01 June 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.

Читать далее

Шиногоҳи соҳили дарёи Сир мавриди истифода қарор гирифт

1 июни соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ дар замони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш дар истифодаи умум қарор надошт. Бо ибтикори роҳбарияти вилоят шиногоҳи мазкур дар майдони 5 гектар аз нав фаъол гардид.

Читать далее

Саодати зиндагӣ аз чеҳраи дурахшони кӯдакон аст!...

Гузориш аз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар мебошад.

1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мутантан таҷлил гардид.

Читать далее

Террорист бешарафу кӯтоҳақл аст!

Арафаи асри ХХI дар марҳалаи сифатан нави пешрафти кишвар гурўҳҳои мафкураашон ба ҳам зид фазои идеологии холиро забт кардан мехостанд. Дере нагузашта байни мардум афзалият пайдо кардани ақидаҳои низоъангезу ифротӣ, шиорҳои «гўё динӣ» мушоҳида гаштанд, ки дар як муддати кўтоҳ бо дастгирӣ ва маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар тавонист тарафдорони худро пайдо намояд, муттаҳид ва мусаллаҳ созад, ба рўҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад.

Бинобар дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мазмуни аслии меъёрҳои дини Ислом ва минбаъд бо ҳисси манфиатдорӣ, шуҳратпарастӣ, ба таври ғалат шарҳу маънидод ва шитобкорона ташвиқу тарғиб шудани асос ва қоидаҳои динӣ аз ҷониби «ба ном ҳомиён ва ходимони дин» боиси он гардид, ки мақсадҳои низоъии ифротгароён зери пардаи демократияи исломӣ ноаён монд. Аз ҷумлаи чунин ниқобдорон ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом роҳи худро пеш гирифт. Мутаассифона, қисме аз мардуми зудбовар ба доми фиреб ва иғвогарӣ афтода, ҷони худро дар кашмакашҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ фидо карданд. Ин оқибатҳои таҷовузи мақсадноки идеологии қувваҳои сиёсие буд, ки вазъияти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро ба сўи фоҷиаҳои даҳшатноки ниҳоӣ такон доданд.

Барои паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди ҷамъияти мутараққӣ, давлате, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ таъмин месозад, мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, падида ва зуҳуроти фаъоли чунин нерўҳои тахрибкор ба монанди ТЭТ ҲНИ таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ ногузир ба густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мусоидат мекунад.

Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд ҳам, андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва аз таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем.

М.Асророва,
устоди Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Роҳи мо муайян аст!

Дар назди сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ҷамъ омадани як гурӯҳ одамон ба сару садоҳои зиёд сабаб шуд. Ба фикри банда баъди нооромиҳои солҳои 1992 ҳеҷ кас намехоҳад, ки Ватани азизи мо - Тоҷикистон дубора ноором шавад. Сабабгори ин бадбахтиҳо Ҳизби террористии наҳзат бо хоҷагони хориҷии худ буд.

Имрӯз Тоҷикистон, шукри Худо, ором ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон рӯз то рӯз обод мешавад. Аммо душманони миллати тоҷик монанди аъзои хиёнаткори наҳзат мехоҳанд, ки ин Ватани оромро боз ноором, бо ин васила ба хоҷагони худ хизмат ва маблағҳои муғризона гирифтаашонро бо хуни миллати тоҷик иваз кунанд.

Ба назди сафорати Эрон омадани онҳо ҳам бесабаб нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар созмон ёфтани ин ҳизби манфур ва хиёнаткор хизмати муғризонаи дастандаркорони онҳо бараъло ба чашм мерасид.

Имрӯз ин ҳизби террористӣ бе дастгирии онҳо ҳеҷ аст. Кабирӣ ва се-чаҳор нафаре, ки имрӯз ҳамчун хоини Ватан, ғарибу муҳтоҷу беватан, сарсону саргардон бе Эрон ҳеҷанд, аммо бо дастгирӣ ва маблағгузории онҳо худро дар паноҳи Ҳизбуллоҳ, ҳизби экстремистӣ ва террористии Ихвон-ул-муслимин мебинанд.

Дар ин миён кас намедонад, ки ҳадафи Ҷумҳурии Исломии Эрон чист? Агар ҳадаф шиа кардани мардуми Тоҷикистон бошад, бо ин 3-4 мазҳабфурӯш ҳеҷ кас пайрави шиа намешавад. Мардуми Тоҷикистон дину мазҳаби худро пок нигоҳ медорад! Аз дин сӯиистифода карда, дини муқаддасро ҳаргиз ба сиёсат ҳамроҳ намекунад!

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҳаргиз ба дасисаҳо фирефта намешавем!

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, монанди сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расиданд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон шуд. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад.

Мусаллам аст, ки амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо сӯистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро онҳо аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноки худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳо ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардум барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона аст.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро ба сураву оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо пайваст ва бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои аҳриманӣ истифода мебаранд.

Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию бесуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар давоми солҳои давлати Шӯравӣ дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисои насронӣ ва 2 ибодатгоҳи яҳудӣ амал мекард. Вале, ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияи динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва маркази исмоилӣ), Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои динӣ мавҷуданд. Ин воқеият на танҳо аз назари мардуми шарифи Тоҷикистон, балки аз назари тамоми аҳли сайёра берун монда наметавонад.

Аммо роҳбарони ТЭТ ҲНИ тамоми имкониятҳои дар самти озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анҷом додани табаддулоти давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои наҳзат ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, ки пештар фирефтаи муллоҳои наҳзатӣ шуда буданд, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд. Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТЭТ ҲНИ намегарданд.

Нодири Қодир

Читать далее

БАҲРИ ПУЛУ МОЛ БА МАЗҲАБИ ШИА ГАРАВИДАНИ НАҲЗАТИЁНИ БЕРӮЙ

Дар замони муосир Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари шиагаро баромад карда истодааст. Давлати Эрон омили ба вуҷуд оварандаи пайравони таълимоти шиагарӣ дар рӯи олам ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки дар таърихи гузаштаи худ Эрон то асри ХV чун кишваре, ки аҳолии он аксаран суннигаро буданд, ба қалам дода шудааст. Аммо аллакай дар ҳамин давра дар гўшаву канорҳои гуногуни Эрон фаъолияти пайравони таълимоти мактабҳои гуногуни шиа, хусусан мактабҳои зайдия ва имомия густурда мегардад.

Боиси қайд аст, ки баъди аз аҳли суннат ва ҷамоат дар нимаи дуюми асри VII ҷудо шудани шохаи шиа низоми таълимоти густурдаи он ташаккул меёбад.

Мафҳуми «шиа» ба маънои ҳизб, гурўҳи алоҳида баромад мекунад ва дар аҳди саҳобаи бузург Алӣ ибни Абў Толиб (р) нисбат ба ҷонибдорони ў истифода мешуд. Асли пайдоиши таълимоти шиа чӣ тавре ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ва динӣ қайд мешавад, бо замони баъди вафоти паёмбар Муҳаммад (с) алоқаманд буда, сабабгор ба он масъалаи ба кӣ дода шудани ҳокимияти олии давлатӣ дар Хилофат дониста мешавад. Бинобар ин, ҷонибдорони Алӣ ибни Абў Толибро (р) дар ин масъала аҳли шиаи Алӣ (р) меномиданд. Гуфтан лозим аст, ки истилоҳи «шиа» ҳамчунин дар аҳди муборизаи Аббосиён барои соҳиб шудани онҳо ба ҳокимияти Хилофат дар муносибат ба ҷонибдорони Аббосиён (шиати Аббосиён) низ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Боиси қайд аст, ки агарчанд асли таълимоти шиа дар замони Алӣ ибни Абў Толиб (р) аз ҷониби яке аз пайравони ў Абдуллоҳ ибни Саббоҳи Яҳудӣ асоснок гардида бошад ҳам, доктринаи шиа баъди вафоти Алӣ ибни Абў Толиб (р) ва писари ў Имом Ҳусайн (р) аз соли 680 рў ба инкишоф меорад.

Ба ҳамин тарз, дар аҳди аввали асрҳои миёна доктринаи шиа пурра ташаккул ёфта, асрҳои VIII-X ҳамчун давраҳои инкишофи он дониста мешаванд. Маҳз дар ҳамин давраҳо мазҳабҳои асосии динӣ-ҳуқуқии аҳли шиа, аз ҷумла, ҷаъфария, зайдия, имомия, исмоилия ташаккул меёбанд. Аммо мазҳабҳои динӣ-ҳуқуқии мазкур бештар нақши муҳими худро дар таҳия ва инкишофи доктринаи динӣ-ҳуқуқии шиа иҷро намудаанд ва ба ҳамин тарз пояи илмии таълимоти шиаро дар соҳаҳои илмҳои калом, ақида ва фиқҳи шиа мустаҳкам мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар давоми асрҳои миёна, замони нав ва замони навтарин таълимоти шиа асосан дар ҳудуди Ироқ, навоҳии атрофи он паҳн ёфта, пайравони зиёд дошт. Аз ҷумла, дар худи Эрон низ тамоюли афзоиши пайравони мазоҳиби шиа ба назар мерасад.

Инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон ҷараёни паҳну мустаҳкам гардидани таълимоти шиагароёнаи Эронро тақвият бахшида, нисбат ба ин инқилоб дар худи кишварҳои исломии ҳудуди Халиҷи Форс назари шубҳа ва танқидгароёна ҳукмрон мегардад. Бинобар ин, чунон ки аз маълумоти сарчашмаҳо бармеояд, баъди Инқилоби исломии соли 1979 ва эълон шудани Ҷумҳурии Исломии Эрон зиддияти байни Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс, хусусан, Арабистони Саудӣ боз ҳам пуршиддат мешавад. Ин кишварҳо, пеш аз ҳама, нисбати даъвати пешвои рўҳонии Эрон Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ, ки барои паҳн намудани инқилоби исломӣ ба дигар кишварҳо  ва  хусусан, кишварҳои халиҷ, ки ба гуфти ў онҳо дар «вазъияти ғуломӣ дар муносибат бо кишварҳои Ғарб қарор доштанд», бо назари танқидӣ менигаристанд.

Бояд гуфт, ки баъди Инқилоби исломии 1979 таъсир, мавқеи сиёсӣ ва геополитикаи Эрон дар минтақа афзоиш ёфт. Ин раванд баъди барҳам ёфтани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасид. Аз ҷумла эрониҳои шиапараст ба давлати Тоҷикистон, ки ҳам аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва забон умумияти ягона доштанд нигоҳи дигар доштанд. Мақсади онҳо бо сиёсати қадам ба қадами худ кулли мусалмонони миллати моро ба маҳзаби худ шиагарӣ ҷалб мекарда буданд. Дар ин роҳ барои онҳо ҳизби наҳзат, ки нав ба майдони сиёсӣ ва динии ҷомеа омада буд, хизмати беандоза намуд. Аз ҷумла ҷавонони ноогоҳро барои таҳсил ба муассисаҳои динии Эрон раҳсипор намуда, ақидаҳои онҳоро куллан дигар менамуд. Оиди ин масъала мисолҳои зиёде мавҷуд аст.

Обидов Д.С.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

МАЗҲАБФУРӮШИИ НАҲЗАТИЁНИ БЕМАЗҲАБ

Вақтҳои охир дар расонаҳо хабари фитнаҳои дар олам сарзадаро бо омили динӣ пайваст мекунанд. Низоъву зиддиятҳо, ошўбҳо, ҷангҳое, ки дар ин ё  он гўшаи канори кураи замин  сурат мегиранд, мутаасифона бо дини ислом вобаста мекунанд. Балоеро, ки имрўз ифротгароии динӣ, экстремизм,  мутаассибӣ, террорризм унвон гирифтааст ба ислом шабеҳ медиҳанду ҳамчун тамғаи он маънидод мекунанд. Ҳамагон медонем, ки ислом ба зоти худ айбе надорад.

Мутаасифона, дар Точикистони мо низ баъзе гурўҳҳои диниву сиёсӣ имрўз зери ниқоби ислом баромад намуда, ба ҳар васила кўшиш мекунанд, ки вазъи ороми сиёсии кишварамонро халалдор созанд. Чунончӣ, Муҳиддин Кабирӣ – собиқ роҳбари ҳизби мамнўъ ва экстремистӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ дар шаҳрҳои Аврупо (Дортмунду Варшава) ҳамоишҳои тарафдоронашро ташкил намуда, инстодааст.

Мардуми Тоҷикистон як маротиба аз фаъолияти бемаъниву фасоди мухолифини тундгарои динӣ, ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта азият кашида буд. Маҳз иддаоҳои бемаънии мухолифин, кўшиши онҳо барои бунёди давлати исломӣ ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Оқибати харобовари ин ҷанги беъманӣ дар он буд, ки наздик 150 ҳазор нафар кушта шуданд, зиёда аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ гаштанд, ба кишварамон зиёда аз 10 млрд. доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.

Алъон дар ибтидои қарни XXI  бар асари ноаҳлии мусулмонон олами ислом дар таҳлука карор дорад. Душманони ислом аз ин устокорона  истифода бурда  Ироқ, Сурия, Ливия, Лубнон, Яман ва дар дигар кишварҳо низову нифоқ барангехтаанд. Ин мамлакатҳои ба тамаддуни башарият ҳиссаи арзанда гузошта, имрўз харобу валангор гаштаанд, мардумаш сарсону овораанд, ояндаи ин кишварҳо зери суол қарор доранд. Ҷангҳое, ки дар ин мамлакатҳо ҷараён доранд, ҳосили  “ФИТНА” ном миллати қабеҳ ба шумор меравад.

Дар байни мамлакатҳои исломӣ чанд омилҳо сабабгори сар задани фитнаҳоянд. Яке аз омилҳои асосии фитнаҳо фаъолияти равияи шиа маҳсуб меёбад. Аз таърих маълум аст, ки ин равия ва фирқаҳои он созмондиҳандагони фитнаву исёнҳо буданд.  Равияи шиа дар натиҷаи ракобати тарафдорони халифаҳои ислом Абў Бакр, Умар, Усмон ва Алӣ ба вучуд омадааст. Тарафдорони Алӣ ақоиди се халифаи аввалро, ки аҳли сунниянд  инкор намуда, ба халифагӣ ё имоматӣ ҳақ доштани танҳо Алӣ ва олу авлоди ўро амри воҷиб меҳисобанд. 

Кулли мардуми Осиёи Миёна аз ҷумла тоҷикон муътақиди равияи суннӣ ва мазҳаби ҳанафия мебошанд. Дар ҷараёни таърих тоҷикон борҳо ба фитнаи шиаён мувоҷеҳ гаштаанд. Чунончӣ, аз таърих медонем, ки Исмоили I  сафавии шиамазҳаб соли 1501 дар Эрон ба мардум фармон дода буд, ки«ҳар кадаре тавонанд Абў Бакр, Умар ва Усмонро лаънат кунанд». Ў соли 1510 ба намояндаи темуриён Бобур бар ивази паҳн кардани расму русуми шиа дар Осиёи Миёна барои шикаст додани Муҳаммад Шайбонихон ёрии ҳарбӣ расонида буд. Маҳз барои иҷро кардани ин амри Исмоили сафавӣ соли 1512 Бобур аз Самарқанд ронда мешавад.

Дар Аморати Бухоро соли 1910 моҷарои сунниву шиа сар мезанд. Дар ин давра дар шаҳри Бухоро теъдоди шиаҳо афзуда, ҳатто вазифаи қушбегӣ (шахси дуюм дар аморат)-ро Остонақули шиамазҳаб ишғол мекард. Аз ҷониби Остонакул зиёд намудани андозҳои ғайришаръӣ, худсариҳои шиаён боиси низоъҳо мегардад. Дар натиҷаи ин исён наздик ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар охири қарни ХХ дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рўҳониён  сохторҳои махсуси Эрон ба кувваҳои  мухолифини исломии тоҷик ҳамаҷониба ёрии моддиву «мафкуравӣ» мерасониданд. Ин раванд имрузҳо низ аз нав эҳё гардида истодааст. Чӣ тавре, ки дар расонаҳои хабарӣ омадааст ашхосе пайдо шуданд, ки дар байни мардум  ақидаҳои шиагароиро тарғиб мекунанд. Ба қавли таҳлилгари рус М. Клишевский  Мухаммадҷон Нурӣ дар мактабҳои олии динии Эрон тарбия гирифта, ба тарғиби афкори барои ҳанафиён бегона машғул гаштааст.  2 декабри соли 2011 намояндаи баргузидаи ҲНИ Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода бо ҳаммаслаконаш дар масчиди «Муҳаммадия»-и деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат маросими «Ашура»-и шиаёнро барпо намуда, ихтилофи ҷиддии мазҳабиро ба вуҷуд оварданд.

Эрон бо ҳар васила, хосатан бо истифодаи ниҳодҳои молиявии кишвараш аз қабили «Хазинаи Ҳумайнӣ» зери ниқоби табодули фарҳангиву этникӣ корҳои тарғиботиро дар Точикистон ба роҳ монда ҷавононро барои таҳсил дар мактабҳои динии Эрон ҷалб менамуд.

Эрон новобаста аз он, ки Суди олии Тоҷикистон ҲНИ-ро  моҳи сентябри соли 2015 ташкилоти террористӣ эълон намуда фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд, Муҳиддин Кабириро ба конференсияи бонуфузи байналхалқӣ, зери унвони «Ягонагии ислом» расман даъват намуд. Ин амали ҷониби Эрон боиси норозигии Ҳукумати Тоҷикистон гашт ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нотаи эътирозӣ баён намуд. Имрўз аксари коршиносон бар он акидаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ бо мазҳабфурўшӣ машғул гашта, дар байни мардум, хосатан ҳаммаслаконаш шиагароиро тарғиб мекунад ва бо ин амалаш ба ихтилофи назарҳо сабаб гаштааст.

Пеш аз ҳама ҷавононе, ки дар Эрон таҳсил менамуданд ба Ватан баргардонида шуданд. Бар зидди гурўҳҳои ифротгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст. Имрўз дар кишварамон барои бедор намудани ҳуввияти миллӣ, гиромӣ доштани арзишҳои умумибашарӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Дар ин ҷода ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон масъулем, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва гиромидошти муқаддасоти давлатӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Нагузорем, ки осмони софу беғубори давлати моро шабакаҳои ифротӣ ва ғайримаҳзабӣ тираву торик намоянд.     

Ҷ.Исомитдинов
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ХИШТИ НАҲЗАТРО ЧУН НИҲОДАНД КАҶ...

Аз нигоҳи зарфияти бинокориву сохтмон таҳкурсӣ гузоштан ва ё қаблан омода намудани замина барои бунёди иншоот дар мустаҳкамиву пойбарҷо будани он нақши мустаҳкам дошта, таҳкурсии мустаҳкам метавонад ба устувории бино хизмат кунад. Ба ин хотир маҳз аз нигоҳи қоидаву меъёрҳои меъморӣ ва сохтмон низ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Таҳкурсӣ ва ё заминагузорӣ барои таъмини ояндаи бонизоми фаъолият ва пойдорӣ танҳо ба сохтмону бинокорӣ марбут нест, балки тарҳрезии нақшаву ниятҳои нек метавонад ба устувориву бақои ин ё он амал замина гузорад.

Ба хотири номи нек боқӣ гузоштан бузургони илму дониш ва гузаштагонамон мунтазам мехостанд ба аҳли ҷомеа нафъ расонанд.  Чун инҷо сухан сари заминагузорӣ меравад ба ҳамагон равшан аст, ки барои донишманду соҳибхирад ба камол расидани инсон ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ва дар синфҳои поёнӣ устодон нахуст ҳарф, баъдан, калимаву ҳиҷо, ибора ва оҳиста-оҳиста ҷумлаву ҳикояро омӯзонида дар синфҳои болоӣ ба аз бар кардани шеъру хондани асарҳои бадеӣ талқин мекунанд. Дар илми риёзӣ низ аввал ҷамъу тарҳ, зарбу тақсим ва баъдан ёфтани ададҳои номаълуму ҳалли мисолу масъалаҳаро меомӯзонанд. Яъне устодон оҳиста – оҳиста аз сода ба мураккаб гузаштанро меомӯзонанд. Дар зиндагӣ низ набудани ин ё он маводи ночиз метавонад ба мушкилии хонаводагӣ оварда расонад.  Бузургони илму адаб ҳамеша насли наврасро барои иҷрои амалҳои неку ҳамидаи инсонӣ даъват намуда, зарбулмасалеро низ ҳамеша вирди забон меоваранд, ки “агар ба касе некӣ карда наметавонӣ, пас бадӣ накун”.

Аз нигоҳи дини мубини ислом бошад некӣ кардан ва ба мардум накӯӣ хостан яке аз амалҳои ҳамидаи инсонӣ ва фармудаҳои Худову Расул (с) ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Беҳтарини амалҳо назди Худо баъди адои фароиз, қалби бародари муъминеро шод намудан аст”. Дар дигар ҷо ба ҳамин мазмун аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Беҳтарин амалҳо баъд аз имон овардан ба Худо, ба мардум некӣ намудан аст”. 

Роҷеъ ба ин пешвои мазҳабамон – Имоми Аъзам (р) ба фарзандашон Ҳаммод (р) васият намудаанд, ки ба панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис ихтиёр кардаам ба ӯ амал кун. Яке аз аввалин ҳадис ин “Иннамал аъмолу биннийёти ва иннамо ликуллимриин мо наво...” яъне “Мадори аъмоли инсон бар ният мечархад ва подоши ҳар шахсе бар асоси нияти вай аст”.

Дар ин маврид ҳикояте ҳаст, ки се рафиқ ба сарҳо мераванд ва аз роҳ як миқдор тилло меёбанд. Чун ба саҳро мерасанд гурусна мемонанд ва рафиқи хурдиро ба деҳа барои таом мефиристанд. Пас аз ба деҳа фиристодани рафиқашон онҳо байни ҳамдигар маслиҳат мекунанд, ки агар он рафиқамон аз деҳа баргардад хӯрокро аз ӯ мегирем, худашро мекушем ва тиллоро байни ҳам тақсим мекунем. Яъне назар ба се нафар ду нафар тақсим кунем бароямон тиллои зиёдтар мерасад. Рафиқи хурдӣ низ дар роҳ ба сӯи дӯстонаш дар даст бо таом дар дил хаёлеро мепарварад, ки кош ҳамаи тиллоҳои ёфташуда азони ӯ бошад. Бо ин мақсад ба таом маводи заҳролудро омехта мекунад ва ба назди рафиқонаш мерасад. Ҳангоми ба назди рафиқон  расидан онҳо дарҳол тибқи маслиҳати пешакиашон таомро аз рафиқи хурдӣ гирифта ӯро мекушанд ва шодкомона ба хурдани таом мепардозанд. Бо гузашти вақт рафиқони қотил низ мефавтанд ва тилло бесоҳиб монда ба касе насиб намекунад. Мурод аз ин матлаб он аст, ки ҳамеша нияти некро сармашқи хеш қарор доданд лозим аст, зеро нияти бад натиҷааш низ бадиву нокомӣ меорад.

Тавре мо мардуми шарифи тоҷик огаҳӣ дорем, дар кишвари азизи мо дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ иддае аз фарзандони нохалафи миллат даст ба хурофоту ифротгароии динӣ зада, аз фазои нисбатан холигии динӣ истифода бурда, мардумро хостанд ба роҳи бад, роҳи қатлу куштор ва роҳи сиёҳ раҳнамоӣ кунанд. Хулоса ин тангназарон бо супориши хоҷагони хориҷӣ дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро оғоз карда, чи қадар хисороти зиёде ба кишвар оварданд. Бо омезиш ба номи поки ислом ҳизби динӣ созмон дода, амалҳои разилонаву пасипардагии хешро анҷом медоданд.

Дар забон номи Худову Расул, вале дар даст силоҳ ба қатлу куштори бародарони мусалмон дастур медоданд. Худро ҳомии дин нишон дода, ин разилон номи динро бадном мекарданд. Рӯйрост аз минбарҳо чун воизон, ки хоҷа Ҳофиз таъкид кардааст суханбозӣ карда, пинҳонӣ ба тахрибкориву хиёнату разолат камар баста буданд. Чун маълум буд, ки ҳадафи асосии ин ҳизби динӣ мисли дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бадном кардани дини ислом ҳаст ва мақсади поку некбинона надорад. Бинобар тахрибкориву қатлу куштор ва даъвати мардум ба бесарусомониҳо ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи кишвар ва даст доштан дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои 90-ум фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон манъ карда гардид. Ба хотири таҳкими сулҳу субот ва роҳи ҳамдигарбахшиву ободии Ватан ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон паз аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дубора ба фаъолияти ин ҳизб иҷозат дода шуд.

Чун амалҳои пасипардагии ин разилон бори дигар пинҳонӣ бо супориши хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт, ахиран бо хоҳиши аъзову пайравон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати ислом бо қарори Суди Олии кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ дар ҳудуди мамлакат манъ карда шуд.

Яъне хишти аввали ҳизби наҳзатро, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов каҷ гузошта буданд, то ба охир девори он каҷ рафт ва билохира бинои наҳзат фурӯ рафт.

Шояд имрӯзҳо террорист Муҳиддин Кабирӣ ва наҳзатиёни разил дар оғӯши гарми хоҷагони хориҷиашон гумон кунанд, ки бори дигар дар кишвар ҷангу хунрезиҳо карда, бо роҳи зурӣ ба сари қудрат меоянд? Аммо ин наҳзатиҳои хиёнаткор дониста бошанд, ки дигарбора мардуми шарифи Тоҷикистонро гумроҳ кардаву ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ дароварда наметавонанд. Зеро нақшаву амалҳои сиёҳи онҳо ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Ф.Воҳидов

Читать далее

МАҚСАДИИ АСОСИИ ТЭТ ҲНИ ҚАТЛУ КУШТОР АСТ!

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз масъалаҳои глобалӣ ва таҳдидкунанда ба амнияту бехатарии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар дунё имрӯз мухолифатҳои динӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, ки асоси ҷоннокшавии терроризм гардидаанд, то рафт зиёд шуда истодааст. Пӯшида нест, ки ин тамоюлҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъияти ҷаҳонро ба куллӣ тағйир гардонида, ёфт,  ки  ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида карда мешавад Дар ин бора адиби машҳури амрикоӣ Эрнест Хемингуэй чунин гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурўҳҳои ифротӣ ба ном исломӣ ба кирдору рафтори разилонаи худ тобиши динӣ дода, дини покро дар роҳи сиёҳи худ истифода мебаранд.

Ҳодисаҳои мудҳиш ва нангине, ки дар мамлакатҳои Сурия,  Либия, Тунис, Ироқ, Миср, Фаронса ва дигар давлатҳо рух доданд ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф намегузорад, ки ин амалҳои тундгаронаи онҳоро нодида гирад. Хусусан  дар замони муосир  терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро касб намудааст. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа даст ба куштори одамони бегуноҳ ва равшанфикр мезаданд. Таърихи начандон гузаштаи худро варақ гардон намоем, мебинем, ки солҳои анги шаҳрвандӣ аз дасти роҳбарияту аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИ ва наҳзатиёни ифротӣ як чанд абармардони илму сиёсати мо ба қатл расиданд. Аз ҷумлаи академик Муҳаммад Осимӣ, Минхоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Кароматулло Қурбон, Моёншо Назаршоев, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Афардӣ, Муҳиддини Олимпур ва чандин дигар.  Барои террористони раҳгумзада, террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ ва нажодӣ гардидаанд. Мақсади  ғаразноки ҷараёни террористӣ расидан бо манбаҳои молӣ ва сиёсӣ ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ зарур аст, ки табиат ва ҳадафҳои гуруҳҳои худхоҳи террористӣ аз ҷанбаҳои мухталиф ошкор карда шавад, то ин ки насли наврасро фиреби доми худ накунанду хонаи ороми моро ноором нагардонанд. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки баъзе аз ҷавонони имрӯза бештар роҳи осони зиндагӣ карданро фикр мекунанд, меҳнат кардан намехоҳанд ва бо ҳар равише мехоҳанд маблағҳои зиёде ба даст оваранд. Дар ин раванд надоштани маърифати пастӣ инсонгароӣ боис мегардад даст ба ҷиноят зананд. 

Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи дасисаҳо ва манфиатҳои ғаразноки ин гуруҳҳои ифротӣ нашаванд.

Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ мебошанд ва ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон кардааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ сабаби  пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби бавуҷдоии зуҳуротҳои  террористӣ мебошад.

Дар охир таъкид карданиам, ки мо тоҷикистониён терроризм ва эктремизимро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи давлату ҳукуматро дастгирӣ менамоем. 

Иноятова А.И.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее