June 2018

22 June 2018

Мавқеи ҷавонон саҳм гузоштан ба пешрафти кишвар

Бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси тамоми қишри ҷомеа қарор гирифтааст.

Экстремизм ба маънои томаш  ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз хад гузаштан аст. Ин амалу падида метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти  инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш зуҳур кунад. Имрӯзҳо дар тамоми факултетҳои ДДҳБСТ бо донишҷӯён мизи мудаввару вохӯриҳо гузаронида шуда, бо мисолҳои асоснок ҳадафҳои ҳаракату гурӯҳҳои тундрав фаҳмонда дода мешаванд, то ки ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ хато накунанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзат ҳизби ифротгаро шуморида шуда, фаъолияти он тибқи қонун манъ гардидааст. Роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар хориҷи кишвар амалҳои иғвогаронаашро идома дода истодааст. Мақсади ин ҳизби ҷиноӣ ҷалби бештари ҷавонон ба сафи хеш аст. Аммо ҷавонон дарк намудаанд, ки ин ҳама таблиғотҳо фитнагарӣ мебошад. Ҷавонон имрӯз пай бурдаанд, ки дигар ба доми фиреби онҳо гирифтор намешаванд, зеро бо чашми худ ҳодисаҳои зиддидавлатӣ ва шикасти онҳо, ноором сохтани ҷумҳурӣ фитнаву дасисабозиҳои онҳоро диданд. Ҷавонон ба ободкориву созандагӣ даст зада истодаанд. Имрӯз,  барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Ҷавонон дар тамоми фаъолият мебаранд ва ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ саҳмгузор мебошанд. Имрӯз дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи хамида, эҳтирому падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намуда, истодаем, то ҳамчун фарзандони шоистаи давру замон кишвари азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ба давлат хиёнат кардааст, худро роҳбари ҳизби наҳзат ҳисобида, аз минбарҳои баланди давлатҳои хориҷа аз номи Тоҷикистон сухан меронад. ҳол он, ки дар Ватани худ ҳамчун хоин шинохта шудааст. Ин шахси хоин аз минбари созмонҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, қайд менамояд, ки сиёсати Тоҷикистон хаста шуда фаҳмиши сиёсиву динии мардум хеле паст мебошад.

Ин дурӯғи маҳз мебошад, имрӯз ҷавонони Тоҷикистон сиёсатмадору аз дини мубини ислом бохабар ва барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳмгузор мебошанд. Ҷавонон медонанд, ки ин ҳизб террористӣ мебошад ва нооромии кишварро мехоҳад. Мақсади онҳо соҳиби мансаб шудан ва ба манфияти худ кор кардан мебошад. Имрӯз дарҳои тамоми масҷидҳо барои ҳар як шахси ибодаткунанда кушода мебошад.

Танҳо ҳамарӯза огоҳ менамоянд, ки фирефтаи фитнагарии аҷнабиён нашаванд, то ки дар охир пушаймон нашаванд.

Он ҷавононе, ки фирефта шуданд бо оилаҳои худ ба давлати Сурия сафар намуда, ба ҷангҳои кишвари бегона иштирок намуда, фавтиданд, фарзандонашон ҳалок гардиданд. Оилаҳои онҳо баргашта дар назди ҳамагон тариқи оинаи нилгун баромад намуда, аз фирефтагии худ хабар доданд ва таъкид намуданд, ки ба ҳаргуна ташвиқотҳо бовар накунанд, худро эҳтиёт намуда, ба Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

А.АЗИМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Вокуниш ба хиёнаткорони Ватан

Имрӯзҳо ҷомеаи  ҷаҳониро чун вабои аср амалҳои терористию экстремистӣ ба ларза овардааст. Ин сабаб гардидааст, ки тероризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои олам гардидааст.

Ҳар насли имрӯзаи соҳиби ақли солиму хиради волоро зарур аст, ки  нисбат ба ин амалҳои номатлуб борикбинона изҳори ақида ва ибрози назар намояду бетарафиро зоҳир нанамояд. Зеро ин вабои аср ҷомеаи имрӯзро чун тори анкабут печидааст.

Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ ҲНИ  мебошад. Бо баробари фаъолияти ғайриқонунӣ доштан, ки дар охир чун парда аз ниқоби аъзоён, раёсат, роҳбарони ҳизб бардошта шуд, таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизбу гурӯҳи манфиатхоҳ танҳо бо истифодаи мафҳуми исломи пок мехостанд нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

Яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайри қонунии  ҲНИ  буд. Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтидои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо мақсади “ният”-ҳои нопоки худ буд. Раёсати ин ҳизб дар охир бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирорӣ ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз он ҷойҳо ҳам ором наистода, мехоҳад ба амну осоштагии мо монеа эҷод кунад. Албатта ҳамаи ҷонканиҳои вай хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехостанд бо пардохти маблағҳои ҳангуфт сулҳи моро халалдор намоянд. Ин буд, ки бо супоришу маблағгузориҳои ин гурӯҳи “манфиатхоҳон” аз ҷумла аз ҷониби Эрони исломӣ чеҳраҳои шинохтаи илму маърифати мо дар солҳои ҷанги шаҳрванди кушта шуда буданд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки онҳо чӣ мехостанд? Бигзор ба ин савол аъзоёни собиқ ҳизби  ҲНИ ва роҳбари собиқи он чун М. Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд. Рӯирост ба аҳли мардуми тоҷик тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд! Зеро амалҳояшон ғайриқонунӣ буд ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд.

Аз ин рӯ мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аҳли исломем ва 99% аҳолии моро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳамеша чун таблиғгари исломи ноб бошем. Зеро Ислом чун дини пок тараннумгари ростиву накӯкорӣ, инсондӯстиву муҳаббат, хайру садақа ва меҳанпарастӣ аст. Дини ислом қатлу куштор, бӯҳтону тӯҳмат, кинаву адолат, ғоратгариву тухми низоъро коштанро маҳкум менамояд.

Мо бояд шукронаи истиқлолият, якпорчагӣ, ваҳдат бошем ва ин сулҳи ноёбро чун неъмати бебаҳо ба насли ояндаи хеш боқӣ гузорем.

М.АМИНҶОНОВА,
мудири кафедраи забони давлатӣ
ва забонҳои хориҷӣ н.и.ф. дотсент

Читать далее

Таҳдиди экстремизм

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Дар ҶТ экстремизми динӣ дар давраҳои сукути давлати бузурги шӯравӣ падо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунист ва пош хӯрдани ҳокимияти  шӯравӣ дар ҷаҳон дигаргуниҳои куллироба миён овард, аз ҷумла дар шуури одамон дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замона низ тағйир ёфт.

Соли 1990 аввалин маротиба аз ҷониби қувваҳои исломгароӣ тазоҳуроти ҳизбу ҷунбишҳои нав зери ниқоби нерӯи демократия, радикализми сиёсӣ доир гардид. Тоҷикистон дар баробари аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз тарафи душманони дохилӣ, мухолифини тоҷик ва аҷнабиёни хориҷӣ ба ҷанги щаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ба як кишвари бесарвору парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалаҷ мубаддал гардид. Нерӯи ниҳоӣ ва ҳаракатдиҳандаи ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои навбаромад, ҳизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар қаламрави кишвар пинҳонӣ амал мекард. Аммо муддате нагузашта, аз оғоз ба гирдиҳамоию зӯровариҳо сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатҳои исломӣ паноҳ бурданд.     

Дар хориҷи кишвар қисмати ҳарбии мухолифин бо ҷараёну созмонҳои ифротӣ робита пайдо намуда, як қисмати онҳо дар марказҳо ва бошишгоҳҳои динӣ-экстремистӣ ҳамчун гурӯҳҳои террористӣ амал мекунанд.

Хулоса, ин гурӯҳҳои ифротгаро ба пешравии давлати мо монеъ мешаванд ва ҳаёти мардуми ободу осоиштаи кишварро халалдор месозанд, - бояд якдилона бар муқобилашон садо баланд кунем. нагузорем, ки сулҳи нозанини Ватани маҳбуб халалдор гардад.

М.НУРМАТОВА,
ассистенти кафедраи забони
давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Читать далее

Тоҷикистон барои ҷаҳон намунаи хубест

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX ба амалҳои сиёсии ислоҳотгарони исломӣ дучор шуда буд. Дар он вақт қувваҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён мамлакати моро ба саҳнаи озмоиши вокеаҳои зиддиинсонӣ табдил доданд. Ҳадафу нақшаҳои ғаразноки онҳо бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

Иҷрокунандагони ин амалиёт аъзоёни ТЭТ ҲНИ буданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва беш аз як миллион нафар мардуми осоишта фирорӣ гардиданд. Вале халқи тоҷик дар асоси тамаддуни баланд ва фарҳанги қадимаи хеш муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин кард. Иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохилӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, (шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2018) дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин конфронс меҳмонон аз хориҷи кишвар қайд карданд, ки фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардум ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлол  гирифта шавад.Дар суханронии вазири корҳои хориҷии  Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар ин масъала пурра инъикоси худро ёфт: «Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, табрик намоем».

Ба ақидаи вазир ҷанги дарозмуддатро бар зидди терроризм мебояд дар се ҷанба бурд. Дар байни онҳо аз ҳама муҳимтараш ҷанбаи дуюм мебошад. Ин майдони ҷанг дар шуур аст, ки дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро ҳамчун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд. Дар ин масъала ҷаноби вазир пешниҳод менамояд, ки аз таҷрибаи мизбонон босамар истифода шавад.

Хулоса, гирифтани хусусияти сиёсӣ ва глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзӯр намоем. Мамлакатҳои олам дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии якдигар бояд бошанд ва ба гуфти Президенти Федератсияи Русия «он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми кишварҳо намунаи хубест».

Равшан УСАНОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

21 June 2018

Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

Бори аввал дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бо  садо додани суруди миллӣ ифтитоҳ гардид.

Дар тантанаи ифтитоҳи он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ нахусттин бор дар кишвари мо доир гардида,ба таҳкими солимии ҷомеа, рушди ин навъи варзиш ва ба дӯстиву рафоқати байни кишварҳомусоидат менамояд.

Читать далее

Дастаи вилояти Суғд ғолиби озмуни инноватсионии ҷумҳуриявӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об баргузор гардид.

Ба гуфти Директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов аз вилояти Суғд хонандагони муассисаҳои таълимии №10 шаҳри Хуҷанд, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон, Литсейи №2 ва Гимназияи №1 ноҳияи Ашт, МТМУ№1 ноҳияи Айнӣ, ҷамъ 7 лоиҳа бо фарогирии 23 хонанда лоиҳаҳои худро пешкаш намуданд.

Дар ҷамъбаст лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» лоиҳаи хонандагони Литсейи №2 ноҳияи Ашт ҳисобида шуда, соҳиби шоҳҷоиза гардиданд. Ба ин тартиб дастаи вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Армуғон ба ҷашнҳои миллӣ бо рӯҳбаландиву созандагӣ

20  июни соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафари корӣ анҷом дод.

Бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, дар доираи 1300 - рӯзи ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ бунёд гашта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

Читать далее

Ваҳдат пояи давлат аст!

27 июни соли 1997 чун рӯзи мубораку муқаддас то абад дар авроқи дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷикони дунё бо хатҳои зарҳалӣ сабт хоҳад буд. Он рӯз хуршеди оламоро сарзамини тоҷиконро ғарқи нуру зиё карда буду аз равзани кошонаи онон нури офтоби зарринтоб медурахшид. Чашму гӯши ҳама ба садову симо буд. Ҳама умедвори шунидани иттилои хушу дилнавоз буданд. Аз хабару гузоришҳо маълум гардид, ки дар Маскав Сулҳномаи тоҷикон ба имзо расидааст. Тамоми тоҷикон шодию хурсандӣ мекарданд, одамон оғӯши меҳр кушода, ин рӯзи некро ба якдигар муборакбод мегуфтанд.

