June 2018

24 June 2018

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Читать далее

Оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ

Субҳи рӯзи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.

Читать далее

23 June 2018

Разве клевета, что члены ПИВ стали шиитами?

Разве клевета, что члены ПИВ стали шиитами?  (Твёрдые доказательства того, что руководство ПИВ приняло мазхаб шиитского толка)

 

Читать далее

22 June 2018

Раҷаббой Аҳмадзода номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

22 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид. Дар иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони вилоят, соҳибкорон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар он 7 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Читать далее

Террору экстремизм хоси тоҷикон нест

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби марзу бум, давлат, фарҳанг ва маънавияти воло буда, дар қатори халқҳои мутамаддини ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибмаърифат шинохта шудааст. Гарчанде миллати мо дар замонҳои гуногун ҷабрдида бошад ҳам борҳо аз нав қомат афрохт, дубора нерӯву бозсозандагӣ нишон дод, ба асли хеш ҳамчун тамаддунофар, инсонгаро ва ватандор баргашт.

Истиқлолияти ҷумҳуриамон бо осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, дар солҳои тозаистиқлолӣ бо дасисабозиҳои нерӯҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои  гумроҳи мухолифини дохилӣ, кишвар ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар мамлакат нерӯҳое сар бардошта буданд, ки дар дил сарнагун кардани ҳокимияти конститутсиониро доштанд. Дасисаҳои ин тоифа хатари нестӣ ва парокандашавии миллатро ба миён овард.

Мо медонем, ки дини Ислом дорои ахлоқи бузург аст ва пояҳои баланд дорад.  Лекин ҳоло ин маъниро исломгароёни мазҳабӣ аз байн бурданӣ шуда, мехоҳанд ба манфиати худ истифода баранд. Исломгароӣ бархе аз ҷавононро фирефтаи дину мазҳаб намуда, ба гурӯҳҳои мухталифи экстремистиву террористӣ пайваста, барои ноором сохтани ҷомеа истифода мебаранд.

ТЭТ ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати ҷумҳуриамон фаъолият бурда, мавзӯи асосии кирдори сарварон ва аъзоёнаш сари ҳокимият омада, даст ба табдили давлати қонунии дунявиро ба исломӣ мубаддал кардан  буд ва то ҳол дигар нашудааст.

Мувофиқи маълумоти аз манбаъҳои муътамад ба даст омада ҲНИ натанҳо ба созмон додани амалиёт ва фаъолияти  террористӣ машғул аст, балки бо “Давлати исломӣ”, “Бародарони мусалмон”, ”Ҷамоати Ансоруллоҳ”,  ”Ҳизби таҳрир” ва ғайра робитаи ҳамкорӣ дорад. Баъзе ҷавонони  гумроҳ ба аъзогии ҲНИ шомил ва берун аз Ватан барои исломӣ шудани дунё амалҳои террористиро анҷом дода, дар навбати худ қурбон шуда истодаанд.

Тоҷикистон бо сулҳу салоҳи пешгирифта, халқи зеҳни пок дошта намемонад, ки гурӯҳҳои ғараздошта, бадбин ба ниятҳои нопоки худ расанд.

С.Олов,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Ш.Тойирова, М.Исоева,
устодони Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  

Читать далее

Тарбияи худогоҳии миллӣ – вазифаи аввалиндараҷа

Агар ба саҳифаҳои таърихи ин ё он давлат нигарем, аз ҳодисаҳои  ҷангу ҷидол ва муборизаҳо ба назар ҳувайдо мешавад, ки муборизаи ду қувва-қувваҳои хайрхоҳу бадхоҳ иборат аст. Мақсади ниҳоии ин ҷангу ҷидолҳо ба даст овардани ҳокимият ва ҷорӣ намудани сиёсати худ бо роҳи зӯрӣ мебошад.

Солҳои охир қувваҳои сеюм, яъне қувваҳои ифротгаро низ пайдо шудаанд,  ки асосан зери ниқоб  фаъолият намуда, мақсаду мароми  гаразноки худро  доранд. Ин қувваҳои сеюм  худро  ҳизби сиёсии “адолатҷӯ” муаррифӣ карда, бо таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон онҳоро гумроҳ менамояд ва барои амалисозии ниятҳои ғаразноки худ аз ҳама гуна роҳҳо истифода мебаранд. Ин қувваҳои сиёсии ифротгаро дар мамлакатҳои мусулмоннишин дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд, ки ин хеле хафнок мебошад. Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунад, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик бо “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.

Гарчанде, ки ҳизби наҳзат дар кишвари мо ҳоло расман фаъолият намебарад, таъсири он ва дигар ҳаракатҳои радикалистиву ва экстремистӣ аз хориҷи кишвар дида мешавад. Ҳадафи асосии онҳо ин корбарӣ бо табақаи камтаҷриба, вале сернуфузи мо - наврасону ҷавонон мебошад. Бо роҳи кашидан ба доми худ онҳо аз ҳамаи роҳҳо ва воситаҳо истифода мебаранд, то ки наврасону ҷавононро гумроҳ намуда, барои амалисозии мақсадҳои ғаразноки худ истифода  баранд.

Чӣ тавре, ки санаи 10 – уми майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоти худ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қайд намуданд, имрӯз дар қатори таълими асосҳои технологияҳои муосир ва фанҳои тахассусӣ тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.

Бинобар ҳамин, дар марҳилаи имрӯза тарбияи хештансиносӣ ва доштани  дониши сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро бояд дар мадди аввал қарор дода, мазмуни мавзуъҳои фанҳои гуманитарӣ-иҷтиморо ба ин масъалаҳо равона карда шавад. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён дар иҷрои кори мустақилона аз фанҳои  гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар мавзуъҳои вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ватандӯстӣ,  хештаншиносиву  худогоҳии миллӣ корҳои хаттӣ иҷро намоянд ва барои баҳодиҳӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба ин корҳо озмунҳои дохилидонишкадавӣ, шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ эълон нарда шавад.

 Ш.Усмонов,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Экстремизм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ

Ифротгароии динӣ натанҳо хатари миллию минтақавӣ, балки фаромиллӣ ва глобалист. Муборизаи муташаккилона бо ин «вабои аср» қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик таъми заҳрогини ҳаводиси солҳои навадуми садаи бистро чашида, анвои гуногуни ифротгароӣ ва тундравии динию мазҳабиро бо чашми сар дидааст. Ин амали ғайриинсонӣ моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ башарият бо душмани умумие рӯ ба рӯст, ки номаш ифротист.

Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд моро муттаҳид созад. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулм ҳукмрон бошад, ҳамон қадар бенизомию беадолатӣ реша давонида, гурӯҳҳои махсусе таҳти пӯшиши хадамоти ҷосуси ҷавононро дар доираи дину мазҳаб мағзшӯӣ ва барои анҷоми амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Дар макотиби олӣ фанни диншиносӣ ҷорӣ карда шудааст, ки  мақсади асосӣ ва ниҳоии он бедор ва огоҳ сохтани ҷавонон аз ҳодисаи номатлуб маҳсуб мешавад. Ба умеди дигарон набояд шуд.      Онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри муҳитсозӣ нестанд, баръакс, бар он манфиатдоранд, ки муҳити фарҳангӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ вуҷуд надошта бошад.

Одатан, ҷавонон аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст, хурофот пур карда мешавад ва азбаски сахт ҳассосанд, шефтаи ақоиди бебунёд мешаванд. Аксари мусулмонони дунё аз назари огоҳӣ ва иттилоъ, маърифат ва биниш ақибмонда буда, донишу биниши онҳо бештар рӯйи эҳсосу тасаввурот қарор дорад.

Қобили тазаккур аст, ки тамоми динҳо покизагӣ, ростгӯӣ, амали некро тарғиб дошта, дар асоси се зинаи тафаккури ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек устувор гаштааст. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон,  мутаассибон ва эҳсосоти мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолият ва ҷомеаи худро аз паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

М.МИРЗОАҲМЕДОВ,
устоди кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Читать далее

Кабириву кабиримаобон сағир шуданд!

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чеҳраҳои шахсони манфурро дар симои хоинони Ватан дарёфтанд. Маълум гардид, ки сабабгори асосии майдонкашию куштори мардуми осоиштаю чеҳраҳои мондагори миллат киҳо ҳастанд.

Акнун ин афроди хоину террорист берун аз Ватан умр ба сар бурда, барои нооромии амнияти миллат кӯшишҳо доранд. Бо гуфтаҳои худ Кабирӣ борҳо исбот менамояд, ки ӯ барои нооромии миллат ҷаҳду талош дорад. Инчунин, дигар ҳаммаслаконаш худро ҳамарӯза дар сомонаву шабакаҳо бо суханҳои хоинона намоиш медиҳанд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон аз ҷеҳраҳои Кабирӣ, Алиму Саидю дигару дигарҳо безоранд.

Кабирӣ сардори ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ ва ҳамаи террористону хоинони Ватан мебошад. Чеҳраи  ғализи толибонӣ, чашмони хунгирифта ва суханҳои нафратангезаш имрӯзҳо ҳамаро ба ғаш овардааст. Дар Аврупо ҳоло мисли сагони кӯча акос мезанаду атрофи худ дигар сагбачаҳоро ҷамъ овардааст. Ӯ бо се-чор сагону хоҷагони маблағгузораш кореро нисбат ба Тоҷикистону мардуми шарифаш анҷом дода наметавонд. Зеро, Тоҷикистон имрӯз ҷонфидоёни худро дорад. Намегузоранд, ки нақшаҳои Кабириву хоҷагонаш амалӣ гарданд. Кабирӣ то дами марг бадхоҳу бадгуфтор мемонад.

Инчунин Алим Шерзамонов низ як саги фурӯхташуда аст. Ӯ низ бо суханони бемантиқаш мисли кофари лаъин барои хоҷагонаш хизмат мекунаду халос.

Саидюнус низ худро яке аз шахсони дилсӯзи Ватан нишон медиҳад. Аммо барои мардум чӣ кори неке кард? Ё касе аз амали неки он воқиф аст? Мисли Саидюнус баринҳо куҷо буданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯшу Тоҷикистонро ба пеш мебурданд. Имрӯз аз минбарҳо дар ҳаққи Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо худашон дар куҷоянд? ҳамаашон дар гуфтору навиштаҳо давлату Ҳукуматро паст мезананд. Бад чаро дар хориҷа зери ҳимояи хоҷагонашон мегарданд? Ба ҷуз ивғоангезию барангехтани кина дар қалби мардум коре анҷом надодаанд. 

Мо - мардуми шарифи Тоҷикистон ин Ватану ин миллатро дӯст медорем. ҳар зарраи хокаш барои мо азизу муқаддас аст. Фирефтаи хоҷагон намегардем. Зеро барои ояндаи миллат ҳифзи Истиқлолият талоши ҳамешагӣ менамоем.

 Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Нақшаҳои ғаразноки Кабирӣ дар хориҷа

Аз рӯзе, ки ҲНИ-ро медонем, дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, низову фитна ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИ-ро бамаврид мешуморам.

Мардуми тоҷик мусулмони асиланд аст ва ба дини мубини Ислом на бо ҳизб ё гурӯҳбозӣ, балки аз сидқи дил имон доранд. Зарурати минбаъд фаъолият бурдани ТЭТ ҲНИ заррае ҳам зарурат надорад. Имрӯз, ки роҳбарияти ин ҳизби бенангу номус аз хориҷи кишвар истода  бо фитнаҳои сиёсии худ боз дубора мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳҳои гуногун мардумро кишварро гумроҳ намуда, бо омода сохтани душманон ва силоҳбадастони хунхор машғул буд. Ҷангиёни худро баҳри гирифтани таҷриба ба ҷангҳои дохилии мамлакатҳои Сурия ва Ироқ раҳсипор намуд. Фаъолияти роҳбарияти ҳизб ғайр аз омода намудани шогирдони нохалафи худ дар онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротӣ мебошад.

 Илова менамоем, ки минбаъд барҳам додани фаъолияти ин ҳизб аз ҷониби мардум хеле хуб пазируфта шуд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо номи дигар рақобати сиёсӣ намоянд. Аммо таърих исбот намуд, ки мақсади онҳо на пешбурди ҷомеа, балки фитнаангезӣ ва ба даст даровардани мансаб ва ҳокимият буду халос.

Имрӯзҳо, ки роҳбари ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор дорад, кӣ медонад, ки боз чӣ нақшаҳоро роҳандозӣ карда истодааст? Мақоле ҳаст, ки «Кӯр як бор ба чоҳ меафтад». Тоҷикистониён дигар бо Кабирӣ ва ҳизби худхоҳу хунхори ӯ бовар намекунанд. Дар ягон ҷумҳурии собиқ шуравӣ ҳизбе бо унвони исломӣ фаъолият ва ё арзи вуҷуд надорад.

Имруз Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон мехоҳад халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз боварҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхоҳ такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

 Мо - мардуми тоҷик на бо гурӯҳбозии бемаънӣ, балки бо ҳифз намудани истиқлолияти кишвар машғулем.

F.САНАВВАРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Сабукандешӣ пушаймонӣ меорад!

Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи Ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ин таъкид аз он хотир аст, аксарият нуктаи асосии пайдо шудани ифротгароиро ба дин рабт медиҳанд.

Бо вуҷуди он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи сода ва арзони муошират истифода менамоянд, дар баробари ин бо чанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракати худро бо дин омехта мекунанд.

Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд.

Имрӯз мутаассифона, ин зуҳурот ба як масъалаи асосии башарият табдил ёфта ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад. Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тамому неруву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.

Сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

Боиси хурсандист, ки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон ба хубӣ  дарк кардаанд, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз бояд беҳтар бошад. Онҳо рисолати таърихии худро дар пайи сиёсатҳои  хирадмандонаву созанда ва ободкоронаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқ дарк карда, дар фикри ободию сарсабзии кишвар, ҳимояи марзу буми он ҳастанд ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди кишвар ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.

 Д.РАҲИМОВА,
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
шаҳри Бӯстон

Читать далее