May 2018

28 May 2018

Ҳадафи олӣ: Тарбияи инсони комил ва солеҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот доир намуданд, ки дастуру ҳидоятҳои зимни вохӯрӣ баёнгашта сармашқи кори умум ва ҳар хонадон на танҳо дар моҳи шариф, балки барои ҳамеша хоҳад буд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат аз ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ҳарф зада, басо бамавқеъ ва дуруст таъкид карданд, ки пешрафту такомули давлат аз худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибмаърифатии мардуми он вобаста аст.

Дар фазилату маърифат ва фалсафаи рӯзадорӣ Пешвои муаззами миллат барҳақ қайд карданд, ки он бояд моҳи накӯкорӣ, хайру сахо бошад.

Масъалаи дигаре, ки Президенти муҳтарами кишвар қайд карданд, ин Ҳаҷ ба шумор меравад. Ба ҳама маълум аст, ки ба ҷо овардани ҳаҷ яке аз рукнҳои дини мубини Ислом ба ҳисоб рафта, дар тартибу шумор рукни панҷуми онро ташкил медиҳад. Аммо дар боби Ҳаҷ гуфтаанд: “Ҳар киро қудрат ва тавоноӣ бувад мар зод ва роҳила”, яъне маросими Ҳаҷ аз ҳавову ҳаваси худнишондиҳӣ ва ба қавле, як навъ сабқат барои ҳамсоягону ҳамнишинон ва ё тиҷорат набуда, балки танҳо иҷрои яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом ва ибодат мебошад. Дар боби рукни панҷуми дини ростини Ислом бояд гуфт, ки касе метавонад ба Ҳаҷ равад, ки қудрат ва тавоноӣ дошта бошад, вагарна бо роҳи қарз, даромади муфт, ё барои худситоӣ ва ё тиҷорат равад, ҳаҷҷи фард мақбул нест. Касе метавонад маросими Ҳаҷро иҷро кунад, ки зиндагиаш осуда буда, то бозгашташ зиндагии зану фарзандон, пайвандон, ҳамсоягон ва, ҳатто, ҳамсояи ғайримуслимаш таъмин ва обод бошад. Ҳикматҳое, ки Пешвои миллат аз рӯзгори Шайх Боязиди Бастомӣ ва ашъори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорию Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ таъкид карданд, бояд дархӯри ҳама кас ва махсусан хосторони зиёрати Каъба бошад.

Воқеан ҳам, дар ҷомеа касоне ёфт мешаванд, ки баъди аз Ҳаҷ баргаштан дили чандин нафарро озор медиҳанд ва фикр мекунанд, ки ҳоҷӣ шудаанд. На, ин тавр нест! Зеро, хонаи Худо дили бандаи мӯъмин аст ва хуб гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Бо назардошти ин ҳар фарди худшиносу меҳанпараст, чунонки Пешвои миллат дар баромадашон таъкид доштанд, бояд дар ободии яке аз гӯшаҳои диёр саҳм гузорад ва ба ин восита номи неки худро солҳои сол дар қалби мардум ҷой кунад.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар зикр карданд, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Терроризм зуҳуроти мураккаб, шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ ва рафтору кирдори барои инсони мутамаддин бегона аст. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ вобаста ба дин аз мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ, пири мазҳаби мо Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам, ки намунаи олии тарғиби исломи муътадил ба ҳисоб меравад, бо ифтихор ҳарф заданд.

Боиси ёдоварист, ки Сарвари давлат дар мавриди баҳогузории терроризм таъкид намуданд, ки ҳарчанд Ислом чун дини саодат, хушбахтӣ ва адлу оромии ҳаёти инсонӣ дониста шуда, баъзе гурӯҳҳо ба ҷойи ҳалли масъалаву мушкилоти зиндагиашон кӯшиш ба сӯйи пешрафту тараққиёт, бо дастони хеш ҳаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварҳояшонро ба майдони ҷангу нооромиҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ табдил дода, худро бозичаи дасти душманони хориҷӣ мегардонанд, инчунин ба афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд.

Ё ҳар амалу рафторе, ки дар кишвари мо аз ҷониби сарварон ва аъзои ҳизби мамнуи наҳзати ислом ба вуқӯъ омад, собит намуд, ки онон тавассути хизмат ба хоҷагони хориҷиашон танҳо кинаву адоват, бухлу бахилиро дар тамоми фаъолияташон дар қалбашон мепарвариданд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу дидаи хурду бузурги сокинони кишвар ҷо гирифтаанд.

- Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд,-зикр намуданд Пешвои миллат.

ҳидоятҳои талқинкунандаи Пешвои муаззами миллат барои ҳар як сокини кишвари азизамон бояд имрӯз дастури роҳнамо бошанд.

Рустамзода Суҳроб Ҳакимӣ,
мудири шуъба оид ба корҳои дин,
 танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” ва Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як боздиди корӣ бо фаъолияти корхонаи “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” ва Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой” шинос гардид.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи азими саноатӣ моҳи марти соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, “Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент” тавонист дар як муддати кутоҳ ҷиҳати таъмини бозор бо семент ва коҳиши нархи он мусоидат намояд.

Читать далее

Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

Рӯзи 25 май бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» ва фаъолони шаҳр иброз дошт, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси вилоят дар қаламрави вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст.

Читать далее

25 May 2018

Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ

Дар идомаи тантанаҳои Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо дониҷӯён ва устодони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ доир гардид.

Зимни суханронии хеш Раҷаббой Аҳмадзода кулли донишҷӯён ва устодони МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқиро ба муносибати Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, сипас дар бораи муваффақият ва дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимӣ изҳори андеша намуд.

Читать далее

Терроризм – таҳдид ба суботи ҷомеа

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.

Аз тадқиқоти илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла хусусияти террористию экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан, экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини Ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқаррароти дини Ислом сӯиистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.

Аз рӯи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиёти ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст.

Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй, ба андешаам, пеш аз ҳама дар онҳо маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастиро баланд бардошта, инчунин таҳсил ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми гурӯҳҳои таҳрибкор кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо вазифаорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Икром Ҷумъазода,
раиси Суди ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Бо силоҳи қалам бар зидди терроризм

Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани масъалаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ташкил ёфтани гурӯҳҳои радикалии исломӣ беш аз ҳарвақта авҷу суръат гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмона дар асри ХХI ба яке аз масъалаҳои ҷиддитарин мубаддал шудааст.

Дар ҷумҳуриамон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Бародарони мусулмон» ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ гардидааст. Мутаассифона баъзе ҷавонони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба доми ташвиқгарону таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд ва ба хотири ваъдаҳои пули зиёд ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна мераванд, ки боиси бесаробон мондани зану фарзандону ашки модарон ва андӯҳи бепоёни падарон мегарданд.

Бояд мо падару модарон ва ҷомеа баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои нанговар бо қаламу сухан мубориза барем ва моҳияти неъмати истиқлолу озодиву ободии кишварро аз курсии мактабӣ сар карда, то зинаҳои дигари зиндагӣ пайваста ба наврасону ҷавонон бифаҳмонем. Зеро, гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда мақсаду маромашон осоиштагиву оромӣ набуда, балки бо тарсонидану куштору ғоратгарӣ ғун кардани сарват аст. Нагузорем, ки ҷавонони мо барои расидан ба мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротиву ҷангҷӯ ҳамчун васила хидмат намоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Чунки ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ба ном исломӣ аз номи Исломи пок дунёро ба ларза даровардаанд. Ба ин хотир, бар муқобили силоҳи ҷангҷӯён бо силоҳи қаламу сухан бояд ҳамеша дар набард бошем!

Маҳбубахон Фаттоева,
шаҳри Исфара

Читать далее

Алайҳи зуҳуроти номатлуб амали дастҷамъона мебояд

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризму экстремизм ва ифротгароист.

Ин амали мудҳиш нав набуда, дар замонҳои қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам аз худ дарак додааст. Масалан, дар замонҳои гузашта одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан ва даҳшатафканӣ идеологияи худро ба сари дигарон бор ва онҳоро истифода мебурданд. Дар охири асри ХХ ва авали асри ХХI амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ – диниро ба худ касб намуда, доираи фаъолияти ифротии онҳо доман паҳн кард.

