August 2018

02 August 2018

Мусодираи ғайриқонунии маводи нашъаовар

- Дар шаш моҳи соли равон аз гардиши ғайриқонунӣ 91 килограму 560 грамм маводи нашъаовари навъҳои героин, афюн, бангдона ва ҳашиш мусодира шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 80,7 фисад зиёд мебошад, - баён дошт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоравшан Сангинзода.

Ҳамчунин, мавсуф қайд намуд, ки дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар давраи ҳисоботӣ 26 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ 3 ҷиноят камтар мебошад.

Бо ташаббуси Раёсати Агентӣ нақшаҳои муштараки байниидоравӣ бо воҳидҳои оперативии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят таҳия гардида, дар доираи он ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят таъмин шудааст. Ин буд, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии вилоят 90 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор гардида, аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 244 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардидааст.

Бино ба маълумоти расмии Маркази наркологии вилоят дар соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ шумори нашъамандон 2,6 фоиз (аз 1138 то 1108 нафар) кам шудаанд.

Таҳлил нишон дод, ки дар соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи нашъамандон дар шаҳру навоҳии Бӯстон 12,1, Ашт 50, Конибодом 2,6, Бобоҷон Ғафуров 1,1, Мастчоҳ 8,3 ва Спитамен 10,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ байни рӯзноманигорон ва сардори Раёсати Агентӣ М.Сангинзода суолу ҷавоб сурат гирифт.

М.Ҳалимзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Хуҷанд: Автобусҳои нав дар хизмати сокинон

Аз санаи 30-юми июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода автобусҳои нави мусофиркашон дар хатсайрҳои маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз карданд.

Дар ин маросим намояндагони соҳаҳои мухталифи вилоят, раисони бархе аз шаҳру навоҳӣ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ходимони дин, маориф, фарҳанг, тиб ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ гуфт, ки то охири соли равон боз 75 автобуси замонавии тамғаи “ЛИАЗ” ба маркази вилоят ворид мешаванд. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Тавре Раиси вилоят қайд кард, автобусҳои воридшуда истеҳсоли Федератсияи Россия ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, як автобус дар як вақт беш аз 70 мусофирро ба манзил мерасонад.

Бояд қайд кард, ки ронандагони автобусҳо тавассути озмун аз миёни 120 довталаб интихоб гардидаву нафарони соҳибтаҷриба маҳсуб меёбанд.

Раиси вилоят ҳамроҳи намояндагони аҳли зиё ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ бо автобусҳои нав аз маркази вилоят то маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуданд.

Олим Очилзода - мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд:

- Дар доираи Барнома 25 автобус тибқи супориши Раиси вилоят аз 1 – уми августи соли равон дар ду хатсайр ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Хатсайри якум аз маҳаллаи сеюм ба воситаи микроноҳияҳои 8 - 12 то ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хатсайри дуюм низ аз микроноҳияҳои 8 - 12 тавассути кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев – маркази шаҳри Хуҷанд то шаҳраки Ғафуров хизматрасонӣ мекунанд.

Дар ҳолати ворид гардидани 75 автобуси дигар дар даҳ хатсайр ҳаракати автобусҳо ба назар гирифта шудааст. Ба роҳ мондани хизматрасонии автобус аз ҷиҳати сатҳу сифати хизматрасонӣ, иқтисодӣ дастрас, арзон ва мувофиқ мебошад.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввал, яъне 1-уми августи соли равон хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шуд. Аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкиро дар хатсайрҳои номбурда 1 сомонӣ муайян шудааст.

Баҳринисо Собирова - раиси кумитаи маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд:

- Воридшавии автобус ва ба фаъолият шурӯъ кардани он ҳодисаи фараҳбахш аст. Ба автобусҳои нав нигариста, ашки шодӣ мерезам. Ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ба он савор мешудему саривақт ба ҷойи зарурӣ ҳозир мешудем. Боварӣ дорам, ки мавриди истифода қарор гирифтани автобусҳои нав ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, таъмини бехатарии роҳу нақлиёт ва риояи маданияти шаҳрдорӣ боз ҳам мусоидат менамояд.

Зулфия Қаҳҳорова – донишҷӯ, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Ба фаъолият шурӯъ кардани автобус ва ба самти ноҳия рафтани он маро хеле шод гардонид, зеро ҳар субҳ бо микроавтобус то ба донишгоҳ расидан бароям мушкилӣ эҷод мекард. Акнун озодона метавонам дар автобуси нави замонавӣ бе ягон мушкилӣ роҳсипор гардам.

Хурсандиовараш он аст, ки нархи автобус 1 сомонӣ аст ва барои мо - донишҷӯён ин нарх дастрас аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба роҳбарияти вилоят миннатдории худро баён месозам, зеро ин ҳама ба хотири осудагӣ ва ба манфиати сокинон аст.

Маҳбуба Аюбова - мудири Ширхоргоҳ - кӯдакистони №11 – и шаҳри Хуҷанд:

- Дар хотир дорем, ки солҳои қаблӣ автобусҳои мусофиркашон воситаи асосии мусофирон маҳсуб меёфт ва имрӯз бо иқдоми роҳбарияти вилоят ва сохторҳои дахлдор ин анъанаҳои дерин барқарор мегарданд.

Воқеан, омадани автобусҳои ҳозиразамон, аз як тараф сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашониро беҳтар намояд, аз ҷониби дигар, ба ҳусни шаҳр ҳусни иловагӣ зам менамояд. 1 сомонӣ муайян гаштани роҳкиро дар автобусҳои хатсайрҳои нав басо саривақтӣ буда, боиси дастгирист. Ин тадбир, албатта, ба манфиати мусофирон нигаронида шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки воқеан ба роҳ баромадани автобусҳои замонавӣ дар маркази вилоят воқеаи фараҳбахш барои сокинон аст. Ин воқеаи рӯҳафзо дар ҷараёни эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки башорат аз корҳои созандагӣ мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

01 August 2018

Фаъолони шаҳри Хуҷанд куштори сайёҳони хориҷиро маҳкум намуданд

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, роҳбарон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, варзишгарон, имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони Шӯрои занон ва Шўрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо доир ба маҳкум намудани амалҳои терорристӣ ва пешгирии фаъолияти аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти экстремистидошта мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раиси шаҳр гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик аз қадим ҳамчун миллати сулҳпарасту инсондўст маълуму машҳур буданд ва имрўзҳо низ бо чунин сифатҳои олидараҷа ҷаҳониён тоҷикону тоҷикистониёнро мешиносанд. Воқеае, ки санаи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи гурўҳҳои тундрав сар зад, мардуми меҳмоннавози тоҷикро андўҳгин намуд.

Сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Эмин Карим, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода ва дигарон низ баромад намуда, доир ба вазъи имрӯзаи ҷинояткорӣ ва пешгирии он иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид сохтанд, ки оромию суботи ҷомеаро ягон қувваю гурўҳ халалдор карда наметавонад. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетарафӣ зоҳир накарда, аз ҳарвақта бештар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони халқу миллатамон муттаҳид шавем.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Муроҷиатномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят оид ба ҳодисаи нангине, ки дар ноҳияи Данғара рух додаст

Бонувон ҷонибдори сулҳу ваҳдатанд

Таърихи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чанд нафар сайёҳони хориҷӣ аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шуд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноятсодирнамуда муайян гардида, 1нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Ин ҳодисаи нангини рухдода кулли модарони Ватани азизамонро ором намегузорад. Ин чӣ амали мудҳише буд, ки аз ҷониби хиёнаткорон сар зад? Аз азал тоҷикону тоҷикистониён мардуми меҳмоннавозу меҳнатдӯст мебошанд. Ин ҳодисаи хунину нангин дили модаронро реш-реш кардаву аз рафтору кирдори бераҳмонаи хиёнаткорон ҳамагон ангушти ҳайрат мегазанд.

Заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.

Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш расида наметавонанд. Зеро имрўз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди  тоҷик имкон дорад, ки садди чунин хоинони миллат гарданд.

Бонувон дарк намудаанд, ки оромию амнияти ҷомеа дастоварди беназир ва неъмати бебаҳо аст. Аз ин лиҳоз, онро чун гавҳраки чашм нигаҳдорӣ ва ҳифз менамоянд. Якдилию якмаромии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд. Оромию суботи ҷомеаи моро ягон қувваю гуруҳ халадор сохта наметавонад.

Мо,ҳама аз як гиребон сар бароварда, зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин ҳаракатҳо мубориза мебарем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми босазо мегузорем. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиамонро устувор меардонем.

Мо, бонувон ин амалҳои зиштро ҳамаҷониба маҳкум менамоем. Шароите, ки ҳоло дар кишварамон барои зиндагӣ муҳайёст, сазовори садҳо шукрона мебошад. Халқи тоҷик ҳамаи ин ободиву шукуфоии мамлакатро дида истода, бо боварӣ гуфта метавонад, ки ҳеҷгоҳ ба  душманон ва хоинони миллати тоҷик бовар нахоҳанд кард. Итминон дорем, ки ин хиёнаткорон бо ин кирдори нопокашон ҷазои сазоворро хоҳанд гирифт. Мо минбаъд ҳам дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ омада, баҳри ободии Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

Читать далее

Изҳороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани ҳамлаҳои разилона ба ҷаҳонгардони хориҷӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони шаҳри Бӯстон хабари ҳамлаҳои ноҷавонмардонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29-уми июл дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби бархе аз ҷавонони гумроҳ сурат гирифт бо андуҳи гарон дарёфта, ин аъмоли разилонаву манфур ва хиёнаткоронаи нохалафонро шадидан маҳкум менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки ин амалҳои ғайриинсонии гумроҳон кори душманони миллати тоҷик буда, мехоҳанд бо аъмоли зишташон ба маҳбубияти Тоҷикистон дар ақсои олам осеб расонанд. 

Чун соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидаву дар ин сол ҳузури ҷаҳонгардон ба кишвар ва рушди ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш ба назар мерасад, хоинони миллати тоҷик пешрафту шукуфоиҳои Ватани азизи моро  натавониста ин амали нангинро тарҳрезӣ намуданд. Дар робита ба эҳтироми хоса ва муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон чанде қабл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Имрӯз низ бо баробари муайян шудани шахсияти сайёҳони хориҷӣ нахуст бо баёни номаи тасаллият ва изҳори ҳамдардӣ ба роҳбарияти Олии ин кишварҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, итминон бахшиданд, ки ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Маҳз бо кӯшиш ва талошҳои фарзандони баору номуси кишвар иддае аз ин ҷинояткорон дастгир ва чанде аз онҳо несту нобуд карда шуда, амалиёти кофтукови боқимондаҳо идома дорад. Дар ин росто аз тамоми сокинони баору нанги кишвари маҳбуб даъват ба амал меорем, ки дар кори ошкор ва дастгир намудани ин хиёнаткорон бо мақомоти интизомии кишвар ҳамкорӣ намуда, рисолати шаҳрвандии хешро ба иҷро расонанд. 

Бо қатъият иброз медорем, ки ҳеҷ як хоине ва ё бадхоҳе наметавонад бо як амали тарҳрезигардида нуфузи Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи олам коҳиш диҳад. Зеро ба андешаи сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистон барояшон кишвари амн барои саёҳат боқӣ монда, ҳамла монеи сафарашон ба Тоҷикистон нахоҳад шуд. 

Итминони комил дорем, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар зуд омилҳои ин ҳамлаҳои марговар, ки боиси нафраи тамоми мардуми кишвар гардид муайян ва мушаххас гардида, хиёнаткорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Зарар ба сайёҳ ин хиёнат ба ватан мебошад!

Хабари фоҷиабори ҳалокати сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон ба фикри мо  тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мо, ходимони динро ба ғазаб овард. Дар  ин ҳодисаи нохуш  чуноне ки иттилоъ ёфтем, чаҳор нафар сайёҳи хориҷӣ  ба ҳалокат расидаанд ва чанде аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. 

Тибқи иттилои манбаъи Вкд-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояткорони фирор карда, баъди кофтуков муайян ва безарар гардонида шудаанд. 

Имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои ором  ва амн ба ҳисоб меравад  ва соли ҷорӣ соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст,афсӯс баъзе инсонҳои бе хирад ба Ватан хиёнат карда, мехоҳанд ин суботу амниятро халалдор созанд ,аз ҷумла Ҳизби экстремистӣ ва террористии  хиёнаткори Наҳзат  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Гоҳо мехоҳанд эътилофе ташкил  кунанд, вақте муяссар нашуд. Барои паст кардани обрӯи Тоҷикистон ба кори пасттарин даст зада, бо тариқи хиёнат бо дасти хаммаслаконашон сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд.  

Аз нигоҳи дини мубини Ислом, як нафарро ба ғайри ҳақ куштан бадтарин гуноҳ аст. Ин меҳмонҳои хориҷии Тоҷикистон  чӣ гуноҳ доштанд? 

Имрӯз мо  ходимони дин ин ҳодисаи разилонаро маҳкум намуда, аз ташкилоти байналхалқӣ, ки ин ҳизби хиёнаткори Наҳзатро дониставу нодониста дастгирӣ мекунанд ва аз он давлате, ки террористонро дастгири ва маблағгузорӣ мекунад талаб наменамоем, ки гурӯҳи террористонро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон супоранд, то ки миллату  халқиятҳо аз шарри онҳо эмин монанд  ва меҳмонони хориҷии мо бемалол Тоҷикистонр дида, саёҳат кунанд,  дар сафари  онҳо халале ворид нашавад . 

Хоҷи Ҳусайн Мӯсозода

Читать далее

Деваштич: дастовардҳо назаррасанд!

Дар ноҳияи Деваштич ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Сугд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимию табобатӣ раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, Шӯрои маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия баргузор гардид.

Мулоқотро раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ифтитоҳ намуд. Муовини раиси ноҳия М.Шарифзода дар бораи рушди иқтисодиву иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳарф зад. Инчунин, сардори Раёсати кишоварӣ Умар Маҳмадёров, мудири маорифи ноҳия З.Иброҳимов ва чанд масъулини дигар маърӯза карданд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз дастовардҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои мслоҳи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее