11 June 2018

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан

11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ қариб 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

Читать далее

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Читать далее

Ашт. Ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд

8 июни соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва дар ваъияти ногувор қарор доштани бинои кунунӣ бунёд мешавад, тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат аст. Бино дорои синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, гармхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаш ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва пудратчӣ ҶДММ “Парвина”мебошад.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи банду басти меваи тари хоҷагии деҳқонии “Амир”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, ки рӯзи 8 июн сурат гирифт, бо фаъолияти коргоҳи банду басти меваи тари хоҷагии деҳқонии “Амир”шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳбарияти ҶСК “Зардолу компания”, ки фаъолияти он ба содироти меваҳои тару тоза нигаронида шудааст, коргоҳи банду басти меваи тар, аз ҷумла зардолуро бунёд намудааст. Соҳибкори маҳаллӣ Пӯлод Ашӯров бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,62 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, коргоҳи банду басти меваи тарро таъсис додааст. Ба коргоҳи мазкур ба маблағи 148 ҳазор евро таҷҳизоти замонавии “Футера” аз Италия ворид карда шуд, ки тавассути он дар як шабонарӯз метавон то 60 тонна маҳсулотро банду баст кард. Барои нигаҳдории маҳсулот инчунин сардхонаи муосир бо ғунҷоиши 200 тонна бунёд карда шудааст.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи коркарди “Санги хоро” дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ашт, ки рӯзи ҷумъаи 8 июн сурат гирифт, дар маросими баистифодадиҳии корхонаи коркарди “Санги хоро” ширкат варзид.

Тавре зимни ифтитоҳ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, корҳои сохтмонии корхонаи коркарди “Санги хоро” моҳи апрели соли 2018 бо маблағи лоиҳавии 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов оғоз гардида, июни соли 2018 ба итмом расонида шуд. Корхона дар 1 сол то 3000м2 санги хороро коркард ва истеҳсол намуда, захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор м3 мебошад. Таҷҳизотҳои замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст.

Читать далее

Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

8 июни соли равон бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маркази таҳсилоти иловагӣ дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон ҷойгир буда, сохтмони он 14 июли соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ ва саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнатии ноҳия оғоз гардида буд. Дар бунёди марказ дар қатори дигар саховатмандон Шарофат Мамадҷоноваи 77 сола низ саҳми арзанда гузошт. Номбурда бо мақсади саҳмгузорӣ дар сохтмони иншооти иҷтимоӣ 33 ҳазор сомонӣ маблағи барои Ҳаҷ ҷамъовардаашро ба сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ масраф намуд.

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

Рӯзи 8 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Ашт сафар намуд.

Дар ҷараёни сафар Раиси вилоят нахуст ба Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишии замонавӣ иштирок кард.

Читать далее

Баҳри пешвози шоиста

Ҷиҳати ба самъи сокинон расонидани мазмуну муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз санаи 12 майи соли равон сурат гирифта буд, дар ноҳияи Деваштич вохӯриҳо доир гардид.

Дар Қасри фарҳанги ноҳия бо фарогирии шаҳрвандон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бобати таъмини иҷроиши дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат  мулоқот баргзор шуд.  

Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода оид ба тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни баромад дар ин раванд таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуд.

Дар мулоқот соҳибкорон нисбат ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, барои сохтмони як қатор иншоотҳо аз қабили боғчаи кӯдакон, бинои беморхона, бунёди пул, бо ҷалби шахсони саховатпеша ба роҳ мондани таъмири роҳҳои маҳаллӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд.

Бояд қайд намуд, ки оиди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин бора қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар доираи он тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шуда истодаанд.

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Читать далее