеа ба паҳншавии хурофоту ифротгароӣ бошад.

Марофиева С.Х.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее