May 2018

23 May 2018

Тадбирҳои саривақтӣ манфиат меоварад

Куяи помидор: чораҳои мубориза

Ба кишоварзон донистани роҳу воситаҳои нигоҳубини растанӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасон аз ҳар ҷиҳат муҳим аст. Барои огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи нигоҳубин, парвариш ва муҳофизати ҳосили помидор суҳбате доштем бо Мирзокиромиддин Насриддинов - сардори Идораи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиякунонии кишоварзӣ дар вилоят:

Айни ҳол барои мубориза бо касалиҳои кӯчати помидор, ҳосили он ва ҳашароти зараррасон маҷмӯи гуногуни дорувориҳо истифода бурда мешавад.

Зимнан бояд гуфт, ки куяи помидор дар гармхона ва заминҳои кишти кушод пайдо мешавад. Ватани ин ҳашароти зараррасон Амрикои Ҷанубӣ буда, аз соли 1980 ин тараф паҳн мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пайдоиши он дар Тоҷикистон тайи ду - се соли охир ба назар мерасад.

Куя ғайр аз помидор ба зироатҳои оилаи авранҷиҳо, ба мисли боимҷон, қаламфури булғорӣ ва картошка зарар мерасонад. Ҳамчунин, он метавонад ба алафҳои бегонаи шомили ин оилаи растаниҳо зарар расонад. Осеби зараррасон дар марҳалаи нумӯ - аз тухмӣ то пурра пухта расидани ҳосил мушоҳида мегардад.

Шабпаракҳои зараррасони шомгард пас аз фурӯ рафтани офтоб ва пеш аз дамидани субҳ фаъол мегарданд. Онҳо рӯзона дар баргҳо пинҳон шуда, ҳангоми таконидани ниҳол парвоз мекунанд. Ҷинси наслдеҳи зараррасон пас аз се - чор рӯз ба тухмгузорӣ шурӯъ карда, онро бештар дар пушти барг, мева ва қисми болоии ниҳол мегузорад. Тухмаш майда, силиндршакл ва қаймоқранг буда, дарозиаш 0,34-0,36 миллиметр мешавад. Як зараррасони наслдеҳ метавонад дар як мавсим то 250-300 адад тухм гузорад.

Кирми куя дар чор давр инкишоф ва ба ҳисоби миёна то 8-12 рӯз умр мебинад. Насли якум бештар ба баргҳо, наслҳои минбаъда ба бех, думчаи меваи пухта осеб расонида, сипас дар растаниҳо ё дар хок ба зоча мубаддал гашта, тақрибан баъд аз ду ҳафта аз зоча мебарояд. Куяи помидор зимистонро дар даври тухм, кирм ва ё ҳашароти болиғ аз сар мегузаронад. Даври зисти зараррасон вобаста аз ҳарорати обу ҳаво аз 24 то 38 рӯз давом ёфта, давоми як сол метавонад 10-12 маротиба насл диҳад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки қоидаҳои парвариши сабзавот, сари вақт гузаронидани коркарди хок, меъёри истифодаи нуриҳои минералӣ, реҷаи обмонӣ, киштгардон бояд риоя карда шавад. Дар майдонҳое, ки кирмҳои куяи помидор пайдо мешаванд, бояд бо заҳрхимикатҳои зерин коркард шаванд: авант 15 фоиз, кораген 20, вертимек 18 фоиз ба 300-350 литр об. Истифодаи ҳашароти фоидаовар, аз қабили габробракон ва трихограмма, гузоштани домҳои фиремонӣ, ширешӣ ва чароғӣ, решакан ва сӯзонидани ниҳолҳои зарардида ба манфиати кор аст.

Ҷиҳати саривақт ва мақсаднок мубориза бурдан бо ҳашароти зараррасони помидор аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 150 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин замина мо тадбирҳоро ба кор бурда истодаем, то ки ин ҳашарот ба ҳосил таъсири худро нарасонад, - изҳор дошт масъулин.

Инчунин, барои сари вақт муайян намудани ҳашаротҳои зараровар филиали муассиса 6 намуди домҳои феремониро харидааст. Аз он ҷумла, зидди куяи помидор аз тарафи мутахассисони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Панҷакент барои дақиқ муайян намудани фенелогияи пайдоиши ҳашароти зараровар домҳои феремонӣ гузошта шуда, назорат бурда истодаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Таҷлили «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» дар Панҷакент

Тибқи қарори Конференсияи генералии 11 – уми Шӯрои ҷаҳонии осорхонаҳо (ШҶО), ки соли 1977 дар дар Маскав ва Ленинград (Санкт-Петербург) баргузор гардид, ҳамасола 18 – май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» таҷлил карда мешавад.

Аз соли 1977 то инҷониб дар ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» - ро ба сифати рӯзи касбии кормандони осорхона ҷашн мегиранд. Алакай дар соли 2007 70 давлати дунё ин ҷашнро қайд мекарданд. Мавзуе, ки соли 2007 таҳти унвони «Ҳамаи мо барои мероси ҷаҳонӣ масъул ҳастем» аз ҷониби Шӯрои ҷаҳонии осорхонаҳо эълон шуда буд, ба рушду тавсеаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ мусоидат кард. Аз соли 2015 инҷониб ҷашни мазкурро 35 ҳазор осорхона ва 145 давлати ҷаҳон қайд карда истодаанд.

Аз он ҷумла, 18 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент бахшида ба «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» ва эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чун ҳамасола имсол низ дар осорхона чорабиниҳои намоишӣ ва мизи гирд бо ҳунармандону ҷавонони маҳал баргузор гардид.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯён намоиши маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо истифода аз либосҳои миллӣ, намоиши мӯд аз ҷониби ҳунарҳои дастии тарроҳи маҳаллӣ Мулкия Муҳаммадиева бо шогирдонаш ва намоиши осорхонаҳои мактабии шаҳр баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки тамошобинон аз соати 8:00 то соати 17:00 ба таври ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан карданд.

Мақсудҷон Васихов,
корманди илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент,
унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ
ба номи А. Ҷомӣ

Читать далее

Саноат: Вазъият то кай ташвишовар боқӣ мемонад!

Соҳаи саноати кишвар ва рушду такомули он дар ҳар давру замон дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намоянд.

Ин буд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баробари пешбурди соҳоти мухталиф, хосатан ба саноат, ки соҳаи афзалиятнок маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар доираи нақшаи корӣ ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирад. Дар ҷараёни ин сафарҳо ба роҳбарияти шаҳру навоҳӣ, сардорони сарраёсату раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ баҳри ба кор андохтани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, бештар намудани ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардондани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо вазифагузориҳо мешаванд.

Аз ин лиҳоз, салоҳ донистем, ки супоришҳои додашуда оид ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ дар кадом сатҳ иҷро мешаванд, огаҳӣ пайдо намоем.

Дар “ВТ-СИЛК” чӣ гап?

Дар раванди омӯзиши фаъолияти ҶДММ Корхонаи муштараки «ВТ-Силк» маълум гардид, ки шакли моликияти он 60 фоизи саҳмияҳо ба корпоратсияи Вйетнам «Азия-Силк» ва 40 фоизаш ба ҶС «Абрешим» тааллуқ дорад. Роҳбарии корхонаро ҷаноби Хоанг Ван Хиеп ба уҳда дошта, масоҳати умумии коргоҳ 3,95 гектарро ташкил медиҳад.

Дар назди КМ «ВТ-Силк» Маркази таълимӣ - истеҳсолии «Вет-тоҷ» бо мақсади тараққӣ бахшидани соҳаи бофандагӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби КМ «ВТ-Силк» бинои алоҳида ҷудо шуда, дар он 15 дастгоҳи бофандагии дастӣ, 2 деги рангуборкунӣ, 1 дастгоҳи нақшбандӣ ва 1 дастгоҳи ресандагӣ васлу насб гардидааст.

Аз даври таъсисёбии Маркази таълимӣ - истеҳолӣ то имрӯз зиёда аз 300 метр матои гуногун истеҳсол карда шудааст: беқасаб, буғма, пошшои зангор, алоча, пошшои сурх, карбос, зирагӣ, кӯкқарға, адраси сурх ва атласи сурх мебошад. Матоъҳои истеҳсолшуда ҳоло ба содирот бароварда нашудааст. Дар ин ҷо матоъҳои пахтагӣ низ истеҳсол мешавад, ки арзиши метри он аз 9 то 80 сомонӣ аст.

Ба суоли дар хусуси чаро имрӯз коргоҳ аз фаъолият бозмондааст, масъулин изҳор доштанд, ки бо сабаби набудани ашёи хом (пилла) боздошта шудаасту шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди корхона барои солҳои гузашта ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

-Бо мақсади рушди минбаъдаи коргоҳ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода таҳти назорати доимӣ қарор дорад, - мегӯяд намояндаи коргоҳ...

“Пойафзолдӯзи Хуҷанд” чӣ ҳол дорад?

Зимни шиносоӣ аз ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” маълум гардид, ки коргоҳи номбурда ба қисматҳои хурд ҷудо ва бино ба гуфти масъули коргоҳ аз сабаби набудани харидор ва қарздор будани коргоҳ аз шабакаҳои Барқии шаҳри Хуҷанд фаъолият боздошт шудааст. Муайян гардид, ки қарз дар назди шабакаҳои барқӣ дар маҷмӯъ 4314 сомонӣ мебошад. Роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” изҳор доштанд, ки оянда нақша доранд, сехи истеҳсоли кафши занонаи “Иринка”-ро ба роҳ монанд. Инчунин сехи истеҳсоли пойафзол барои мактаббачагон (намунаҳои он моҳи май тайёр мешавад) ва сипас то оғози соли таҳсили нав ба роҳ монда шуда, дар ин сурат 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар як моҳ баъди барқароршавӣ дар фабрика то 800 ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад.

Бояд қайд намуд, ки роҳбари коргоҳи мазкур А.Пӯлодов ҳангоми омаданамон дар ҷои кораш ҳузур надошт. Бинобар ин эҳсос гардид, ки иҷрои нақшаи пешниҳодшудаи роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” оид ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзол бо муаммоҳои зиёд алоқаманд аст. Яъне, пеш аз ҳама ин бемасъулиятии роҳбарияти коргоҳ то ҳол барқарор накардани интиқоли қувваи барқ ва пардохти қарзҳои ҷойдошта ҳисоб меёфтааст. А.Пӯлодов ҳангоми боздиди Раиси вилоят аз ин истеҳсолот вазифадор шуда буд, ки даромадгоҳи коргоҳро асфалтпӯш намояд. Ин кор афсӯс, то ҳол ба иҷро нарасидааст. Оё ин хунукназарӣ дар иҷрои супориш нестҳ

Ба “Зиннат” баҳона намезебад!

Дар моҳҳои январ-марти соли равон нишондиҳандаҳои иқтисодии ҶДММ “Зиннат” 170 ҳазор сомонӣ ва шумораи коргарон 210 нафар мебошад. Алҳол кормандони маошгиранда 20 нафар буда, музди меҳнати онҳо ба 800 сомонӣ баробар аст. Ба ин васила роҳбарияти корхона вазифадор гардид, ки иқтидори истеҳсолии бекорхобидаро самаранок истифода барад. Зеро ин иқтидор имконият медиҳад истеҳсоли либосҳои махсуси агентии таъиноти махсус ва мактабиро бо нархи дастрас ва нисбатан аз бозор пасттарро ба роҳ монад. Дар корхона маҳсулоти намунавӣ - либосҳои мактабӣ ба мизоҷон пешниҳод шудааст. Бино ба гуфти масъулин мушкилоти асосии корхона иборат аз набудани фармоиш ба истеҳсоли чунин маҳсулот мебошад. Дар ҳолати таъмини фармоиш корхона омодааст ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ муваффақ шавад. Дар ин самт айни ҳол мулоқот бо роҳбарони корхонаҳо идома дорад. Раиси вилоят масъулини ин корхонаро вазифадор кард, ки дӯхтани либосҳои мактабиро танҳо аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ ба роҳ монад. Роҳбари коргоҳ бобати ба роҳ мондани дӯхтани маҳсулоти чармӣ бо ҷалби мутахассисон аз кишвари Покистон гуфтугузор намудааст ва рӯзҳои наздик 40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

“Нассоҷи Хуҷанд” роҳи ҳалли муаммо меҷӯяд

Ҳангоми суҳбат бо директори ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” Р.Набиев маълум гардид, пас аз ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ду коргоҳи истеҳсолоти бофандагӣ пурра ба кор андохта шудааст. Маҳсулот асосан барои матоъҳои сохторхои қудратӣ истеҳсол мешавад.

Солҳои қабл ашёи хом аз Федератсияи Русия дастрас мегардид, лекин аз ҷониби масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ барои сифати он эрод зиёд шуд. Бинобар ин алҳол ба гарон будани матоъ нигоҳ накарда, бо ҷумҳурии Белорус барои харидории ашёи хом шартнома баста шуд, ки он асосан барои либосҳои мактабии хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Дар бобати супориши Раиси вилоят оид ба ҳамкорӣ бо макотиби шаҳру навоҳии вилоят барои дӯхтани либоси мактабӣ ва бастани шартнома пурсон шудем. Масъулин аз сарварони бархе аз мактабҳо бобати суст ҷараён доштани пардохти маблағ изҳори нигаронӣ намуданд.

Маблағи либосҳои мактабии солҳои гузаштаро насупоридаанд. Масалан, соли 2016 бо намояндагони маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шартнома доштем. Моҳи сентябр ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ либоси мактабии хонандагон дастрас шуд. Соли дуюм аст, ки танҳо 65 - 70 ҳазор сомониашро пардохтаанду халос. Дар баробари ин барои камбизоатон аз ҳисоби коргоҳ ройгон либос дӯхтем. Аз ин сабаб имсол агар аз ҳисоби умумӣ то 50 фоизи маблағ пешпардохт нагардад, шартнома нахоҳем баст.

Сабаби сари вақт пардохт накардани музди маоши кормандонро роҳбари коргоҳи мазкур дар қарздор будани соҳаҳои буҷавӣ ва бо маблағи нақд овардани ашёи хом маънидод кард.

- Раиси вилоят доир ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ барои бачагон ба роҳбарияти коргоҳ дастури қатъӣ дода буд. Дар ин ҷода ба унвони ҷаноби Эмилио Каррера мактуб ирсол намуда, дар сурати розигию гуфтушунидҳои тарафайн то охири сол ин сех ба фаъолият оғоз хоҳад кард,-қайд намуд Р.Набиев.

 Қарзи дебитории корхона аз тарафи Раёсати комбинати дӯзандагӣ-истеҳсолии амволи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) ба 575180,31 сомонӣ баробар аст. Оид ба баргардонидани ин қарз роҳбарияти корхона ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати комбинати дӯзандагӣ-истеҳсолии амволи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Бино ба гуфти роҳбари ин коргоҳ фаъолияти корхона баъд аз рӯйпӯш шудани қарзи дебитории ба миён омада то андозае имкон дорад, ки бо эътидол ба роҳ монда шавад.

“Ресандаи Тоҷик” тақдири коргарон чӣ мешавад

Чун ба коргоҳи ҶСП “Ресандаи тоҷик” ҳозир шудем, дари он баста буд. Намояндаи коргоҳ изҳор дошт, ки аз сабаби доштани қарз аз андоз дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ ва пардохти маблағи истифодаи барқ ба андозаи 840 ҳазор сомонӣ аз интиқоли қувваи барқ маҳрум карда шуда, баробари ин аз тарафи Раёсати андози вилояти Суғд муҳр зада шудааст. Аз суҳбати телефонии роҳбарияти ин коргоҳ Т.Мамадҷонов бармеояд, ки пардохти маҳсулоти фурӯхташуда аз тарафи харидорони мамлакати Туркия дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА то ҳол пардохт нашудааст. Бинобар ин фаъолият баъд аз пардохт намудани қарзҳои ба миён омада ба роҳ монда мешавад.

Ин коргоҳ минбаъд фаъолият мекунад ё не чун суоли рӯз боқӣ мемонад. Суоли матраҳ ин аст, ки тақдири беш аз 100 корманди он чӣ мешуда бошад!

“Нику Хуҷанд” қарз барака намеорад!

