July 2018

31 July 2018

Хуҷанд. Нархи роҳкирои автобусҳо 1 сомонӣ муқаррар карда шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони шаҳри бостонии Хуҷанд дар назди майдони Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳодисаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта- маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Шуруъ аз 1-уми августи соли равон автобусҳо бо хатсайрҳои микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва микроноҳияҳои 8-12 ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз мебахшанд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда мешавад.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки нархи роҳкирои автобусҳо дар хатсайрҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ муайян карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

31 июл дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он 70 нафар журналистони расонаҳои гуногун иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон дар марҳалаи таърихӣ ва давраи нави рушд қарор дорад ва мардуми диёри куҳанбунёдамон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши комил ва меҳнати шоиста доранд. Дар ин раванд дар ҷумҳурӣ бо азму иродаи қавӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои басо бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ мегарданд.

Читать далее

ҚОТИЛОН БОЯД ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ ГӮЯНД!

Дирӯз аз сомонаҳои интернетӣ иттилоъ бобати ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ, ки миёни онҳо ду гардишгар аз Амрико, як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария дар Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дода буд огаҳ гаштаму дар шигифт шудам.

Ин фоҷиа бо сайёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ум «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштаву барои инкишофи соҳаи туризм корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Ҳамчун шаҳрванди Æумҳурии Тоҷикистон ин амали хиёнаткоронаи зархаридони хориҷиро маҳкум намудаву лаънат мехонам. Ин кори нохалафоне, ки ба чунин ҷинояти  мудҳиш даст задаанд, танҳо ба хотири вайрон кардани сулҳу субот ва амнияти кишвар меҳисобам.

Бояд мо, сокинони кишвар, ҳушёрии худро аз даст надода, ба дасисаву бӯҳтонҳои беасос дода нашавем, сулҳу суботи кишварамонро, ки бо ҷонфидоиҳои зиёде ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.    

 Боварӣ дорем, ки мақомотҳои дахлдори кишвар ҷинояткорону дастандаркорони ин ҳодисаро дастгир намуда, онҳоро дар асоси қонун барои ҷинояти содиркардаашон ҷазо хоҳанд дод!    

М.Самадова

Читать далее

Қотилонро нону намаки Ватан кӯр кунад!

- Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони азизамон аз ҳодисаи мудҳиши куштан ва захмӣ кардани сайёҳони хориҷӣ аз тарафи ҷинояткорон дар ҳайратам. Ин аввалин ҳодисаест, ки аз тарафи ҷавонон рух додааст ва ин боиси таассуф аст.

Зеро мо ҷавонон мебояд ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа худро муаррифӣ намоем, на ҳамчун қотилу ҷинояткор! Ҷавонони имрӯз мебояд ба қадри сулҳу оромӣ, рушду инкишоф бирасанд ва танҳо бо меҳнати ҳалол барои пешравии кишварамон саҳмгузор гарданд. Фирефта шудани ҷавонон бо афкори хато ва бегона, дур шудан аз асли миллату аҷдоди хеш, пайравӣ кардани ақоиди ботил сабаб мешаванд, ки ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб ворид гарданд. Ба назари ман ин ношукрӣ аст, ношукрӣ ба сулҳу ободии кишвар, ношукрӣ ба зиндагонии осуда, - гуфт дар сӯҳбат ба мо Мавлон Ҳалимов, донишҷӯй.

Назари аксари ҷавонон ба ин ҳодисаи даҳшатовар маҳкумкунандаи ҷинояткорон аст. Мо низ дар навбати хеш ҷавонони имрӯзро аз кирдори бад ҳушдор дода, хотиррасон мекардем, ки ин сулҳу оромӣ ва пешравии Тоҷикистони азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Бахусус, ҷавонон бояд аз таърихи кишвари худ огоҳ бошанд ва он меҳнатқаринӣ, матонат ва ҷонбозиҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии кишвар амалӣ намудаанд, бояд ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ намунаи ибрат бошад!

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қотилон хоинони миллатанд!

Шукрона аз даврони Истиқлол, ки солҳои охир халқи ҷаҳон ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон, бо дили пур ва бо орзуи огаҳӣ пайдо намудан аз таърих ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сарзамини бостониамон қадам мениҳанд. Сад афсӯс, ки чунин пешравиро хоинони миллат дида натавониста, кӯшиши обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд.

Воқеан фоҷиабори ҳалокати сайёҳони хориҷӣ санаи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  содиршуда, тамоми мардуми тоҷикро андӯҳин кард. Воқеан, ин амали нангбор аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд намудани соҳаи сайёҳӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд, то ки сатҳи зиндагии мардум боз ҳам бехтару хубтар ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ хуб муаррифӣ гардад. Аммо аз тарафи баъзе бадхоҳону душманони миллати тоҷик чунин рафтори беинсофона рух дод ва сайёҳонро аз ҳаёт маҳрум сохт. 

Чунин рафтори беадолатона аз тарафи душманони миллат ба сулҳу оромии кишвар, меҳмондӯстии мардуми тоҷик халал ворид карда наметавонад, зеро мо ба ояндаи неку сулҳу оромии кишвар бовар дорем. Тоҷикон аз қадимулайём воқеан  ҳам мардуми меҳмоннавозанд ва хуш пазироии меҳмонро қарзи худ медонанд.

Тавре Соиби Табрезӣ гуфтааст:

Ризқи мо бо пои меҳмон мерасад аз хони ғайб,

Мизбони мост, ҳар кас мешавад меҳмони мо.

Аз ин рӯ, месазад, ки дар вуҷуди ҷавонону наврасон ҳисси ватандӯстӣ, фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикона, одобу русуми инсонгароии шарқиёнаро ҷорӣ сохт. Бинобар ин, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқотҳои тарбиявию судманд дар байни ҷавонону наврасон бояд бештар карда шавад.

Итминон дорем, ки ин амали нангин ба обрӯи Тоҷикистон латма зада наметавонад ва дар оянда боз ҳам бештар тадбирҳои бехатарии сайёҳон андешида мешавад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷинояткорро ҷазо мебояд!

Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем санаи 29 -уми июли соли 2018, дучархасаворони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти номаълум пахш карда шудааст. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро мардум ин қадар инсоф ва қадру қиммати худро гум кардаанд. ҳадаф аз куштори сайёҳони хориҷӣ дар чӣ буд? Маблағ? Ё хиёнат ба Ватан?

Амали ҷинояткорон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нангин буда, минбаъд метавонад барои ташрифи сайёҳон монеа пеш оварад. Тоҷикон аз қадимулайём ҳамчун мардуми меҳмоннавоз шуҳрат ёфтаанду бояд ин анъанаро аз хотир набаровард.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи пайвандону наздикон зиёд ба чашм мерасад, ки ин ҳама аз тарбияи нодурусти падару модар, муҳит ва шароити иқтисодии оила сарчашма мегирад. Агар мо таваҷҷуҳ мекардем, фарзандони мо ифротӣ намешуданд. Мутаассифона, вақтҳои охир рафтору кирдори баъзе ашхос касро ба ҳайрат мегузорад. Омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба зиндагии мардум таъсир карда истодааст...

Ҷинояткор бояд дар назди Қонун посух диҳад ва ҷазояшро бигирад!

Шаҳбону Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Морҳои ниммурдаи ДОИШ-ро амон намедиҳем!

Ҳодисаи 29-уми июли тассуфангезе, ки  дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсу ба вуқўъ пайваст, ҷомеаи осоиштаи Тоҷикистони нозанинро бетараф гузошта наметавонад.

Аз рўи хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуда гурўҳи хунхори ДОИШ куштори сайёҳонро ба дўш гирифтааст ва ин амали террор ва нангбор махсус бо ишораи хоҷагони хориҷии ҷангҷў ташкил шуда, барои барҳам задани эътимоду эътиқоди кишварҳои дўст ва ҳамкори мо мебошад.

Аз ин ҷост, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон таъкид карда буданд, ки касе агар ба равуои сайёҳони хориҷӣ монеа эҷод кунад, хоини миллат аст. Бешак, хоинони миллат гўё аз худ дарак доданд, аммо бо эътимод ва итминон метавон гуфт, ки тадбирҳои бехатарии сайёҳон ва шаҳрвандон дар кишвар билкулл таъмин аст ва кўшишҳои эшон баръабас мебошад.

Гузашта аз ин, сокинони бонангу ори Тоҷикистон кайҳост, ки роҳи худро интихоб карда, дар зери Парчами азизи Ватан бо сиёсати пешгирифтаи Пешвоямон саф кашидаанд ва ин сафи оҳанинро ягон нерў ва ягон иродаи таҳмилӣ шикаста наметавонад.

ДОИШ, ки як гурўҳи чун мори ниммурда аст, дар арафаи фано пазируфтанаш аст. Аммо тавре илми биология ва иҷтимоиёт исбот намудааст, инсонҳои аждарсифату мортабиати заҳрноку музир ҳатто дар дами маргашон низ касеро кўшиши газидан мекунанд. Аммо бо боварҳо ва эътиқодҳо метавонем гўем, ки мардуми Тоҷикистон мисли солҳои навадуми асри гузашта нестанд. Сулҳи нозанини бо хуни ҷигар ба даст омадаро ба дасисаи як ду тан ва ё як гурўҳаки ночизу ҷангҷў иваз намекунанд. ДОИШ-ро тамоми аҳли башарият лаънат кардаанд ва итминон аст, ки лаънати Худову фариштагон низ ба сари онҳо мисли хоки гўр боридан дорад.

Як нуктаи таассуфангез мисли хоре ба ҷону ҷигари мо-Тоҷикистониён мехалад, ки як-ду ҷавони дунёноозмудаву хому бесавод ба ивази пулҳои ҳангуфт итоати ин гурўҳи номусулмону ноинсофу ноинсонро ба ҷо оварда, боиси ташвиши аҳли кишвар шудаанд. Аз ин рў, месазад, ки падару модарон масъулияти қонунии худро бишносанд ва тарбияи хубу ватандўстонаро дар вуҷуди фарзандони хеш роҳандозӣ намоянд. Аҳли ҷамоатчигӣ ва аҳли зиёву рўҳониёни кишварро зарур аст, ки дар соатҳои тарбиявии мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ширкат варзида, бобати эҳсоси ватандўстӣ, арҷу эҳтироми меҳмондорӣ ва фарҳанги миллӣ  гузоришу вохўриҳо анҷом диҳанд.

Мо, сокинони кишвари якпорчаи Тоҷикистон ин амали нангинро маҳкум намуда, намегузорем, ки морҳои ниммурдаи ДОИШ аз ҳавои софу беғубори кишвари биҳиштосо нафас бикашанд ва бо тамоми шеваю усул алайҳи гурўҳи хунхори ДОИШ муборизаи беамон мебарем.

Набиюллоҳ Суннатӣ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оғози ҳаракати автобусҳои нави мусофиркашон дар хатсайрҳои маркази вилоят

Бегоҳии рӯзи 30 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳаракати автобусҳои нави мусофиркашон дар хатсайрҳои маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Дар чорабинии тантанавие, ки дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати оғози ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои шаҳри Хуҷанд доир шуд, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» то поёни соли ҷорӣ боз 75 адад автобусҳои замонавии тамғаи “ЛИАЗ” ба маркази вилоят ворид карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Читать далее

Оромию суботи ҷомеаи моро касе халалдор сохта наметавонад!

Мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд аз садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, иттилоъ пайдо намуда, аз ин хабари нохуш ғамгин гардиданд.

Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.

Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш расида наметавонанд. Зеро имруз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди тоҷик имкон дорад, ки садди чунин хоинони миллат гарданд.

Имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати ободгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст. Пиру барно ин сиёсати созандаро гарму самимона дастгирӣ менамоянд. Ҳар сари қадам нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онҳоро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат баръало мушоҳида кард. Қомат афрохтани садҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.

Мардум аллакай дарк намудааст, ки оромию амнияти ҷомеа дастоварди беназир ва неъмати бебаҳо буда, онро чун гаҳвораки чашм нигаҳдорӣ ва ҳифз менамоянд. Якдилию якмаромии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд. Оромию суботи ҷомеаи моро ягон қувваю гуруҳ халалдор сохта наметавонад.

Мутмаъинем, ки ин ҳодисаи нангин ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсир намерасонад. Зеро чунин ҳодисаҳои фалокатборро мо дар тамоми кишварҳои пешрафта мушоҳида мекунем. Ва сайёҳони хориҷӣ азми бештар ба кишвари афсонавию биҳиштосои кишвари маҳбубамон–Тоҷикистон менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Амали ноҷавонмардонаро маҳкум мекунем

Изҳороти Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба суиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ

Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинони ватанро нисбати сайёҳони хориҷӣ, ки боиси марги фоҷиавии 4 нафари онҳо – 2 амрикоӣ, як ҳолландӣ ва як швейсаригӣ гаштааст, бо хашму ғазаб ва андӯҳи бузург қабул намуда,  ба чунин инсонҳои ҳайвонсифат  лаънат мехонад. Изҳор менамояд, ки маҳз дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин кирдор даст зада, ин ашхос ханҷар ба дили фардҳои ба номус заданд, кӯшиш карданд, ки доғ ба номи бошарафи халқҳои Тоҷикистон биёранд.

Имрӯз халқҳои ҷаҳон ба Тоҷикистону тоҷикистониён боварӣ доранд, бо дили пур, бо умеди орзуи дидан аз мардуми кӯҳантаърих, огаҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он, сарзамини бостонӣ ба диёри мо қадам мегузоранд. Дар чунин ҳолат худобехабарони беору беномус  ба обрӯю эътибори мо ватандорон хати батлон заданӣ, дар байни аҳли башар шарманда кардани шуданд. Зермаънии ин амал сиёҳкунии Тоҷикистон аст ва онҳо гуфтанианд, ки гӯё ба оромии Тоҷикистон  бовар кардан мумкин нест. Хоинон бо нишондоди хоҷаҳои хориҷии худ даст ба чунин амал заданд, вале онҳо ба мақсадҳои худ намерасанд. Тоҷикистон ором аст ва ором мемонад, халқи мо меҳмонро эъзоз медорад, ба дили гарм ба оғӯш мегирад. Ин анъанаи мо, рисолати мардуми мо аст. Онҳое ки ба ин анъанаҳо риоя намекунанд бо мо нестанд.

Халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи фирӯз расидааст ва ягон амал, ягон қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад. Мо ба ояндаи неку амалигардии ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.

Онҳое ки амали зиштро содир намуда, худ буздилонаю тарсуёна роҳи гурезро пеш гирифтаанд, аз ҷазои боадолатона гурехта наметавонанд. Мо ба кордонию пухтакории сохторҳои дахлдор эътимод дорем ва бовар менамоем, ки гурезпоҳои ҳаромкор дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Мо кулли ҳамдиёрон дар навбати аввал иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолонро даъват мекунем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбати ҳамагуна падидаҳои зиддиҷамъиятии моҳиятан характери эктеримистию террористӣ дошта намоиш диҳанд ва ба ҳамагуна бӯҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақта бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд.

Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Читать далее