August 2018

17 August 2018

БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ БА БИҲИШТ

(Пиромуни филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» унвон гирифтани филми ҳуҷҷатӣ, ки дар телевизиони кишвар манзури ҳамватанон гардид, бори дигар моро ба зарбулмасали «Офтобро бо доман наметавон пўшид» мебарад, ки сад дар сад ҳақ асту рост. Танҳо чашми кўру дилу тинати торик онро наметавонад дарк кунад.

Қаҳрамони филм Айёмиддин Сатторов-яке аз муассисон ва мубаллиғони ТТЭ ҲНИ бо забони ҳол иқрор мешавад, ки воқеан аз ҷаҳаннам бозгаштааст. Дар гуфтори ў метавон эҳсос кард, ки ў дар ҳақиқат аз дўзах ба биҳишт омадааст. Чеҳра, тарзи гуфтор, бо сидқ иқрор шуданҳояш мазмуни он аст, ки гузаштаи торики наҳзату саркардагони он танҳо ва танҳо барои барқарор кардани хилофат дар сарзамини нозанини Тоҷикистон будааст.

Ҳамзамон аён мегардад, ки сиёсати духўраи Эрон: ҳам бо ҳукумат сари миз нишастану ҳам пинҳонӣ бо аъзоёни наҳзат барои сарнагун кардани сохти конститутсионии давлату миллати тоҷик нақша кашидани он моро бори дигар ба андешаву тадаббур бояд водор намояд, то ки бишносем дўст кисту душман кист?

Режими имрўзаи охундии Эрон, ки ҳатто аз он худи эрониён безоранд, ба ҷои он ки миллати Эрон зиндагии шоиста дошта бошад, тамоми пулу сарваташро барои барҳам задани осоиштагии Тоҷикистон ва ба хуну хок оғушта кардани миллати тоҷик сарф кардаасту то ба ҳанўз нақшаҳои шумашро амалӣ кардан мехоҳад. Аммо як нуқтаи таассуфбарангезе ҳаст, ки наметавон аз он сарфи назар кард: Нияти ба ҷангу хунрезӣ кашидани миллати сарбаланди тоҷик бо дастони фарзандони тоҷик, бо дастони наҳзатиён ва бо дастони ҷавонони гумроҳи миллат?

Ҳол он ки эрониён аз режими хуношоми охундиашон имрўзҳо ҷон ба лаб шудаанд ва тазоҳурҳои ахири сартосарии Эрон далели ин гуфтаҳост. Дар қиболи ин чеҳраҳои зишту хашини саркардаву роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро метавон дид, ки чӣ қадар пеши хоҷагонаш сархаму сарафкандаанд. Наҳзатиҳо гумон карданд, ки бо пулҳои режими охундӣ танҳо ивази мазҳаб ба шиагӣ ва кайфу сафо мекунанд. На! Тамоми хўрдаҳояшонро аз биниашон охундҳо ҳоло хоҳанд кашид. Сарпарастону хоҷагони наҳзатиён ахиран диданд ва иқрор шуданд, ки сафи самимияти миллати тоҷик оҳанин аст ва касеву гўрўҳеву ҳизбе наметавонад онро шиканад, тирашон хок хўрд. Бори дигар машқу тамринҳои пинҳониро дар шаҳрҳои Эрон бо иштироки диверсантҳои зархариди тоҷик гузаронида истодаанд, то мисли солҳои навадум хоби нози кўдакони маъсуми миллати тоҷикро барҳам бизананд.

Аммо итминон аст, ки ба дунболи иқрорҳои Айёмиддин Сатторов дигар наҳзатиҳо ба худ меоянд, аз кардаҳояшон сидқан пушаймон шуда, аз ҷаҳаннам ба Тоҷикистони биҳиштосо меоянд ва пеши миллату давлати Тоҷикистон узр мепурсанд ва ба кардаҳояшон назди қонун ҷавоб мегўянд.

Нуқтаи хулосавии ин гуфтор ба як зарбулмасале рост меояд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Нияти каҷу бад низ ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Наҳзатиҳо ва охундҳо бояд донанд, ки Тоҷикистон масири хуберо соҳиб шудааст, он ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ ном дорад ва касе онро шикаставу пора карда наметавонад! Ба миллати сарбаланди Эрон иқрорҳои Айёмиддин Сатторов як паёме бояд бошад, то ки онҳо бидонанд, сарвати миллаташонро ҳукумати охундиашон ба куҷо сарф мекунад.

Набиюллоҳ Суннатӣ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҲНИ шохае аз дарахти хушкидаи терроризм

Тавре маълум аст, ДОИШ рӯирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад. Сабаби чунин дурӯягии наҳзатиён дар чист? Сабаб он аст, ки роҳбарони ҲНИ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рӯй гардонида, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Дар он мазҳаб тақия ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиа, дурӯғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурӯҳи ифротгарои террористӣ бошад, ҲНИ гурӯҳи ифротгарои террористии мунофиқ аст. Яъне, дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад.

Ҷинояткорони наҳзатӣ аз авфи умумии соли 1998  истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Дар ин давра соҳиби қасрҳои бошукуҳ, мағозаву бозорҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу замин ва мошинҳои қимматбаҳо шуданд. Лекин афсӯс, ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиш бар зидди давлат нақшаи табаддулот кашиданд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагон ва дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон халал расониданд. Албатта, ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад.

Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону хоҷагонаш, мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як аст.

Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро ба назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол номи роҳбарони гурезаи ҲНИ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналхалқӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИ-ро исбот кард.

Лола Бобоева,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Зарурати муборизаҳои беамон - бар ифротгароӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври рӯшан дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ҳамаи ин ободӣ ва пешравиҳоро дида наметавонанд. Ба ин қатор ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ном бурдан зарур аст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.

Ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 – сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд. Ё санаи 29-уми июли соли равон аз ҷониби бадхоҳон дар вилояти Хатлон сайёҳони хориҷӣ ба қатл расонида шуд. Сипас, маълум гардид, ки ин амали нангин низ аз ҷониби душманони миллат содир гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ боисрор терроризму экстремизмро танқид мекунад ва он хатару муаммоҳои танҳо як давлат нест.

Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуд.

Имрӯз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок мубориза бурд.

Терроризм муборизаи ҳамҷояи тамоми давлатҳои ҷаҳонро тақозо дорад.

Мо - устодону донишҷӯёни муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд амали ноҷавонмардонаи душманону бадхоҳонро, ки ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуданд, шадидан маҳкум мекунем.

Гулнора Валиҷонова,
мудири кафедраи
ҷамъиятшиносии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт!

Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст.

Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро дигар кардаанду халос. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як мусоҳибаи матбуотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар заминаи пайдо шудани ҳизбҳои диние монанди наҳзат гуфта буд, ки: «Дар як кишвар як халифа бас аст ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест». Яқинан чӣ Нӯрӣ ва чӣ Кабирӣ худро халифаи кишвар пиндошта, доим дар андешаи ташкил намудани хилофат дар Тоҷикистон буданд. Ақидае, ки имрӯз коршиносони умури сиёсат ва дин баён медоранд ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар ягон шароит ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият надошт. Баръакс, наҳзатиҳо мудом худро фаротар аз ҳизб дониста, дар хусуси ташкили хилофате монанди ДИИШ дар сар нақшаҳое доштанд ва то имрӯз дар пайи ташкил намудани он талош меварзанд.

Имрӯз аз шунидани номи ДИИШ пешорӯйи сокинони сайёра қатлу куштор, ваҳшонияту бедодгарӣ, сӯйистифода аз номи дини Ислом ба назар меояд. Аммо бехабар аз он, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта чунин ДИИШ дар Тоҷикистон пайдо гардида буд. Ҷиноятҳои аввалини он асир гирифтан, куштор ва пора-пора кардани ҷасадҳои одамон буданд.

Шиканҷа ва таҳқире, ки ДИИШ имрӯз пеша кардааст, онҳо ду даҳсола қабл анҷом медоданд. Ихтирои наҳзатиён «бочка-зиндон» ва «бочка-шиканҷа» буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ одамони бегуноҳро ба чунин бочкаҳо андохта, супориш медоданд, ки аз берун ба онҳо бо ашёҳои оҳанин зарба зананд. Ин усулҳои даҳшатноктарини ҷазо, шиканҷа ва қатл, ки ТТЭ ҲНИ ихтироъ кардааст, ки дар он вақт аз ДИИШ дараке набуд, нисбат ба ҳазорон нафар шаҳрвандон истифода шудаанд.

Дар дилхоҳ давлат чунин ҷиноятҳои номатлуби ташкилоти террористиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Дар мисоли худи Аврупо низ 80 сол сипарӣ шуд, вале имрӯз ҳам ҷинояти содиркардаи фашистҳоро набахшидаанд ва дар оянда низ нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои дар боло зикршудаи ТТЭ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ камие надоранд. Фашистон одамонро дар ҳуҷраҳои газӣ мекуштанд ва ТТЭ ҲНИ бошад дар бочкаҳои оҳанин. Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози солҳои 90-ум ихтироъкор ва «таълимдиҳанда»-и бадкирдориҳои ваҳшиёна бар зидди инсоният мебошад ва ДИИШ бошад «шогирд-пайрав»-и серталош. ТТЭ ҲНИ аз оғози мавҷудияташ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии амалҳои он гардида буданд. Ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд. Боз кадом далелҳо лозиманд?

Қатлу куштори равшанфикрону зиёиёни кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ барои наҳзатиҳо ба як амри маъмулӣ табдил ёфта буд. Бо супориши хадамоти махсуси ҶИЭ дар ин муддат шахсиятҳои бузурге ба монанди Юсуфхон Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва даҳҳо тани дигар, ки ҳамчун зиёиёни воқеӣ дар ҷомеа шинохта мешуданду монеаи ҷомеаи исломӣ ва исломгароён буданд, бо ташкили актҳои террористӣ нобуд карда шуданд.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашина пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голландия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ходимони интизомӣ шаби 29 ба 30 август раҳбари дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейнро дастгир карда, 4 нафари дигар - Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров, Аслиддин Юсупов ва Ҷаъфар Юсупов бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Додситонӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳ бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Носирхӯҷа Убайдов амал мекард.

Агар ба ҳодисаҳои солҳои қаблӣ назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки гузаронидани актҳои террористӣ аз ҷониби наҳзатиҳои ифротӣ ҳанӯз аз солҳои 90-ум «мерос» мондааст. 13 июли соли 1993 силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дастаи сарҳадии Москваи Гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд. Дар давраи аз солҳои 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон (Чкалов) ва Бохтар (Қӯрғонтеппа) собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбонии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардидаанд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ ҷурналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти махсуси Эрон буд.

Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Носирхӯҷа Убайдов, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Саидаҳтам Убайдов, соли таваллудаш 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Носирхӯҷа Убайдов дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ М.Мирзоев, дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон бо падараш, дар солҳои 90-ум, замоне ки ҳанӯз аз ДИИШ ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Амриддин Табаров робитаи зич дошт.

Аз соли 2002 то 2006 Н.Убайдов дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст.

Ҳангоми дар Эрон будан, Н.Убайдов фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Москва (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ки он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ аз рӯи қ. 2-и моддаи 187 (иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо М.Шарифова дар соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат-ул-Явм» таҳсил кардааст. Ӯ ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Ҳ.Абдусамадовро, ки амали террористӣ содир намуд, Н.Убайдов тавассути барномаи “WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.

Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДИИШ) масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва муҳиммияти худ, «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфуз ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДИИШ-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва молии ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад.

Дар тамоми ҷиноятҳое, ки тӯли фаъолияташон наҳзатиҳои ифротгаро даст задаанд, нақши хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон баръало дида мешавад. Тамоми фактҳои мавҷуда, хоҳу нохоҳ моро ҷониби кишвари Эрон мебарад. Аз ҳамин хотир, барои боз ҳам тира нашудани муносибатҳояш бо Тоҷикистон, Эронро зарур аст, ки аз баҳри маблағгузории ин ҳизби террористиву экстремистӣ ва ташкили фаъолияти тахрибкоронааш алайҳи Тоҷикистон даст бардорад. Дар ҳолати идома ёфтани чунин вазъият, Тоҷикистонро мебояд, ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният аз болои кишвари ба Эрон ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят барад. То ин ки Эрон барои кирдорҳои содирнамудааш мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҷазо таъйин карда шавад.

Нодир Қодир

Читать далее

Нагузорем, ки ҷавонон фирефта гарданд

Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу  тобишҳои гуногун зоҳир месозад.

Мароми доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё далолат аз он менамояд, ки ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар кураи арз доман паҳн менамояд. Дар асоси маълумоти коршиносон дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки бештари онҳо дар роҳи Ислом (дар асл барои бадном кардани дини Ислом) таъсис ёфтаанд. Дар кишварҳои мусулмонии Сурия ва Ироқ ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодаанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дидану таҳаммул кардан номумкин аст. Имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ мефаҳмем, ки террористон кӯдаконро ба гурӯҳҳои худ шомил сохта, ба онҳо истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳоро меомӯзонанд. Ин амалҳо барои вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавии онҳо мебошад.

Аз ин рӯ, қурбони терроризм асосан ҷавонон буда, ноогохӣ, мутолиаи кам, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ боис мешавад, ки террористон онҳоро барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.

С. Нарзӣ,
устоди Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Ба ифротиён нафрат мехонем!

Ростӣ он нафратеро, ки нисбати ваҳшониятҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ба ном "Давлати исломӣ" дорем, бо калимаҳо ифода кардан бароямон хеле мушкил аст. Ислом динест моломоли адолату садоқат, поку мусаффо, солиму ҳаким, раҳиму раҳнамо. Ҳамчунин, вазифаи мо - мусулмонон аз он иборат аст, ки аз як сӯ, барои раҳоии инсонҳо аз даҳшати терроризм паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем, аз сӯи дигар дини мубини Исломро аз доғҳои сиёҳ ҳифз менамоем.

Аҳолии осоиштае, ки дар амалиёти террористии Афғонистон, Сурия Лубнон, Фаронса, ИМА ва дигар кишварҳои олам аз дасти террористон ба қатл расиданд, пеш аз ҳама, инсон буданд. Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик низ ба доми ин гӯруҳ афтодаанд.

Имрӯзҳо аз расонаҳои хабарӣ воқеаҳои мудҳиштаринеро нишон медиҳанд, ки таърихи инсоният ин гуна ваҳшониятро дар хотир надорад. Террористи манқуртшудае бо нидои "Аллоҳу Акбар" сари модари хешро аз тан ҷудо намуд, ки боиси лаънату нафрини мардуми дунё, аз ҷумла модарон гашт.

Мо ҳамчун модар ба ин кӯрдилону хирасарони аз кӯчаи Ислом нагузашта нафрат мехонем!!! Ин кӯрдилон намедонанд, ки Аллоҳи таъоло биҳиштро зери пои модарон гуфтааст.

Бо лаънат хондан мо баҳри пешгирии терроризм саҳме намегузорем. Чӣ дар оила, чӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо ҷавононе, ки бекоранду аз бесаводӣ ба ҳар гуна роҳҳо мераванд, алоқадри фаҳмишу донишамон ҳамсуҳбат шуда, маслиҳатҳои муфид диҳем, роҳҳои дурусти зиндагиро нишон диҳем.

Фарзандон бояд хирадманд ба воя бирасанд, шарму ҳаё шиорашон бошад. Онҳо бояд донанд, ки хулқи бад душмани бадтарин асту ростӣ инсонро ба ҳақиқат мебарад. На ҳама волидайн вазифаи аслии хеш - тарбияи фарзандро дуруст иҷро мекунанд, дар натиҷа онҳо кӯчагард, дурӯғгӯву фиребгар мешаванд.

Муддатҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ будани падарон - сарварони оила низ боиси аз тарбия дур мондани фарзандон мегардад. Бояд падарон аз ҳолу аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд. Аз соҳибмаърифатии волидон чӣ гуна ба воя расидани афроди ҷомеа сахт вобаста аст.

Вале мақому нақш ва меҳрубонии омӯзгор таъсири дигар дорад. Муаллим метавонад умеду завқу шавқу ростӣ ва донишу илмро дар дилу мағз ва зеҳну замири шогирдон бикорад. Ӯ бо баёни ширин огоҳӣ ва ҳушёрӣ медиҳад, бурдбориву бедорӣ меомӯзонаду шогирдонро ба худшиносӣ раҳнамун месозад.

Д. САМЕҲОВА,
устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри  Панҷакент

Читать далее

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

Дар ҷаҳони муосир бадхоҳӣ ва нафрату нотавонбинӣ ҳамчун мушкилоти аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Аз ҷумла, ташкилоти экстремистии ҲНИ бо ҳар гуна андешаҳои  боғаразонаи худ кӯшиш менамояд, ки мазҳабу  равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, вазъиятро аз нав муташанниҷ гардонад.

Ин гуна ашхос, бо ёрии хоҷагони хориҷиашон дар сомонаҳои интернетӣ бо дурӯғу тӯҳмат ба сиёҳкунии Ҳукумати Тоҷикистон машғул шуда, мехоҳанд бо ин роҳ миёни ҷомеа тафриқаю бадбинӣ андозанд. Аз оғози ташкилёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон то имрӯз ин гурӯҳҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фазои маҷозӣ ба зеҳни одамон ва махсусан ҷавонон таъсиргузорӣ карда, афкори пучу хурофотзадаи худро ба сари мардум бор кунанд. Хабари сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ, ки дар қаламрави кишвари мо рух дод, ҳар як инсони баору номусро ба ларза овард. Хиёнаткорӣ ба дараҷае расидааст, ки бадкирдорон даст ба меҳмон бардошта, бо ин амали нанговар анъанаҳои аҷдодиро поймол ва худро муқобили ҷомеа гузоштанд. Аҷибаш он аст, ки ин амалҳои зиштро онҳо аз номи  дини мубини Ислом гӯё иҷро мекунанд ва бо ҳамин ба номи ин дин нанг меоваранд.

Аъзоёни  ТТЭ  ҲНИ дар хориҷи кишвар  гӯё демократия, ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоиро хоҳонанд, ҳарфҳои фиребгарони  худро дар шабакаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Онҳо тобеи хоҷагони хориҷии худ буда, беномусона мехоҳанд Ватани хешро бадном    ва ноором созанд.

Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ба миён меояд, ки ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии нигаҳ доштани суботу оромии ҷомеа мебошад. Вале сад афсӯс, ки бархе инсонҳо аслу насаб ва гузаштаи худро аз   ёд бароварда, пеши чашмонашонро пардаи ҷаҳолат фаро гирифтааст. Чунин инсонҳои нотавонбин ва бадбахт ба Ватани худ аз дур истода айб меҷӯянд   ва ба хотири пулу мол ҳатто имони худро ҳам мефурӯшанд. Имрӯз агар онҳо ин ободиву озодии Ватанро дида натавонанд, метавон гуфт, ки онҳо ба бемории чашм мубтало гаштаанд, ё пулу моли хориҷиён  онҳоро нобино  кардааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо ва  мардуми сарбаланди тоҷик аз суханҳои пучу бемаънии шумо заррае кам намешаванд  ва чизеро аз даст намедиҳанд. Бе шумо ҳам Ватани азизи мо рӯз аз рӯз чун гул шукуфта, ободу зебо гардида истодааст. Мо – аъзои Шӯрои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд амалҳои таҳрибкоронаи ТЭТ ҲНИ – ро сахт маҳкум намуда, қотеъона талаб дорем, ки ба ҳар як ҷинояташон ҷазои сазовор дода шавад, то онҳо ғояҳои ғаразноки худро паҳн накунанд.           

С.Холиқова,
Шӯрои ибтидоии собиқадорони
ҷангу меҳнати Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд  

Читать далее

Мардуми тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ кардааст?

Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии Ҳизби наҳзати ислом ошкор гардида истодаст.

Бешак, ҳамагон огоҳем, ки ошкорову ниҳон ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибонӣ ва сармоягузорӣ дорад. Масалан, дар ҳоле ки моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии кишвар ҳизби наҳзати исломро ба феҳристи ҳизбҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб террорист Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" 27-29 декабри соли 2015 ва бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ мулоқот анҷом додани ӯ аз ҳимояти ошкори наҳзат аз ҷониби Эрон шаҳодат медиҳад.

Бо гузашти солҳо ва дастгир гардидани ҷинояткорон ошкор гардид, ки бо сармоягузории Эрон дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даҳҳо чеҳраи саршиноси кишвар мавриди террори наҳзатиён қарор гирифта буданд.

Содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 4 сентябри соли 2015, бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс, аз ҷониби узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ 29 июли соли равон ва ҳазорон аъмоли хиёнаткоронаи наҳзатиҳо боиси нафрат ва лаънати мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон аст.

Дар мавриди пайванди ногустастанӣ доштани ТЭТ ҲНИ бо Ҷумҳурии исломии Эрон бо хондани мақолаи Оё шиъа шудани наҳзатиён туҳмат аст? далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом далелҳои раднопазири бештарро дарёфтам.

Аз ҷумла, перомуни мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён, зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии Эрон, худро муриди роҳбари инқилоби шиъии Эрон Оятулло Хумайнӣ донистани роҳбарияти ҲНИ, васфи Хумайнӣ аз ҷониби роҳбарони наҳзатӣ, такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиъаён дар  митингҳои солҳои 1991-1992, фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, охундҳои машҳури шиъа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон номгузорӣ намудани роҳбарону пайравони ҲНИ, тахаллусҳои шиагӣ гирифтани онҳо, дар мадрасаҳои динии шиъӣ дар Эрон дарс хонда, ба ин мазҳаб даромадани фарзандонашон, ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шудани ТЭТ ҲНИ огаҳӣ пайдо намудем. Инчунин соли 2013 дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шудани террорист Кабирӣ, дар рӯзномаи ҳизбии ҲНИ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта чоп шудани мақолаҳои муаллифҳои шиъа ва фатвоҳои оятуллоҳои шиъа ва амсоли ин барин садҳо далели раднопазир аз раванди дар тори анкабути Ҷумҳурии исломии Эрон дарафтодани наҳзатиҳо шаҳодат медиҳад. Аммо наҳзат ва пуштибони ӯ Ҷумҳурии исломии Эрон дониста бошад, ки мардуми Эрон аллакай аз ин раванд огоҳ аст ва дар тазоҳуротҳои охири соли 2017 дар Эрон баргузоршуда шиорҳои “Мардум гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва амсоли инҳоро ба забон гирифтанд.

Дар мавриди ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо сармоягузории хоҷагон ва амалкарди гумроҳон бо дасти наҳзати наҳс сурат гирифт, Эрон изҳори даст надоштани худро дар ин ҳамла баён намуда, худро сафед карданӣ шуд. Пас агар барои Эрон ҳамчун кишвари ҳамзабон ва ҳамдин осудагиву амният ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистон муқаддас ва гиромӣ бошад, бояд мавқеашро нисбати наҳзат муайян намояд. Зеро аллакай созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба мисли Созмони Ҳамкории Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 миллиард), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва як қатор кишварҳои олам ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф намуданд.

Вобаста ба ин наҳзат ва хоҷагонаш, ки барои содир намудани аъмоли разилона ва ҷинояткорона ниқоби дин ба бар намудаанд, бояд донанд, ки Худованд дар сураи Анкабут мефармояд, ки: “Бебақотарин хона хонаи анкабут аст!” Яъне хонаи наҳзат, ки зери домони хоҷагонаш аст, бо дарафтодани парда рӯзе ошкортар хоҳад гардид.

Фарҳод Воҳидов

Читать далее

Ҳоҷӣ он нест, ки дар дидаву дин бошад...

Дар майдони 12 гектар замин сурат гирифтани бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе, ки аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд ва калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб хоҳад ёфт барои фарогирии 105 ҳазор нафар намозгузор пешбинӣ гардида истодааст, ки намунаи равшану олии муҳайё намудани шароит баҳри анҷоми фаризаву суннатҳои динии мардуми кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.

Дар баробари муҳайё намудани шароит баҳри иҷрои аркони дини мубини ислом бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши моҳияти дини мубини ислом дар кишвар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъсис дода шуда, 30 майи соли равон Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкада, ки барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд мешавад оғози расмӣ бахшиданд. Ҳамзамон дар заминаи Донишкадаи мазкур хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ бунёд мегардад, ки шоистаи зикр мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом буда, солҳои пеш мардуми мо орзуи ба зиёрати хонаи Худо рафтанро мекарданд. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар, сафарбаркунии шаҳрвандон ба ҳаҷ аз ҷониби ширкатҳо ва шахсони алоҳида боиси нороҳативу озурдахотирии зоирин гардида буд. Хушбахтона, бо мақсади  дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор намудани ин маъракаи басо муҳими динӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра” аз 2 декабри соли 2005, № 470 ба тавсиб расида, ташкили ин маърака ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор ва бесуботиву бенизомӣ дар раванди ба ҳаҷ сафаркунии сокинон пешгирӣ шуд.

Агар ба маънӣ ва далоили фарз будани ҳаҷ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уммат фарз шудааст. Худованд дар Қуръони карим сураи Оли Имрон мефармояд: «Ва ҳаҷҷиинхонафаризаиилоҳӣастбаркасоне, китавоноӣ-(и молӣвабаданӣ) барои рафтан ба он ҷородоранд». Ба назари банда мурод аз доштани тавони молӣ ва тавони баданӣ ин ба таври кифоят доштани маблағ барои адои ҳаҷ ва вазъи саломатӣ маҳсуб меёбад. Аз нигоҳи дигар доштани маблағи хароҷоти сафар аз шартҳои асосии ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Иддае аз сокинон бо гирифтани қарз ё бо фурӯхтани ашёи зарурии зиндагӣ ба ҳаҷ мераванд. Ҳол он, ки тибқи аҳкоми шариат ба ин гуна ашхос ҳаҷ фарз намебошад ва шариати ислом рафтани чунин шахсонро ба ҳаҷ бо чунин ҳолат ҷоиз намедонад.

Доштани вазъи хуби саломатӣ низ яке аз муҳимиятҳо барои иҷрои амали ҳаҷ маҳсуб ёфта, ба бемороне, ки қудрати сафар надоранд адои ин фариза воҷиб нест.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 12-уми майи соли равон Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар мулоқот ороста, дар мавриди поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини Ислом ва пешгирии ҳамагуна риёкориҳо ибрози назар намуданд. Вобаста ба иҷрои ҳаҷ Сарвари давлат иброз доштанд, ки “Дар тазкираҳо ривоят шудааст ва Мавлонои Балхӣ низ дар “Маснавии маънавӣ” овардааст, ки чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хона аст? Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигаре хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам”.

Пешвои муаззами миллат ҷавҳари дини мубини исломро ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд, ки дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд унвон доданд. Дар ин замина фармудаи Мавлонои Балхиро мисол оварданд, ки:

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?

Ҳазор бор пиёда тавофи каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Дар ин маврид вобаста ба саҳмгузории фаъолону шахсони саховатманд ҷиҳати бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, баровардани об, таъмири роҳу сохтани пулҳо даъват ба амал оварда, баён доштанд, ки “Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд. Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад”.

Дар фарҳанги дини мубини Ислом садақаи ҷория мисли кори хубест, ки то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба садақадиҳанда мерасад.

Обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек дар аҳодиси Пайғамбар (с) ҳамчун садақаи ҷория маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки бархе аз шахсони сарватманду саховатманд бо дарки масъулияти баланди ватандӯстиву эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ба ҷои сафар ба ҳаҷ баҳри вусъати корҳои ободониву созандагиҳо дар мамлакат саҳм гузошта истодаанд. 

Аз ҷумла соли 2015 Норбибӣ Дӯстмуродова, ки 16 сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард, пулҳои пасандозашро барои сохтани ду пули мошингузар дар зодгоҳаш сарф кард, ки ин ду пули мошингузар деҳаҳои Метку Хишекати ноҳияи Деваштичро ба ҳам пайваст. Норбибӣ Дӯстмуродова аз ҳисоби маблағҳои нафақа ва кори деҳқониаш, ки дар давоми 16 сол 105 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст, ният дошт, ки ба зиёрати Хонаи Худо ба Каъба сафар кунад. Аммо ӯ бунёди кӯпруку ободонии роҳ ва осон намудани мушкили чандинсолаи сокинони ин деҳаҳоро авлотар дониста, маблағи ба нияти ҳаҷ ҷамънамудаашро барои хурсандии халқу ободии Ватан нисор кард.

         Ё ин ки соли 2016 собиқадорони соҳаи маориф, зану шавҳар сокинони шаҳри Истаравшан Муҳаддиса Сайфуллоева ва Ғаниҷон Эшматов маблағи барои тавофи Хонаи Худо - Каъбаи мукаррама ҷамъовардаи худро ба хатнасури 15 тифли Хонаи кӯдакон ва оилаҳои камбизоат сарф карданд.

Ба ин монанд Бобомулло Эсоев, як сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент, 60 ҳазор сомонӣ маблағи барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашро барои сохтмони як пули мошингузар масраф намуд, ки мушкили сахти сокинони 10 рустои Ҷамоати Рӯдакиро осон кард.

Соли равон бошад, Раҳмоналӣ Шарифов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тасмим гирифт, ба ҷойи ба Ҳаҷ фиристодани писараш дар маҳалли зисти худ як майдончаи варзишӣ созад. Ин сокини вилояти Хатлон гуфтааст, ки сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст ва “ин иншоот пас аз сари мо ҳам мемонад”.

Инчунин 6-уми июли соли 2018 дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи дурдастарини ноҳияи Деваштич - деҳаи Метк, ки дар паҳлӯи он мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд аст ва ҳангоми боришот сел ба сокинон хатар эҷод мекард, бо иқдоми неки бонуи 80 солаи деҳа Маҳтобхон Фозилова пули нав мавриди истифода қарор гирифт.Маҳтобхон 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро, ки бо нияти зиёрати Хонаи Худо ҷамъоварӣ намуда буд, барои сохтани пул ҳадя кард. Дар тантанаи ба истифодасупории пули нав роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Ба ин монанд метавон бисёр мисолҳоро оид ба амалҳои неку шоистаи ҳамватанонамон дар саҳмгузорӣ ба корҳои ободониву созандагии кишвар баён намуд.

Дар баробари ин корҳои хайру саховат ва амалҳои солеҳи ҳамватанон, ки маблағҳои ба нияти анҷом додани сафари ҳаҷ ҷамъ овардаи худро баҳри ободии Ватани маҳбуб масраф мекунанд, боз иддае аз инсонҳое ҳастанд, ки адои маносики ҳаҷро танҳо баҳри риё ва худнамоӣ анҷом медиҳанд. Ё бар ивази он, ки пас аз адои маносики ҳаҷ ба кулли тағйир ёбанд, баръакс бо амалу кирдори ноҷои хеш ба номи “ҳоҷӣ” иснод меоваранд. Масалан даст ба ҷиноят задани ҳоҷиҳо, чунончӣ дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли 2013 - 50 нафар ҳоҷӣ ҷиноят содир кардаанд ва ё сарфи назар намудани фарҳангу тамаддуни миллӣ ва дар шуурашон ҷой гирифтани андешаҳои тамоюлҳои бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ва амсоли инҳо рафтору кирдоре мебошанд, ки тамоман ба шаънӣ “ҳоҷӣ” намезебад. Мушоҳида мешавад, ки баъзе аз ҳоҷиёни мо пас аз баргаштан аз хонаи Худо на балки сират, балки сураташонро тағйир дода, ҳоҷигиро танҳо дар сиёҳпӯшӣ ва тақлидкории ба фарҳанги ба миллати мо бегона мебинанд.

Чунончӣ аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, ки қариб ҳамагӣ унвони ҳоҷиро ба даст овардаанд, аммо рафтору кирдорашон саропо аз хиёнату буҳтон ва разолат аст, собит месозад, ки онҳо ҳаҷро на барои ислоҳи хеш, балки барои исботи мусалмониашон анҷом додаанд, то иддае аз мардуми сустиродаи зудбоварро ба доми худ кашида, амалҳои пасипардагиашонро бо дасти онҳо анҷом бидиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ҳоҷӣ шудани наҳзатиҳо на барои ризоияти Худованд аст, балки барои тағйир додани симои зоҳирӣ ва ҷалби мардум ба сафҳояшон аст. Зеро инҳо ҳизби наҳзатро низ на барои ҳимояти исломи пок, балки барои сӯйистифода ва ба даст овардани боварии бештари мардуми мусалмон ва дар зери ниқоби ислом ба даст овардани манфиатҳои зиёди молӣ аз хоҷагони хориҷӣ таъсис дода буданд.

Бо супориши Муҳиддин Кабирӣ роҳандозӣ гардидани ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, аён гардидани паҳлуҳои норавшани хиёнатҳои наҳзат дар филми “Решаҳои ноаён” бори дигар аз тинати нопоки наҳзатиёни ҳоҷисурати шайтонсират шаҳодат медиҳад.

Агар дар замони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар зиёрати хонаи Худоро ба ҷо овардаву ҳоҷӣ шудаанд, пас ин 200 ҳазор нафар ҳоҷиҳо ҳар рӯз не, балки ҳар сол як кори некеро, аз қабили бунёди бунгоҳи тиббӣ, мактаб, майдончаи варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, ободонии роҳ, сохтани пул, об баровардан ва ё ягон иншооти хизматрасонии дигар анҷом диҳанд пас дар се соли омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 600 ҳазор кори нек ва ё иншооти гуногуни хизматрасониву иҷтимоӣ анҷом мепазирад.     Чун имрӯзҳо дар саросари кишвар маъракаи омодагиҳо ба сафарбаркунии зоирин ба хонаи Худо сурат мегирад, гуфтанием, ки бояд ҳоҷиҳои мо на дар зоҳир, балки ботинан ҳоҷӣ ва намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро:

Мамнур НУРЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Читать далее

Изҳороти кормандони кӯдакистони № 4 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани ҳамлаҳои разилона ба сайёҳони хориҷӣ

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба мувафаққиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳким бахшидан ба сулҳ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад.

Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, то ин ки ҷаҳониён аз таъриху табиат ва оби тозаи кишварамон огоҳ бошанд.

Лекин баъзе шахсҳое ҳастанд, ки ба ин дастовардҳои бузурги миллиамон зарар расонида истодаанд. Воқеае, ки санаи 29-уми июли соли равон шуда гузашт, кормандони кӯдакистонро ғамгин намуд.

Дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба Қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кӯмаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.

Мо, кормандони кӯдакистон дар машғулиятҳо вобаста ба  тарбияи насли наврас дар шинохти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, меҳмоннавозӣ, одамдӯстӣ, хулқу атвори ҳамида, дӯстиву рафоқат ва шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ корҳоямонро ҷоннок менамоем.

Н. Ғаффорова,
мудири кӯдакистони № 4 шаҳри Бӯстон

 

Читать далее