07 June 2018

Бо ташббуси Раиси вилоят муассисаи таълимии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд аз таъмир бароварда шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар самти саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву бунёдкорӣ бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассисаи таълимии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд ва иншооти ёрирасони он таъмир карда шуд.

Имрӯз, панҷшанбеи 7 июн Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ин муассисаи таълимӣ ташриф оварда, бо хонандагону устодони боргоҳи маърифат суҳбат намуд.

Читать далее

Хуҷанд. Дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ маркази таълимию дӯзандагӣ ифтитоҳ шуд

Бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо мусоидати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид.

Маросими ифтитоҳи марказ 5 июн бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ва теъдоди зиёди ҳунармандони шаҳр баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо занони хонашин таъкид гардид, ки минбаъд бо мошинаҳои чокдӯзии тӯҳфанамудаи сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин, ки 17 ададанд, занони хонашин ва бешуғл метавонанд ба касбомӯзиву беҳтар намудани шароити иҷтимоиашон машғул шаванд.

Раъно Маҳмудзода, муовини Раиси ҲХДТ зимни суханронии худ қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб бо сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин чунин марказҳои таълимиву дӯзандагӣ дар се минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Кушониён ва шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва ин ташаббус минбаъд идома хоҳад ёфт.  Зеро дар Барномаи ҲХДТ рушди соҳаи иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дошта, ҳадафи ҳизб  баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо мебошад.

Маликисломӣ Наим Мунаввар,раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сипосмандии кулли ҳизбиёни шаҳрро ба сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баён дошта, бори дигар аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ёдовар шуд. Мавсуф қайд кард, ки  ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои баланд бароштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва маънавиёти сокинон бештар заҳмат хоҳанд кашид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Нимаи дуюми рӯзи 6 июн гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози вохӯрӣ доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдоми “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” идома дорад, маълумот дод.

Читать далее

Хатнаи хайриявии зиёда аз 50 нафар кӯдак дар Бӯстон

Дастгирии аҳолӣ ва раванди таҳкими хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ин раванд зери назорати ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон хатнаи хайриявии зиёда аз 50 нафар кӯдакон тариқи ройгон гузаронида шуд.
Бо даъвати табибони оилавӣ ва раисони маҳаллаҳои шаҳр, волидон фарзандонашонро аз субҳи барвақт ба бемористон оварда ройгон хатна намуданд.

Пас аз анҷоми хатна ба кӯдакон туҳфаву бозичаҳо тақдим карда шуд ва ин амали хайру саховат боз ҳам бомаром ҷараён дорад.

Аз ин амали хайр волидон изҳори сипосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Мумфаршкунии қисмате аз роҳи хиёбони Исмоили Сомонии маркази вилоят оғоз гардид

6 июн бо ширкати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ба мумфаршкунии роҳи алтернативии хиёбони Исмоили Сомонии маркази вилоят, аз наздикии бонки «Арванд» то буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшида шуд.

Қабл аз оғози корҳои роҳсозӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонон бо сокинони маркази вилоят суҳбат намуданд. Дар рафти суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аъзоёни гурӯҳҳои корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо доир намуда, бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ шинос гардида истодаанд.

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Найнхарт Хёфер – Виссинг

6 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер - Виссинг, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, мулоқот намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо Найнхарт Хёфер - Виссинг аз густариши муносибатҳои Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби вилояти Суғд барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноату иқтисод ҳавасманд мебошад.

Читать далее