08 June 2018

МУНОСИБАТИ ДУХӮРАИ ЭРОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти мустақил дар тўли  солҳои истиқлолият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  мақоми арзандаи худро пайдо намуд. Боиси хурсандист, мамлакати моро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, бо он муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намуданд.

Ба ғайр аз ин Тоҷикистон аъзои 50 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ буда, дар доираи ин ташкилотҳои ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро амалӣ карда истодааст.

Дар қатори дигар давлатҳо густариш додани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Бояд қайд кард, ки дар муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон як қатор пешравиҳои арзанда дар солҳои охир ба амал омадаанд.

Аммо дар баробари ин аз соли 2015 дар сиёсати давлатии Эрон нисбат ба Тоҷикистон ба баъзе нофаҳмиҳо роҳ дода мешаванд.

Чунончӣ  давлати  Эрон дар масъалаи ТЭТ ҲНИ ва роҳабри он Муҳиддин Кабирӣ, ки онро бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳизби террористӣ – экстремистӣ эълон намуд ва худи ӯ ҷинояткор эълон гардид. Лек ҷониби Эрон нисбати ҳизби наҳзат сиёсати ҳамкорию дўстонаро ба роҳ монд. Ҳатто дар яке аз ҳамоишҳои исломие, ки дар Эрон баргузор гардид раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар он даъват шуд ва аз ҷониби роҳбарияти олиии Эрон шахсан Оятуллоҳ Хоманаи Кабириро қабул намуда, бо ў сўҳбати дўстона намуд. Чунин муносибати духӯраи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кори муносибатҳои байнидавлативу байниҳукуматӣ таъсири манфӣ расонд.

Бояд зикр кард, ки ҳизби наҳзатро Созмони Ҳамкории Шанхай ҳизби террористӣ эълон намуд. Ин шаҳодат медиҳад, ки воқеан ТЭТ ҲНИ ҳизби террористӣ – экстремистӣ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар кори ҷаласаи СҲШ ба сифати нозир иштирок менамояд ва даъвои қабул гардидан ба узвияти ин созмон дорад бояд, бояд қарори қабулгардидаи созмонро нисбати Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф намояд.

Дар сиёсати давлатӣ набояд, ба сиёсати дугонагӣ роҳ дод. Раванди сиёсӣ талаб менамояд, ки сиёсати давлатӣ аз нигоҳи манфиати давлат ва ҷомеа бояд сурат гирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ боз барқарор гардид ва тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда буд. Вале наҳзат моҳи сентябри соли 2015 даст ба табаддулоти давлатӣ зад.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Исломии Эронро зарур аст, ки мавқеи худро нисбати ТЭТ ҲНИ дар асоси қарори Суди Олии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 ва қарори СҲШ аз моҳи июни соли 2017 муайян намуда, барои қатъ кардани ҳамагуна муносибат бо ҳизби наҳзат чораҳо андешад. Зеро инро раванди сиёсат ва муносибатҳо талаб дорад. Воқеаҳои ба амал омада дар Шарқи наздик ва олами араб оқибати сиёсати дугонаи давлатҳо нисбати ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад.

Аз навиштаҳои намояндаи воломақоми Эрон, ки худро Саидрасули Мусавӣ муаррифӣ кардааст, ки муносибат нисбати ТЭТ ҲНИ ва оқибатҳои фаъолияти он дар Тоҷикистон ҷавобгўи қарори Суди Олии Тоҷикистон ва СҲШ намебошад.  Ин маънои онро дорад, ки Эрон муносибатро бо ҳизби наҳзат, ки ғайриқонунӣ эълон намудааст, идома медиҳад. Чунин сиёсат муносибатҳои байни Тоҷикистону Эронро халалдор намуда, мумкин аст дар оянда муаммоҳои зиёде ба вуҷуд орад.

Одинаев А.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

МАВҚЕИ ШИАГАРОИИ ЭРОН ДАР ҲУДУДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муносибати шиагароёнаи Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз ёфта, бо ин роҳ Эрон мақсади барпо намудани муҳити умумиисломиро дар кишварҳои минтақа пеш гузоштааст. Ҳатто фикр ҳам меравад, ки Эрон бо мақсади эҳё намудани империяи қадимаи худ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро мавриди таъсири геополитикӣ қарор додааст ва дар ин ҷараён таълимоти динии шиагароёнаро васеъ истифода менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки Эрон айни ҳол маркази ташаккули мазҳаби шиа ва идеологияи шиагароёна мебошад. Дар Эрон 89% аҳолӣ шиамазҳаб ва 9% аҳолӣ суннимазҳаб буда, исломи равияи шиа ҳамчун мазҳаби давлатӣ ва дар сатҳи олии расмӣ амал мекунад.

Бинобар ин, тибқи маълумоти сарчашмаҳо, имрўз таҳти таъсири Эрон фаъолияти шохаи шиа инкишоф ёфта, дар давлатҳои гуногун на танҳо ҷамоаҳои аҳли шиа афзоиш ёфта истодаанд, балки фаъолнокии онҳо ба назар мерасад. Чунин ҷамоатҳо мавқеи мустаҳками иқтисодиву молиявӣ доранд, зеро тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар кишварҳое, ки пайрави таълимоти шиа мебошанд, зиёда аз 70% захираҳои нафти ҷаҳонӣ ҷой доранд.

Гуфтан лозим аст, ки мустаҳкам гардидани мавқеи Эрони шиагаро дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бо якчанд омил вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, ворид шудани Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ ба Созмони ҳамкории исломӣ чун омили пурқувват шудани таъсири Эрон дар ин минтақа гардидааст.

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ сиёсати шиагароёнаи Эрон тавассути дар амал татбиқ сохтани барномаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо бояд дар назар дошт, ки аксари аҳолии кишварҳои минтақа суннимазҳаб буда, пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд. Чунин ҳолат ба татбиқи сиёсати шиагароёнаи Эрон, албатта, мамониатҳои ғоявиро эҷод менамояд.

Ба фикри аксари муҳаққиқон, бо назардошти чунин хусусият барои Эрон ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қулай аст, зеро дар Тоҷикистон аксарияти аҳолии Бадахшони кўҳӣ пайрави таълимоти шиаи равияи исмоилия мебошанд. Чунин ҳолати мусоидро Эрон дар муносибат ба Туркманистон ва Қирғизистон  низ истифода кардааст.

Бинобар ин, аз солҳои 90-уми асри ХХ Эрон сиёсати фаъоли худро дар самти паҳн намудани инқилоби исломӣ дар кишварҳои номбурда ва ба аҳли шиа табдил додани ҷомеаи онҳо татбиқ менамуд.

Аммо бояд дар назар дошт, ки барои Эрон ба роҳ мондани чунин сиёсат дар муносибат бо Ўзбекистон ва Қазоқистон душвориҳои муайянро эҷод кардааст.

 Ба ҳамин тарз, сиёсати шиагароёнаи Эрон дар замони муосир бо роҳи паҳн намудани таълимоти шиа дар кишварҳои гуногун тавассути истифодаи усулҳои мухталиф, хусусан, созмон додан ва дастгирӣ намудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ ва экстремистӣ, ташаккули муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ ба назар мерасад. Дар ин самт, албатта доктринаи мактабҳои динӣ-ҳуқуқии шиа, аз ҷумла, зайдия ва имомия асоси назарии чунин сиёсатро ташкил медиҳанд.

Обидов Д.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Парадокси Кабирии ватанфурӯш ва сиёсати Эрон

Ҳангоме ки доир ба ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатиён аз давраи таъсисёбиашон, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баъди ҷангӣ ва давраи баъдиҷангӣ маълумотҳо паҳн карда мешавад, аъзоёни гурезаи ин ҳизб, хоҷагони онҳо мисли Эрониён, баъзе сохтору созмонҳои аврупоӣ ба ном ҳимояткунандаи ҳуқуқи инсон, чунин маълумотҳоро муғризона, тӯҳматангез мешуморанд.

Ҳатто ҳизби мазкурро ва сарварони онро, ҷабрдидагони муборизаи сиёсӣ дар Тоҷикистон шуморида аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодиву молиявӣ дастгирӣ мекунанд, ки инсони боақл бо шунидани ин хабар ангушти ҳайрат мегазад. Зеро нафароне, ки сабабгори асосии рӯзи сиёҳу тираи миллати мо буданд, имрӯз худро мисли мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд. Мехоҳанд таърихро аз нав бинависанду худ мисли Суҳробу Рустами Фирдавсӣ қаҳрамонӣ нишон диҳанд. Лек ин қаҳрамонии онҳо, мисли қаҳрамонии байни хоину ватанфурӯшон аст. 

Аммо дар Тоҷикистон ва берун аз он кам нестанд одамоне, ки ба тарғиботи гӯё накӯкоронаи ҳизби наҳзат фирефта шуда, ба он шомил гаштаанд. Танҳо баъди дарк кардани мақсади аслии ин ҳизб, ки ба даст даровардани ҳокимияти муфт ва бунёд кардани давлати ба ном исломӣ аст, аз кардаашон пушаймон шуда, онро тарк кардаанд. Аксаран чунин одамон дар сӯҳбатҳои маҳрамона фаъолияти ҳизби собиқи худро зери танқид мегиранд, дар бораи амалҳои харобиовари он нақл мекунанд, аммо аз озодона ба таври расмӣ баён намудани мавқеашон истиҳола мекунанд. Зеро дар вақташ, махсусан дар арафаи интихобот ва маъракаҳои сиёсӣ, наҳзатиён дар байни аъзоён ва ҷонибдоронашон шиори «Касе ки бар зидди ҳизби наҳзат аст, зидди ислом аст»-ро тарғиб мекарданд. Аксарияти собиқ аъзоёни ин ҳизб фарқияти куллии ҳизби сиёсии ба ном исломиро аз дини мубини Ислом хуб дарк намекарданд.

Вақте бо мӯҳтавои мусоҳибаи собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаров, ки дар вақташ ҷонибдор ва муборизи ғояҳои наҳзатиён, иштирокчии фаъоли муборизаи мухолифин, шинос мегардӣ, равшан зоҳир мегардад, ки наҳзатиён аз кишвари ба ном «дӯст»- Эрон ҳарҷониба дастгирӣ ёфта, маблағхои зиёде барои пешбурди фаъолияташон гирифта будаанд. Мувофиқи маълумоте ,ки дар рафти мусоҳиба Ҳ.Каландаров баён кардааст, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ҳатто  аз бадбахтии гурезагон ва муҳоҷирони тоҷик истифода намуда, маблағҳои барои онҳо ҷудо шударо, барои таъсис додани бизнеси худ ва аъзоёни оилаашон истифода намудаанд. Бо ин роҳ маблағҳои аз хориҷ ворид шударо ҳамчун даромади бизнеси худ маънидод мекарданд. Чунин ақидаро собиқ корманди амнияти наҳзитиён Сиёҳаков (номаш ба худаш муносиб) низ дар мусоҳибааш изҳор карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани нақшаҳои гуногуни ҳизби наҳзат ба онҳо маблағҳои калон ворид мегардид ва ин пулҳои нақд барои тарҳрезӣ кардани нооромиҳо ва амалӣ гардонидани амалҳои террористии харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон масраф мешуд.

Аксаран барои  ба даст овардани маблағҳои хориҷӣ, мувофиқи ақидаи Сиёҳаков ва Ҳакимов, ТЭТ ҲНИ худро пешсафи ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик) нишон дода,  пулҳоро аввалан ба буду боши худ, сониян барои роҳандозӣ намудани амалҳои низомӣ дар ҳудуди Тоҷикистон истифода мебурданд. Зиёда аз ин ду сарватманди эронӣ ба аъзоёни оппозитсияи тоҷик изҳор доштаанд, ки онҳо ба ҳисоби Назарзода як миллион доллари амрикоӣ маблағ гузаронидаанд. Магар бе дастгирии молиявии хориҷӣ, махсусан Эрон як мансабдори ҳарбӣ дар шахси Назарзода метавонад пинҳонӣ гурӯҳи мусаллаҳ таъсис дода,  кӯшиши табаддулоти давлатӣ кунад?

Аслан, барои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI «инқилобҳои ранга», «инқилобҳои лолагин» ва «баҳори араб» хос буда, дар ин ҷода эрониён баъди ИМА дар сафи пеш буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ ба қувваҳои мухолифи гуногун дар кишварҳои араб ва ҳатто дар мамлакатҳое, ки гӯё дӯст мешуморанд,  кӯмак мерасонанд. Ин раванд то ҳол идома дорад. То  ба имрӯз пушту паноҳ ва такягоҳи наҳзатиёни хоин ва Кабирии ватанфурӯш Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Хушбахтона,  халқи ҷафокаши мо гарчанде дер бошад ҳам, сиёҳро аз сафед ва ботилро аз рост ҷудо намуда истодааст. Эътирози ҷомеаи шаҳрвандӣ назди сафоратхонаи Эрон дар шаҳри Душанбе нишона аз суханҳои болост. Аз ҳамаи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон даъват ба амал меовардем, ки эътирози назди сафорахонаи Эронро ҷонибдорӣ намуда, муқобили ингуна душманони зери ниқоби “дӯст” мубориза баранд.  

С.Муртазоев
устоди ДДҲБСТ

Читать далее