04 June 2018

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи моҳи аввали моҳи июн дар кишвари соҳибистиқлоли мо Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил карда мешавад.

Шоистаи қайд аст, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи қарори Раиси вилоят оид ба эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, ободонӣ, дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи хушсифат фаъолияти назаррас доранд.

Читать далее

Таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист дар вилояти Суғд

2 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар саҳни Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки садҳо нафар дӯстдорони табиати зебову нотакрори Тоҷикистон чорабинии идона доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар кишварҳои мухталифи олам Рўзи байналмилалии муҳити зист ҳамчун яке аз санаҳои басо муҳим таҷлил карда мешавад, зеро дар замони муосир таъмини амнияти экологии ҷомеа аз муҳимтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”

Рӯзи 2 июн баъди анҷоми кори машварат бо фаъолону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.

Читать далее

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва иштирок дар семинар — машварати кишоварзони вилояти Хатлон

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд

Читать далее

Гузоштани санги асос барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара

Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузуори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Маблағи умумии сохтмони бино муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.  Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.

Читать далее

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара

1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус  дар машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд

Рузи 2 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, директори Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мактаббачагон ва варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд боз як майдончаи футболи навъи пӯшида бо усули муосир ба истифода дода шуд.

Ин майдончаи нави футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» воқеъ буда, бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, бо утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта шудааст.

Читать далее