May 2018

18 May 2018

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

16 майи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Пеш аз оғози мулоқот Раиси вилоят аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташкил шуда буд, боздид намуд.

Читать далее

АМАЛИ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ БАР ЗИДДИ ДИНУ МАЗҲАБ РАВОНА ГАРДИДААСТ!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан кишварҳои Шарқи Наздик дар айни ҳол гирифтор ба ҳаводиси нохостаи гурӯҳу созмонҳои мухталифи тундрав, ки таҳти ниқоби дини мубини ислом ошкоро ба мубориза бархостаанд, қарор гирифтаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба худ касб намудааст, терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Пуштибони ин гурӯҳ ҳамоно қувваҳои тафриқандоз ва ғосиби беруна аст, ки ҳадафашон амну осоиштагии ҷомеаро барҳам задан ва ба ҳамин васила афкори ифротгаронаи  хешро зуран бар сари мардум таҳмил намудан аст.

Ягона воситаи ба майдон кашидани ҷавонони ноогоҳ ва оғӯштаи хун намудани миллату халқиятҳо мусалмоннишин тӯли таърихи гузашта ва то имрӯз маҳз дини мубини Ислом аст. Баъди асри XV идеологияи фитнаангезӣ дар олами мамлакатҳои Шарқ ва мутеи худ гардонидани кишварҳои мусалмонӣ буд. Бо ин роҳ онҳо тарафдори коштани тухми хушунатҳои мазҳабӣ ва хусумату ҷудоӣ дар ислом буда, бо ҳидояти гуруҳҳои манфиатҷӯ ва ба истифодаи нимчамуллоҳои бесавод, бефарҳангу ҳуввияти динию миллӣ надошта пиёда карданд. Омили асосии ҷудоиандозии дар кулли кишварҳои исломӣ бесаводӣ, ҷаҳолат ва нодонии мардум аст, ки аз ин силоҳ кишварҳои пешрафта дар ҳамаи мамлакатҳои қафомондаи олами мусалмонӣ ва махсусан арабӣ истифода менамоянд.

Маҳз, ҳамин бадномкунандагони ислом дар асри ХХI ба эъмори давлати ба ном исломӣ ва хилофот пардохтаанд, ки боиси нооромии тамоми кишварҳои исломӣ, кушта шудани ҳазорон нафар мусулмонони бегуноҳ, овораю дар ба дар шудани ҳазорон кӯдакону наврасон, пирону барҷомондагон, мавриди таҷовуз қарор додани духтарону занон, хароб шудани шаҳру рустоҳо, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва охир оқибат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сабаби коста гардидани обрӯю манзалати дини поки ислом гардиданд.

Мо дар марҳалаи бурду бохти ҷаҳони муосир, кашфиётҳои гӯшнашуниди илмию фарҳангӣ, дигаргуншавии тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми сайёра, ба ҳам наздикшавии тамаддунҳо ва ба таҳаввулоти ҷиддии бесарусомонӣ гирифтор шудани як идда ҷавонони ноогоҳ аз дину оин ва хираду тафаккур дар кули сайёра қарор дорем. Дар ин раванди ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар, фирефтаю ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию террористӣ қарор  нагардидани ҳар як фард барои субот ва оромии ҷомеа зарур аст.

Вазифаи ҳар яки мо омӯзгорону устодон дар ин раванд аз он иборат аст, ки дар қалби насли наврас ва махсусан донишҷӯёну ҷавонон меҳру муҳаббат ба Ватан, забон, дин, мазҳаб, марзу бум, миллат ва модарро парварида онҳоро аз роҳи бад эмин нигоҳ дорем. Нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи ақидаҳои иртиҷоии гурӯҳҳои тундрав гарданд.

Абдураҳмонова М.И.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ГАРДАНБАНДИ ЗАНҶИРИИ КАБИРӢ

Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-терористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони гумроҳаш гумон мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон аз хиёнатҳои ин қабил афроди ватанфуруш огоҳ нестанд. Маҳз наҳзатиҳо чунон ба модар-Ватан хиёнат карда истодаанд, ки ҳадду канор надорад.

Агар ба фаъолияти ин тангназарон мушоҳида намоем, аён мегардад, ки кору рафтори онҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус насли ҷавон буда, мехоҳанд кишвари ободу озод ва  соҳибистиқлоли моро ба кишвари ҷангзадае, ки дар он  хоҷагонашон роҳбар мешаванд, тадбил диҳанд. Онҳо тарафдори дар тӯли асрҳо халқи соҳибмазҳабу соҳибтамаддуни моро аз мазҳаби аҷдодӣ ва фарҳангиву суннати худ берун намуда, мазҳабу фарҳанг ва шеваи зиндагии хогаҷонашонро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд.

Бахусус бо зуҳури ТЭТ ҲНИТ  ва рафту омади бештари аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ ба кишвари хоҷагонашон нахуст шеваи либоспӯшии ҳамсару духтарону пайвандони худ ва оҳиста – оҳиста шеваи либоспӯшии бархе аз занону модаронро ба шеваи либоспӯшии зану духтарони хоҷагонашон мутобиқ намуданд. Мусалмонии тӯли асрҳо омадаи бибиву модарону гузаштагони моро аз паси як порча либоси сиёҳи ҳамсару духтарони хоҷагонашон зери суол бурданд. Мусалмониро бо доштани ришҳои дарозу бетартиб ва шимҳои кутаҳ барои мардон ва доштани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ барои занон ҳамчун шеваи хоҷагонашон муқаррар намуданд. Нахуст тавре ишора намудем, ин шеваро дар сафҳои наҳзат ҷорӣ намуда, баъдан бо тарғибу ташвиқ ва фитнаандозиву найранг дар байни мардум хостанд ҷорӣ кунанд.

Бояд мардуми шарифи тоҷик огоҳ бошем, ки инҳо бо дастури хоҷагонашон кор бурда, нахуст ба арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанг ва мазҳаби аҷдодии мо рахна эҷод намуда, баъдан марҳила ба марҳила ба ҳар як омили зиндагии мо эрод гирифта, ҷои ин арзишҳоро бо тамаддун ва фарҳанги хоҷагонашон пурра хоҳанд намуд, ки дар натиҷа ба солимии авзои ҷомеа хатар эҷод хоҳад намуд. Зеро яке аз саркардагони ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ танҳо бо супориши хоҷагонаш кор ва зиндагӣ карда, барояшон аз супориши хоҷа дида болотар дигар ҳеҷ чиз арзиш надорад ва барои расидан ба татбиқи ормонҳои деринаи хоҷагонаш ҷаҳду талош менамояд.

Чун гарданбанди занҷирии Муҳиддин Кабирӣ дар дасти хоҷагонаш аст. Ҳамзамон Кабирӣ чунон аз маблағҳои хоҷагонаш муфт истифода намудааст, ки дигар аз дасти хоҷагонаш роҳи гурез надорад.

Ф.Воҳидов

Читать далее

АНДЕШАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСЛИҲАЕСТ БАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ!

Мутафаккирон ва адибони бузурги гузаштаи мо як қатор андеша ва ғояҳои мўътабареро дар бораи консепсияи муаммоҳои давлат ва ҳуқуқ пешниҳод намудаанд, ки дар байни онҳо пешгирии ҷомеа аз вабои ифротгароӣ нақши муассир дорад. Маҳз ҳамин андешаҳо дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ баҳри пешгирии шомилшавии аъзоёни ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аҳамияти муҳимро дорад.

Аз ин нигоҳ, дар андешаи милли гузаштагони мо, афкори сиёсӣ – ҳуқуқӣ мақоми махсусро ишғол намуда, Рўдакиву Фирдавсӣ, Форобиву Сино, Хайёму Аттор, Носири Хусраву Саъдии Шерозӣ, Ғаззоливу Низомулмулк ва дигарон ақидаҳои арзишманди худро пешниҳод намудаанд. То ба имрўз ин афкор аҳамияти умумиҷаҳонии худро гум накардааст. Афкор ва арзишҳои илмии онҳо ба хазинаи арзишҳои нодири умумиинсонӣ ворид гардидаанд. Заминаҳои ғоявии таҳаввулоти минбаъдаи афкори сиёсиву ҳуқуқи тоҷику форсро гузошта, баробари ин аҳамият ва муҳимияти хешро бо гузашти садсолаҳо гум накардаанд. Аксарияти асару рисолаҳои онҳо ба забонҳои гунонуги илмӣ тарҷума ва чоп гардидаанд, ки аз бузургии онҳо дарак медиҳад.                     

Таъкид ба маврид аст, ки мутафаккирони мо на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва муридони худ, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замон эътибору обрӯи зиёд дошт. Онҳо гарчи ҳақиқати талхро баён кунанд ҳам, лек ҳокимони раиятпарвар онҳо мавриди эъзоз қарор медоданд, ки таърих ба ин мисолҳои зиёде дорад.

Шоирону нависандагони маъруф сар то сари Мовароуннаҳру Хуросон, Туркияву Шарқи наздик таълифоти хешро ба мутафаккирони гузаштаи мо барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши онҳо мегузарониданд. Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати мутафаккирон дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки онҳоро беҳтарин ҳаками замон медонистанд. 

Мутафаккирони форсу тоҷик бо идомаи суннатҳои хоси баёни афкори ҳуқуқӣ дар адабиёти форсу тоҷик ба масъалаҳои муҳими аҳди худ, чун ташкили оқилонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти ҳуқуқ дар низоми давлатдорӣ, қонуният, тартибот ва интизом, пешгирии шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва иртиҷоӣ равона намудаанд.

Дар раванди тадқиқоти масоили дар боло зикр гардида мутафаккирон як қатор ғоя ва афкори заруриро пешниҳод намудааст, ки қисмате аз онон то ба дараҷаи коркардҳои консептуалӣ расидаанд. Аз он ҷумла имконпазир будани шакли дунявии идоракуниро дар шароити давлатдории асримиёнагии мусалмонӣ эътироф намудаанд. Вобаста ба ин консепсияи шоҳи одил ва мутеъи қонун, одил ва ҳақшиносро кор карда баромадааст. Ақл ва донишро то ба дараҷаи аркони муҳими давлатдорӣ боло бардоштаанд, ки дар асоси он ғоя ва назарияи шоҳи оқил ба миён меояд ва ин назарияро мутафаккирони форсу тоҷик пешниҳод кардаанд. Ҳифзи ҳуқуқу озодаҳои шаҳрвандон ва аъзои ҳар яки ҷомеа ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи давлат эълон намудаанд. Моҳияти иҷтимоии давлат ва мақоми бузурги роҳбари давлатро ин мутафаккирони  барҷастаи форсу тоҷик ба манфиати ҷомеа, давлат, ва ҳамаи инсоният мешуморад.

Ҳаллу фасли чунин масоил ва дар маҷмўъ фаъолияти давлатро да афкори сиёсӣ ҳуқўқӣ бидуни ҳуқуқ ва қонунҳои одилона имконнопазир мешумориданд. Онҳо ҳаройина ғояи волоияти ҳуқуқро ҳифз намуда, талаботи риояи бетанаффуси қонунҳоро ба унвони асоси фаъолияти давлатмардон ва табақаҳои мухталифи аҳолӣ коркард ва пешниҳод кардаанд. Мутаффакирони барҷастаи халқи тоҷик аз қонуният дар низоми давлатдорӣ ва тартиботи пурра дар ҷомеа ҳимоят мекунад, ки ба онҳо адл ва адолати судӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ пайванд мегиранд, ки он асоси пешгирии муносибатҳои ғайри инсони баҳисоб меравад. Назарияи «волоияти адолати судӣ» пешниҳод гардидааст, ки маҷмўи қоида ва тавсияҳоро оид ба баррасии оқилонаву одилонаи баҳсҳои ҳуқуқӣ таъмини бехатарии одамон, ҳифзи шараф ва номуси онҳо фаро мегирад.

Мутафаккирони мо дар ҳар давру замон пайваста ҷонибдори сулҳ ва ваҳдат мебошад. Онҳо аз сиёсати сулҳдўстонаи давлатҳо барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба пуштибонӣ менамоёяд. Аз ҷумла дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид”.

Таъкид ба маврид аст, ки гузаштагони пурифтихори мо ҳамагуна низоъу хушунатро, ба истистинои ҷангҳои муҳофизатӣ барои ҳифзи Ватан ва адолат, ҷангҳое, ки барои озод намудани мардум аз ғуломиву асорат бурда мешаванд, маҳкум менамуданд.

Чунин ғояҳо ва афкори марбут ба масъалаҳои афкори сиёсӣ ҳуқуқӣ дар шароити имрўза дорои аҳамияти маърифатӣ ва амалӣ мебошанд. Ҳарчанд инсоният дар асри XXI қадам мезанад, ҳамоно масоили марбут ба некиву бадӣ ва адлу дод баррасӣ намудаи мутафаккирони пешина дар робита ба оини давлатдорӣ муҳим ва қобили мулоҳиза боқӣ мемонанд.

Оиди ин масъала Пешвои миллат дар суханронии худ чунин таъкид намуданд: “Ҷаҳони муосир, мутаассифона дар андаруни ҷанг ва муноқишаҳои қавмиву миллӣ дар нуқтаҳои мухталифи курраи замин қарор дорад, ки хатари афзудани он ҳанўзам бештар аст. Маҳз дар чунин шароит аҳамият ва муҳимияти андешаҳои афкори халқи тоҷик чун гузаштагони ў дар бораи сулҳ, зарурати ҳифз ва пуштибонӣ аз он, оштинопазирӣ бо таҷовуз ва интиқоду маҳкум намудани вай бештар таҷассум пайдо мекунанд”.

Дар канори ин метавон қайд намуд, ки сулҳе, ки дар заминаи хотимаи ҷанги шаҳрвандии бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба даст омад, дар баробари омилҳои дигар бо шарофати маърифати мероси ниёгони мо (Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷомӣ, Дониш ва дигарон), ба даст омад, ки ғояҳои ба даст овардан ва таъмини сулҳ, рушди ҳамкорӣ ва ҳамдилии халқҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои низом дар саросаи оламро таблиғ мекунанд.

Баъди ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ баҳри омўзиши афкори сиёсӣ - ҳуқуқии гузаштагони барӯманди мо  шароити мусоид фаро расид. Зеро дар ин давраи ҷаҳонишавӣ азхудкунии арзишҳои куҳани миллӣ ва ҷустуҷўи роҳҳои сохтмони ҷомеаи нав, ки ба дастовардҳои ҷаҳонӣ ва суннатҳои миллӣ – фарҳангӣ асос меёбанд, фароҳам омад.

Аз ин рӯ мо устодону омӯзгорон бояд насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсонӣ, ки гузаштагони мо онро дар эҷодиёти худ талқин мекарданд, тарбия намоем. Дар ҷаҳони пурталотуни кунунӣ худшиносии миллӣ аслиҳаест бар муқобили ифротгароӣ. Маҳз рӯй овардан ба андешаи миллӣ ба имкон медиҳад, сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Ба зиндагии озоду ободи ояндаи худ қадам гузорем.

Кенҷаев Ш.Ю.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

БАРАНГЕЗАНДАИ КИНАВУ АДОВАТИ МИЛЛӢ

Дар тули давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон ба дастовардҳои зиёде ноил гашт ва ноил гашта истодаас, ки дар ин роҳ нақши Сарвари давлат ва кулли шаҳрвандони мамлакат бағоят бузург аст. Мутаассифона ба дастовардҳои зиёди дигар низ муваффақ шудан мумкин буд, агар баъзе гурўҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба монанди ТЭТ ҲИНТ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ба рушди давлати мо  монеъгӣ эҷод намекарданд.

Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ТЭТ ҲНИТ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ доимо дар роҳи содирнамудани кирдорҳои ҷинояткорона буд ва баҳри иҷро намудани амалҳои нопоки худ аз ҳеҷ роҳ бар намегашт. Мисоли ин гуфтаҳо болоӣ дар байни аҳолӣ бадбиниро нисбати давлату ҳукумат ва мақомотҳои қудратӣ барангехта, шахсиятҳои маъруфи миллатро, ки бар зидди ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИТ баромад мекарданд, ба қатл расониданд. Шахсиятҳои кушташуда инсонҳои оддӣ набуда, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифгари миллати тоҷик буданд. Аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумахон Ҳотамӣ, Шарипов Фатҳуллохон, Бегиҷонов Собирҷон, Моёншо Назаршоев  ва дигаронро ба қатл расониданду нобоварии халқро нисбати ҳукумат зиёд намуда, маълумотҳои бардурўғро оид ба он ки ин шахсиятҳои барумандро ҳамчун рақибони сиёсӣ ҳукумати кишвар ба қатл расонида бошад паҳн намуда буданд.

Мисолҳо нисбати фаъолияти ҷинояткоронаи наҳзати хиёнаткор хеле бисёр аст. Бо ин амалҳои худ ТЭТ ҲНИТ бадхоҳи миллат ва зархариди хоҷагони худ буданашро нишон дод.

Воқеаҳои солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ  содиргардида маҳз бо дастгирии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вуқуъ омада буд. Далели ин гуфтаҳо нишондоди гурўҳи ҷинояткороне, ки дар давлати Эрон барои содир намудани куштор, амалҳои террористӣ, таркиш ва дигар амалҳои диверсионӣ дар лагерҳои (урдугоҳҳои) махсус машқу тамрин намуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1995 то 1999 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намуда буданд мебошад.

Роҳбарияти наҳзат шахсан Муҳиддин Кабирӣ ва дигар муовинони ӯ,  ки мехостанд бо роҳи ғайриқонунӣ сохти конститутсионии давлатро тағийр диҳанд. Хушбахтона ниятҳои нопоки онҳо, ки амалӣ нагашт ва имрўз онҳо аз хориҷ истода мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ақидаи мардумро нисбати сиёсати давлату ҳукумат ва Пешвои миллат вайрон намуда, нооромиро дар мамлакат ба вуҷуд оранд.

Имрўз вақти он расидааст, ки тамоми мардуми кишвар бе тарсу ҳарос  ба ҳодисаву воқеаҳои ҷойдошта аз нуқтаи назари объективӣ баҳогузорӣ намоем. Нисбати ҳар гуна мақолаву баромадҳои ифротии наҳзатиён фикру андешаи худро иброз намоянд. Бо ҳар як амали хеш мо бояд ҳимоякунандаи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъминкунандаи амнияти миллӣ, устуворӣ ва якпорчагӣӣ давлату миллат буданамонро исбот намоем. Мақолаву баромадҳои иғвоангез ва барангезандаи хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ, ташвиқоткунандаи ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротиву террористӣ доштаро зери танқид қарор дода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем. Зеро ки ин сарзамини таърихӣ аз гузаштагони мо мерос аст ва мо бояд бе шикасту рехт бояд онро ба насли оянда ба мерос гузорем.

Қобилов Б.Қ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ИСЛОҲОТГАРОНИ НИЁЗМАНДИ ИСЛОҲОТ

Дирӯз дар саҳифаи интернетии яке аз хоинбачаи миллати тоҷик, пайрав ва дастпарвари хоинони касбӣ, таълимдида ва моили сиёсатҳои пучу бепояи хоинон ва хоҷагон – Шарофиддин Гадоев баёнияе, нашр гардид, ки дар он аз таъсиси ҷумбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар шаҳри Амстердами Ҳолланд хабар медод.

Дар нишонаи иттилои дарҷёфта аксе бо ишорати майл ба боло дарҷ ёфтааст ва гӯё аз ислоҳотталабӣ ва саҳмгузории ин нохалафон дар рушди Тоҷикистон шаҳодат медода бошад.

Ин разилонро чашмашонро пули бедардимиён ва маблағҳои ҳангуфти хоҷагонашон гирифтааст ва ҳатто аз рушди Тоҷикистон маълумоте надоранд. Гарчанде медонанд, ки мирӯз иқтисодиёти мамлакати мо рӯ ба тараққӣ аст, лек ин маълумотҳои раднопазирро, ки созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф намудааст, қабул Дар зери баёнияи ин ҷунбиш, ки гӯё 11 нафар имзо гузоштаанд, танҳо исми 5 нафар дарҷ гардида, боқимонда 6 нафар аз ҷои ғайб ба ин гуруҳи хоинон ҳамроҳ мебошанд. Масалан дар сафи аъзоёни ҷунбиш исми бародари хоини давлат Умаралӣ Қувватов – Анвар Қувватов низ дарҷ гардидааст.

Аз нигоҳи дигар Шарофиддин Гадоеви 33 сола, ки ҳатто таҷрибаи кофии зиндагӣ ва дониши казоӣ надорад худро ҳамоҳангсози ҷунбиш унвон дода, даъвои ислоҳотро дорад, ки хеле хандаовар аст. Агар бо дидгоҳи ақл назар афканем маълум мегардад, ки нохалафи Шарофиддин Гадоев соли 2012 аз Тоҷикистон фирор карда, ба хоини миллат Умаралӣ Қувватов пайваст ва аз он лаҳза бар зидди арзишҳои миллӣ садо баланд намуд. Бо баробари даргузашти Умаралӣ Қувватов Гадоеви ватанфуруш курсии раҳбарии созмони мамнӯи “Гуруҳи – 24” –ро, ки муассиси он Қувватов буд, ишғол намуд.

Гарчанде зимни мусоҳибаи худ Гадоев аз ҳеҷ робитае бо наҳзат надоштани ҷунбишаш изҳор медорад, аммо зиндагии ин хоини миллат бо зиндагии Муҳиддини Кабирӣ пурра тавъаманд. Чунончӣ Кабирӣ қалбан бо баҳонаҳои гуногун дар ҷанозаи модараш ва баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накарда бошад, Шарофиддин Гадоев низ дар ҷанозаи падари 68-солааш Мирзоалӣ Гадоев низ ширкат наварзид. Аз ин нуқтаи назар ақли Шарофиддин  ба он нарасид, ки дар ҷанозаи падараш иштирок кунад ва як каф хокро ба болои қабри падар ҳамчун писар пошад ва ё аз гӯшаи тобути падар бигирад.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк мекунем, ки ҳадафи ҳамаи ҳизбу созмон ва равияҳои номатлуб барангехтани низоъ дар кишвар ва оғози ҷангу куштор аст. Таъсиси ҷунбиши ба номи ислоҳот ва рушд низ аз зумраи чунин гуруҳҳои ихтилофангез ва хиёнаткор ҳастанд. Оё ин нохалафон бехабар аз онанд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ ва дастдории фарзандони нохалафи миллат сар зад зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва  дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Оё ин нохалафони “ислоҳношуда” намедонанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин карда шуд. Оё ин разилон намедонанд, ки тибқи баҳодиҳии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистон чандин маротиба ба сафи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидааст. Албатта ин нохалафон ҳамаи инро медонанд, вале чун супориш гирифтаанд, бояд ба ҷунбишашон номе бо истифодаи калимаҳои “ислоҳот ва “рушд”-ро гузоранд.

Мо шаҳрвандони ин сарзамини таърихӣ аз чунин нохалафоне, ки ҳадафашон бар зидди арзишҳои миллӣ ва бар зидди сулҳу суботу оромии Ватан аст безорем. Мо пешниҳод мекунем, ки аввал Шумо “худатонро ислоҳ кунед ва баъд даст ба ислоҳот занед”. Мо ягон зарра ба ислоҳот ва рушди Шумо ниёз надорем, зеро Тоҷикистон худ дар ҳоли рушду инкишоф аст. Мо медонем, ки Шумо “рушд ва ислоҳот” гуфта ин калимаҳоро ба маънои баръаксаш мефаҳмед ва ҳадафатон “ақибмонӣ ва гумроҳкунии мардум” аст. Хоҳ нохоҳ дар пушти ин ҷунбиши гумроҳон низ ким – кадом хоҷае бинҳуфтааст, ки рӯзе ошкор хоҳад шуд. Вақт довари бузург аст!

Ф.Воҳидов

Читать далее

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия пеш аз ҳама раванди таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангие мебошад, ки кулли соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад. Раванди мазкур маҳсули меҳнати чандин асра буда, баъди асри ХХI домани худро васеътар ва фарохтар намуд. Дар натиҷаи таъсири он ҷомеаи ҷаҳонӣ сифатҳои умумӣ касб намуда, ҳаёт аз рўи усулҳои ягона, яъне майл намудан ба арзишҳои ягона, ба ҳам наздикшавии расму одатҳо ва рафтори одамон  ба назар мерасад. Натиҷаи ҷаҳонишавӣ – баланд рафтани таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ-ҷунбишҳои динӣ ва ширкатҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста дар худ доштани пешравиҳои илму техникӣ ва моддиву маънавӣ, ҷаҳонишавӣ боз дар худ таҳдид ва хатарҳои ҷадидро дорост. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди мазкур  ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма, ки дорои неруи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад. Раванди мазкур ба асолати миллии ҳар халқ, пеш аз ҳама ба урфу одат ва фарҳангу забони ӯ таъсир мерасонад. Бинобар ин поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Зери мафҳуми ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия васеъшавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. Ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ,  маданию сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намуда, ба дигар муҳит таъсири худро мерасонад.

Аммо дар асри XXI ҷаҳонишавӣ мазмун ва моҳияти навро ба худ касб намуд. Акнун ин раванд силоҳи асосии маҳви фарҳангу маданият ва то ҳатто арзишҳои инсонӣ гардид, ки мисоли равшани онро мо дар ҷомеаи имрӯзаи худ мебинем. Ба маънои томаш муносибатҳои байни инсонҳо ва давлатҳоро дар ҷомеа муайян мекардагӣ шуд.

Аксари коршиносону ҷомеашиносон раванди мазкурро тасодуфӣ ва ё дар ҷойи холӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳисоб намекунанд. Зуҳури онро таърихи тўлонӣ тахмин намуда, ташаккули онро ба се марҳала ҷудо менамоянд:

Марҳилаи аввал (асри XVI-миёнаи асри XIX), яъне тӯли 400 сол идома ёфта, аз замони кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ва ташкили империяҳои мустамликадорӣ оғоз меёбад. Дар натиҷаи инқилоби саноатӣ дар Аврупо оҳиста-оҳиста бозори ҷаҳонӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодиву тиҷоратӣ ташаккул ёфт;

Дар марҳилаи дуюм (миёнаи асри XIX ва миёнаи асри XX)  аз замони ба вуҷуд омадани давлатҳои дорои капитализми монополистӣ, яъне империализми ҷаҳонӣ сар шуда то ҷанги якуми ҷаҳон идома ёфт. Дар ин давра дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми мустамлика ва мустамликадорӣ ба нуқтаи аълои худ расида буд. Баъди итмоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аниқтараш баъди солҳои 20-уми асри ХХ раванди глобализатсия куллан дигар шуд.

Марҳилаи сеюми ҷаҳонишавӣ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуда, то ҳол идома дорад. Хусусияти хоси марҳилаи сеюм тақсимшавии ҷаҳон ба ду системаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ, яъне капиталистӣ ва сотсиалитӣ буд, ки муборизаи байни онҳо ба ташкили ду паймони ҳарбӣ НАТО ва Созишномаи Варшава байни ҳам то соли 1991 мубориза мебурданд. Лек баъди фурупошии империяи абарқудрати Шӯравӣ раванди ҷаҳонишавӣ боз рангу рӯи дигарро касб намуд. Акнун раванди мазкур мафкураи холие, ки баъди шӯравӣ ба миён омад онро забт ё пурра намуданд.

Аз сабаби он ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамаи соҳаҳоро  фаро мегирад, омўзиши онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм алоқамандӣ дорад. Барои иқтисодшиносон падидаи асосӣ тарафи молиявии масъала, яъне таъсиси ширкатҳои фаромиллӣ, рушди савдо ва асъори ҷаҳонӣ тааллуқ ёбад, пас барои файласуфону ҷомеашиносон бошад, моҳияти ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама дар якҷоя ва ба ҳам омадани арзишҳои маънавӣ ва ташаккули тарзи зиндагии ягонаи одамон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар соҳаи ҳарбиву мудофиавӣ бошад ҷаҳонишавӣ асбобу олот ва техникаҳои муосири ҷангиро ба бор овард.

Ҷаҳонишавӣ ба тағйири бунёдии тамоюли арзишҳои фарҳангии инсон таъсири бузург расонидааст. Тарзи зиндагии одамон тадриҷан нишонаҳои якхеларо касб намуда бошанд ҳам, лек дар амал онҳо дигаргун мешаванд. Мафҳум ва моҳияти ҷаҳонишавӣ дар ин раванди созанда ба ғарбишавӣ руй меоварад. Арзишҳои фарҳангии Ғарб дар дигар кишварҳо бо суръати баланд паҳн мешаванд, ки ба фарҳанги миллӣ ҳар қавму миллат ва давлати мустақил хатар эҷод менамоянд.

Дар замони муосир зери пардаи ҷаҳонишавӣ хушунат ва зўроварӣ низ ба чашм мерасад, ки ба он амалиётҳои террористӣ-экстремистӣ шомил мебошанд. Маҳз пайдо ва дар ҳоли рушд қарор ёфтани гуруҳҳои ифротиву тундгаро маҳсули меҳнати созандаи ҷаҳонишавӣ аст. Мутаассифона дар замони имрӯзаи мо қисме аз инсонҳо бо тақлидҳои кӯр – кӯронаи худ туъмаи раванди ҷаҳонишавӣ мегарданд, ки оқибат худро хароб мекунанд. Маҳз аз набудани дониш ва ақлу идрок боис мегардад, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба худ раванди ҷаҳонсӯзиро касб намояд.

Мо аҳли ҷомеа, сокинону шаҳрвандони ин сарзамини таърихӣ бояд аз раванди ҷаҳонишавӣ чизи хуб ба даст орем. Онро дар роҳи илмомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии худ ва дигарон истифода барем. Нагузорем, ки аз ҷаҳонишавӣ ҷаҳони тинҷу ором ва ободу зебои моро“ҷаҳонсӯз” гардонанд. Насли наврас ва ҷавононро пеш аз ҳама ба роҳи рости инсонӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан - Модар ҳидоят намоем.

Султонова  А.Ҷ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ТАФАККУРИ ИФРОТИИ ИФРОТГАРОЁН!

Дар замони имрӯзаи мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳои мустақил хатарҳои ҷиддиро эҷод намудаанд.

Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар ва таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад.

Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона зиёд ҳастанд.

Шароит имрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии диниро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре кунем.

Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан ё ифротӣ будан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.

Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

Ифротгар динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.

Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда ва бо ин роҳ мақсади худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.

Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр манфӣ мегузорад.

Агар симои як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас, надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, эътирофи танҳо фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи хурдагирона ба рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрок, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгар хоҳанд буд.

Ифротгар ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқавӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат мекунад, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад.

Барои аз байн бурдан ва пешгирии ҷомеа аз ақидаҳои ифротии бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Имрўз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохўрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи ақидаҳои ифротиву иртиҷоии терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳим мебозад.

Абдураҳмонова М.И.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ҲАЙФИ НОМИ ОДАМИАНД НАҲЗАТИҲОИ ХОИН!

Бешак, рафтору кирдор ва амалкарди хоинони миллати тоҷик террористони наҳзатӣ, анҷумани бо ном “Озодандешон”, ҷунбиши ислоҳотгарон ва амсоли инҳоро мушоҳида намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин хиёнаткорони лаъин аз ҳайвон ягон фарқ надоранд.

Балки танҳо сураташон аз ҳайвон фарқ мекунаду сираташон маҷмӯи амалҳои ҳайвонигариро дарбар мегирад. Бузургони илму адаби тоҷик ҳанӯз зикр намуда буданд, ки инсон агар дорои ақлу тамиз ва ирдоку ҳуш намебуд, аз ҳайвон ягон тафовуте намедошт. Бахусус, ба бар намудани либоси зебову худро бо он андармон кардан, бандаи ҳавову ҳавас ва нафс шудан инсонро ба сӯи ҳайвонӣ мекашад.

Чунон чӣ, ба андешаи Саъдии Шерозӣ:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту гӯшу даҳону бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Дар баробари ин бояд хоинони миллати тоҷик дониста бошанд, ки танҳо сурати зебо нишонаву бақои инсон набуда, балки сирати зебо, доштани ақлу тамиз ва ба роҳ мондани хислати неку ҳамидаи инсонӣ муаррифгари инсон аст.

Сурати зебо мабин, бар сирати зебо нигар,

Ақл дар сурати зебо нест, андар сират аст.

Бояд ин ноҷавонмардони ватанфурӯш, ки бар муқобили амнияту субот, оромиву якдилӣ ва ваҳдати миллии мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон садо баланд мекунанд, дарк ва эҳсос намоянд, ки сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осудагӣ бо кӯшиш ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми меҳандӯсти тоҷик ба даст омад. Дигарбора халқи тоҷик намегузорад, ки нохалафони наҳзатӣ ва хоҷагонашон ба кишвари мо осебе расонад.

Маҳз сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва тамоми бесарусомониҳои асри гузашта аъзо ва пайравони ҳизби ифротии наҳзатӣ ва иддае аз тарафдорони ноҷавонмардонаи онҳо буданд.

Мардум дарк мекунад, ки маҳз бо пайдо шудани ҳизби наҳзати ислом ва ҷудокунии мусалмонон бо мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат, коштани тухми тафриқаву адоват байни мусалмонон, гузоштани ришҳои бенизом ва ба бар намудани либосҳои сиёҳу кӯтоҳ, тақликдорӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби наҳзатиҳо ва занону духтарони онҳо буд, ки мардумро ба сӯи бефарҳангиву ҷаҳолат кашида, боиси хонавайронии чандин оилаҳои солим гардид.

Сурататро чи кунам гарчи надорӣ сирате.

Кас ба як ҷав нахарад ин сурати бе сирате.

Бо дарки ин маънӣ, бояд хоинони миллати тоҷик худро ҳомии дини мубини Ислом мепиндоранд. Онҳое, ки худро озодашдеш ва онҳое, ки худро ислоҳотгар мешуморанд, бояд барои дарки маънӣ, омӯзиши илму дониш камар банданду  даст аз хиёнаткорӣ бардоранд. Зеро дар ягон давру замон хиёнаткорро Ватан, миллат, ҳамватан, падару модар ва ҳатто дину маҳзаб низ намебахшад.

Дар баробари ин ба ҷавонони саодатманди Ватани маҳбуб муроҷиат менамоем, ки бояд аз пайравӣ ба ин гумроҳон, инсонсуратони ҳайвонсират канораҷӯӣ намоем, зеро инҳо на ба модару  падар, на ба Ватану миллат, на ба дину мазҳаб ва ҳатто ба зану фарзанди худ  раҳму шафқат надоранд, ба ҷуз “хоҷаи худ”.

Аз ин рӯ, мо бояд аз инҳо дурӣ ҷӯем ва нагузорем, ки ақидаҳои ифротии онҳо осмону софу беғубори мамлакати моро тира созанд.

Бо як нидо мегӯем: Нест бод ТЭТ ҲНИТ!

Ф.Воҳидов

Читать далее