August 2018

10 August 2018

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку

9 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку меҳмони олиқадр — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Ҳамла ба сайёҳон хиёнат ба Ватан аст!

Мо масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва танинандозии ваҳдати миллӣ намуда, кирдорҳои нохалафонае, ки аз тарафи хоинони миллат дар кишвари азизамон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд, шадидан маҳкум менамоем.

Тавре аз расонаҳои хабарии кишвар огаҳӣ пайдо намудем, кирдори содиршуда аз тарафи ноҷавонмардон сурат гирифта, дар паси он андешаҳои муғризонаи аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар хоинон нуҳуфтааст, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мехоҳанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам коҳиш дода, садди роҳи ҳузури гардишгарон шаванд.

Хушбахтона, бо ҷасорат ва матонати шикастнопазири фарзандони ҷасуру далери Ватан бархе аз ин хоинон безарар гардонида шуда, дастгир ва ҷазои сазовори қонунӣ хоҳанд гирифт.

Дар шаҳр бо мақсади маҳкум намудани чунин хиёнаткориҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ сурат гирифта истодааст.

Бо сарварии раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласа баргузор шуда, аъмоли хиёнаткорон байни аҳли ҷамоатчигӣ маҳкум гардид.

Дар робита ба ин, ходимони дин низ дар ҳузури васеи аҳолӣ аъмоли разилонаи хоинонро маҳкум намуданд.

Мо - ҷавонон, бахусус масъулони соҳаи кор бо дин ва танзими анъанаву ҷашну маросим сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем намуд.

Асрор ХУШДИЛОВ,
мутахассиси пешбари бахш
оид ба корҳои дин, танзими
анъана ва ҷашну маросим
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Кирдори ҷинояткорон нобахшиданист!

Хабари ба марг расонидани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби як гурӯҳ авбошон, ки 29 июли соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, маро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нагузошт.

Ба ҳалокат расонидани сайёҳони хориҷӣ, ки аз кишварҳои Олмону Швейтсария, Фаронса, Амрикову Нидерландияи Аврупоанд, қалбамро гӯё хуншор кард. Ин гурӯҳи сиёҳдилон номи шарафманди Тоҷикистону тоҷикистониёнро паст заданӣ шуданд. Шууру ақли ваҳшиёнаи ин ифротгарон ва авбошони беорро маҳкум мекунем!

Бо ин кирдори разилона пастфитратон, нотавонбинон, кӯрнамакон ҷамъиятро ноором карданӣ мешаванд. Ваҳшонияти ин авбошон гувоҳи он аст, ки онҳо шараф ва виҷдон, қувваю қудрати тавоно, қалби инсонӣ ва дасту бозуи гиро надоранд, забон ва Ватану миллати худро поймол намудаанд!

Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, ки боиси дастгирии мардуми меҳандӯсти мо гардид. Иқдоми нек баҳри сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи тамошобоб, минтақаҳои истироҳатӣ, варзишӣ ва сайёҳиро доро аст.

Зиёрати сайёҳон ва меҳмонии онҳо ба кишвари мо аз манфиат холӣ нест. Сайёҳӣ имконият медиҳад, ки дӯстию рафоқати тоҷикон бо миллатҳои гуногуни ҷаҳон боз ҳам мустаҳкамтар гардад. Меҳмонон аз таърихи кишвари куҳанбунёди мо огаҳӣ ёбанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик таърихи куҳан дорад. Бо мардуми шарафмандаш дар тамоми олам ифтихор менамояд.

Вале сад таассуф, ки байни миллату халқияти ориёинаҷоди мо ҳанӯз ҳам кӯрнамакон ҳастанд. Аз обу намаки Ватан мечашанду меошоманд!

Ҳанӯз ҳам ба қадри зиндагии ором, сериву пурӣ, сулҳу амният нарасидаанду кӯрнамакӣ зоҳир мекунанд. Фаҳмидан намеҳоҳанд, ки тараққиёти мамлакат, оромию осудагӣ муҳимтаринанд барои инсон.

Имрӯз бо тамоми овоз ва қувваю қудрати меҳанпарваронаам гуфтаниам, ки ин гуна одамони бадкирдорро чашми дидан надорам! Дар ҷамъияти мо барои ин гуна нохалафон ҷой нест! Кӯр бод чашми бинои онҳо!!!

Хуршеда Наҷмиддинова,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҳамла ба сайёҳонро маҳкум менамоем

Бо шарофати хиради азалии мардуми шарафманду сарбаланди он тавонистем, ки баъд аз нобасомониҳои зиёд ва ҷанги таҳмилӣ ба сарзамини биҳиштосоямон бори дигар тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва осоиштагиро баргардонем ва тавассути ваҳдати миллӣ кишвари худро дар як муддати кӯтоҳ ба сарзамини осоиштаи минтақа табдил диҳем. Бо ин восита нуфузу эътибор ва мавқеи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Тоҷикистони азиз бо табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, сарватҳои зеризаминӣ, мавзъеҳои таърихӣ ва бо мардуми соҳибмаърифат ва меҳмоннавозаш   машҳури дунё гардида, ба мавзеи муҳими сайёҳӣ табдил ёфтааст.  Имрӯз сайёҳоне, ки аз сарзамини биҳиштосоямон дидан менамоянд, кишварамонро ҳамчун яке аз минтақаҳои осоишта, бехатар  ва мардумашро меҳмондӯст ва нексиришт муаррифӣ менамоянд.

Аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаи Интернет аз бераҳмона ба ҳалокат расонидани сайёҳони хориҷӣ хабардор гардидем.   Шахсоне, ки ба ин амали нангин даст заданд аз табори бешарафон мебошанд, ки ба Ватан-модари худ хиёнатро раво мебинанд. Боиси  нигаронист, ки  имрӯзҳо ин тоифа ба ин амали разилона даст зада, доғи ҷомеаи мо мегарданд.  Онҳо  намеандешанд, ки оқибати ин амали нопок ба кадом фоҷиа оварда мерасонад. Таассуфовар аст, ки баъзе ҷавонони гумроҳ то ҳанӯз ғаразҳои нопоки шахсиву гуруҳии душманони миллатро бо супориши хоҷагони хориҷӣ барои ноором намудани ҷомеа амалӣ менамоянд. Ин амали палиди онҳо боиси изтиробу сархамии миллати тоҷик мегардад. Мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк менамоем, ки  паси ин ин манфиатҳо ва найрангҳои тоифаи харидшудаи миллат нуҳуфтааст, ки бо ин амалҳои разилона  мехоҳанд ба  солимии авзои ҷомеа хатар эҷод намоянд.

Мо ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона аз он менамоем, ки соҳибватану соҳибистиқлол ҳастем. Мо пайравони Пешвои миллат, нигоҳдорандагони ҷомеаи солим, ташаббусҳои созанда, дастовардҳои илмиву эҷодӣ, мубориз ба муқобили зуҳуроти номатлуб гардида, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода ҳастем.

Туҳфа ХИСРАВБЕКОВА,
директори муассисаи МТМУ №10, шаҳри Бӯстон 

Читать далее

Рафтори нохалафонро маҳкум менамоем!

Изҳороти кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 13 шаҳри

   Бӯстон оид ба маҳкум намудани ҳамлаҳои разилона ба сайёҳони хориҷӣ

 Хабари нохуши ба ҳалокат расидани 4 сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳамаро ба хашм овард. Чунки бо эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тамоми халқ ба нангу номуси кишвар кӯшиш харҷ дода истодааст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати зебову меҳмондӯст, бофарҳангу бомаданият дар арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намояд. Лекин ин ҳодиса исбот намуд, ки байни мо шахсоне чун аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати исломӣ  ҳастанд, ки бо рафтори нангини худ шаъну шарафи тоҷикону тоҷикистониёнро мехоҳанд паст зананд. Ин рафтори онҳо сабаби коҳиш ёфтани равуои хориҷиён ба кишвари мо мегардад.

Ман ҳамчун омӯзгор рафтори нохалафонаи ин гуна шахсонро муҳокима карда, қайд карданӣ ҳастам, ки ин байнамон ба чунин шахсон роҳ нахоҳем дод.

Бо дарёфти хабари нангин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳодисаро зери назорат худ гирифта, ба сарони кишварҳои Амрико, Нидерландия, Швейтсария номаи тасаллият ирсол намуда, гурӯҳи кориро аз ҳисоби мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон таъсис дода, дар як муддати кӯтоҳ ҷинояткорон дастгир карда шуданд.

Мо омӯзгорони муасасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Бӯстон рафтори чунин нохалафонро маҳкум намуда, намегузорем, ки чунин разилон ба осудагиву амнияти миллӣ халал ворид кунанд.

 Адолат МАЛИКЗОДА,
директори муасасисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №3, шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ - кори хоинони миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷангу ҷидол ва бадбинӣ яке аз хислатҳои бади инсонӣ буда, лоиқи халқи тоҷик нест. Зеро халқи тоҷик дар ҳама давру замон чун миллати бафарҳангу сулҳдӯст ва меҳмонавозу инсонпарвар шинохта шудааст. Воқеаи нангине, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рӯй дод, ҳаргиз лоиқи халқи тоҷик нест ва он содиркунандагон аз тоҷикон ҳам нестанд! Зеро модари тоҷик ҳаргиз чунин шахсони ҳайвонсифат, хоинони миллатро тарбия карда наметавонад!

Ин воқеаи мудҳиши куштори сайёҳони хориҷӣ боз як бори дигар исбот менамояд, ки ҳанӯз ҳам душманони кишвари азизамон мехоҳанд оромию сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон вайрон кунанд, лекин онҳо ҳаргиз ба мақсади нопокашон нахоҳанд расид. Зеро дарахти сулҳу ваҳдат бо меҳру муҳаббати модарони тоҷик, қувваҳои заҳматкаши падарони тоҷик, хуни шаҳиди фарзандони тоҷик решаҳои мустаҳками худро ба қаъри замин рондааст ва такягоҳи мустаҳками ин сулҳу ваҳдат, оромӣ, хушбахтии мардум - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мо аҳли ҷомеаи литсейи №1 – шаҳри Бӯстон ин ҳодисаи мудҳишро сахт маҳкум менамоем, зеро ин амалҳои нопоки номардон ҳаргиз наметавонад дӯстии байни халқҳо ва сулҳу оромиро дар Ватани азизамон халалдор намояд.

Рухсора Абдуғафорзода,
директори литсейи №1 шаҳри Бӯстон

Читать далее

Терроризм падидаи номатлуб

Имрӯз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра мебошад, ки ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин боиси таассуф ва нигаронист, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғ кашида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври рӯшан дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ҳамаи ин ободӣ ва пешравиҳоро дида наметавонанд. Ба ин қатор ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ном бурдан зарур аст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.

Ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 – сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ  сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд. Ё санаи 29-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби бадхоҳон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Данғара сайёҳони хориҷӣ қатл карда шуд. Сипас маълум, гардид, ки ин амали нангин низ аз ҷониби душманони миллат содир гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ баисрор аз терроризму экстремизм танқид мекунад ва он хатару муаммоҳои танҳо як давлат нест.  

Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони миллали муттаҳид иброз доштанд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».

Имрӯз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд.

Инчунин терроризм муборизаи ҳамҷояи тамоми давлатҳои ҷаҳонро тақозо дорад.

Мо устодону донишҷӯёни муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ амали ноҷавонмардонаи душманону бадхоҳонро, ки ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуданд шадидан маҳкум мекунем. 

Гулнора Валиҷонова
мудири кафедраи ҷамъиятшиносии
коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд

Читать далее

Мурдорҳои сиёсӣ ё худ иғвои навбатии ТТЭ ҲНИ

Иғвои навбатии Ташкилоти террористӣ - экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Дортмунди Германия натиҷае ба бор наовард. Ин ҷамъомади қабилавӣ чеҳраи манфур, хиёнатгар ва душмани миллату давлати тоҷикон будани Кабириву пайравонашро  бори дигар  возеҳу равшан намуд. Аён шуд, ки аз Кабириву ҳизби мамнуъгаштаи ифротии ӯ ҳатто собиқ шарикони сиёсиаш бо ибораи “Бо дег нишинӣ, сиёҳ шавӣ” даст кашиданд.

Таърихи начандон тӯлонии мардуми тоҷик ҳамчун довар собит кард, ки ТТЭ ҲНИ решаҳои динӣ ва иҷтимоӣ надорад. Як тӯда бесаводон бо дастгириву маблағгузории хоҷагони бегонаашон  аз хурофотпарастии мардум ва фазои озодихоҳии солҳои 90-ум истифода бурда, зери парчами дини мубини Ислом ҳизби сиёсии динӣ таъсис доданд. Солҳои 90-ум ин ҳизби пинҳонкор, бо мақсади бунёди давлати исломӣ фаъолият дошт. Беш аз 150 ҳазор сокинони кишвар аз ҳаёт маҳрум, садҳо деҳаву марказҳои аҳолинишин ба хок яксон ва ҳазорҳо кӯдакон ятиму бесаробон ва бехонумон монданд. Як миллион сокинони кишвар аз хоки Ватан фирор карданд. 

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои ин ҳизб пинҳонӣ ба чӣ корҳо машғул буданд. Саркардҳои ин ҳизб ба ҷойи тарғиби сулҳу ваҳдат, бунёди давлати миллӣ ба ҷуз иғво, танқиди ҷомеа, мухолифат ба корҳои Ҳукумат дигар кореро ба ҷо намеоварданд.

Соли 2013 иттифоқан дар мулоқоти Кабирӣ бо ҳамҳизбонаш, ки дар толори яке аз хоҷагиҳои Исфара баргузор гардид, иштирок доштам. Ҳузури ҷавонони сарлучи ғазаболуд, ки ҳар лаҳза туъмаи тайёри эмиссарҳои ифротӣ буданд ва занони либосҳои тарҳи эрониву туркипӯш, ки базӯр чашмонашон намудор буд, толорро хеле ҳузнангез намуд. Кабирӣ аз иштироки чанд тан имоми масҷидҳо  ва дигар шахсиятҳои бо сару либос ва намуди зоҳирӣ аз ҳамҳизбонаш фарқкунанда хеле маълӯл гашта,  ранги рӯяш парида буд.

Чун ба суханпардозӣ оғоз кард, зане аз ҷояш бархосту гуфт: “Фарзанди ман донишҷӯи фаъол буд. Аввал ӯро ба намоз даъват карданд, баъд ба аъзогии ҲНИ, дере нагузашта ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷалб карданд. Ман ҷигарбандамро аз даст додам. ҲНИ ҳизби терорристон, ҳизби наҳсу касофат аст. Ман аз ту даъво мекунам, ки фарзандамро ба ман баргардон”. Ҷавондухтари дигаре аз ҷой бархесту гуфт: “Додари ман аъзои фаъоли ҲНИ буд, ӯро бо маблағ таъмин мекарданд. Ӯ ба даъватҳои ин ҳизб ҷонашро аз даст дод, вале ягон нафар аъзои ин ҳизб ё ташкилоти ҳизбӣ аз ҳоли фарзандони ятиммондаи ӯ боре ҳам хабар нагирифтанд. Кабирӣ аз толор бо дили ранҷур, норозиёна аз кирдорҳои раисони беқобилияту заифи ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзоёни бемаърифаташ берун баромада, Исфараро тарк кард.

Дар интихоботи соли 2015 Кабирӣ боз ба Исфара омад. Ин дафъа ба мулоқот одамони зиёде гирд наомаданд. Кабирӣ дар толор дар изтироб буд ва ба ҷойи пешиҳоди барномаи пешазинтихоботӣ гилагузорӣ кард, ки дар ҳама ҷо ҳизби ӯро бо нописандӣ, таънаву маломат пешвоз мегиранд. Ин дувумин шикасти талхи Кабирӣ дар Исфара буд, ки бештар ниёз ва  такя ба он дошт.

 Кабириву пайравонаш шармандавор бо ҷурми ифротгароӣ майдони сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд.

Ҳар як ҷамъомад ва ҳатто ҳар як сухани гурезагони ватанфурӯш зарар ба ҷисму ҷони худи онҳост. Душманони миллат аз дуриҳои дур ба Тоҷикистон соҳибистиқлол санг мепартоянд, вале тири онҳо кайҳо хокхӯрда аст. Акнун ба садову нидои хоинон касе ҳам эътибор намедиҳад. Зеро саг аккос мезанад, корвон пеш меравад. ТТЭ ҲНИ аз ҷониби беш аз 3,5 милиард сокинони сайёра ҳамчун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст. Мулоқоти Дортмунд ба решаи Кабириву ҳаммаслаконаш теша зад, ки минбаъд дигар онҳо ба худ нахоҳанд омад.

Обидбой Аҳмадов,
муовини раиси КИ ҲХДТ
дар шаҳри Исфара

Читать далее

Хоинон ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид

Мо аҳли ҷомеаи омӯзгории гимназияи №2 рафтори ношоистаю ҷоҳилонаи нафарони гумроҳро, ки боиси ба ҳалокат расидани чор нафар сайёҳони хориҷӣ гардидааст маҳкум менамоем.

Ин нафарони дилсиёҳ бо рафтори худ нуфузи миллати тоҷикро паст кардан мехоҳанд ва маҳз чунин рафтори разилонаро ба саёҳони хориҷӣ раво диданд. Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо амалҳои разилона рӯи кор меояд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву маҳзабӣ сурат мегирад, аз ҷониби душманони дини муқаддас роҳандозӣ мегардад.

Аз ин рӯ, ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғара рух дод, аз дастаи террористон, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом маншаъ мегирад, ки баҳри дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паст задани нуфузи Тоҷикистон мегардад. Боиси зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, аз тарафи халқ хуш пазируфта шуд. Дар ин сол барои рушди сайёҳӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистони сарсабз чораҷӯиҳои зиёде рӯи кор омад, ки  душманони миллат ба чунин иқдоми башардӯстон муғризона назар карда хостанд  барои рушди сайёҳӣ  дар Тоҷикистон монеа эҷод намоянд. Ҳодисаҳои рӯйдодаистиодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубабон ҳамеша омода бошем ва сайъ намоем, ки дар арсаи байналмиллалӣ нуфузи Тоҷикистони азиз бланд гардад.

И.ЗУБАЙДУЛЛОЗОДА,
директори гимназияи №2, шаҳри Бӯстон

 

Читать далее

Ифротгароӣ падидаи нав нест

Ҳанӯз дар давраҳои қадим ифротгароӣ зуҳур карда буду гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он нафақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад. Калимаи ифротгаро аз ду реша   иборат буда, якуми аз забони арабӣ «ифрот», «фатарот» - бесарусомонӣ, хараҷу мараҷ, ба миён овардан, дигаре аз воҷаи форсӣ гаро иборат аст, ки «гаравидан», яъне «майл кардан» аст. Пас ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва майнаи ӯ як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст».

Ифротгароён дар ҳама динҳои олам зуҳур дорад. Онҳо фурсат ёфта, худро зоҳир менамоянд. Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шудан наметавонад», ки ин бологузории миллате аст бар миллатҳои дигар. Ё ифротгароёни дини яҳудиён сар бардошта боз пайғамбари хеш дархост кардаанд: «Мо мехоҳем бо Худо рӯйрост суҳбат дошта бошем, на ба воситаи ту».

Дар дини масеҳият пас аз пайғамбар Исо андешаҳои ифротгароёна зуҳур карданду масъалаи «сегонапарастӣ»-ро ба дини масеҳиён зӯран ҳамроҳ карданд.

Ҳар се дин – Яҳудӣ, Масеҳӣ ва Ислом басо кӯшидаанд, ки бо насиҳатҳо роҳу равиши пешгирифтаи ифротгароёнро бигиранд, вале онҳо хуруҷ мекарданд. Маҷбур бо онҳо муборизаи шадид бурда, то андозае дами онҳоро паст карданд.

Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозад.

Гурӯҳи ифротгароён, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд, ягона мақсади нопоке доранд. Парчамашон сиёҳ аст, яъне зулумот. Бо ин парчами зишт мехоҳанд давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофоти исломиро барпо намоянд ва гӯё «ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади хеш расидан ба андешаҳои нопоки хеш ҷомеаи Ислом пӯшонида, мехоҳанд сафи «муборизон»-и худро изофа гардонанд.

Дини мубини Ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон ҷавононро ба тарафдории ифротиён ҷалб намуда истодаанд. Бо ин мақсади нопоки худ каме бошад ҳам ноил шуда истодаанд, ки нишонаҳои он аз ҳисоби ҷавонони исломиву дигар динҳо ба қатлу ғорат дар Ироқу Сурия даст задани онҳо мебошад.

Ин ҷавонон виҷдон, имон ва одамгарии хешро фурӯхтаанд, ё бо андак таблиғот ба онҳо майл карда, худро аз мардуми оддӣ дур гирифта, мӯйлаб тарошидаву риш монда, мӯйи сарро чун занон сар дода, оятҳоро қироат намудаву нафаҳмида, кирдори ғайриинсонӣ зоҳир намуда истодаанд.

Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Соддагиву сабукандешӣ ва пулпарастӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

 М.Мирзоаҳмедов,
устоди ДКМТ

Читать далее