Ҳамчунин, пас аз ду моҳи ташрифи Раиси вилоят ба коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нику Хуҷанд”, ки муваққатан роҳбарии онро Зокир Каримов ба уҳда дорад, аз вазъи коргоҳ дидан намудем. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин коргоҳи ресандагӣ соли 2009 бо иқтидори 1500-2500 тонна дар як сол мавриди истифода қарор гирифта, асосан маҳсулоташ истеҳсоли риштаи пахтагӣ мебошад.

З.Каримов вазъи иқтисодии ҶДММ “Нику Хуҷанд”-ро шарҳ дода афзуд, ки аз сабаби саривақт пардохт нагаштани маҳсулоти ба фурӯшрафта аз тарафи харидорони мамлакати Туркия коргоҳ фаъолияти худро давом дода наметавонад. Инчунин, аз рӯи маълумоти нозироти андози шаҳри Хуҷанд маълум гардид, ки бақияи андози коргоҳ дар назди буҷети давлатӣ 53296 сомониро ташкил дода, корхонаи мазкур аз истифодаи нерӯи барқ низ дар ҳаҷми 62173,08 сомонӣ қарз дошта, интиқоли қувваи барқ барои ин коргоҳ қатъ шудааст. Баробари ин дар назди коргоҳ харидорони мамлакати Туркия дар ҳаҷми 37 ҳазор доллари ИМА қарз доранд.

- Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур барои коркарди нахи пахта дар нақшаи худ нархи 1 тонна нахи пахтаро 1200 доллари ИМА пешбинӣ кардааст, лекин айни ҳол нархи он ба 1600 доллари ИМА баробар шудааст. Бинобар ҳамин ҶДММ “Нику Хуҷанд” бо чунин нарх маҳсулот истеҳсол карда наметавонад, зеро нархи маҳсулоти истеҳсолмешуда баланд гардида, ба талаботи фармоишгарон ва харидорон мувофиқат намекунад,-мегӯяд намояндаи коргоҳ. Вазъ аён намуд, ки иҷрои вазифаҳои мушахасси гузоштаи роҳбарияти вилоят бобати ба кор андохтани коргоҳ ва ҷалби коргарон аз назари масъулин дур монда, ҳатто ҷиҳати ободониву тозагии гирду атроф, нав кардани шиору овезаҳо чорае андешида нашудааст! 

Саноати Исфара тадбире бояд биҷӯяд

Бино ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Некрӯз Отабеков дар шаҳри Исфара аз оғози сол 2 коргоҳи нав дар заминаи ҷамъиятҳои дорои масъулиташ маҳдуди “Субҳи Ватан” ва “Унистром” ба истифода дода шуданд, ки ба коркард ва банду басти меваи хушк ва истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ шурӯъ намуданд.

Ҳамзамон, аз натоиҷи таҳлили фаъолияти соҳаи саноати шаҳри Исфара бармеояд, ки вазъият ташвишовар буда, қисми зиёди корхонаҳо дар ҳолати хеле вазнини молиявию иқтисодӣ қарор доранд.

Роҳбарону мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии “Ангишт”, “Тамохуш-заводи гидрометаллургии Исфара”, “Комбинати консервабарорӣ”, “Нилуфар” ва “Чароғ”, ки дар назди буҷети давлатӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қарзҳои калон доранд, ҷиҳати халосӣ ёфтан аз ин вартаи мушкил чорае намеандешанд.

Дар бораи кадом натиҷаву пешравиҳои соҳа сухан рондан мумкин аст, вақте аз 47 корхонаи саноатии дар қайди омор буда, ба ғайр аз 5 корхонаи фаъолияти мавсимидошта, 9 корхона умуман фаъолият накарда, 5 корхона вусъати афзоишро нисбат ба семоҳаи аввали соли 2017 таъмин накардаастҳ

То ба кай мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҷиҳати таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба умеди 5-6 корхона аз қабили Заводи кимиёвӣ, «Петролеум Суғд», Заводи сементбарорӣ, Комбинати масолеҳи бинокорӣ, «Унистром», «Баракат Исфара», «Висол Исфара», «Адолат» ва «Чилфрукт» мешавадҳ

Тибқи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин солҳо бояд то 50 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи соҳаи саноат нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардад.