Чаро шодӣ накунанд? Охир, оқибат ақлу хиради тоҷик ғолиб омад ва оташи ҷангу низоъ хомӯш гашт! Рӯзи аз шаҳри Москва бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргаштани ҳайати расмии Ҳукумат шаҳри Душанбе тӯй дошт. Аз саҳар фурудгоҳи тайёраҳо моломоли одамон буд, ҳама аз таҳти дил шодию нишот доштанд. Табиат низ шарики ин тантанаҳо буд, ки ҳаво торафт мӯътадил гашт. Дар ҳаво ягон - ягон паррандагон парвозкунон муждаи сулҳро ба ҳар дараи кӯҳ ва ба рустаниҳои талу теппаҳо паҳн кардан мехостанд, магар ки хониши онҳо мисли суруди Ваҳдат ба атроф танинандоз буд. Ҳангоме, ки тайёра омодаи фуруд шуд, нишемангоҳ ғарқи гулдаста гашт.

Акнун гулу ёсуман бо ҳазор ранг ҷилванамоӣ мекард. Ин вақт чеҳраи шукуфони мунодии сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар миёни гулу гулдастаҳо медурахшид. ӯ бо нигоҳу ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум омад. Ин лаҳзаҳои тақдирсозро шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ хеле табиӣ ба қалам додааст:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Рӯзи дигар - 28 июн дар телевизиони Тоҷикистон сабқати телевизионӣ барпо шуд, ки он аз соати 6-и субҳ то бисту чаҳори шаб идома ёфт. Нағз дар ёдҳо ҳаст, ки аз дами субҳ пиру барно бо хоҳиши худ ба идораи телевизион меомаданд. Зеро Сулҳномаи тоҷикон, расидан ба Ваҳдати миллӣ умеду боварии мардумро ба ояндаю пирӯзиҳо қавӣ гардонид.

Ҳамин тавр, 27 июни соли 1997 барои тоҷикон рӯзи муқаддас хоҳад монд. Шукӯҳу ҷалол ва аҳамияти он санаи табаррук ба 9 сентябри соли 1991, ки Тоҷикистон ба истиқлолият расид, 6 ноябри соли 1994, ки Конститутсияи Тоҷикистон қабул шудааст, баробар аст. Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон, ки дар ин рӯзи муқаддас ба имзо расид, миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод. Албатта, ҳамаи ин сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъйу кӯшиш ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Маҳз сари қудрат омадани ин фарди шариф фоли нек барои халқи азияткашидаи тоҷик гардид. Қадами Сарвари давлат неку бафайз омад ва дилу нияти софи Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки оқибат пирӯз гарданд.

Ҳамин тавр, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар ҳалли мушкилоти дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳанд. Суханронии Ҷаноби Олӣ ҷиҳати зарурияти баргардонидани фирориён самимӣ садо дода, ба қалби ҳазорҳо нафаре, ки бо амри тақдир берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣ доштанд, шуълаи умеду боварӣ бахшид ва боиси ба марзу буми хеш баргаштани ҳамватанон гардид. Ҳоло ҳам ин суханони тасаллобахшу пурҳарорати Сарвари давлат аҳамияти худро гум накардаанд:

«То он даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Ҷараёни бозгашти фирориёни иҷборӣ дар як муддати муайян ба вуқӯъ пайваста, мардуми бозгашта бо замин таъмин гашта, барои онҳо ҷои кору шароити лозима муҳайё карда шуд. Таҷрибаи бозгашти фирориён ба Ватан дар таърихи давлатдории тоҷикон, воқеан, беназир ба шумор рафта, барои халқҳои дигар низ намунаи омӯзиш ва пайравӣ гашт, ки ин аз талошҳои пайваста ва худафрӯзиҳои Пешвои миллат башорат медиҳад. Сулҳу ваҳдат, ба Ватан пурра баргардонидани фирориён маҳз тариқи гуфтушунид ва бахшидани гуноҳҳои якдигар ҳал гардид. Воситаҳои ахбори омма ҳанӯз ҳам хотиррасон мекунанд, ки барои то ба сулҳи деринтизор расидан 21 маротиба тариқи расмӣ мулоқот баргузор шуда, тӯли беш аз се моҳ гуфтушунидҳо идома ёфтанд, Президенти мамлакат бевосита ширкат доштанд.

Мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд. Халқ ба ҷасорату фидокории Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонад. Охир маҳз Президенти Тоҷикистони навэҳё ҳаёти худро зери хавфу хатар гузошта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои тақдирсози гуфтушунидҳо ширкат намудаанд.

Магар метавон сафари Эмомалӣ Раҳмонро моҳи декабри соли 1996 ба давлати Афғонистон фаромӯш кард?! Мулоқоти Сарвари давлат дар Хосдеҳ бо иштироки мухолифин ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ба таври абадӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт хоҳад монд. Охир, он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе амнияти пурраро кафолат намедод. Вале Сарвари давлати тоҷикон аз роҳашон нагаштанд, ҳарчанд аз кашмакашҳои миллӣ дар хоки ҳамсоя хуб огоҳ буданд. Ҷонашонро ба гарав монда, бо мухолифин сари як дастархон нишастанд. Маҳз ҳамон ҷо суханони боварибахши Ҷаноби Олӣ баланд садо доданд:

«Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам». Имрӯзҳо бо талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба Ваҳдати миллӣ расидааст ва ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои ободонӣ ва созандагӣ идома доранд.

Эмомалӣ Раҳмон чун эъмор ва поягузори ваҳдат ба рушди илму маориф, билхоса, адабиёт таваҷҷуҳи хоса доранд. Сарвари давлат пойдевори дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистонро аз ваҳдату ягонагӣ дониста, омӯзиши осори ниёгон, мероси бойи адабиёти классиконро дар шароити имрӯзаи соҳибистиқлолӣ омили муҳим мешуморанд. Заҳмату маҳсули эҷоди адибон буд, ки аввалинҳо шуда ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода унвонҳои ифтихории «Қаҳрамони Тоҷикистон» - ро лоиқ донистанд. Пешниҳоди ҷашнвораҳои миллӣ - 1150 - солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 800 - солагии зодрӯзи Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби Пешвои миллат боиси омӯзиши осори ин ду фарзанди накӯном гардид.

Оре, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ пайваста аз хизматҳои арзишманди Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими сулҳ ва таъмини ваҳдати халқ ҳарф мезанем. Зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдорӣ чун Сарвари сулҳовару ваҳдатшиор шинохта шуданд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ низ қадамҳои устувор мегузорад ва нақши он дар ҳалли як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ хеле равшану возеҳ ба чашм мерасад. Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи ваҳдати миллиро чун ҷашни арзандаи умумихалқӣ арзёбӣ карда навиштаанд:

«Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи Ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем».

Ҳамин тавр, сулҳномаи тоҷиконро метавон як зуҳуроти ақлу заковати миллати кӯҳани тоҷик номид.

Мавҷуда Бобоева,
муовини якуми раиси
Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва
эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Читать далее

Нақшҳои оҳарии меҳнатнасиб

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳунарманд тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

Имрӯз ҳунарҳои сӯзанидӯзию қуроқдӯзӣ аз нав эҳё шуда, шавқмандони асил ин навъи санъати бемислу монандро ба арши аъло расонидаанд. Акнун курта ва камзӯлҳои қуроқӣ гулдухтарон ва занонро боз ҳам зеботар намуда, дастархон, кӯрпа ва чодарҳои қуроқӣ хонадони мардумро зеб медиҳанд. Зани тоҷик аз қадим порсову эҷодгар, ҳунарманду ободгар буду чунин хоҳад монд. Боиси ифтихормандист, ки имрӯз ҳунари волои эшон дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаву боиси аҳсанту ситоиш гаштааст. Зани тоҷик ҳамеша мекӯшад, ҳаёташ манфиатбахшу босамар гузарад, то аз худ нақши бузурге ба ёдгор монад.

Ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ

Шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо шахсиятҳои бузургу наҷибаш, ҳунармандони номиву асилаш сазовори иззату эҳтироми мардуми диёр дар арсаи байналхалқӣ гардидааст. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ грантҳои Президентӣ таъсис дода шудааст.

Бо ин мақсад бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр маҳфили кашидадӯзони наврас ташкил карда шуд, ки ҳар сол толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзанд.

Асрори ҳунари қадима

Роҳбарии маҳфилро зани ҳунарманд - сӯзанидӯз Матлуба Аминова ба уҳда дорад. Дар маҳфил ба наврасон тарзи дӯхтани сӯзанӣ ва усулҳои офаридани нақшҳои гуногун омӯзонида мешавад, ки меҳнат ва машаққати зиёдро талаб дорад. Матлуба ин ҳунарро аз модаркалонаш - бибии Муфарриҳа ва модараш Султоной Исмоилова омӯхта, аз сирру асрори ҳунари қадима баҳравар гардидааст. Ҳунарманд танҳо бо сӯзан нақшҳо, зебоиҳоро ба риштаи тасвир кашидааст. Мақсади омӯзонидани ҳунарҳои кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, рӯйҷо, болинпӯш, ғаранг, куртаҳои чакан, таксарии гулдӯзишуда ин санъатест, мерос аз ниёгон, ки дар баланд бардоштани маънавиёти наслҳои имрӯза мададрасон мебошад. Ин намуди нақшдӯзӣ, гулдӯзӣ дар рӯи матоъ санъати мардумӣ маҳсуб ёфта, ҳунармандон дар ҳар давру замон мекӯшанд, ки зебоӣ, рангорангии табиат, замину офтоб, лаҳзаҳои зиндагии худро бо риштаҳои гуногунранги абрешимӣ моҳирона ва нозукона ба тасвир кашанд.

Намунаҳои зиёди ҳунари сӯзанидӯзӣ, ки дар дӯхтани он тафаккури олами гардон ва маънои зиндагӣ ифода ёфтааст, аз риштаи абрешимӣ дӯхта шуда, он бо мурури замон ранг ва зебоиашро гум намекунад. Дӯхти он завқи баланди дӯзандаро фарогир буда, барои тарбияи зебоипарастии ҳар як бинанда нисбат ба ҳунари ниёгон муҳим арзёбӣ мешавад.

Шогирдон устоди касби хеш гашта, якчанд нафари онҳо дорандаи Сертификати Ассотсиатсияи занони ҳунарманд мебошанд. Меҳри ҳунарро дар дили наврасон Матлубахони ҳунарманд бедор намуд. Ӯ дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо маҳсули ҳунари худ ва эҷоди шогирдон кашидадӯзии тоҷиконро муаррифӣ менамояд.

Парвози ҳунар

Шогирдони ӯ Мижгона Ғаниева, Шаҳноза Қодирова, Мақсуда Саидова, Меҳрангиси Алишер, Фарангиси Алишер, Маҳдияи Мӯъмин, Дилфуза Ашӯрова, Мавзуна Рустамова ва Манижаи Исмоил мебошанд. Бояд гуфт, ки Матлуба аз соли 2010 узви Ассотсиатсияи занони ҳунарманди Тоҷикистон буда, мунтазам дар намоиши маҳсули эҷоду семинарҳо иштирок мекунад. Соли 2011 дар намоишгоҳ - конфронси занони ҳунарманд дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон, моҳи феврали соли 2012 дар семинари занони ҳунарманд дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ бо маҳсули эҷоди худ иштирок карда, сазовори баҳои баланд гардидааст.

Ҳоло ҳунари сӯзанидӯзии Матлуба ҳаводорони зиёде дорад. Барои оро додани хонаи арӯс кашидадӯзии анъанавӣ, аз қабили рӯйҷо, ғаранг, болинпӯш ва сӯзанӣ ба ӯ фармоиш медиҳанд. Дар баробари ин, меҳмонон аз хориҷа низ ба офаридаҳои ӯ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Намунаҳои ҳунари ӯро сайёҳони давлатҳои Ҷопон, Амрико, Корея, Фаронса, Англия, Покистон ва Ӯзбекистон харидорӣ кардаанд. Инчунин, мавсуф дар Фестивали байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» (соли 2014 бо дастгирии Бунёди байналмилалии «Ҳафт пайкар») дар шаҳри Кӯлоб соҳиби Сертификат гардид. Тибқи лоиҳаи Шӯрои аврупоӣ соли 2015 дар семинарҳои омӯзишии сифати ҳунар ва Иттифоқи ҳунармандони Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд моҳи июли ҳамон сол доир гардид, соҳиби Сертификат шуд.

Бояд зикр намуд, ки М.Аминова дар бахши сӯзанидӯзӣ Гранти Раиси вилоятро ба маблағи 5000 сомонӣ мушарраф шуда, соли 2014 дар озмуни вилоятии «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё мекунем» сазовори мукофот ва ҷойи дуюм гардид.

Рӯзҳои 20-23 декабр дар Маркази савдои «Ашан»-и шаҳри Душанбе, дар намоишгоҳи «Истеҳсоли маҳсулоти савғотии беҳтарин ба сайёҳон», ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, соҳиби ҷойи дуюм ва бо мукофот қадрдонӣ шуд. Ин бонуи ҳунармад барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар рушди ҳунармандӣ чандин маротиба бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардидааст.

Идомабахши касби модар

Имрӯз ҳунари Матлубаро фарзандаш Мавзуна Ҷалолова идома дода, мекӯшад, ки сафи ҳунармандон зиёд шавад. Чунки ин амали нек воситаи таъмини зиндагӣ ва сари баланди ҳунарманд мебошад. Ин бонуи ҳунар узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аст. Шукрона аз он дорад, ки ҳифзу эҳёи суннатҳои миллӣ натанҳо дастоварди фарҳангӣ, балки вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мост.

Мавзуна дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, нақшофарӣ дар рӯи матоъ касби дӯстдоштааш мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна бештар ба нақшофарӣ машғул шуда, дар гулдӯзиҳои калонҳаҷм ва либосҳои гуногун нақш меофарад. Нақшҳоеро, ки ӯ ба тасвир меорад, аз санъати баланди зеҳнии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Ӯ ҳунари наққоширо аз омӯзгори мактаб Бобоҷон Сарваров ва рассом - ороишгари Осорхонаи таърихии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Лутфилло Ҷанобилов омухтааст. Аз соли 1999 инҷониб ӯ нақшро дар рӯи матоъ бо тамоми нозукияш ба тасвир медиҳад. Ҳунарашро ба духтаронаш Маҳина ва Парвина ҳам меомӯзонад.

Нақши рӯи матоъ

Ин гуна нақшофарӣ санъати мардумӣ буда, Мавзуна мекӯшад, ки бо санъати баланд нишонаҳои ҳаётро ба тасвир кашад. Кашидадӯзии зебо ва хушсифат аз маҳорат ва эҷодкории ҳунарманди наққош - қаламкаш вобаста аст.

Бо дархости занони водии Зарафшон ӯ нақшу нигорҳоро бештар мувофиқи шаклашон - пиёлагул, чиннигул, лола, моҳ, ситора, лаби бом, аноргул, каҷдумак, райҳонгулро дар рӯи матоъ барои сӯзанӣ, рӯйҷо, болинпӯш, ғаранг ва куртаҳои чакан бо риштаҳои рангоранг медарорад. Нақшҳои офаридаи ӯ бо як бандубасти мукаммал муттаҳид мегардад, ки онҳо бо “рута” – ҳошия ва ё бо “оба” иҳота карда мешаванд. Нақшу нигори санъати тасвириро Мавзуна дар ҷузвдонҳои занона ва болинҳо тасвир мекунад. Вай соли равон дар шаҳри Панҷакент дар чорабинии Ассотсиатсияи занони ҳунарманди Тоҷикистон ба курси бозомӯзии ҷавонон барои дӯхтани гулдӯзиҳои тоҷикӣ ва нақшофарӣ дар рӯи матоъ ҳамчун тренинг ширкат варзида, нозукиҳои ин ҳунарро ба онҳо омӯзонид.

Ба ин касб на ҳама шавқу рағбат доранд. Азбаски дар рӯи матоъ офаридани нақш хеле нозук аст, кашидадӯзон аз нақшҳои тайёркардаи қаламкаш медӯзанд. Мутаассифона, ана ҳамин нақшофарӣ дар рӯи матоъ аз байн рафта истодааст. Шахсоне, ки аз ҳунари Мавзуна огаҳанд, бештар бо ӯ ҳамкорӣ доранд.

- Офаридани нақшҳои гуногун ба ман илҳом мебахшад. Мехоҳам, ки нақшҳои офаридаам бо дӯхтани сӯзаниҳои гуногуну тарзи долзании анъанавӣ хонаи наварӯсонро зебу оро диҳанд,- мегӯяд Мавзуна. Ӯ мехоҳад, ки ин ҳунарро ба дигар духтарон низ омӯзонад, то ин ки ҳунари ниёгон ва фарҳанги миллии тоҷикон ба ояндагон чун мерос боқӣ монад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее