May 2018

30 May 2018

Рисолати Ваҳдати миллӣ

Дар айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

Fояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам ва боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддас мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад.

Дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқ ғӯтавар шуд.

Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зуҳуроти дурахшони ваҳдати сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои такдирсоз хуш истиқбол кард. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро Рӯзи ваҳдати миллӣ - Иди ваҳдат ба шумор овард ва он ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

Имрӯзҳо натанҳо халқу кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Myҳимтар аз ҳама, тавассути ин тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад.

Омилҳои таҳаммулпазирии халқи азиз аз маънавиёти баланду соҳиби адабиёти ғановатманду қадима будани он сарчашма мегиранд.

Беҳуда нест, ки таҷрибаи тоҷикон дар таъмини сулҳу салоҳ, ба Ватан баргардонидани зиёда аз 1 миллион нафар гуреза ҳамчун модели сулҳовар қабул гардидааст. Ҳамаҷониба беҳгардонии ин таҷриба дар мавриди рух додани чунин низою муноқишаҳо барои ҳарчӣ зудтар ёфтани роҳи ҳалли онҳо мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати Ваҳдати миллӣ олитарин арзишест, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат намуд. Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати ваҳдати миллӣ зуҳуроти рӯшани ягонагии тамоми ҷомеаи мамлакат ва ҳамбастагии он бо давлат ва Ҳукумат, бахусус Президенти худ хоҳад буд.

Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи Суди
 шаҳри Исфара

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар Исфара

29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, бо корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шинос гардид.

Нахуст боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои ободонӣ дар назди бинои Бозрасии давлатии автомобилӣ воқеъ дар шаҳраки Нурафшон сурат гирифт, ки ҳамзамон бо таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара рӯи кор омадааст.

Читать далее

Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом

29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, ба корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо оғоз бахшид.

Дар ин рӯз мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои ба номи Мамадхӯҷа Олимов, Латифҷон Ҳасанов ва кӯчаи Мири шаҳр шурӯъ шуд. Раиси вилоят қабл аз оғози корҳо бо сокинони шаҳр суҳбатҳо намуда, аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдоварӣ кард. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Конибодом корҳои бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Читать далее

29 May 2018

Иштироки Раиси вилоят дар оғози бунёди Боғи фарҳангиву истироҳатӣ ва мумфаршкунии кӯчаи «1 Май»-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ

Дар доираи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи ҷашни бузурги миллат  -  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегиранд.

29 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, барои бунёди боғи фарҳангиву фароғатӣ санги асос гузошт ва ҳамзамон ба мумфаршкунии кӯчаи «1 Май» ҳусни оғоз бахшид.

Читать далее

Хунукназарӣ ҳосилнокии заминро мекоҳонад!

Дар ҳошияи сафари кории Раиси вилоят

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 23 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Fафуров ташриф оварда, аз рафти корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла Ҷамъиятҳои саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия дидан намуда, аз ҷараёни сусти корҳои кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Суоле ба миён меояд, ки кор то кадом андоза ҷоннок мегардад? Оё эродҳо ислоҳ мешавандҳ

Алафи бегона ба ҷои пахта?

Баробари дастгириҳои пайвастаи соҳаи пахтакорӣ аз чӣ бошад, ки имсол деҳқонону хоҷагидорон ва иҷоракорон бо баҳонаҷӯӣ, ба кишти он хунукназарона муносибат намудаандҳ

Дар посух ба ин суол хоҷагидорону деҳқонон мушкилотро аз набудани об ва сари вақт обёрӣ нашудани заминҳои пахта арзёбӣ менамоянд.

Дар мувозинати ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2662 гектар замини обӣ ҳаст, ки ба 1551 гектари он пунбадона кишт шудааст. Ҳангоми боздид аз рафти корҳои саҳроии ин хоҷагӣ аён гардид, ки бинобар набудани оби полезӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор гардида, боиси ташналаб мондани заминҳои пахта гаштааст. Бино ба гуфти иҷоракор Абдуллоҷон Раҳимов зиёда аз як моҳ инҷониб муаммои оби полезӣ хоҷагидоронро ба ташвиш овардааст.

- Алҳол чанд рӯзи охир ба ҷӯйборҳо об омадааст. Ин боис гашт, ки беш аз 1 гектар замин ба иҷора гирифта, дар 30 сотихи он пунбадона кишт намудам. Имрӯзҳо бошад коркарди якум ва дуюм гузаронида, корҳои ягонакуниву тоза намудани замин аз алафҳои бегона идома дорад. Дар сурати ба иҷро расонидани ин корҳо баъдан додани озуқаву доруҳои заруриро оғоз мекунем, - мегӯяд номбурда.

Ҳамзамон, дар ҷараёни азназаргузаронии заминҳо аён гардид, ки аксари деҳқонон нисбат ба ҳолати замин басо фориғболона муносибат намуда, баъзе ҷӯйбору каналҳо то ҳол аз партовҳо тоза нашудаву заминҳои пахта зери алафҳои бегона мондаанд.

Бино ба гуфти раиси ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев Абдуваҳҳоб Муродов хоҷагӣ имрӯз дар 3 минтақа, аз ҷумла мавзеъҳои ба номи Додоҷон Набиев, минтақаи Унҷӣ ва Замини нав ҷойгир шудааст. Бино ба гуфти ӯ дар минтақаи Унҷӣ муаммои оби полезӣ ҷой надошта, дар ду минтақаи дигар, ки танқисии об ба чашм мерасид, имрӯзҳо ҳалли худро меёбад.

Чунин ҳолат дар заминҳои ҶСК Абдураҳим Ҷумъаев низ ба мушоҳида расид, ки заминҳои пахта зери алаф мондааст. Пас аз ташрифи Раиси вилоят ва ба масъулин додани дастуру супориши қатъӣ хоҷагидорону деҳқонон ба саҳро баромада, заминро аз алафҳои бегона тоза намуда истодаанд.

Айб дар сой аст ё дар ҷой?

Маврид ба зикр аст, ки ҷамъияти мазкур дорои 2725 гектар замини корам буда, тибқи дурнамо дар майдони 1565 гектар пахта кишт намудааст. То 24 майи соли равон наздики 600 гектар замини пахта аз алафҳои бегона тоза ва дар 300 гектар корҳои ягонакунии ниҳоли он ба иҷро расидааст.

Масъулин изҳор доштанд, ки обрасонии минтақаи бригадаи рақами 2-3 тариқи сойи Хоҷабоқирғон сурат мегирифт ва аз лиҳози набудани об кишоварзон ба мушкилӣ дучор гардида, боиси афзудани алафҳои бегона ва ақибмонии нашъунамои он шудааст.

Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев имсол кишти пахта барвақт гузаронида шуда, бинобар номусоидии обу ҳаво ниҳолҳои пахтаро хунук зад ва аз ин рӯ такроран кишти онро ба роҳ мондаанд.

Мавсуф изҳор дошт, ки тибқи дурнамо то 24 майи соли равон дар ноҳия дар майдони зиёда аз 8000 гектар кишти пахта гузаронида, дар 2579 гектар корҳои нармкунии ниҳоли пахта ба иҷро расонида шуд. Коркарди байниқаторӣ бошад дар 7892 гектар замин иҷро гардида, дар як рӯз 375 гектарро ташкил медиҳад. Дар масоҳати 153 гектар замин ҳоло нашъунамои ниҳоли пахта ба назар намерасад. Масъулин изҳор доштанд, ки корҳои коркарди агротехникӣ идома дошта, сабаби дер омадани оби сойи Хоҷабоқирғонро асосан аз натиҷаи дер об шудани пиряхҳо шарҳ доданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки он заминҳое, ки дар наздикии минтақаи сойи Хоҷабоқирғон қарор доранд, нашъунамояшон суст аст.

Имрӯз аз оби сой дар маҷмӯъ ба масоҳати 870 гектар хоҷагии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, 400 гектар хоҷагии Раҳмон Набиев, 930 гектар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварз, 17 800 гектар хоҷагиҳои деҳоти Овчиқалъача обёрӣ карда мешаванд. Дар худи мавзеи Хоҷабоқирғон 950 гектар замини пахта кишт шуда, пас аз 9 май таъминоти обрасонӣ аз сой беҳтар шуд.

Агар камбудӣ ислоҳ шавад…

Аз натиҷаи боздид ва гуфтаҳои масъулину хоҷагидорон ба хулоса омадан мумкин аст, ки омили асосии норасоии оби полезӣ ин пеш аз ҳама набудани об дар сойи Хоҷабоқирғон, бомаром фаъолият надоштани пойгоҳҳои обкашӣ ва шиддатнокии пасти қувваи барқ будааст.

Масъулину кишоварзонро мебояд, ки масъулиятро бештар эҳсос ва бо истифода аз рӯзҳои офтобиву шароити мавҷуда фаъолиятро ҷоннок намоянд. Чунки нашъунамои хубу серҳосили заминҳои кишоварзӣ, танҳо дар сурати меҳнати пурмашаққат ва дилсӯзонаи онҳо ба даст меояд. Маълум аст, ки корбарии сарҷамъонаи деҳқонону хоҷагидорон натанҳо бар фоидаи давлат, ҳамчунин барои беҳдошти шароити иқтисодии худи онҳо низ манфиат дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРИДЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иқдоми ҷаҳонгир

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Марҳалаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии СММ (1 октябри соли 1999) алоқамандии бевосита дорад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. Ҳамчунин, пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ эълон шудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» мебошад.

Ниҳоят, яке аз ташаббусҳои охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи об аз ҷониби аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки дар асоси он Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон гардид. Воқеан ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон натанҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар аст, балки барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Пешвои миллат бо чунин иқдомҳои худ тавонистанд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи оби тоза ҷалб намуда, ҳаллу фасли онро ба мавзӯи баррасии кишварҳои ҷаҳон табдил диҳанд.

Бунёди НОБ-и Роғун барои мардуми Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба кор даромадани нерӯгоҳи мазкур имкони амалӣ гардидани стратегияи давлатии расидан ба истиқлолияти энергетикиро фароҳам меорад.  

Дар партави он яке аз ташаббусҳои дигари байналмилалии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба мавзӯи об мебошад. Чунин чорабиниҳо имконияти ташрифи намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон зиёд ва лоиҳаҳои давлатиро ба сармоягузорон муаррифӣ намуд. Илова бар ин, ҳар шаҳрванди хориҷие, ки вориди Тоҷикистон мешавад, хоҳу нохоҳ ҳиссаи худро ба ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар мерасонад. Дар доираи даҳсолаи навбатӣ санаҳои 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба об баргузор хоҳад гашт.

Ташаббусҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорӣ пайдо намудани онҳо аз тарафи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид барои ташаккулёбии мактаби дипломатияи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, ин иттифоқот ба инкишофи сиёсати хориҷии «Дарҳои боз» таъсири назаррас расонид.

Албатта, муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳалаҳои ибтидоии худро тай менамояд ва дастгирии ташаббусҳои Роҳбари давлат ба инкишофи сиёсати хориҷӣ замина фароҳам овард, ки он дар оянда барои ҳарчӣ бештар барои тақвият додани ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ мусоидат менамояд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи
 давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

28 май ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суханронии худ марзбонони Ватанро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ сарҳадчиён оромию осоиштагии марзҳои ҷумҳуриамонро таъмин карда, барои муҳофизати дастовардҳои истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон камар бастанд.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Айнӣ

Рӯзи 26 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.

Ҷоизи зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишгоҳу ҳавзи шиноварӣ бунёд хоҳад шуд. Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят аз мавзеи иншооти сохатшаванда боздид намуда, барои омода намудани лоиҳаҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

БО ФАРМОИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Ҳайати он беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»-ро муайян месозад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оидба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватаниюхориҷӣ  ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият»бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳриДушанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  ҶумҳурииТоҷикистон фармоиш ба имзо расониданд.

Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Читать далее

28 May 2018

Грант мақсаднок истифода мешавад?

Бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсиси Грантҳои Президенти мамлакат ва Раиси вилоят баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ барои бонувон хеле амали саривақтӣ ва зарурист. Лозим ба ёдоварист, ки соли сипаришуда 15 нафар зан аз вилояти Суғд ба гирифтани Гранти Президентӣ аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд.

Дар вилоят низ соли равон дар партави гуфтаҳои болоӣ таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор роҳандозӣ шудааст, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани онҳо, дастгирӣ ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва ғайра мусоидат мекунад.

Аз гуфти Муяссара Мавлонова-муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бармеояд, ки аз 10 апрел то 1 июн қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти грантҳо идома дорад.

- Аз тарафи 14 нафар аъзои комиссия ҳуҷҷатҳои довталабони грант мавриди омӯзиш қарор дода, тибқи нақша минтақаи истиқомат ва намуди ҳунари онҳо ба назар гирифта мешавад. Хушбахтона, солҳои охир теъдоди довталабон баҳри дарёфти грантҳои Раиси вилоят меафзояд. Ҳатто ҳунармандони оилавӣ ва мардон низ муроҷиат намуда истодаанд, вале аз рӯи шарти асосии грант танҳо бонувон ба инобат гирифта мешаванд-мегӯяд мавсуф.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон тибқи қарори Раиси вилоят 60 нафар бону метавонанд соҳиби грант гарданд. Ин иқдом дар доираи амалӣ гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Тавре аз суҳбат бармеояд, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор 15 грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 000 ва 30 грант дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ барои ғолибон ҷудо карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 420 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст гардад. Ин дар ҳолест, ки соли сипаришуда теъдоди гирандагони гранти Раиси вилоят 45 нафар буда, маблағи умумии он 305 ҳазор сомониро ташкил медод.

Оё бонувон маблағҳоро ҳадафмандона истифода мебаранд?

Суоле ба миён меояд, ки грантҳо оё аз ҷониби бонувони ҳунарманд мақсаднок истифода мешавадҳ Яке аз самтҳои фаъ-олияти Раёсати кор бо занон ва оила мусоидат ва назорати маблағҳои ба сифати грант гирифташуда мебошад.

Аз гуфти масъулини Раёсат бармеояд, ки теъдоди муроҷиаткунандагон барои дарёфти грант рӯз ба рӯз меафзояд.

- Соли 2017 агар 71 нафар занону духтарони ҳунарманд лоиҳа пешниҳод карда бошанд, имсол аллакай теъдоди муроҷиаткунандагон бамаротиб зиёд аст, –изҳор намуд М. Мавлонова.

Ҳамзамон, аён гардид, ки аз ҷониби масъулин ҷиҳати то кадом дараҷа мақсаднок истифодашавии грантҳо дар шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида шудааст. Теъдоди бештари грантгирифтагон аз шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Мастчоҳ мебошанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сафи пеш

Истиқоматкунандагони ноҳия-Мақсад Сатторова ба маблағи 10 000 сомонӣ ва Заррина Юсуфова ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти Раиси вилоят гардида буданд. Санҷиш воқеан нишон дод, ки ин ҳунармандон то 16 нафар занону духтаронро ба омӯхтани ҳунари адрасбофӣ ҷалб намудаанд. Маблағи лоиҳа мақсаднок масраф гардида, барои омӯхтан ва машғул шудани бонувон дар коргоҳ тамоми шароит муҳайё аст.

Инчунин, Муҳайё Пӯлодова дорои гармхонаи парвариши гулҳои ороишӣ ва хонагӣ буда, 8000 сомонӣ грант гирифта буд. Гулпарвар 4 нафарро ба омӯхтани парвариши гулҳо ҷалб намудааст.

Умеда Абдурашидова ба маблағи 8000 сомонӣ соҳиби грант гардида, алҳол ҳунари сӯзанидӯзиро ба 30 нафар шогирд меомӯзонад. Иноят Орифова низ соҳиби 5000 сомонӣ гашта, алҳол ба 10 нафар зану духтарон ҳунари тайёр намудани асосро (ба ибораи худи ҳунармандон - основа) барои атласу адрасбофӣ омӯзонида истодааст. Ӯ бо аҳли оила дар манзили истиқоматиашон фаъолият дорад ва маҳсулоти омодашударо ба ҳунармандони адрасбофи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт ва Айнӣ ба фурӯш мегузорад.

Муқаддас Ҷӯраева, ки ба маблағи 5000 сомонӣ соҳиби грант шуда буд, 4 нафар занону духтаронро ба омӯхтани парвариши гулҳои ороишӣ ҷалб намуд. Дар гармхона 70 намуди гулҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Ба ӯ аз ҷониби Раиси вилоят 1 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуда буд, ки ҳоло дар он меҳнат мекунад.

Чунончӣ дар суҳбат маълум гардид, масъулини Раёсати кор бо занон ва оила ба ҳунармандон ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани шароити корӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳоду маслиҳатҳо додаанд.

Шаҳру ноҳияҳои дигар дар чӣ ҳоланд?

Инчунин, зимни санҷиш аз фаъолияти коргоҳҳои Анварой Раҳимова-аз шаҳри Панҷакент, Дилором Абдуллоева-аз шаҳри Истаравшан, Ҳабиба Ғозиева-аз ноҳияи Деваштич, ки ҳар яке ба андозаи 10 000 сомонӣ ва М.Абдуллоева-аз ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 8 000 сомонӣ соҳиби гранти Раиси вилоят гардида буданд, натиҷабардорӣ карда шудааст.

-Маълум гардид, ки маблағи ҷудогардида мақсаднок истифода шуда, ҳар кадоме ба 24 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофиро омӯзонида истодаанд,-мегӯяд Мавлонова.

Гирандагони грант фаъолияти хешро мақсаднок ба роҳ мондаанд, ки то имрӯз зиёда аз 500 нафар занону духтарон машғули кор ҳастанд.

Хушбахтона, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ туфайли пешниҳоди грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят ҳунарҳои асили аҷдодӣ аз нав эҳё ва равнақ ёфта истодаанд. Аз ҳама муҳим, барои бо кори доимӣ таъмин шудани занону духтарони бекор ва бо ин васила аз ҷурму ҷиноят дур шудани онҳо мусоидат мекунад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее