16 May 2018

Нахустин автобусҳои Тошканд ба Хуҷанд омаданд

Нимаи дуюми рӯзи 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд ва меҳмонро дар шаҳри Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар маросими мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди байни ду мамлакат рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст, ки барои некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

- Кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад, — зикр намуд ӯ.

Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад. Нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайате, ки имрӯз аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овард, намояндагони илму адаб ва рӯзноманигорони мамлакати ҳамсоя шомил мебошанд. Сафари меҳмонон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ идома дорад ва дар назар аст онҳо то бегоҳ аз мавзеҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ дидан намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Пойдории оила - солимии ҷомеа

Дар Чойхонаи миллии Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги «Арбоб» бахшида ба Рўзи байналмилалии оила ва соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфили идона баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аҳли нишастро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Рўзи оила табрику муборакбод карда, дар бораи оила ва оиладорӣ, оила – бақои миллат, амалигардонии тадбирҳои оқилонаи давлат ва ҳукумат ҷиҳати пойдории оила ва оиладорӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ба тасвиб расидани Фармон ва дастуру супоришҳо баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии оила ва оиладорӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Оила асоси ҷамъият ва ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва инсон ҳамчун шахсият ташаккул меёбад.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Читать далее

Раиси вилоят Муҳаммадисроил Ниёзовро аёдат намуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадисроил Ниёзовро аёдат намуд.

Муҳаммадисроил Ниёзов 38 сол дошта, аз айёми кӯдакиаш дар бистари беморӣ қарор дорад ва ба ӯ ҳамчун шахси имконияташ маҳдуд аз ҷониби давлат кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои аёдат иброз дошт, ки шахсони ниёзманд таҳти ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва ба таври доимӣ ба чунин ашхос кӯмакҳо расонида мешавад. Аз ҷумла, худи ҳамин рӯз ба оилаи Ниёзовҳо кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Читать далее

Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд

Рӯзи 14 майи соли равон бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба муносибати баистифодадиҳии Қасри фарҳанг дар ҷамоати мазкур чорабинии идона доир шуд. Раиси вилоят дар суханронии худ таъкид кард, ки Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муддати се моҳ аз таъмир бароварда шуд.

Читать далее

Оғози сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» дар ноҳияи Мастчоҳ

Зимни сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзи 14 май сурат гирифт, ба сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» оғоз бахшида шуд.

Тавре ҳангоми муаррифии лоиҳаи сохтмон иттилоъ доданд, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кутоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад.

Читать далее

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди ду мактаби нав санги асос гузошта шуд

Рӯзи 14-уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он ба сохтмони як қатор иншооти гуногун оғоз бахшид.

Нахуст дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди мактаби нав санги асос гузошта шуд. Тибқи лоиҳа муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаст. Иншооти сохташаванда бо тамоми шароит, аз ҷумла толори варзишӣ, ошхона ва буғхона барои гармидиҳии мутамарказонидашуда бунёд хоҳад шуд. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ лавозимоти зарурӣ ва дигар ашёи таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас карда мешавад.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ иштирок карданд.

Читать далее