August 2018

20 August 2018

Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

18 August 2018

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат

17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ»

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Читать далее

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи «Артел» соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзгорро истеҳсол менамояд.

Читать далее

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон»

Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони  «Истеҳсоли Тоҷикистон» боздид карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати «Талко-гурӯҳ», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ғайюр семент» ва «Моҳир семент», Ширкати «Фароз», ҶСП «Шири Душанбе», КВД «Ангишт», «Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин», ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Амирӣ», ҶДММ «Маколли», ҶСП «Оби зулол», инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаи саноати маъдан, хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ба маъраз гузоштанд.

Читать далее

17 August 2018

Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ"


Чанд рӯз пеш тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин асрори зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ, алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси кишвари муайн ва зери идора, назорату раҳнамоии онҳо амалӣ шудани ин нақшаҳои зиддитоҷикона, фош сохт.

Читать далее

Мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Имрӯз дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Читать далее

Айният ва фарқият дар чист?

Аз шабакаи расмии телевизиони кишварамон «ТВ Тоҷикистон» навореро бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дидам ва қалам ба даст гирифтаму ин сатрҳоро рӯи қоғаз овардам.

Нафаре, ки ба асояш такякунон нишаста сухан мегуфт, Сатторов Айёмиддин ном дошта, соли 1953 чашм ба ҳаёт кушода будааст. Ӯ яке аз муассисон ва таблиғгарони ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ буда, бо гуфтаи худаш 30 сол дар паҳлӯи раиси ин ҳизб Саид Абдуллои Нурӣ ҳамқадаму ҳаммаслак ва ҳамзабон будааст. Ва аз кору пайкорҳои худашу ҳизби ифротамал, рафту омадҳояш ба шаҳрҳои Пардис, Ароқ, остонаи Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон – акнун бо афсӯсу надомат нақл кард.

Ин нафари 65 – сола даъво пеш меоварад, ки «дасташ ба хун олуда нест», аммо гумон мекунам, ӯ тарғиботгари ашаддӣ будаву имрӯз гуноҳҳоро ба сари дигар равиёну роҳбарони ҳизби ҷосусу ифротгароёни наҳзати исломӣ ҳавола менамояд. Огаҳ гардидам, ки Сатторов Айёмиддин солҳои 2016-2017 дар пойгоҳҳои террористии низомии шаҳрҳои Бумиҳан, Пардис, Ароқ ва остонаи Мозандарони Эрон машқу таълим гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки то ба наздикӣ ҳам Сатторов Айёмиддин думравону ҳампои хоини миллат Муҳиддин Кабириву лаънаткардаи халқ Ҳоҷӣ Ҳалими низомипӯш будаву дар фурсати муайян пушаймон гардидааст. Вай мегӯяд, ки аз пулу сарвати охундҳои эронӣ чизе баҳра нагирифтааст, баръакс, Кабириву лаббайгӯйҳои ӯ мошинҳои хориҷии гаронбаҳо хариданд, бозорҳоро сохтанду соҳибӣ карданд, тарабхонаҳо ташкил карданду ба тиҷорату ҳарисӣ даст заданд. Яъне онҳоро пулу сарвати охундҳои шиамазҳабӣ эронӣ тарбия кард.

Бале, ин ҳама ҳақиқатест, бо амалҳои номатлуби ифротгароӣ роҳкушоӣ ва инсонбадбиниву ҷаҳолату разилии ҳизби наҳзати исломӣ. Сатторов Айёниддин мегӯяд, ки ман мисли Муҳиддин Кабирӣ аз сарвати охундҳои шиамазҳабӣ эронӣ қасру тарабхонаву бозорҳои тиҷорат насохтаам, мошини хориҷии гаронбаҳо нахаридаам. Шояд ӯ рост мегӯяд? Аммо чаро туи пушаймонхӯрда ҳамагӣ як – ду сол пеш дар оғӯши пойгоҳҳои ҷаллодон машқу таълим гирифтӣ, ки умрат аз ҳаёт гузашта истодааст, ба ту чӣ лозиму зарурат буд?

Муҳиддин Кабириву пайравонаш наҳзатиён аз хориҷа ҳанӯз ба кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон санги маломат ва тӯҳмат мезананд, ҳарза мегӯянд, нотавонбинанд! Шарму ҳаё надоранд!

Зарбулмасали тоҷикӣ мегӯяд: «Аккаи ало ду пар дорад, аз ҳама ҷо хабар дорад».

Биноан, ки хабаркашон, аккаи алои Муҳиддин Кабирӣ ва шайтонҳои ӯ пешравиҳои замони соҳибистиқлолии кишвари азизи моро намебинанд, чашмашон кӯр, дилашон сиёҳ аст, умед мебанданду ҳазён мегӯянд аз ҳизби наҳзати исломӣ. Бигзор ҷаҳаннам шумоён – разилону душманони хуношомро фурӯ барад, ба шумоён бозгаште аз дами оташ нест!

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
собиқадори матбуоти тоҷик.
дорандаи медали «Хизмати шоиста»

Читать далее

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд-пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее