12 May 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар

12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

Читать далее