June 2018

14 June 2018

Ҳилаҳои Кабирӣ дигар корсоз нестанд!

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 - 1997 дар кишвар ҳизби наҳзати исломӣ якҷоя бо ҳизби демократӣ ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи сохти конститутсионии давлатӣ сангар гирифта буд.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд. Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва моҳи августи соли 1999 он дубора ба расмият шинохта шуд.

Бо сабаби даст ба хиёнат ва ҷиноят задани аъзоёни Раёсати ҲНИ дар кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри ҳамон сол ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ карда истодаанд, муллоҳои мазҳабию ҳизбию ноҳизбии мо сари хурофоту ҷаҳолат муноқиша доранд. Алҳол роҳбарияти ҳизби мамнуи наҳзат бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативӣ чун интернет баъзе паҳлӯҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳаммаслаконашон муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Аъзоён, пайравон ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бояд дарк кунанд, ки солҳои навадуми карахтӣ кайҳо гузаштааст. Мардуми кишвар ба дасисаҳои онҳо дода намешаванд.

М.Эгамов,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Кабирӣ барои пулу сарват Ватанро фурӯхт!

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми ба майдонҳо рехтани наҳзатиён аз ҳадафҳои нопоки онҳо низ огаҳӣ пайдо карда буданд. Онҳо бо шиору овезаҳо ба майдон баромада, ба инқилобу дигаргунсозии ҳукумат даъват менамуданд. Дар охир ба орзуи бади хеш расида, боиси ғаму ғурбати сокинони осоишта гаштанд.

Имрӯз низ боқимондаи онҳо бо кӯмаку дастгирии хоҷагонашон мардуми оддӣ ва ҷавононро даъват намуда, баъзеи онҳоро гумроҳ сохта истодаанд. Аммо ҷавононро бояд ҳушдор дод, ки ақли солимро пешаи худ кунанд ва фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои хоинону лекторҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нашаванд.

Зеро терроризм ва ифротгароӣ ба як муаммои мубрами рӯз табдил ёфта, ҳамаи мардуми сайёра зидди он мубориза бурда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас рӯз аз рӯз баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд, ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарияти ҲНИ ҷавононро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб намуд ва имрӯз низ кӯшиши аҳриманона дорад. Ҷавонони гумроҳро ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои хеш истифода мекунад. Аммо баъзе аз ҷавонони мо ба гуфтаҳои онҳо бовар карда, барои нооромии кишвари хеш монеаҳо эҷод кардан хостанд.

Ҳамаи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон баҳри пешгирии ин омил тадбирҳои зарурӣ андешида, барои аз байн бурдани он кӯшиши ҳамешагӣ доранд. Маҳз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадор мекунад. Барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо, сокинони ватандӯсту худогоҳ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишварро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон равона шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои гулгулшукуфии ватанамон хизмат намоем. На ин, ки мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хаёли пулу сарват ва дигар манфиатҳо зидди миллати хеш муаммоҳо эҷод кунем. Зеро барои онҳо на Модар, на Ватан қадр дораду на ягон муқаддасоти дигар. Амалҳои онҳо бозгӯи он аст, ки намояндагону аъзоёни ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ аз ҷумлаи афроди тафриқаандозанд.

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

МАҚСАДИ ТЭТ ҲНИ АЗ АВВАЛ ҒАРАЗНОК БУД, ТО БА ОХИР

ТЭТ ҲНИ аз оғози фаъолияти хеш барои ҳар чи бештар  ба даст овардани ҳокимият талош меварзид. Ташвиқотҳои ғаразноки идеологӣ, ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз амалҳои нопоки он дарак медиҳад. Ҳоло Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни ҳизб бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо бӯҳтонҳо, суханҳои беасос ва иғвоангезӣ худ баромад мекунанд.

Кабирӣ ва дигар ҳамфикрони ӯ танҳо баҳри ҳимояи манфиати хеш ва ҳизби наҳзати исломӣ манфиатҳои сиёсиву иҷтимоии миллати чандин миллион нафараи тоҷикро ба эътибор намегиранд. Аз ҷониби Кабирӣ, на аз  ҷониби  ягон нафари ин ҳизб  дар байни мардум  тадқиқотҳои сотсиологӣ  гузаронида нашудааст, фикру мулоҳзаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро бояду шояд наомўхтаанд, пас чаро мардуми ҷаҳонро оиди сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон аз номи ҳизби хеш ва халқ  гумроҳ менамоянд?

Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон дар замони Шўравӣ солҳои тўлонӣ якаҳизбӣ ҳукмфармо буд. Сохтмони корхонаҳои калон, пешравиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, илму фарҳанг,  ҳаёти иҷтимоӣ   назаррас бошад ҳам, аммо истиқлолияти давлатӣ, озодии мафкуравӣ, аз он ҷумла озодии шуури динӣ хеле маҳдуд буд. Шумораи масҷидҳо ангуштшумор буда, бештари мардум маросимҳои диниро пинҳонӣ  мегузарониданд.

Дар замони истиқлолият бошад мувофиқи маълумотҳои оморӣ теъдоди масҷидҳо, аз теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумӣ хеле зиёд шуданд. Барои сайқал додани худшиносии миллӣ ва динии ҳар як шаҳрванди ватани мо  имкониятҳои бешумор ба миён омаданд, ки мисоли онҳо-бунёди донишгоҳи исломӣ, гимназияи исломӣ, ки   муллоҳои маълумоти олӣ дошта ва  собиқадорон шогирдони зиёдеро омода месозанд. Маросимҳои динӣ ҳар сол анъанавӣ бо шукуҳу шаҳомати зиёде  таҷлил мегарданд.

  Дар воқеият дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, вазифаи якумдараҷаи он тарғиби принсипҳои ахлоқи ҳамида, ваҳдат, сулҳ якдигарфаҳмӣ мебошад. Дар асл сиёсишавии ҳизбҳои динӣ  барои халқу миллат бештар хатар эҷод мекунад, чунки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, барои ҳарчи бештар ба даст овардани ҳокимият, фазои орому осоиштаи ватани азизи моро халалдор менамоянд. Агар аз рўзи оштии милли 21 сол сипари шуда бошад пас саволҳои зиёде  ба миён меоянд, ки дар тули солҳои сипаришуда намояндагони ҳизби наҳзати  исломӣ барои манфиати халқу миллат, барои пешравии он, барои боло бардоштани иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум кадом кору, кадом чорабиниҳоро ба сомон расонидаанд? Чанд нафаре аз онҳо ташаббуси хуб нишон додаанд? Чи миқдор барномаҳои боло бардоштани сатҳу сифати зиндагии заҳматкашонро пешниҳод кардаанд?

Афкори догматикию схоластикӣ, фундаментализми исломӣ, ки Кабирӣ ва ҳамҳизбони вай истифода мебаранд ба талаботҳои иҷтимоӣ ва иктисодии халқу миллати тоҷик ҷавобгў нестанд, методҳои илмӣ ва мантиқро риоя намекунанд пешравии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро  таъмин карда  наметавонанд. Танҳо бо принсипҳои  динӣ ба прогрессии ҷомеа мусоидат намуда, онро оқилона идора карда намешавад, агар ҳамин тавр мебуд мардуми Афғонистону Покистон осудаҳолу хушбахтона зиндагӣ мекарданд, дар сарзамини онҳо ҳар рўз таркишҳои террористӣ рўй намедоданд.

Барои ватани кучаки мо ҳизбҳои дорои характери динӣ ва атеистӣ дошта зарур нест. Дар замони муосир Тоҷикистон ба хотири пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба ҷаҳонбинии илмӣ ва технологияи пешқадам, ба мутахассисони дараҷаи баланди илму техника ниёз дорад. Ҳалқи тоҷик хирадманду меҳнатқарин буда, ҳеҷ гоҳ ҳушёриву худогоҳиро аз даст надода, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасанд ва барои мубориза бурдан ба зидди терроризму экстремизм ҳамеша омода ҳастанд.

Почоева М.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

“ИН АФРОДИ ҶОҲИЛ ИСЛОМРО БА СИЛОҲИ ҶАНГ ТАБДИЛ ДОДАНД”

Давлати Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гуруҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар пойтахти Ватанамон санаҳои 3-4 майи соли ҷорӣ доир гардид, аз ТЭТ ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми роҳбарияти Тоҷикистон ва халқи тоҷикро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт: “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост.

Ин тақаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”,  - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар.

Давоми суҳбати беш аз даҳ дақиқагии худ вазири Ҳиндустон чанд маротиба аз матни расмии суханронии худ канор рафта, ба паёмадҳои хатарбори фаъолияти ТЭТ ҲНИ, таъсири он ба кишварҳои дигари минтақа, ҳамкории зичи ин ҳизби мамнӯъ бо дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он ишора кард.

Ба гуфтаи вазири Ҳинд, ин ташкилоти террористӣ дар гумроҳсозии садҳо ҷавонон, роҳандозии хунрезӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои Ховари Миёна нақши фаъол дошта, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи фаъолият ва эълони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ саривақтӣ буд. Зеро идома ёфтани фаъолияти чунин ҳизби ифротӣ дар оянда на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақа ва ҷаҳон хатаре ба миён меовард.

Имрӯз кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои нангини гурӯҳҳои ифротиро мавриди танқиди худ қарор дода истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби шахсони воло ва расмӣ изҳор гардидани чунин нуктаи назар бори дигар гувоҳ аз он медиҳад, ки дар мубориза бо хатари нави ҷаҳонӣ бояд ҳамраъй ва якҷоя бояд буд. Дар алоҳидагӣ ва канораҷӯи наметавон, бар болои он ғолибият ба даст овард.

Қурбонов Ҳ.Ш.

Читать далее

АДОЛАТ, ҲАТМАН ҒАЛАБА ХОҲАД КАРД!

Воқеъият, адолат ва ҳақиқат якбора набошад ҳам, оҳиста-оҳиста ба ҳама маълум шуда истодааст. Саҳнаҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлолияти кишвар аз ҷониби кӣ ва кадом гурӯҳ тарҳрезӣ гашт ва ин гурӯҳи ҷиноӣ чӣ нақша дошт, имрўз пурра соҳибони худро пайдо кард.

ТЭТ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ буд. Амали онҳоро имрўзҳо ҷомеаи байналхалқӣ низ фаҳмид. Дар“Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид,  Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М.Ҷ. Акбар бо ҳиссиёти баланди масъулият дар назди иштирокчиёни конфронс суханронӣ намуд ва аз фаъолияту амалҳои пасипардагии ҳизби ба ном наҳзати исломӣ ибрози назар намуд. Мавсуф дар оғози сухани хеш аз мақом ва амалҳои ноҷои ташкилотҳои террористии ҷаҳон баёни андеша кард.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии мусалмонон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдории дунявӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсаду омили шахсони ифротӣ ва гуруҳҳои иртиҷоиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрўзҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи аз худ дарак медиҳад.

Ҷангро бар зидди терроризм ҷаноби вазир дар се ҷабҳа ҷудо намуда, онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст, ки воқеан аз нигоҳи илмӣ дуруст буда аст ва ҷабҳаи дуюмро, ки ҷабҳаи нозуктар номидааст – ҷанг дар шуур, идора намудани тафаккур мебошад. Албатта, қисми зиёди сокинони кишвар мусулмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард, динро воситаи пешбарандаи барномаи худ кард,, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурўҳбозӣ ва тафриқангезӣ манъ аст. Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М.Ҷ. Акбар низ чунин таъкид менамояд: «Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шарои ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба вокуниши диалектикӣ миқёсӣ намоям. Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон манн ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ  аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд».

Дар ҷабҳаи дуюми ҷанг мардуми нисбатан каммаърифат гумроҳ мешавад, бар доми ифротгароён меафанд ва ё шомил мешаванд. Дар самти пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз тарафи фаъолони ҷамъият чорабиниҳои гуногунсатҳ ва пурмазмун баргузор карда мешавад, ки дар он ғояҳои ваҳдати миллӣ, ватандўстӣ, худшиносӣ ва арзишҳои олии истиқлолият – озодӣ, ободӣ, субот ва чеҳраи хандони мардум намоиш дода  мешавад. Табиати инсон бо дидан, шунидан ва эҳсос кардан зинда аст – вақте ки мардум эҳсоси хурсандӣ, хушбахтӣ ва саодатро дорад, ҳамеша мекўшад, ки ин эҳсосот бо ў бимонад. Хушбахтона, имрўз кулли мардуми тоҷик чунин эҳсосотро дорад ва намегузорад, ки нохалафе аз сўи дур бар майдони ваҳдат ва саодати тоҷик санги ифротгароёна партояд. 

Бобоҷонов Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ХОҶАИ ХУДРО “ПАДАР” ГУФТАНИ КАБИРӢ

Волидайн пас аз ба дунё омадани тифл нахуст бо ниятҳои наҷиб ва орзуву умеди бепоён ӯро номи нек мегузоранд. Барои ба камол расидан ва инсони нек шудани фарзанди худ ҷаҳду талош меварзанд. Волидон худ намехӯранду фарзандони худро мехӯронанд. Худ намепӯшанду ҷигарбандашонро мепӯшонанд. Шабҳо шабзиндадорӣ намуда, худ намехобанду фарзанди азизашонро мехобонанд ва тамоми ҳастии хешро баҳри фарзандаш бахшида, мекӯшанд, ки тифли ба ноз парвардашон  хубу саодатманд ба воя расида, фардо дар дами пирӣ дастгиру мададгорашон бошад.

Агар таъбири шоири бузург Тошхоҷа Асириро гӯем:

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Мутаассифона, мисли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар нохалафони наҳзатӣ дар дунё арзи ҳастӣ доранд, ки аз гуфтаи падару модар берун пой гузоштаанд. Ҳатто ин ноқобилон волидони худро мусибатзада карда, ба Модар-Ватани худ хиёнат мекунанд. Тавре маълум аст, террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистии эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба воя расидааст, фирор карда ва имрӯзҳо бар муқобили давлату миллати худ санг мезанад. Борҳо падари Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хостори ба Ватан баргаштани ӯ карда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш нагузашт. Падари Кабирӣ аз рафтору кирдори разилонаи фарзандаш ҳамарӯза тариқи расонаҳои садову симо огоҳ гардида, ба камол расидани чунин фарзанди ноқобил борҳо изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои бархе аз хешовандони наздики Тилло Кабиров (падари Муҳиддин Кабирӣ), ӯ баъди ба бемории вазнин гирифтор шуданаш, ки сабабгори асосии ӯ фарзанди хоинаш террорист Муҳиддин мебошад...

Маҳз чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ба он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида, дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қалбӣ гирифтор гардида, ҷони худро холиқи ҷонофарин супорид. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷанозаи модараш тариқи он-лайнӣ  иштирок карда буд ва ба иштирокдорони намози ҷаноза тариқи микрофони телефони мобилӣ изҳори хушнудӣ карда буд ва дар ин кор таҷрибаи кофӣ низ дорад, дар ҷанозаи падараш низ тариқи он-лайн иштирок кард. Ҳатто лоиқи ба ҳалқи падар рехтани як қатра об дар дами марг нагардида, аз дидори гарми падар маҳрум гардид. Яъне аз ин равшан бармеояд, ки мусибати хоин Кабирӣ падарашро аз пой афтонду кушт.

Ба ҳамин монанд имрӯзҳо чандин тан аз хоинони миллат ба мисли Шарофиддин Гадоеву дигарон аз дидори гарми падару модар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, охиру оқибат аз онҳо рӯй гардонидаанд.

Мо, устодону омӯзгорон ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон рафтору кирдори чунин ватанфурӯшонро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон насли наврас ва ҷавонони моро гумроҳ созанд!

Ф.Воҳидов

Читать далее

ИЗҲОРОТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ

Тӯлонӣ гардидани нооромиҳо дар кишварҳои алоҳидаи Шарқи Наздик ва ҳаракати он ба сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистони азизро мушоҳида намуда, мо низ дар кишвари дӯсту бародари Туркия бетараф буда наметавонем.

Мо, ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои муғризона, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гардад, қотеъона маҳкум менамоем. Дар ин миён, фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати пойдор бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ дар ҳаракат аст ва моро лозим меояд, то ин равандро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда кишвари ободу  зебо ва қавиро ба мерос гузорем.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки маҳз бо таҳрики созмони террористии наҳзат сар зада, боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои сангин гардида буд, ҳанӯз аз ёдҳо нарафтаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ — саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба сабаби надоштани ҳимояи мардумӣ ва пайравӣ аз ҳадафҳои ғаразноки барои мардуми мо номатлуб ноком гардида буданд.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мегӯяд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ҷавонон имрӯз дигар ба тарғиботу ташвиқоти муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ дода намешаванд.

Мо донишҷӯёни тоҷик ба волидайн ва Ватани азизи худ қавл медиҳем, ки ба гуфтаҳои душманони миллати тоҷик гӯш надода, таҳсили худро дар кишвари дӯсту бародари Туркия бо муваффақият хатм карда, барои хизмат ба миллати хеш бо сари баланд ба Ватани маҳбубамон бармегардем.

Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия

Читать далее

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар замони муосир вирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд.“Экстремизм” ин тундравӣ ва ё аз андоза гузаштан буда, оқибат ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» ин  тарсу ваҳм аст. Агар экстремизм ақида бошад, пас терроризм рафтор аст, ки онҳо якдигарро пурра менамоянд.

Имрӯз ба оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ - мазҳабӣ мебошад.

Таҳти мафҳуми ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ ҳаракатҳое фаҳмида мешавад, ки кирдори шахс ё гурӯҳи шахсон барои таъсис додани чунин иттиҳод, ҷалб намудани аъзоёни он, таҳияи оиннома ва барнома, муайян намудани сохтор ва вазифаҳои функсионалии ҷузъу томҳои он, тайёр кардани маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, шумораи аъзоёни чунин ташкилот, ташкили воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, ташкили тарзи фаъолияти чунин иттиҳод ва манбаи моддии фаъолияти он равона карда шудаанд.

Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ) миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ(экстремизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсир мерасонад.

Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо - моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.

Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ, инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, дар шакли исён, ба фаъолияти шӯрангезона ва терроризм зоҳир мешавад.

Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бар муқобили экстермизм ва терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки ақидаҳои ифротӣ фазои софу беғубори давлати моро тира созанд. Зеро аз дасти ингуна нафарони ифротӣ мулкҳои обод вайрону сулҳу субот ба ҷангу хунрезӣ мубаддал мешавад. Мисоли равшани онро мо ҳамарӯза аз васоити ахбори омма мушоҳида менамоем...

Негматова М.М.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ИФРОТГАРОӢ – ХАТАРИ БУЗУРГ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Ҷомеа дар ҳама давра баробари ҳамаи дастоварду комёбиҳо бо ҳаргуна падидаву ҳодисаҳо ва зуҳуротҳои номатлуб дар зиддияту мухолифат қарор дорад. Ҳанўз дар таълимотҳои қадим, ба монанди Зардуштия муборизаи ду қувва, қувваи некӣ ва бадӣ, бо сарварии Аҳурамаздо ва Аҳриман масъалаи марказӣ дониста шудааст.

Мухолифати  ҷомеа бар муқобили нерўҳои бадӣ ва зулумот бесабаб набуда, он ба хотири суботу оромӣ, дар фазои мусолиҳатомез зистан, кору фаъолият намудан, масъалаи калидӣ ҳисобида мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар яке аз падидаҳои даҳшатнок барои ҷомеаи имрўза, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он дар мухолифат ва дар набарди рў ба рў қарор дорад, тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм маҳсуб меёбад, ки равандҳои мазкур торафт дар ҷомеаҳои Ғарб ва Шарқ тамоюл пайдо намуда истодааст.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «ифрот» ба маънои аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре, ифрот кардан (намудан), аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан омадааст. Яъне, ифрот – ин зиёдаравӣ дар коре ва ё дар иҷрои ягон амале мебошад. Фарқ надорад, ки амал дар кадом соҳа ва дар кадом сатҳ сурат мегирад, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан ин ифрот аст. Калимаи ифротгароӣ бошад, решаи мафҳуми ифрот дошта, шахсеро ифротгаро меноманд, ки майл ба ҷониби зиёдаравӣ дорад. Ифротгароӣ аз ҳад гузаштан ва зиёдаравӣ дар ҳар амале ва иҷрои коре фаҳмида мешавад. Як шахс метавонад, дар хўрдан, нўшидан, суханронӣ намудан, харҷ кардан, ибодат кардан ва дар дигар корҳои рўзмарраи ҳаётӣ зиёдаравӣ намояд.

Вале, мо дар ин ҷо пеш аз ҳама атрофи зиёдаравии динӣ ва ё ифротгароии динӣ ҳарф мезанем. Сабаб дар он аст, ки имрўз падидаи  ифротгароии динӣ боиси нооромӣ, ҷанг, низоъ, вайроншавии суботи сиёсӣ ва ҷанги байни мусулмонон ва сабаби дигар мушкилотҳои ҷомеаҳои имрўзаи мусулмоннишин гардидааст.

Бояд гуфт, ки маънои ифротгароӣ ҳамзамон навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад.

Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.

Вақте шахс дар фазои динӣ амалдошта  зиёдаравӣ мекунад, хоҳу нохоҳ ў бо анъанаҳои мавҷудаи ибодат зиддият нишон медиҳад ва бо онҳо дар мухолифат қарор мегирад. Чунин ҳолат, бешубҳа, барои фазои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии ҷомеа муаммои нав эҷод менамояд. Нуктаи нозуки масъала ҳамчунин дар он аст, ки мардуми соҳиби эътиқод арзишҳои диниро муқаддас мешуморанд ва дар ягон ҳолат таҳқир ва паст задану камарзиш шуморидани онҳоро таҳаммул надоранд. Бинобарин, вақте ҳар нафаре онро  нодуруст ва камаҳамият маънидод менамояд, зуд нисбати чунин рафтор муқобилият нишон медиҳанд. Мисол, вақте ҷавоне тарзи намозхонӣ, рафтору кирдор, шакли зоҳирӣ, тарзи муносибати гурўҳеро нисбат ба дин нодуруст ва нописанд мешуморад, баҳси оштинопазир дар байни ду аъзои ҷомеа ба миён меояд. Гузашта аз ин, вақте нисбати мавзўи дин ду ҷониб тарзи эътиқоду ибодати ҳамдигарро таҳқир мекунанд, муқобилияти онҳо то ба ҷанги мазҳабӣ ва ҷисман нобуд кардани ҷонибҳо рафта мерасад.

Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Кўшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Бояд қайд намуд, ки маънои луғавии террор – ин таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зўроварӣ ва қатлу куштор рў оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.

Имрўз гурўҳҳои ифротӣ ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун неруи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш овардаанд, ки мубориза ба онҳо қарзи ҷонии ҳамаи миллатҳову давлатҳо, тамоми қишрҳои ҷомеа ва аз ҷумла қарзи мо ҷавонон мебошад.

Саидзода Ш.
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

14.06.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

Читать далее