13 June 2018

Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд

12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон ҳамаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор доранд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди Рамазон

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки баёнгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, табрику муборакбод намуда, саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагӣ таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли равон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон доир гардид, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи шариф барҳақ таъкид намудаанд:

Читать далее

Ҳамнафаси Осорхона

Дар зиндагӣ бо инсонҳое вомехӯрем, ки маҳз бо меҳнатдӯстиашон соҳибэҳтирому пирӯз монданд.

Ҳар шахсеро баҳри коре сохтаанд.

Майли онро дар дилаш андохтаанд.

Ин байтҳоро мехонему симои Матлуба Аминова пеши назар ҷилвагар мегардад. Зеро ин зани оқилу порсо, матинирода солиёни зиёд дар Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент фаъолияти босамар дорад.

Аминова Матлуба  аз соли 1975 то инҷониб дар осорхонаи мазкур аз вазифаи назоратчӣ, роҳбалад, корманди илмӣ, сармуҳофиз ва  айни ҳол ба вазифаи тармимгар фаъолият мебарад.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ дар Осорхона барои ѓанӣ гардонидани фонди Осорхона кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаааст. Ин зани чашмикордон тамоми вуҷуди худро баҳри он равона месозад, ки кораш ҷавобгӯи талабот бошад. Дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо намоишҳои сайёри Осорхонавӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои  намоён гаштааст. Соли 1985 дар Осорхонаи таърихии шаҳри Днепропетровскии Ҷумҳурии Украина барои бозомӯзии касбии осорхонавӣ ширкат варзида, дараҷаи донишашро баланд бардоштааст.

Соли 2008 ба муносибати 1150 -солагии ҷашни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар аз нав тарҳрезӣ намудани экспозитсияҳои Осорхона ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст.  Дар рушду такомули фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон ва барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ҳиссагузор аст.

Барои ба феҳристи электронӣ ворид намудани нигораҳои арзиши таърихию фарҳангӣ дошта дар осорхона ҳиссаи назаррас дорад. Дар баробари дар осорхона фаъолият намудан ӯро ҳамчун ҳунарманди номӣ дар миқёси Тоҷикистон мешиносанд, зеро сӯзаниҳои дӯхтаи ӯ то кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигарон харидорӣ мешаванд. Матлуба Аминова ба наврасон, ҷавонон ва занони хонашин  ҳунари сӯзанидӯзиро меомӯзонад. Ӯ мехоҳад, ки сафи занони ҳунарманди сӯзанидӯз дар шаҳри Панҷакент зиёд гардад. Ӯ аъзои Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон буда, дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ муарифгари ҳунари сӯзанидӯзони тоҷик мебошад.

Имрӯз ин зани соҳибтаҷриба ва ҳунарманд аз бахти хеш сарфарозу сарбаланд аст, зеро  ҳама хурду бузурги шаҳри Панҷакент ба хусус аҳли кормандони Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо номи ин зани фидокор ва дилдодаи касбу ҳунари хеш меболанду мефахранд.

Зебинисо Отабоева
мудири китобхонаи илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

 

Читать далее

Хатмкунандагон роҳи фаъолияти минбаъдашонро муайян карданд

Соли сеюм аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» доир мегардад.

Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо иштирок доштанд.

Дар ярмарка ҳамаи кафедраҳои донишкада дастовардҳои илмию истеҳсолии худ, фаъолияти пойгоҳу озмоишгоҳо, мувафаққиятҳои собиқ хатмкунандагони худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори донишкада, номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов аз номи Раёсати донишкада шахсан аз номи сарвари он Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иштирокдоронро хайрамақдам гуфта,  аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаи муҳим ва омили пешравии иқтисод ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин нукта пайваста дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад. Соли гузашта донишкадаро 918 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 95 фоизи хатмкунандагон  сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 70 хатмкунанда соҳиби ҷойи корӣ шуданд.

Донишкада имсол тасмим гирифт, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Сипас, мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони корхонаҳо бо хатмкунандаи донишкада дар аудитрияҳо сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо тариқи видероликҳо нишон дода, барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисони варзидаро интихоб намуданд.

Дар натиҷа зиёда аз 50 нафар хатмкунанда худи ҳамон рӯз тариқи суҳбат тавонистанд, худро чун корманд номнавис кунанд. Қарор шуд, ки хатмкунандагон рӯзҳои наздик бевосита аз ҷараёни фаъолияти корхонаву муассисаҳо ошно шуда, роҳи ояндаи худро муайян мекунанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди “Санги хоро” –и шаҳри Хуҷанд

12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо ҷараёни васлу насби таҷҳизоти муосир дар корхонаи коркарди “Санги хоро” шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар корхонаи мазкур корҳои васлу насби таҷҳизот идома дорад ва дар назар аст, ки иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб афзун карда шавад.

Читать далее