Мазҳабҳои алоҳидаи дини Ислом дар асрҳои миёна шомили хурофотпарастӣ гашта, ба куштори халифаҳо, мансабдорони маъмурӣ ва ҳарбӣ ҷонибдорӣ мекарданд.

Дар ибтидои асри ХХ терроризм ба дараҷаи давлатӣ табдил ёфт. Масалан, дар давлатҳои Олмон, Итолиё ва ғайраҳо, ки реҷими зиддихалқӣ ҳокимиятро дар даст дошт, аҳолии худро бо беқонуниятӣ «буғӣ» намуда, онҳоро доимо зери таъсири тарсу ҳарос ва заифӣ нигоҳ медоштанд.

Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки терроризм ва экстремизм дар ҳолате пайдо мегардад, ки бӯҳрони амиқи ғоявӣ ва мафкуравӣ ҷомеаро фаро гирифта бошад. Баъдан, дар ҷомеаҳои бeҳронзада гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо гардида, баҳри забти ин фазо ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар ин лаҳза барои пуштибонии онҳо хоҷагони беруна ба майдон меоянду бо воситаи пулу мол онҳоро ба қолаби худ медароранд. Баъдан, аз ҷониби хоҷагону сарпарастони хориҷӣ дастуре мегиранд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зeроварӣ, яъне террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд ва баҳри расидан ба мақсад аз тамоми роҳҳо истифода мебаранд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш иброз намуданд, ки террорист ва экстремист дин, мазҳаб, миллат, модар ва Ватан надорад. Ин падидаҳои номатлуб ба муқобили кулли инсоният равона гардида, муборизаи дастҷамъонаро талаб менамояд.

Бинобар ин, лозим аст, ки аз ҷониби худ волидон, аз тарафи дигар устодону омeзгорон ва кулли ҷомеа бояд ба тақдири фарзандонамон, ки насли ояндасози кишвари моанд, бепарво набошем, нагузорем, ки мафкураи онҳоро қувваҳои нохалаф вайрон кунанд.

 М.ШАРИФОВ,
 устоди Донишгоҳи давлатии
 ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Мардуми тоҷик роҳи худро интихоб кардааст

Дар назди сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ҷамъ омадани як гуруҳ одамон ба сару садоҳои зиёд сабаб шуд.

Ба фикри банда баъди нооромиҳои солҳои 1992 ҳеҷ кас намехоҳад, ки Ватани азизи мо - Тоҷикистон дубора ноором шавад. Сабабҳои нооромӣ ба ҳамагон маълум аст. Сабабгори ин бадбахтиҳо Ҳизби террористии наҳзат бо хоҷагони хориҷии худ буд. 

Имрӯз Тоҷикистон, шукри Худо, ором ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон рӯз то рӯз обод мешавад. Аммо душманони миллати тоҷик монанди аъзои хиёнаткори наҳзат мехоҳанд ин Ватани оромро боз ноором кунанд, бо ин васила ба хоҷагони худ хизмат кунанд, маблағҳои муғризона гирифтаашонро бо хуни миллати тоҷик иваз кунанд. 

Ба назди сафорати Эрон омадани онҳо ҳам бесабаб нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар созмон ёфтани ин ҳизби манфур ва хиёнаткор хизмати муғризонаи дастандаркорони онҳо бараъло ба чашм мерасид. 

Имрӯз ин ҳизби террористӣ бе дастгирии онҳо ҳеҷ аст. Кабирӣ ва се-чаҳор нафаре, ки имрӯз ҳамчун хоини Ватан, ғарибу муҳтоҷу беватан, сарсону саргардон бе Эрон ҳеҷанд, аммо бо дастгирӣ ва маблағгузории онҳо худро дар паноҳи Ҳизбуллоҳ, ҳизби экстремистӣ ва террористии Ихвонул-муслимин мебинанд.

Дар ин миён кас намедонад, ки ҳадафи Ҷумҳурии Исломии Эрон чистҳ Агар ҳадаф шиа кардани мардуми Тоҷикистон бошад, бо ин 3-4 мазҳабфуруш ҳеҷ кас пайрави шиа намешавад. Агар сохти конститутсионии моро ба сохти давлати исломӣ тағйир доданӣ бошад, хато мекунад, зеро мардуми Тоҷикистон дину мазҳаби худро пок нигоҳ медорад. Аз дин сeиистифода карда, дини муқаддасро ба сиёсат ҳамроҳ намекунад, роҳи давлатдории Тоҷикистон имрӯз муайян шуда, бо роҳи интихобкардаи халқ озодона орому обод мешавад. 

Эрон бо Тоҷикистон доимо дустии худро эълон мекунад. Агар дар ҳақиқат дeсти Тоҷикистон бошад ва миллати тоҷикро эҳтиром кунад, бояд дасти гуруҳи ҷинояткорро нагирад, хоинони ватанро хоинони худ шуморад, аз маблағгузории онҳо даст кашад, Кабири ва ҳаммаслакони ӯро ба Тоҷикистон супорад. Набояд як гуруҳи хурди наҳзати хиёнаткор ба сард шудани муносибати ду давлат ва ду халқи бузург сабаб шавад.  

 Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
 шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Терроризм таҳдид ба инсоният

Дар конфронси байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин минбари баланд баромад намуда, амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ–ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиёти террористии гурӯҳҳои экстремистӣ аз кишвари Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар ҷавонони гумроҳ иштирок намуда истодаанд, ки ин дощи ҷомеаи мост.

Президенти мамлакат дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки террористон Ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд. Бо ниыоб аз номи дини Исломи пок баромад кардани онҳо хиёнат ба дину миллат мебошад. Пешвои миллат боз таъкид менамоянд, ки имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон хусусан, ҷавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату Ҳукумат ва тинҷию амонии кишварро ба ҷо оранд. Ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии доимиро аз хотир набароранд ва барои зарба задан ба террористон ва ифротгароён бо донишҳои дунявӣ ва динӣ мусаллаҳ бояд бошанд. Маҳз бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, умеди нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоыати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи ҷомеаи навини Тоҷикистон содиыона хизмат намоем.

Иштирокдорони Конфронси байналмилалӣ фаъолияти щайриыонунӣ ва ваҳшонияти террористон ва ифротгароёни ҷангиёни исломиро сахт маҳкум намуда, ыарори дахлдор ыабул намуданд ва ба хулоса омаданд, ки баҳри тинҷию оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дастҷамъона муборизаи беамон бурда шавад.

Ниёзмуҳаммади Иброҳимзода,
 Аълочии маориф ва матбуоти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Читать далее

МУҲИДДИН КАБИРӢ – ХОИН, БЕИМОН ВА МАЗҲАБФУРЎШ!

Дар  марҳилаи такдирсози таърихӣ, ки халқи шарифиТоҷикистон таҳти Сарварии Президенти кишвар ба корхои созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд. Мутаассифона як гурӯҳ иғвогарон ва манфиатҷӯён мехоҳанд ба раванди созандагиву ободкории халқи шарифи тоҷик монеа эҷод кунанд, халқро гумрох намоянд.

Дар ин ҷода аъзои ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ҳаракатҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбарони ҲНИ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Факту далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишон медиҳанд, ки роҳбарони наҳзат ба хотири дунё ва пулу мол шуда, мазҳаби бобоии худ, ҳанафияро фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд.

Имрўз мардуми тоҷик ба зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва рушанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ зада, ба миллати хеш хиёнат карданд,  лаънату нафратҳо мехонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

Боиси хушнудист, ки  имрӯз  Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот қарор дорад, дорои қудрату нерўи бузургест, ки ҳамагуна ифротиҳо, тундгароиву террористон ва дигар ашхоси хиёнаткорро шикаста пора созад. Мисоли равшани ин ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буд, ки қувваҳои қудратии кишвар дар як муддати кӯтоҳ террористон ва ҳамаслакони онҳоро несту нобуд сохт.

Бегонапарастӣ ва рӯй овардан ба мазҳаби дигар дар шароити имрӯза муаммои дигарест, ки ҷомеаи созандаи моро бетараф намегузорад.

Бояд зикр намуд, ки  дар байни аксари роҳбарияти ташкилоти ифротии  ҲНИ ба шахсияти калони олами шиъа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Хумайнӣ муридӣ ҷой дошта, онро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони ҲНИ ба Эрон фирор намуда, бо оилаҳои худ дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд. Дар ин давра аз онҳо С.А.Нурӣ, Саъдидини Рустам, Сайидиброҳим Назаров, Мулло Аёмиддин, Эшони Қиёмидин, Шамсиддин Саидов, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва ғайраҳо дар Теҳрон истиқомат доштанд ва китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданду тарғиб мекарданд.

Аксари роҳбарони наҳзат фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, домуллоҳои калони шиъа ва роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Руҳуллоҳ, Ҳусайнӣ (ду тои охираш номҳои хурди  Оятулло Хумайнӣ), Боҳунар ва ғайраҳо ном мондаанд. Масалан, фарзандони худи асосгузори ТЭТ ҲНИ С.А.Нурӣ - Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони Раиси  ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ - Руҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси наҳзат Саидумар Ҳусайнӣ - Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви Раёсати ТЭТ ҲНИ Шамсидин Саидов - Руҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. 

Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки барои тоҷикон умуман ин номгузорӣ хос нест. Ин фактҳои одӣ пайравии роҳбарони ТЭТ ҲНИ нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиъаро нишон медиҳад. Чӣ тавре, ки Муҳаммадиқболи Бохтарӣ хатмкардаи Донишкадаи исломииТоҷикистон навиштааст  ТЭТ ҲНИ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиъа буда, қувваҳои динию сиёсии шиъа ва ё шиъагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад. Ин далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони ҳизби экстремистии наҳзати исломӣ равияҳои барои миллати тоҷик ва мазҳаби ӯ нораворо дастгирӣ мекарданд ва ин ба хотири гирифтани маблағҳо ночизе, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷи ба онҳо дода мешуд.

  Моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди кўшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти он дар қаламрави кишвар ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ  манъ карда шуда, аксарияти фаъолони он, ки дар ин қазия даст доштанд ба ҳабс гирифта шуданд. Ин ҳол боиси норозигӣ ва баланд гардидани сару садоҳо аз ҷониби сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо аз кишварҳои «демократӣ» гардид, ки онҳо бо ҳар васила хостанд ба сохторҳои давлатии мо фишор оварда, онҳоро ба нақзи «арзишҳои демократӣ» гунаҳкор созанд.

Қобили зикр аст, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро дар кори кўшиши табаддулоти давлатӣ, ки ба нокомӣ анҷомид эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд.

 Ҳаракатҳои ғайриқонунии ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо Абдуҳалим Назарзода ҳаммаслак будаанд ва барои ноором гардонидани вазъияти босуботу осоиштаи кишвар амалҳои зиддидавлатӣ намудаанд, вале мардуми шарифи тоҷик ва миллати сулҳпарвар тавонистан тамоми фикру ғаразҳои бадхоҳонаи онҳоро ошкор созанд ва қувваҳои қудратии кишвар онҳоро пароканда намоянд.

Ҳоло ҳам баъзан ҷавонони гумроҳ, ки дониши казоии сиёсиву ҳуқуқӣ надоранд ба доми фиреби ашхоси бадкирдор ва ҷинояткор гирифтор мешаванд, ки ин боиси таассуф аст. Гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ аз ҷониби ин гуна ҷавонон ба назар мерасад, чунончӣ дар ноҳияи Деваштич Далёни боло 8 нафар, ки ба гурӯҳи салафия шомил буланд дастгир гардида, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ё ин ки ашхоси гумроҳгашта, ки кирдорҳои ҷиноӣ карда аъзои ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом буда ба ҳаракатҳои террористӣ шомиланд аз ноҳияи Ашт  Шералиев Абдуманон, Шаропов Шавкат, аз Исфара Самиев Наим аз ҷониби мақомотҳои қудратии кишвар дар ҷустуҷў хастанд ва албатта ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд, нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта,  доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро  барои рушди ҳамаи гурўҳҳои ичтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

 Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин принсипҳои созанда , ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст  ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. бубинед дар 26 соли соҳибистиқлолӣ  корҳое иҷро гардидан, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд.

 Оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд. Саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон аз масҷидҳои ҳамонвақта оғоз гардида буд. Дигар ҷомеаи ватандўсти кишвар намехоҳад, ба суханпардозиҳои беасос гўш диҳад, ҳадафи мо бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намудан асту бас.

 Алимов Б.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее