01 June 2018

СИЁСАТИ ДУХӮРАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН НИСБАТИ ИФРОТГАРОӢ

Санаи 4-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо иштироки Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагони давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар ҳақиқат, тероризм ва ифротгароӣ зуҳуроти хатарзои замони ҳозира ба ҳисоб рафта-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарарҳои вазнин, сӯиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва илмӣ, бенизомӣ, таъғири сохти ҷамъиятӣ, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ равона гардидааст. 

Рӯй овардани фаъолияти начандон дури ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз давраи таъсисёбияш, то ҳизби ифротиву манъ гардиданаш, равшан зоҳир мегардид. Мақсади аслии наҳзатиён аз марҳилаи таъсисёбияш, дар ибтидо агарчӣ пинҳонкорона бошад ҳам, баъдан ошокоро барои ба даст даровардани ҳокимият, таъғйир додани сохти сиёсӣ, бунёд намудани давлати исломӣ моил буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ бо дастгирии хоҷагони худ, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳу усулҳои манфурона - таъқиб, таҳдид, бадномкунӣ, куштор ҳазар намекарданд. Ин ҳама амалҳои зишт хоси ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ аст.        

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳатто баъди истиқрори сулҳи тоҷикон, ки фаъолияти ҳизб ба расмият дароварда шуд, сарварон ва аъзоёни фаъоли он бар хилофи ваъдаҳояшон ва Оинномаи ҳизбии худ амал намуда, сӯиқасду куштор ва амалҳои пасипардагии худро идома доданд. Чунин амалҳо солҳои охир бевосита бо амр ё дастгирии Муҳидин Кабирӣ сурат мегирифтанд. Бесабаб нест, ки ӯ имрӯзҳо ҳамчун гуреза дар кишварҳои гуногун умр ба сар бурда, мехоҳад дар атрофи худ гурезагони ватанфурӯшро ҷамъ намуда,   «муборизаи»-и худро давом диҳад.   

Эрониҳо зери шиори дастгирии дину мазҳаб, ба чунин хоинони наҳзатӣ, имконияти амалкардаро фароҳам меоранд, ки ин амал хилофи меъёрҳои қонунӣ аст.

Дар ин раванд барои мо шаҳрвандони одии Тоҷикистон кори сиёсатмадорони эронӣ, ки афроди дар ватани мо хоиншударо ба минбарҳои баланд даъват мекунанд, боиси нигаронии халқ гардидааст. Бесабаб нест, ки мувофиқи маълумоти васоити ахбори омма як гурӯҳ сокинони мамлакат  назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе омада норозигии худро доир ба масъалаҳои дастгирии наҳзатиён баён намудаанд.

Муртазоев С.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ПОСУХ БА ЁДДОШТИ ДОРИЮШИ РАҶАБИЁН

Мо, тоҷикистониён хушбахтона дар замоне зиндагӣ дорем, ки  сарзамину хоку обаш мисли ҷаннат аст. Ман ҳамчун устоди донишгоҳ аз мақсадҳои разилонаи ТЭТ ҲНИ аз васоити ахбори омма ва амалҳое, ки аз тарафи Муҳидин Кабирӣ шуда истодааст,  огоҳам.

Дар Душанбе дар сохтмони сафорати Эрон намоише, ки рӯзи гузашта доир гардид, ҳеҷгоҳ давлатӣ шуда наметавонад. Зеро мардумро касе маҷбуран ба кӯчаву хиёбонҳо бароварда онҳоро барои эътироз даъват намекунад. Танҳо мардум аз он сабаб ба назди Сафоратхона ҷамъ шуданд, ки онҳо муносибати хуби Тоҷикистону Эронро дидан мехоҳанд. Чунки байни кишварҳои Тоҷикистону Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда,  муносибатҳои сиёсиву тиҷоратӣ ҷараён дорад.

Дар ҳақиқат дар Тоҷикистон таҷаммуъӣ эътирозӣ дер боз баргузор нашудааст, чунки мамалакат тинҷу ором ва мардумаш серу хонааш обод аст. Ба андешаи ман ҳеҷгоҳ мардуми одӣ ба сиёсати имруза сарфаҳм нарафта, бо рақибони давлат  ба тазоҳурот намебарояд. Ин туҳмати маҳз аст.

Шиорҳое, ки дар дасти мардум дида шуд, аз қаъри дили мардум навишта шудааст. Барои он ки  наҳзатиёни тарсо аз берун истода ба сиёсати дохилии кишвар чанг меандозанд, мехоҳанд, ки дар дохили кишвари биҳишосои мо ҷангу хунрезӣ, якдигарнофаҳмӣ, қатлу куштор ба амал ояду мақсади нопоки онҳо ҷомаи амал пӯшад.

Ҳизбе, ки баста шуду  раҳбаронаш дар Аврупо карор доранд, барои мардуми кишвар хатаре эҷод карда истодааанд. Масалан баромадҳои М.Кабириро шунавед……

 Шумо Дориюши Раҷабиён  мардуми кишварро мардуми «муътариз»,  беҳолу берамақ,  чашмонашонро пушти лабаи кулоҳ пинҳон карда,   ба поиннигоҳкарда, суханонашон  берабту парешон,  фарёдашон  беҷону ларзон ва масхарабозу бозингар  напиндоред! Шумо ин намоишро дуруғин нашуморед! Шумо худ хуб медонед, ки паси амалҳои ТЭТ ҲНИ  ва Кабирӣ  чӣ ниҳон аст?

Дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бамаврид гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.Ба ин манзур кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид. Аз ин суханҳо бармеояд, ки Тоҷикистон ҳеҷгоҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рақобатҷӯӣ надорад.

Ин намоиш ҳеҷгоҳ нукоти аслӣ нест, барои тазоҳурот. Шумо, ки душмани халқи худ ҳастед, дар симои ҳамзабону ҳаммиллати хеш мазҳакаю ҳунарпешаи ҳирфаиро мебинед. Магар аз дуруягӣ шарм намедоред? Шумо худ мазҳакаи ҷомеаи байналмилалӣ ҳастед, магар хабар надоред? Зеро хоҷагони Шумо ба забони шумо гӯл задаанду ба гӯшҳоятон муҳри шайтон…..

Халқи тоҷик ба суханҳои бенамаку беасоси шумобаринҳо дигар гӯш намеандозад. Мардум бо ақли солими хеш ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, оромию ободии кишварро дарк намуда, бо чашми сараш дида истодааст.

Ман ҳамчун як модар, омӯзгор бо ҳисси баланди худшиносӣ гуфта метавонам, ки мо дар роҳи эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қарор дорем ва аз он шукрона мекунем.

Охунҷонова Н.Р.

Читать далее

АЗ ТАШКИЛИ ТЕЛЕВИЗИОН ТО ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ

Баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба мамлакати мо шароити созанда баҳри шинохти худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба миён омад. Дар ин раванд аксари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон истиқлолияти давлати моро пазируфта, муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монданд. Мамлакати Эрон низ аз зумраи нахустин давлатҳо ба ҳисоб мерафт, ки истиқолияти давлати моро шинохта, сафоратхонаи худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода, ба фаъолият шурўъ  намуд.

Ифтитоҳи сафоратхонаи худ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи Эрон бо давлати мо дар заминаи холӣ ба миён наомадааст.  Зеро мо таъриху фарҳанг, забону урфу одат ва дини ягона дорем. Таърихи ягонаи моро тамоми муаррихони ҷаҳон исбот кардаанду рисолаҳои таърихӣ эҷод намудаанд. Лекин,  эрониҳо баъди асри XV сиёсати динии худро дигар намуда, дар раванди идоракунии кишварашон мазҳаби шиагариро мақоми давлатӣ медиҳанд. Пас аз ба роҳ мондани  чунин сиёсати мазҳабї  дар минтақа ҷангу низоъҳои мазҳабӣ зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла пуштибонӣ намудани намояндаи охирини сулолаи Темуриён Заҳириддин Муҳаммад Бобурро шоҳи Эрон Муҳаммад Исмоили Сафавӣ боис гардид, ки дар минтақаи мо ҷангу хунрезӣ ва бадбинии мазҳабӣ сар занад. Маҳз ба мазҳабӣ шиа гаравидани Бобур боис гардид, ки аҳли тоҷикони Бухорову Самарқанд аз ӯ рӯй гардониданд. Шармандавор шикаст хӯрдани лашкари эрониҳо бо роҳбарии Бобур дар қалби шиаҳои мутаассиб кинаву адоватро боқӣ гузошт, ки баъди он муноқишаҳои тезутунд сар мезад.

Соли 1979 дар таърихи Эрон соли сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин сол бо роҳбарии шиаи ашаддӣ Руҳуллоҳ Хумайнӣ инқилоби ба ном исломӣ доир гардид, ки дар натиҷа подшоҳи Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ аз тахт сарнагун гардид. Барои он инқилоби ба ном исломӣ номгузорӣшудааст, ки то ин вақт ҳам дар Эрон дини Ислом мақоми махсусро дошт. Хумайнӣ бошад ба инқилоби худ тобиши динӣ дода, тарафдорони худро бар муқобили сохти сиёсӣ раҳсипор намуд, ки  ин инқилоб инқилоби шиагароёна ба ҳисоб меравад.  Баъди соли 1979 мазҳаби шиа мақоми идеолигияи давлатиро касб намуд.  

Аз зумраи доктринаҳои инқилоби исломӣ ин паҳн намудани ақидаҳои шиагарӣ дар рӯи олам ба ҳисоб мерафт. Дар ин роҳ пеш аз ҳама стратегия бар ҷониби давлатҳои минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ равона гардида буд. Инҷо суоле ба миён мояд, ки барои чи чунин буд?

Барои он ки маҳз дар ин минтақаҳо аксаран мусалмонон зиндагӣ доранд. Ин омил боис мегардад, ки ақидаҳои аҳли ташайюро тарғиб намоянд. Лек дар муносибат бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давлати мо аҳамияти ҷудогона медод. Зеро факторҳои раднопазирӣ ҳамдину ҳамзабон будани мо, барои бе мамоният фаҳмидани якдигар замина муҳайё намуд.  Дар арафаи даҳумин солгарди Инқилоби ба ном исломии худ, эрониёни шиа дар Тоҷикистон як тазоҳуроти мусаллаҳонаро таъсис намуданд, ки бо номи “Фоҷиаи баҳманмоҳ” машҳур аст. Ин фоҷиа моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе сар зад, ки дар натиҷа чандин тан шаҳрвандони мо ҷон бохтанд. Баъди ин воқеа дар арсаи сиёсат гурўҳи нав ба миён омад, ки худро Ҳизби наҳзати исломӣ номгузорӣ карда буд. Муайян гардид, ки ҳамин гурўҳ сабабгори “фоҷиаи февралӣ” ва майдонбозиҳои маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе гардид.  Ҳамин майдонишиниҳо баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошт, ки дар таърихи миллати мо изи сиёҳи худро гузоштааст.  

Аз рӯзи ташкилёбии наҳзати исломӣ то ба имрӯз хоҷагони эронӣ пуштибон ва мададгорӣ онҳо мебошанд. Дар ҳама ҳолат роҳбарияти ҳизби наҳзатро дастгирӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон будан ҳам ва берун аз он иқомат доштанд ҳам. Оид ба муносибати хуби роҳбари наҳзатиён, ватанфурўши асил Муҳиддин Кабирӣ як тан аз чеҳраҳои маъруфи ин ҳизб, Зарафо Раҳмонӣ мушовири ҳуқуқии раиси  ин ҳизб дар мубоҳисаи худ аз муносибати маҳрамонаи Муҳиддин Кабирӣ бо Эрон чунин баён намуд: “Аз намояндагони ҳизби мо, ба кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон тез – тез равон мекарданд. Ҷониби Эрон барои ташкили телевизиони наҳзатӣ маблағи ниҳоят калон, ба андозаи 3 миллион доллар ба Муҳиддин Кабирӣ дода буд”.

Аз ин гуфтаҳои намояндаи болоии наҳзат ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки агар хоҷагони Эронӣ танҳо барои ташкили телевизон чунин миқдор маблағ дода бошанд, пас барои табаддулоти давлатии моҳи сентябр ва ё ба мазҳаби шиа гаравидани ҷавонон ба роҳбарияти ҳизб чи қадар маблағ дода бошад? Ба ин савол танҳо худи Кабирӣ ва хоҷаҳои пасипардагии ӯ ҷавоб дода метавонанд.

Қурбонов Ҳ.Ш

Читать далее