June 2018

27 June 2018

Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.  Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни ба истифода додани  бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро  ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд.  

Читать далее

Ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Шарикони рушд ҳавасмандии худро барои оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.   

Читать далее

Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» дар шаҳри Конибодом

Дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумии он бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа моҳи ноябри 2017 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Читать далее

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар шаҳри Конибодом

Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллатро сокинони шарафманди шаҳри Конибодом бо самимияти хоса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи саросарии Ватани маҳбуб истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

Читать далее

26 June 2018

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

26 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи “сазан” ва “амури сафед” - ро сар доданд.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фуруши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Читать далее

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами  28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри  соли 2017 оғоз гардида,  моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ, сохта ба анҷом расонида шудааст.

Читать далее

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия бунёд шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, кӯдакистон ва чойхона дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафар имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бунёду ба истифода додани 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иди нон, асал ва зардолу дар маркази шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо катбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони зарофари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд.

Читать далее

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу  зиё  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат  ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Читать далее