August 2018

23 August 2018

Омодагӣ ба соли нави хониш

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандон ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2018, нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуввум, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Назира Ғаффорӣ назди масъулини соҳа оид ба масъалаҳои азнавсозӣ ва таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои таълимии садамавӣ, бартараф намудани норасоии синфхонаҳои иловагӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ, харидории компютер, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, барҳам додани фаъолияти омӯзгорони ғайрисоҳавӣ ва ғайриихтисос, ташкилу баргузории аттестатсияи такрорӣ, қабул ба зинаи сеюми таҳсилот, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, тайёрӣ ба фасли сармо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф вазифагузорӣ намуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

22 August 2018

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Қурбон табрик намуд

Субҳи рӯзи сешанбеи 21 август сокинони вилояти Суғд дар 104 масҷиди ҷомеи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷиву осоиштагӣ намози Иди Қурбонро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфт.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардид.

Читать далее

Раиси вилоят собиқадорони меҳнат ва бошандагони муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Қурбон бошандагони Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ба таври доимӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Аз тарафи Раиси вилоят ба кулли бошандагони муассисаи иҷтимоӣ туҳфаҳои идона тақдим гардид ва барои беморон дастархони идона ороста шуд.

Читать далее

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд

Дирӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бунёди мактаби наву замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Мактаби нав барои 1000 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад. Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Хистеварз иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои мамлакат корҳои ободонӣҷараён дорад.

Читать далее

20 August 2018

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон

20.08.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.

Мусулмонони кишвари мо, ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ба дини мубини ислом ва суннатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд.

Читать далее

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фавти собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

Ҳамдиёрони гиромиқадр!

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад. Зеро ин иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷҷи акбар ба шумор рафта, аз фарҳанги щании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

Бо назардошти ин, ба ифтихори иди муборак ҳамаи шумо, мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоятро самимона табрику таҳният гуфта, саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу бобаракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

Читать далее

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд

Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.

Тавре маълум аст, Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд.

Читать далее