05 June 2018

Рушди пиллапарварӣ - тақозои замон

Пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, соли равон бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса зоҳир гашта истодааст. Тавре маълум аст, мавсими кирмакпарварӣ ҳарчанд бештар аз як моҳро дарбар мегирад, он аз кирмакпарварон заҳмати пурмашаққати шабонарӯзиро талаб мекунад.

Соли равон тибқи дурнамо ба кирмакпарварони шаҳру навоҳии вилоят бештар аз 13585 қуттӣ тухми кирмаки навъи хитоӣ тақсим карда шуда, дар нақша аст, ки 611,4 тонна пиллаи хушсифат ба даст оварда шавад.

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилоят марҳалаи пуравҷи ҷамъоварии пилла идома дорад. То 28-уми майи соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ашт-23,9 тонна, Айнӣ-2,4, Деваштич-6,5, Зафаробод-3,3, Исфара-20, Конибодом-59,1, Мастчоҳ-2,3, Спитамен 72, Ҷаббор Расулов-28, Панҷакент-7,3, Истаравшан-5,1, Бобоҷон Fафуров-61,3, заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд-17,3, дар маҷмӯъ 308,8 тонна ашёи хоми гаронбаҳо тайёр карда шудааст. Агар ин рақамро бо нишондиҳандаи соли 2017-ум тақозо намоем, дар ҳамин давраи соли гузашта то имрӯз ба миқдори 144,5 тонна ҳосили пилла ҷамъ оварда шуда буд.

Дар пешрафти ҷамъоварии пилла омили асосӣ аввалан мусоид омадани обу ҳавои имсола бошад, сабаби дигар сари вақт тақсими тухми кирмак мебошад, ки ин тадбири агротехникӣ таъхирро намепазирад. Зарур аст, ки он ба таври ҳатмӣ давоми се - чаҳор рӯз ба кирмакпарварон дастрас шавад. Инчунин, ҷоиз ба зикр аст, ки соли ҷорӣ маъракаи тақсимоти тухми кирмак ва ҷамъоварии он нисбат ба соли гузашта барвақттар оғоз гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом аллакай шурӯъ аз 4-уми май пилла ба нуқтаҳои қабул ворид гардид. Соли гузашта бинобар бевақттар омадани мавсими баҳору ҳавои мусоид қабули пилла аз 16 май оғоз гашта буд.

- Имрӯз вазъи ҷамъоварии пилла дар шаҳру навоҳии Конибодом, Бобоҷон Fафуров, Деваштич, Спитамен, Панҷакент муътадил буда, кирмакпарварон дар давраи парвариши тухмӣ тамоми қоидаҳои агротехникии парваришро ба таври қатъӣ риоя намуданд, - зикр кард Муҳаббат Fаниева, муовини директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Суғд». - Дар навоҳии Мастчоҳ, Зафаробод, Айнӣ рафти ҷамъоварии пилла суст ҷараён дорад. Дар ин минтақаҳо аз як тараф тақсимоти тухми кирмак кашол ёфта бошад, аз ҷониби дигар нарасидани мутахассисон ба пешравии кор монеа эҷод мекунад. Мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ, бо сабаби мавсимӣ будани парвариши кирмак ба дигар шуғлҳо даст задаанд ва аз ин рӯ, дар ин навоҳӣ танқисии мутахассисони соҳа ба назар мерасад.

 Тибқи нишондод бояд аз ҳар қуттӣ тухми кирмак на кам аз 45 килогӣ пилла ба даст оварда шавад. Дар ин бобат дар натиҷаи масъулиятшиносии мутахассисон ва нигоҳубини хуби кирмакпарварон дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Fафуров, Панҷакент аз ҳар қуттӣ то ин дам ба миқдори аз 30 то 45 килогӣ пилла ба даст овардаанд.

Тавре директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Бобоҷон Fафуров» Абдукарим Тӯхтаев изҳор дошт:

- Соли равон ба хоҷагиҳои ба номи Абдураҳим Ҷумъаев-40 қуттӣ, ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 540, ба номи Раҳмон Набиев-245, ба номи Турсунбой Қӯшатов 250 қуттӣ, ба номи Ҷаббор Расулов 230, «Тоҷикистон» 200, ба номи Домулло Азизов 200 қуттӣ, ҷамъ 2600 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шуд. Бартарияти ноҳияи мо, албатта, дар самти ба даст овардани ҳосили баланди пилла дар он аст, ки мутахассисони соҳа, устодони асили кирмакпарвароне, ки авлодианд, хеле зиёданд ва нозукиву паҳлӯҳои парвариш ва риояи қоидаҳои агротехникии нигоҳубини кирмакро медонанд. Масалан, яке аз қоидаҳои агротехникӣ, ки риояи он аз давраи аввали парвариши тухмӣ ҳатмист, дар 25-26 дараҷа гармӣ нигоҳ доштани ҳарорати хона аст.

Ин дар ҳолест, ки дар берун ҳаво хоҳ аз ин дараҷа паст бошаду хоҳ баланд. Каме риоя накардан ба ин қоида сабаб мешавад, ки кирмак нафастанг гардад. Имсол бо роҳбарии яке аз мутахассисони соҳибтаҷриба Умриҷон Fайбуллоева, кирмакпарварон Ҷӯрабек Икромов аз минтақаи Сомғор, Мақсуда Воҳидова аз хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Гавҳар Самиева аз хоҷагии ба номи Домулло Азизов, Ҳамида Солиева аз хоҷагии «Тоҷикистон», Мунира Сатторова аз хоҷагии ба номи Отаҷон Убайдуллоев, Маҳмудҷон Ҷӯраев ва Муҳаббат Воҳидова аз хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва дигарон аз ҳар қуттӣ 35-40 килогӣ пилла ба даст оварданд.

Дар ин радиф дар бораи заҳматҳои кирмакпарварони шаҳри Исфара Муҳаббат Fаниева зикр дошт:

-Дар натиҷаи сари вақт - дар муддати се рӯз ба кирмакпарварон тақсим карда додани тухмӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Хонобод, Навгилем, Ворух ва Чоркӯҳ ҳосили пилла хуб шуд. Дар ин самт меҳнати агрономи минтақавӣ, инкубист ва сардорони бригадаҳо шоистаи зикр аст. Ҳамчунин, дар ин минтақаҳо кирмакпарварони собиқадор бисёранд, ки ба синну соли нафақа буданашон нигоҳ накарда, ду-се қуттӣ тухми кирмак нигоҳубин менамоянд. Аз Ҷамоати деҳоти Навгилем кирмакпарварон Садоқат Тӯхтаева, Очахон Аҳмадова, Fаниҷон Шарофов, Малоҳат Сайдуллоева 3-4 қуттигӣ тухми кирмак гирифта, ҳосили 32-35 килогии пиллаи хушсифат ба даст оварданд. Аз Ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ заҳмати Эгам Шоҳҳусейнов, Хонобод Манзура Воҳидова, Мӯъмина Алиева ва дигарон шоистаи таҳсин аст.

Баръакси ҳол, дар он минтақаҳое, ки тақсимоти тухми кирмак дер идома ёфт, аз ҷумла Ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ, Шаҳрак ҷамъоварии пилла низ суст ҷараён дорад.

Тавре мутахассисон зикр доштанд, бо вуҷуди он ки соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи порсола вазъи ҷамъоварии пилла хеле беҳтар аст, боришоти моҳи май ба инкишофи кирмак албатта, таъсири манфӣ расонд. Ҳарчанд имсол бориш зиёду ғизои кирмак - барги тут кофӣ буд, бо сабаби он, ки ба сабзавоти барвақтӣ, пиёз, гандум, полезиҳо, зироати хӯроки чорво ва дигарҳо заҳрдору пошида шуд, ин омил ба сифати барги тут асар кард, ки дар маҷмӯъ, ба ҳосили пилла таъсир накарда намемонад.

Назар ба гуфти М.Fаниева соли равон ширкати ватанӣ сармоягузор буда, зина ба зина баланд бардоштани нархи хариди пилла дар назар аст, ки ин албатта ба ҳавасмандгардии кирмакпарварон мусоидат мекунад.

Тавре Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аввали моҳи апрели соли равон ҳини боздид аз заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд иброз доштанд, бояд ба соҳаи кирмакпарварӣ рушду такомул бахшида шавад, зеро фаъолияти чандин коргоҳҳои саноатии вилоят маҳз бо ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ - пилла марбут аст. Дар ин радиф дар марҳалае, ки мамлакати мо дар раванди гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба давлати саноатӣ - аграрӣ қарор дорад, рушду равнақ бахшидани соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Амалиёти «Бачаҳо»

Тибқи супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон аз санаи 31 май то 10 июни соли 2018 дар вилоят амалиёти мақсадноки бо ном «Бачаҳо» гузаронида шуда истодааст.

Амалиёти мазкур ҳамчунин баҳри баланд бардоштани дониши наврасон оид ба омӯзиши «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»  мусоидат хоҳад кард. 

Бинобар ин Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз шаҳрвандон, масъулини муассисаҳои таълимӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт, хоҳиш мекунад, ки нисбат ба ҳаёти ноболиғон бетараф набуда,  дар муддати гузаштани амалиёт саҳми худро гузоранд.

Читать далее

Амалиёти «Донишҷӯ ва нақлиёт»

Бо мақсади пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳо ва ба талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳ риоя кардани шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз санаи 25 май то 4 уми июн амалиёти профилактикии «Донишҷӯ ва нақлиёт» баргузор карда шуд.

Дар рафти амалиёт барои фаҳмонидани қоидаҳои ҳатмӣ ва кам кардани сатҳи садаманокӣ аз тарафи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, толибилмони омузишгоҳҳои касбӣ -  техникӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд оид ба ошкор кардани истифодаи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, бо нақлиёт ҳозир шудан ба таҳсил ва пешгирии садамаи ҳалокатовар дар роҳҳо ба танзим дароварда шуд.

Карим Ҷумаев майори милитсия,
Ҷовид Сафарзода лейтенанти милитсия

Читать далее

Гарави бехатарии ҳаёт ва саломатӣ

Дар давоми 4 моҳи сипаригашта аз тарафи донишҷуёни макотиби олии вилоят 8 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва 8 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Чанде қабл, бо мақсади коҳиш додани вазъи садаманокӣ, баланд бардоштани марифати ҳуқуқии иштирокчиёни ҳаракати роҳ вохӯрии масъулини Шӯъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилоят баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ полковники милитсия Юсуф Гадоев оид ба тағйироту иловаҳои воридгардида, дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба мафҳуми истиқлолият, моҳияти он дар давлатдории тоҷикон, худогоҳию худшиносии мардум дар роҳи расидан ба мустақилият ва давлати ягона ҳарф зад. Ҳамчунин дар вохӯрӣ оид ба вазъи садаманокӣ бо иштироки донишҷӯён, ошкорнамоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии Автомобилии вилоят ва сохторҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳо маълумот дода шуд.

Сипас дар байни масъулин ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон чунин вохӯрӣ дар шаҳри Конибодом бо иштироки волидону омӯзгорони хонандагони муассисаи таълимии №24 низ баргузор гардида буд.

Карим Ҷумаев майори милитсия,
Ҷовид Сафарзода лейтенанти милитсия

Читать далее

Маҳсулоти хушсифати гармхонаҳо

Бунёди гармхона дар беҳдошти рӯзгори мардум чӣ мақом дорад?