Мақсад аз ин таҳлил воқеият буда, то кадом андоза иҷро шудани вазифагузориҳо ва супоришҳои роҳбарияти вилоят мебошад. Аз ин лиҳоз месазад, ки масъулини соҳаи саноат, шуъбаи иқтисод ва савдо, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи давлатӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар ҳамкорӣ ба роҳбарону мутахассисони соҳа бояд ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷию дохилӣ истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазири содиротшаванда, таъсиси корхонаҳои нав бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Пешвои миллат ба таври ҳамешагӣ дар суханрониҳояшон таъкид медоранд: «Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад». Биноан ҳидоятҳои Роҳбари муаззами давлатамон барои ҳар як шахси масъулиятшинос, махсусан роҳбарони сохторҳои марбута бояд сармашқи кору меҳнат бошанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Дастоварди беназири хондагони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бори  аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни хонандагони синфҳои 5-8 Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои дақиқ  баргузор гардид. Дар олимпиада 259 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Шарафи вилояти Суғдро дар ин озмуни бонуфуз 58 нафар ғолиби даври вилоятӣ ҳимоя намуданд. Довталабон аз фанҳои физика, химия, математика, география, биология ва технологияи иттилоотӣ маҳорату дониши худро санҷиданд.

Дар ҷамъбаст хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд бо 38 медал ҷойи аввал, шаҳри Душанбе бо 24 медал ҷойи дуюм ва вилояти Хатлон бо 24 медал ҷойи сеюмро  соҳиб гардиданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ, Хуҷанд- 10, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом 6 ҷойӣ мавқеи намоёнро ишғол намуданд.

Байни муассисаҳои таълимӣ дар олимпиада хонандагони мактаби хусусии ба номи «О. Ҷӯраев»-и шаҳри Конибодом, ба гирифтани 5 ҷой, литсейи №1-и шаҳри Исфара 4 ҷой, литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд 4 ҷой, литсейи №5- шаҳри Исфара 2 ҷойи 1 зафарёб гардиданд.

Ба ғолибон Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳамзамон  5 нафар иштирокчии фаъол, ки аз натиҷаиҳои бадастовардаи ғолибони олимпиада аз 1 то 2 холӣ фарқ намуданд, бо Ифтихорномаи Вазорати маоориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иштирокчиён ва ғолибонро дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят намояндагони Раёсати маориф, омӯзгорон, падару модарон хуш истиқбол намуданд. Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода  миннатдории Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро барои ноил шудан ба чунин дастоварди беназир ба  ғолибон, устодоне, ки чунин шогирдонро тарбия кардаанд, ҳамчунин ба падару модарон расониданд. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб

 

Читать далее

22 May 2018

Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон

22 майи соли равон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури гирандагони стипендияи Раиси вилоят таъкид кард, ки таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

Читать далее

Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд

Рӯзи 22 майи соли 2018 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани Гувоҳнома ба иштирокчиёни “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи пешбаранда ва қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб меёбанд.  

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони саодатманди вилоят табрику таҳният гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои шоистаро таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.

Читать далее

Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Нимаи дуюми рӯзи 21 май дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Хобгоҳи мазкур бо дастури роҳбарияти вилоят ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муҳлати панҷ моҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Раиси вилоят зимни боздид аз хобгоҳ, хонаи маишии хизматӣ ва хонаи фароғатӣ таъкид кард, ки фароҳам овардани шароити шоиста барои афсарону сарбозон дар фаъолияти хизматии онҳо таъсири мусбии худро мегузорад. Навсозии хобгоҳи қисми ҳарбии 08362, ки барои 150 нафар пешбинӣ шудааст, гувоҳи он аст, ки рафти хизмати афсарону сарбозон зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Читать далее

Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

21 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ”

Рӯзи якшанбеи 20 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” – и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолият ва вазъи кунунии он шинос гардид.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” дар соҳили дарёи Сир ва дар масоҳати 22 гектар доман густурда, яке аз мавзеъҳои дӯстдоштании сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсуб меёбад. Дар “Наврӯзгоҳ” атраксионҳои гуногун мавҷуд буда, ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинон барои истироҳату фароғат ба ин мавзеъ меоянд.

Читать далее