August 2018

24 August 2018

Аз носипосон дурӣ бояд ҷуст!

Барои сокинони кишвар аввали солҳои навадуми қарни гузашта роҳи васеъ барои азхудкунии илми исломшиносӣ муҳайё гардид. Кор то ҷое расид, ки шумораи масҷидҳои панҷвақта аз муассисаҳои таълимӣ зиёд шуданд. Ҳар оила ду ё се фарзанди худро ба мулло ё бибиотуни маҳалла медод, то хату савод барорад, одаму одамгариро бишносад.

Ба қавле рейтинги муассисаҳои таълимӣ аз таълимоти хонаводагии динӣ поён фаромад. Дар чунин муҳит баъзе аз ҳаракату қувваҳое дар кишвар арзи ҳастӣ карданд, ки мехостанд аз эҳсоси мардум нисбат ба дини мубини Ислом хуб истифода баранд. Махсусан, ҳизби наҳзати исломи огоҳона ба сафҳои худ аъзо ва пайравонашро ҷалб мекард. Ташкилотҳои ибтидоии худро дар шаҳру навоҳии кишвар пурқувват менамуд. Он замон касе гумон намедошт, ки ҲНИ низ мисли дигар ташкилотҳои террористӣ ба монанди  “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони Шарқӣ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” нияти ноором кардани авзои сиёсии ҷомеа,  сӯистифода аз боварҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра дорад.

ҲНИ пардапӯшона ҳанӯз замони қонуни фаъолият бурданаш бо истифода аз эътимоду боварии халқ ва дастгирии давлат пайи нақшаҳои ғайриинсонаи худ буд. Саркардаҳои ин ҳизб баъди ба сари қудрат омадани Муҳиддин Кабирӣ бо диду назари хоса, барои бунёди як ҷомеаи шиапарастӣ ва фундаменталӣ кӯшиш меварзид. Маҳз  ҲНИ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки онро таърихнигорон исбот намуданд. Аммо ҳодисаҳои қатлу куштори наваскарон дар Тавилдара, шӯришу тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, амали ноҷавонмардонаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ниҳоятан амали теракти охири моҳи июл нисбати сайёҳони хориҷӣ рухдода маҳз бо супориши махсуси Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифтанд.   Тавре аз расонаҳо огоҳем, ба наздикӣ яке аз саркардагони наҳзатиён бо номи Аёмиддин Сатторов бо лақаби Мавлоно Аёмиддин  дар филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”  як қатор асрори ифлоси наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, қайд намудааст, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эронмеистодааст. Аён гардид, ки ҲНИ ягон вақт ҳизби мустақил набуда, балки як шохаи  созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” будааст, ки аз тарафи ҶИ Эрон барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва таблиғи шиапарастӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст. Дар филм аз рӯи нақли Аёмиддин Сатторов бармеояд, ки ҲНИ солҳои сол маблағҳои зиёди ҷосусони Эронро гирифта, барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ кӯшишҳо мекарданд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки нашрияи «Наҷот», ки муассисаш Ҳизби наҳзати исломӣ буд, бо теъдоди беш аз 30 ҳазор ҳар ҳафта рӯи нашрро дида, он ройгон дар кишвар паҳн мешуд. Дар шароити бозаргонӣ имрӯз на ҳама нашрияҳо товони муттасил чоп кардани нашрияи худро доранд. Пас маълум, ки пулҳои бедарду миён аз куҷо ба куҷо мерафтааст? Дигар аз супоришҳои махсуси хоҷагони эронӣ ин тарғиби ақидаҳои шиагароӣ ва ба ин васила  шӯронидани тақводорон бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Наҳзатиён касеро, ки аъзои ҳизб набуданд, кофару бедин унвон карда, мунтазам ақидаҳои хурофотпарастонро дар мавриди риш мондану бо ҳиҷоб гаштан дар кӯчаҳоро талқин менамуданд.

Мутаассифона, бештари ҷавонони гумроҳ, бедонишу дар чорраҳаи зиндагӣ саргумшуда фирефтаи чунин ақидаҳо мегарданд. Ҳодисаи санаи 29 июл рухдода ҳосили бепарвоии аҳли ҷомеа, хоса волидон аст. Аз нақли яке аз волидони ҷавонони кушташуда  аён гардид, ки фарзандаш чанд моҳи охир дар Русия будааст ва ҳатто ба Тоҷикистон омаданашро хабардор накардааст.  Фарҷоми ин сабукиҳо ва мағзшӯиҳо қурбони ҷаҳолат шудан аст. Ҳол он ки беҳтарин ҷавонони мо имрӯз дар пешрафтатарин муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсили илм карда, муаррифгари кишвари офтобии моанд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, эҳсоси худшиносии ҷавонон аз ҳарвақта дида саъй меварзад. Махсусан, донишҷӯён дарк карда истодаанд, ки неъмате беҳтар аз сулҳу оромӣ нест. Пас ҷавононро мебояд то шоиста таҳсил кунанду ба миллати хеш хизмат намоянд.

Дилафрӯз Саидӣ,
 директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Читать далее

Тафаккури солим – алайҳи ифротгароӣ

Масъалаи ҷавонон ва терроризм, пешгирии шомилшавии онҳо  ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ имрӯз аз масоили мубрами рӯз маҳсуб мешавад. Воқеаи  мудҳише ки дар ҷануби  кишвар рух дод ва он ҳамчун акти терористӣ муаррифӣ гардид, маҳз аз ҷониби ашхоси  раҳгумзада, ки синну солашон ниҳоят ҷавон аст, ба амал омад ва бегуфтугӯ он суолеро дар майнаи инсонҳо эҷод кард, ки чаро ин ҷавонон ба кори ношоиста даст заданд? Бераҳмӣ, хашм, ифрот дар ниҳоди ин ҷавонон аз куҷо сар задааст ва оё онҳо зодаи ҳамин диёр ҳастанд? Дар ин мақола хостем ба масъалаи ҷавонон, дунёи ботинии онҳо, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва сабабҳои гароиши баъзе аз онҳо ба ақидаҳои ифротгароӣ назар андӯзем ва баъзе ақидаҳои хешро баён созем.

Мусаллам аст, ки  ҷавонон нахуст маълумотҳои назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне онҳо аз ҷараёни ҳаёт бохабар ҳастанд ва ниҳоят як давраи ҳассосро дар дарку маърифати муҳит  аз сар мегузаронанд.

 Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25 сола як давраи лағҷандаро аз сар мегузаронанд, ки рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳини муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рӯи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо бояд  баъзе хусусиятҳои  калидии мансуб ба хусусияти ҷавониро ба инобат гирифт. Аз ҷумла синну сол, ба гурӯҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутааллиқ будани онҳо, ҳамзамон ҳамчун нерӯи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама мансубияти онҳо  ба гурӯҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояд дар мадди назар қарор бигирад. Дар баробари ин эътироф бояд кард, ки ҷавонон як қисми ҷомеае мебошанд,ки барои татбиқи мақсадҳои иҷтимоии  худ кӯшиши беандоза менамояд.

Дар заминаи ин хусусиятҳо ҷавононро метавон аз назари сиёсӣ ва ҷаҳонбиниву фаъолияташон ба қисмҳои зерин ҷудо намуд:

1. Ҷавононе, ки  ҳадафҳои иҷтимоии худро бо роҳу усулҳои муқаррарӣ,ки дар доираи қонун амал мекунад ҳаллу фасл менамоянд ва ба ҷомеа зарар надоранд.

2.Ҷавононе, ки афкору андешаҳои  зидди ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ доранд ва дар табиаташон хусусияти хашмгиншавӣ ба мушоҳида мерасад. Онҳо ва аз муҳит розӣ нестанд, дар зиндагӣ ва фаъолияташон ҳадафи муайян надоранд.

3. Ҷавононе, ки мутобиқи маҷрои ҷомеа ҳаракат мекунанд, масъалаҳои иҷтимоии худро дар пайвастагӣ бо вазъи ҷомеа ҳал месозанд, ба ҷомеа фоида меоранд.

Инак барои чи баъзе аз  ҷавонон ба тарғибу ташвиқи экстримистӣ дода мешаванд?

Ҳақиқат  инҷост, ки  ки дар замони муосир тероризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав  ё муътақиди ин ё он дин меҳисобад.

Аслан терористон ин афроде, ки ақидаи шахсии худро надоранд ва ба  шахсе ё гурӯҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шудаанд ва гоҳо худ намефаҳманд, ки ба чи амале даст мезананд. Ҳатто, дар ағлаби маврид ҳини адои акти терористӣ худро қаҳрамони замон эҳсос мекунанд.

Инак суоле пайдо мешавад, ки кадом омилҳое мавҷуд аст, ки баъзе аз ҷавонон фирефтаи доми аҳриманон мегарданд? Ба андешаи ин ҷониб:

Инҳо нофаҳмӣ дар оила, новобаста аз шароити зиндагӣ. Ихтилофи ақида дар зиндагии рӯзмарраи ҷавонон; Баъзе аз хислат ва хусусиятҳои манфии ҷавонон аз қабили монанди дигарон набудан, аз дигарон фарқ кардан, барвақт соҳиби ном ва обрӯй гардидан, ҷалб кардани таваҷҷуҳи дигарон ба худ ва монанди инҳо; Таъсири усулии ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, ки тавассути сайтҳои интернетӣ ошно мегарданд; Қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ; Надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан.

Маҳз маҷмӯи ҳамин омилҳо боис мешавад, ки ҷавононро ташкилотҳои террористӣ ба доми хеш мекашанд. Гузашта аз ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳар се қисми ҷавонон,ки дар боло таснифашон рафт, аз ин бало дар канор нестанд. Яъне имрӯз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рӯи кор меояд ва дигар намудани афкори дурусти онҳо низ кори осон шудааст.

Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахшии ин нерӯҳои аҳриманӣ  интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Воқеан сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримстӣ мебошад. Роҳҳои гуногуни ҷалбкуниро истифода мебаранд ва гумон меравад, ки гурӯҳи калони намояндагони ин ташкилотҳо қувваи асосии худро дар самти тарғиб тавассути сайтҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест.

  Инак чи бояд кард, ки роҳи ин сели марговаррро гирифта тавонем ё ба иборати дигар аз дасти мо барои наҷоти ҷавонони гумроҳшуда чи меояд?

Воқеан, имрӯз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи кор оянд,ки  меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст,ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбати ин масъала таваҷҷӯҳ доранд ва беаҳамиятии онҳо боиси сар задани фалокатҳои  нав  ба нав дар олам мегардад.

   Бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад.

Инҳо аз ҷумла бештар ташкил намудани захираҳои интернетӣ бо мақсади аксуламал нишон додан ба ҳуҷумҳои иттилоотии  ифротгароён, аз ҷумла таъсиси портал, сайтҳо  блог, форумҳо ва ғайра.

Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди терроризм,ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи  ҳақиқати терроризм, ки ба ҷомеа зарароавар аст, инъикос ёбад;

Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста дар байни ҷомеа оид  ба ташкилотҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитерористӣ. Аз ҷумла баргузор намудани интернет-конфренсия  бо мақсади  баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва тероризм.

Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои презентатсионӣ ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки  дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитеррористи дар байни ҷавонон пайдо шавад.

Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигии онҳо. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад.

Таъсиси марказҳои  илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омӯзиши равандҳои ҷомеа аз ҷумла масоили зиддитероризм дар муассисаҳои олии таълимии кишвар.

Дар шароити имрӯза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид. Ҳамин тариқ, терроризм як машинаи марговарест, ки ба тамоми ҷаҳон хавфовар аст ва мутаасифона ҳадафи асосии он ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ бетарафӣ нисбати ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад.

Саидумрон Саидов,
номзади илмҳои филологӣ
дотсенти ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хиёнати наҳзат ошкор шуд!

Мурури замон довари ҳақиқӣ мебошад, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Ҳамаи асрор, хоҳ нек бошад ё бад, ошкор мешавад. Одамони бадтинат, ки бо сад ҳилаву найранг ба Ватан, миллат ва мазҳаби худ хиёнат мекунанд, мувофиқи адолати илоҳӣ дар назди мардум шарманда мешаванд.

Шахсоне, ки давоми 27 соли Истиқлолият мардумро ноором карданд, хуни бағайри ҳақ рехтанд, сирру асрори онҳоро бо амри тақдир аз дохили худи онҳо ошкор мекунанд.

Яке аз чунин далелҳои раднопазир суханҳои яке аз муассисони ҳизби хиёнаткори наҳзат Айёмиддин Сатторов мебошад.

Ӯ дар як филми мустанад бо номи "Бозгашт аз ҷаҳаннам", ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ нишон дода шуд, аз ҳаёти чандинсолаи худ ҳамроҳи ТЭТ-и ҳизби наҳзат ва охундҳои ҶИ Эрон ҳисобот дода, кӣ будани муассисони наҳзат, бо чӣ ҳадаф ташкил кардан ва фаъолияти хиёнаткоронаи он, аз ҷумла хизматҳои муғризонаи охундҳои Эронро бо далелҳои аз сар гузаронидаи худ баён намуд.

Баъди тамошои ин суҳбати ошкоро ва афсӯсу надоматҳои Айёмиддин Сатторов тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, ходимони дини Масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд аз нақшаҳои Кабирӣ ва охундҳои Эрон боз огоҳтар шуданд, ки ҳадафи онҳо ба дини Ислом хидмат кардан не, балки аз номи дин суиистифода карда, маблағ ба даст овардан ва бо роҳи хиёнат ба хоҷагони хориҷии худ хизмат карда,мардумро гумроҳ кардан аст.

Онҳо бояд донанд, ки мардуми имрӯза мардуми солҳои навадум нестанд, ки аз паси балвогарон раванд, имрӯз мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони дин ба ин хиёнаткорон нафрат доранд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

23 August 2018

Дар зеҳни ҷавонон арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро мепарварем

Дар раванди ҷаҳонишавӣ падидаҳои номатлубе ба монанди гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни тамоюли экстремистидошта ба авзои сиёсию иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон таъсири худро гузошт.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони ноогоҳ аз моҳияти донишҳои диниву дунявӣ, бехабар аз саранҷоми кори худ, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷиву осоиштагӣ ва сулҳу субот намерасанд ва даст ба тақлиди кӯркӯронаи фарҳанги бегона зада, аз баҳри падару модар ва фарзандони худ гузашта, ҷони худро қурбон мекунанд. Бехабар аз он ки дар Тоҷикистони азиз нисбати мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ, шумораи масҷидҳо зиёдтар буда, тамоми шароиту имкониятҳо барои гирифтани таълимоти динӣ-дунявӣ фароҳам оварда шудааст. То насли наврас дар нигоҳ, ҳифз ва муаррифӣ кардани марзу буми худ, дар ин гирдобу муборизаҳои сиёсӣ донишҳои зарурӣ дошта бошанд.

Барои пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб ҳар як шаҳрванд, хусусан омӯзгорон, ки дар маркази диққати онҳо ҷавонону наврасон қарор доранд, имконият ва масъулияти бештареро доранд. Чӣ бояд кард, ки дар зеҳни ҷавонон бегонапарастӣ, пайи пулу моли бо роҳи хунрезиву “ҷиҳод”ба даст овардашуда, ки баракате надорад, рафтан набошад?

Ҷавонони имрӯза аллакай моҳият мақсад ва ҳадафи асосии “хоҷагону сарпарастони” ин равияҳоро дарк намудаанд. Вале барои зиракии сиёсии ҷавононро бедор намудан бояд ҳар як педагог, психологияи ҳар як донишҷӯ, хусусиятҳои фардии онҳоро омӯхта, бо донишҷӯёни худ ҳамкории мунтазам дошта бошад.

Яке аз хусусиятҳои хоси “хоҷагони сарпарасти” ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ин аст, ки онҳо бо шахсоне кор мебаранд, ки ё рӯҳан заифанд ё муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ доранд. Онҳоро бо пулу моли худ фирефта, зери таъсири худ қарор медиҳанд ва ин категорияи одамон маҷбуран ба онҳо итоат мекунанд.

Барои он ки ба ин ҳол фарзанд ё донишҷӯи мо гирифтор нашавад, ӯро бо дониши сиёсии мукаммал мусаллаҳ кардан, эътимоду эътиқоди ӯро нисбати Ватан, модар, давлат ва арҷгузорӣ ба суннатҳои некбинонаи тоҷикон тарбия намудан вазифаи шарафмандонаи ҳар як омӯзгор, падару модар мебошад. Роҳу усулҳоеро бояд дарёбем, ки фарзандони мо мафтуну пойбанди овозаҳои бардурӯғ, беасос, ғаразнок, айбҷӯйиҳои бедалели хатарнок ва хурофот нагарданд.

Барои пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири амнияти кишвари биҳиштосои худ, ба муқобили падидаҳои номатлуб- терроризм ва экстеремизм бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарӣ, такя ба илму маърифат ғолиб омадан шоистатарин амале мебуд.

Маҳбуба РАҲИМОВА,
омӯзгор

Читать далее

Худкардаро даво чист?

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар ҳақиқат филми ҳуҷҷатиест, ки дар он сидқан аз амалҳои кардаи худ пушаймон будани як тан тоҷик, дар сиришти ӯ боз шудани чашми ҳақиқат ва шинохтани қадру манзалати сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ эҳсос мегардад.

Собиқ яке аз муассисони фаъоли ТЭТ ҲНИ Айёмиддин Сатторов шоҳиди бевоситаи ҷалб намудани ҷавонон ба терроризм, омода шудани онҳо дар лагерҳои низомии экстремистӣ ва бо ин нияти дар оянда халалдор сохтани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум - Тоҷикистонро доштани сарварони ҲНИ мебошад.

Инак, гузашти рӯзгор ва сабақи ҳаёт боис гардиданд, ки ин мард барои пешгирии ҷангу хунрезӣ, куштору ғоратгарӣ ва харобӣ овардан ба сарзамини биҳиштосои мо ниятҳои нопок ва нақшаҳои харобкоронаи ТТЭ ҲНИ-ро ошкоро баён дошт.

Филми мазкур моро водор менамояд, ки бори дигар хотироти саҳфаҳои даҳшатовари ҷангу хунрезии солҳои навадуми қарни гузаштаро ба ёд оварда, нагузорем, ки ба пояи дарахти Ваҳдати миллӣ теша расад. Бенатиҷа будани омоданамоии низомиёни ифротгаро дар Эрон барои ноором гардонидани Тоҷикистон, барбод рафтани миллионҳо доллари хоҷагони эронии сарварони ташкилоти экстремистӣ ва барқасди душманони миллат рушду инкишоф ёфтани Тоҷикистон самараи хиради азалии мардуми худогоҳи тоҷик аст.

Филми мустанад барои ҳар яки мо ҳушдор дода, талқин менамояд, ки дар роҳи ватандӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва аз бегонагон ҳифз намудани сулҳу осоиштагии сарзаминамон даҳчанд кӯшиш намоем.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«Мактабии журналистони ҷавон»

Санаҳои 22-23-юми августи соли ҷорӣ дар «Гӯшаи Амрико»-и Китиобхонаи омавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, «American Space Khujand» маҳфили навбатии «Мактабии журналистони ҷавон» баргузор шуд.

Дар маҳфил рӯзноманигор ва блогери шинохта, сармуҳаррири радиои «Пайванд» Ҷамшеди Маъруф роҷеъ ба журналистикаи мултимедӣ маълумот дод. Журналистони ҷавони вилоят дар ҷараёни баргузории омӯзиши ду рӯза дар бораи мултимедиа маълумоти бештар гирифта, дар ин робита дониши хешро мукаммал намуданд. Дар замони рушди босуръати технологияи иттилоотӣ ва густариши бомайлони онлайнжурналистика омӯзиши ин мавзуъ барои рӯзноманигорони ҷавон айни зарурат ва талаботи замон аст.

 Бино ба иттилои Ҷамшеди Маъруф ҳадафи аслии ташкили «Мактаби журналистони ҷавон» мусоидат ба рушди журналистика тоҷик ва сайқали маҳорати рӯзноманигорони ҷавон  мебошад.

Дар назар аст, ки ба мактаби мазкур собиқадорони соҳа ҷалб ва донишу таҷрибаи эшон дар тарбияи насли нави рӯзноманигорон истифода шавад.

Дар баргузории маҳфили «Мактаби журналистони ҷавон» гӯшаи «American Space Khujand» ва ТҶ «Ҷаҳони мо» саҳм доштанд.

 Сурайё ҲАКИМОВА

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон, ки рӯзи 22 август сурат гирифт, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла рафти бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди назар қарор дод ва аз сустии корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои ҷоннок намудани фаъолият, ташкили ситоди корӣ ва зиёд намудани шумораи коргарон супоришҳои мушаххас дод. Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 гектар ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр баландӣ дошта, гирду атроф ва саҳни майдон бо тарҳи хоса ороиш дода мешавад.

Читать далее

Истироҳатгоҳ дар анбӯҳи арчазорон

Туризм дар бештари кишварҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он зиёд гардидааст. Тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва бунёди иншооти санаторию курортӣ дар ақсои олам, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо аҳамияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳам маънавӣ дорад. Сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нисбатан нав ба ҳисоб меравад ва аз рӯи хусусиятҳои хосаш аз дигар соҳаҳои мавҷуда фарқ мекунад.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки инкишофи босуръати соҳаи сайёҳӣ зарурати ба миён омадани ҳудудҳои нави туристӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми ҷудо кардани минтақаҳои туристӣ бояд онҳоро ҳаматарафа омӯхта, вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ махсус гардонида шаванд.

Минтақаҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд асосан чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ ба ҳисоб мераванд. Солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ дар самти истироҳату табобат босуръат инкишоф ёфта истодаанд. Айни ҳол базаҳои сайёҳӣ ва санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо ташкил меёбанд, ки ҳамасола ба садҳо нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат хоҳанд расонид.

Ба ин монанд қитъаи замини дар мавзеи Қаровулхонаи минтақаи ҷангали Қаромазори Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъбуда диққати шаҳрванди ноҳияи мазкур, соҳибкор Одилҷон Абдухалиловро ба худ ҷалб сохт. Ӯ барои сохтмони истироҳатгоҳ дар ин мавзеъ дархост намуд, ки оид ба масъалаи вобаста кардани қитъаи замини ҷангал мақсад дорад аз ҳисоби маблағҳои худ хонаҳои истироҳатӣ, хаймаҳои миллӣ ва инфрасохторҳои дигар бунёд намояд. Ин иқдом дар соли равон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, дастоварди хубест. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки хона, хайма ва дигар иншооти хурди сохташаванда дар ин макон тариқи замонавӣ бунёд ёфта, ба дарахтони ҷангалзор ягон осебе намерасонанд.

Ин мавзеи дорои арчазорони бебаҳо ва табиати нотакрор заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд мебошанд. Қитъаи замини дархостшуда ҳамшафати дарёчаи Қаровулхона, байни ду сойи хурд ҷойгир аст. Қад-қади ин дарёча роҳи мошингарди хурде, ки дар шароити кӯҳӣ барои равуои ҳама намуди нақлиёт мувофиқ нест, мавҷуд мебошад. Инчунин, соҳибкор иқдом пеш гирифтааст, роҳи ҷангали ин мавзеъро аз ҳисоби худ пурра таъмир намояд, ки барои истифодаи минтақаи ҷангал низ аҳамияти калон дорад.

Истироҳатгоҳи мазкур дар масоҳати 0,52 гектар сохта шуда, аз таваққуфгоҳи мошинҳо, хонаҳои чорҳуҷрагии хурд, суҳбатҷойҳо, майдончаи варзишӣ, ду хаймаи миллӣ иборат мебошад. Оғози сохтмон аз моҳҳои март-апрел сурат гирифта, аллакай як қисмати он ба истифода дода шудааст, ки бахшида ба соли рушди сайёҳӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ саҳм ва иқдоми хубест.

Мавзеи Қаровулхона ба минтақаи ҷангали Қаромазор дохил шуда, марзи маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Рӯзи ба истифода додани истироҳатгоҳи сайёҳӣ, ки аввали ҳамин моҳ сурат гирифт, намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳо ширкат варзиданд. Алҳол чор хонаи истироҳатӣ ба истифода дода шудааст. Айни ҳол корҳои таъмирӣ идома доранд. Дар саҳни истироҳатгоҳ фаввораҳои зебо сохта шуда, атрофи онро суҳбатгоҳҳои замонавӣ зеб медиҳанд. Инчунин, сохтмони як ҳавзи оббозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик бояд мавриди истифода қарор бигирад. Ба ғайр аз ин, дар самти болои хонаҳо, яъне дар бағали кӯҳҳои арчазор се хаймаи миллӣ ва бошишгоҳҳо сохта мешаванд. Чор хонае, ки мо дар боло қайд кардем, панҷнафарӣ сайёҳро ҷойгир карда метавонад. Баъди ба истифода додани бошишгоҳҳои болоӣ меҳмонон метавонанд дар он ҷой бигиранд, яъне дар як баст истироҳатгоҳ то 35 нафарро қабул менамояд.

Ин минтақа аз қадим табиати нотакрору сарватҳои пурасрори табиӣ дошта, диққати сайёҳони рус ва хориҷиро ба худ ҷалб сохтааст. Бояд қайд намуд, ки мавзеи номбурда барои тамошои меҳмонон ва сайёҳон табиати бениҳоят зебо дорад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, анбӯҳи арчазорони ба ҳам пайвасти сабз андар сабз, чашмасорон ва олами набототу ҳайвоноташ бемисл ҳастанд. Натанҳо сайёҳон, балки аксари сокинони вилоят огаҳ нестанд, ки минтақаҳои мо чӣ қадар ҷойҳои дорои табиати нотакрору маконҳои истироҳатӣ мебошанд.

Ин мавзеи нави истироҳатӣ ва сайёҳӣ «Ҷаҳонгир» ном дошта, аз шаҳри Истиқлол то он ҷо ба масофаи 20 километр тариқи мошинҳои кӯҳгард рафтан мумкин аст. Масоҳати ҷангали ин минтақа зиёда аз 2000 гектар буда, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад.

Ба хулосае бояд омад, ки инкишофи босуръати соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бо шарофати эълони рушди ин соҳа дар соли равон дар тамоми минтақаҳо сохтмони як қатор иншоотро ба миён оварда истодааст. Ин ҷо сухан дар бораи меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, истироҳатгоҳу минтақаҳои туристӣ ва ҳуҷраҳои шахсии ба сайёҳон пешниҳодшаванда меравад. Ҳангоми сохта, ба истифода додани чунин инфрасохторҳо дар мавзеъҳои зебои табиати Тоҷикистон мо метавонем ба пешравии ин соҳа андаке бошад ҳам саҳм гузорем. Рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама аз баланд шудани сатҳи зисту зиндагонӣ дарак медиҳад. Ҳаматарафа омӯхтани табиати Тоҷикистон ва бунёди чунин истироҳатгоҳҳои сайёҳии замонавӣ дар навбати аввал аҳамияти иқтисодӣ дорад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Устувории соҳаҳо ва дастовардҳо

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини вилояти Суғд оид ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 бо иштироки роҳбарияти Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ҷамшед Умарзода - сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм дар ноҳияҳои Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шуд.

Айни ҳол шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ дар вилоят 1119 ададро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин даври соли равон аз тарафи нозирони кумитаи идораи замин 2287 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи замин дар майдони 1026,83 гектар ошкор карда шуд. Нисбат ба қонунвайронкунандагон парвандаҳои ҷиноятӣ, протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 928 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ҳамзамон, ба таври маҷбурӣ ворид намудани ҷаримаҳои басташуда 47 мавод ба мақомоти судӣ равон карда, нисбат ба 8 мавод чора андешида шудааст.

-То имрӯз 88126 оила дар майдони 8878 гектар бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд,- зикр намуд Ҷамшед Умарзода.

- Алишер Дадобоев - муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки дар даври ҳисоботӣ масъулин ва мутахассисони соҳа бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ дар бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайян ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ӯ қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 1,9 млрд. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 105,9 фоизро ташкил медиҳад. Нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 107,1 фоиз, чорводорӣ 104,2 ва моҳипарварӣ 101,2 фоиз таъмин карда шуд.

То 1-уми июли соли 2018 дар вилоят ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 36,7 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 24,6 миллион доллар зиёд мебошад. Афзуншавии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта ва пиёз ба амал омадааст.

Бунёд Абдумаликов - муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гуфт, ки Раёсат фаъолияти худро баҳри афзун намудани нишондиҳандаҳои самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла назорати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, мониторинги муҳити зист ва ҳалли як қатор проблемаҳои дигар равона менамояд. Мувофиқи маълумот дар ин давр барои иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври то соли 2020» дар миқёси вилоят зиёда аз 7,7 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар натиҷа Ситоди махсус таъсис ёфта, дар 120 амалиёти фаврӣ 65 санади азназаргузаронӣ ва 22 протокол тартиб дода шуда, аз қӯруқшиканон 8 қаиқ ва 2 муҳаррики он, 18 таҷҳизоти сайди моҳӣ ва 510 тӯри моҳидорӣ муваққатан боздошт гардид. Ҳамзамон, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба мақомоти прокуратура 8 мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ супурда шуд.

Дар даври ҳисоботӣ маблағи пардохтҳои ҳатмии экологии ситонидашуда 8 миллиону 508 ҳазору 464 сомониро ташкил дод, ки ин 176,3 фоизи нақшаро ифода мекунад. Ҳамзамон, ба буҷаи давлатӣ аз тарафи Раёсат 1 миллиону 563 ҳазору 305 сомонӣ маблағ ирсол гардид. Аз 18 шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо 15-тоашон нақшаи худро иҷро намуданд.

Зафарбек Давлатзода - сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят қайд намуд, ки дар бобати омода намудани воситаҳои асосӣ ба мавсими обёрӣ дар ҳамбастагӣ бо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд.

Дар даври ҳисоботӣ ба миқдори 716,8 миллион м3 бо арзиши 13688,5 ҳазор сомонӣ обрасонӣ шуда, аз ҷониби истифодабарандагон ба ҳолати 1-уми июли соли 2018-ум 10252,7 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 16,5 мм. м3 зиёд обрасонӣ гардида, ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ бошад, 1 миллиону 272,7 ҳазор сомонӣ зиёд шуд.

Дар ҷамъбасти нишаст суолу ҷавоб байни ҷурналистон ва сардорони мақомоти болозикршуда доир гардид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон

Шоири шинохтаи машҳур Расул Ғамзатов дар шоҳасараш - «Доғистони ман» борҳо таъкид кардааст, ки модараш обро аз ҳама чиз муқаддастар медонист. Устод Мирзо Турсунзода ба шарафи Канали ҳисор байтҳои зеринро бадоҳатан ва самимона гуфта буд…

Эй сабо, аз мо расон бар дӯстон, омад канал,

Ҳам хабар кун наварӯси бӯстон, омад канал.

Оре, обу ободонӣ, обу рӯшноӣ, обу ҳаёт мегӯянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба об суханронӣ карда, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»–ро дар СММ пешниҳод карданд, ки боиси дастгирии ҷаҳониён гардид…

Мардуми Панҷакенти бостонӣ аз нахустинҳо шуда, дастурҳои Сарвари кишварро ҷонибдорӣ ва дар зиндагӣ татбиқ кардаанд. Солҳои аввали Истиқлолият аз суст будани ҳокимият истифода бурда, садҳо гектар замини киштбобро байни аҳолӣ чун ҷойи истиқомат тақсим намуданд.

Заводу фабрикаҳоро шахсӣ ва хонаи зисташон ихтиёр карданду фурӯхтанд. Истиқлолият мустаҳкам ва Тоҷикистон осудаву ором шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент каналҳои Тӯхсанкорез, Марғедар сероб гардиданд, насосҳои обкашии Дашти Ёрӣ, Дупула, Нилуфар 1, Нилуфар 2 ба кори доимӣ сар карданд.

Садҳо гектар боғу заминҳои киштбоби мавзеъҳои Дашти Малла, Дашти Сӯхтаву Мармар, Даштҳои Марғедару Ёрӣ, ки рӯ ба биёбоншавӣ оварда буданд, саросар кишту кор шуданд. Ободкориҳо ва кору пайкори аҳли сокинон авҷу барор гирифт. Зодагони ин диёр аз он ифтихор доранд, ки соли 2020-ум 5500 - солагии Саразми бостон ҷашн гирифта мешавад. Ин маъракаи муҳим кулли мардумро ба он водор месозад, ки баҳри ободонӣ кӯшиш намоянд.

Алҳол хиёбонҳо гулпӯш, ҷӯйборҳо тозаву озода мешаванд, хонаҳои баландошёна қомат рост мекунанд. Боварӣ дорем, ки чун Ҳисор, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд болои вайронаҳои Саразм қалъае, нишоне аз гузаштаи ин деҳшаҳр бунёд карда мешавад. Ба шарафи Саразм Панҷакенти кӯҳна Санҷаршоҳ, Қалъаи Филмонда низ обод мегардад. Нимпайкараҳои қаҳрамонони миллати тоҷик Спитамен, Деваштич, Аспанзод, Муқаннаъ дар маркази шаҳр гузошта мешаванд.

Ба муносибати ҷашни 5500-солагии Саразм хиёбоне ё кӯчаеро ба номи аввалин кошифи Саразм устод Абдуллоҷон Исҳоқов мегузоранд. Ӯ зодаи шаҳри Исфара бошад ҳам як умр дар Панҷакент кору пайкор кардааст. Мардум рӯҳбаланданд, баҳри ободонии диёр шабу рӯз хидмат карда, боғу бӯстон месозанд, роҳҳоро обод мекунанд, то дар кору пайкор пайрави Пешвои миллат бошанд.

Холмурод САФАРЗОДА,
узви Иттиҳоди
рӯзноманигорони Тоҷикистон

Читать далее