- Соҳибкорон ва кишоварзон парвариши помидору бодирингро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фасли баҳор саҳм мегузоранд, - изҳор дошт муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев.

Зимнан бояд гуфт, ки деҳқонон ва ҳам соҳибони воқеии замин ба ташкилу бунёди гармхонаҳо рӯй овардаанд. Алҳол шумораи гармхонаҳо афзуда, фаъолияташон ба шароити бозор мутобиқат мекунад. Аз рӯи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят бармеояд, ки то ба 28 майи соли равон 436 гармхона ташкил ва дар 6,3 гектари он сабзавот кишту парвариш карда шудааст. Аз ин миқдор помидор 17,1 гектар, бодиринг 6,91 гектарро ташкил медиҳад. Дар 7,9 гектар лимӯ парвариш карда мешавад.

Ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат аз гармхонаҳо аз таҷрибаи хуби деҳқонони вилоят башорат медиҳад. То ин дам кишоварзон ба миқдори 598,5 тонна маҳсулоти гармхонаро ба бозорҳои маҳаллӣ пешкаш карданд, ки аз он 347,9 тонна помидор, 121,9 тонна бодиринг ва намудҳои дигари сабзавот 128,7 тонна, лимӯ 131,7 тонна мебошад. Афзудани истеҳсоли бодирингу помидор ва сабзавот аз ҳисоби зиёдшавии замини кишт муяссар гардидааст.

Дар ноҳияи Ашт, бино ба иттилои муовини сардори идораи кишоварзии ноҳия Бахтиёр Усмонов, дар масоҳати 1,25 гектар гармхона ташкил шудааст. Алҳол дар онҳо ба масоҳати 0,23 гектар помидор, 0,24 гектар бодиринг ва дигар намуди сабзавот 0,36 ва лимӯ низ дар 0,36 гектар парвариш карда мешавад. Ҳамагӣ 6,2 тонна маҳсулот истеҳсол, аз ҷумла помидор 0,7 тонна, 2,3 тонна бодиринг, дигар сабзавот 3,2 ва 7 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст.

Алҳол дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Fафуров 149 гармхона мавҷуд мебошад, ки 135 адади он фаъолият дорад. Чунонки Ҳомидҷон Ҳакимбоев - сардори Раёсати кишоварзии ноҳия изҳор дошт, кишоварзон ният доранд, ба бозори вилоят 110 тонна помидор, 58 тонна бодиринг ва 7,5 тонна маҳсулоти гуногуни сабзавот пешниҳод намоянд.

Ризқӣ Саидова – роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аз Ҷамоати деҳоти Ёва гуфт, ки дар мавсими имсола дар масоҳати 24 гектар гармхона бунёд намуда, алҳол помидорро ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздик ба фурӯш баровардааст. Аз таҷрибаҳои ҷамъшуда хулоса бароварда, ҳосилнокиро баланд намудем ва нисбат ба солҳои пешин имсол ҳосил хуб аст.

Ҳамчунин аз ҷараёни корҳои иҷоракор Назар Саидов дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳия дидан намудем. Масоҳати гармхона 7,5 сотих буда, истеҳсоли помидори навъи туркии Р19-59-ро ба роҳ мондааст, ки ҳосилнокиаш хуб мебошад ва аллакай 1 тонна маҳсулотро ба бозорҳои шаҳру ноҳия пешкаш намудааст.

Иқдомҳо дар самти амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли пурсамари сабзавоти барвақтӣ баҳри фаровонии дастархони мардум, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти вилоят қарор дорад, омили муҳим аст. Фаъолияти мӯътадили гармхонаҳо аз деҳқон истифодаи тухмии аълосифат, таъмин гардидани зичии муътадили кӯчатҳои помидор ва бодиринг, ташкили мубориза бар муқобили ҳашароти зараррасон ва сари вақт ҷамъоварии ҳосилро тақозо дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее