03 September 2018

Ҷавонон бар муқобили наҳзатиён

 А.Раҷабов, раиси Шӯрои
ҷавонони ДКМТ

Чанд рӯзи охир ҳодисаи нангини  ТЭТ ҲНИ дар Данғара тамоми афроди сайёраро нигарон кардааст. Имрӯзҳо атрофии ин мавзӯъ ҳамагон меандешанд, ки чӣ тавр ҷавононро ин ташкилот ва роҳбарони манфураш ҷалб намудаанд.  Охир ин хиёнати бузург аст, махсусан  ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ ба хотири латмадор сохтани мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Вале ТЭТ ҲНИ ба мақсади худ нарасид, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмид, ки ин кори дасти афроди нохалаф аст ва ҳукумат ба он ҳеҷ иртиботе надорад. Ин бор ҳам об ба ҳалқи Кабирӣ нарасид. Боз ӯ шарманда шуд. Боз ҳам зоғи сиёҳ ба хонааш лона монд ва санги сиёҳ бар остонаш партофт. Ин бор ҳам фиребдиҳандаи ҳазорҳо мардум фиреб хӯрд.  Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, мегӯянд, ки билохира ин теория исбот шуд ва ТЭТ ҲНИ ба мақсад нарасид.  Зеро аҳли сайёра фаҳмид, ки ин кори дасти малъунон аст.

 Аммо суоле, ки моро нигарон мекунад ин аст, ки чаро ҷавонон ба ин афрод бовар карданд? Охир ин ташкилоти терористӣ мебошад. Маълум мешавад, ки фаҳми сиёсии ҷавонон он қадар баланд нест ва бинобар паст будани донишҳои сиёсиашон ҷавонон ба инҳо бовар кардаанду  оқибат ба доми фиреб афтоданд. Афроди малъун ва хоинони миллати - ТЭТ ҲНИ ин ҷавононро гумроҳ сохта, ба манфиати худ истифода намудаанд, ки оқибат боиси бадбахтӣ гардид.

Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст , ки  ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун  бовар кардани ҷавонон аз тариқи шабакаҳои махсус ва даст задани онҳо ба амалҳои зишт танҳо аз бесаводӣ ва  маърифати пасти  онҳо шаҳодат медиҳад.  Надоштани донишҳои хуби сиёсӣ ҷавонони камогоҳро ба чунин табақаҳо ҳамроҳ мекунад.  Ба ҳамин хотир бояд маърифати сиёсии ҷавононро баланд намоем ва онҳоро  ба зудӣ огоҳ намоем, ки ТЭТ ҲНИ душмани ҷомеъа ва ҷаҳон аст.

 

Читать далее

ИФШОИ АМАЛИ ЗИШТИ ТТЭ - ҲНИ

 Ш. Муҳамадюсупова,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Навори видеоии  А.Сатторов ва пайравони ҳизби мамнушудаи наҳзати ислом аз он шаҳодат дод, ки ҳангоми амал басо амалҳои зиштро ба ҷо овардааст. Инак, нафаре дар дами пирӣ қарор дораду аз фаъолият дар ҲНИ ангушти пушаймонӣ мегазад.

Ҷахони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Дар ҷаҳони муосир тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи сокинони ин ё он давлатро зери хатар мегузоранд.

Мухаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки  зухуроти номатлуби бунедгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.

Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги намукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши ҳадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ сафарбар менамоянд.

Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» (таъбири файласуфи англис Ҷон Локк) тозаю покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷиёни худо» дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушахассоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.

Ҳар шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне ӯ бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад. Хамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

Читать далее

Найрангҳои сиёсии ТТЭ ҲНИ

Шӯрои собиқадорони меҳнати ДКМТ
шаҳри Бӯтон

Ҳодисаҳои рӯзҳои охир гувоҳи он аст, ҳизби наҳзати ислом бо вуҷуди манъи фаъолият ва созмони экстремистию террористӣ шинохта шуданаш, ҳамоно найрангҳои сиёсии худро идома медиҳад. 

Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шеваҳои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва муттаҳид гардем .

Мо ин амали пайравони ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломро маҳкум мекунем.

Читать далее

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» - дарси ибрат

М. Бобоев,
 мутахасиси шӯъбаи ҷавонони донишкада

Руйдоди солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ мо ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Хоса, тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва пушаймонии муйсафед Айёмиддин Сатторов басо таъсирбахш буд ва чашми моро равшан намуд. 

Айён шуд, ки гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо мебошад. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «Ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «Ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд медонад.

Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Мо дар ин самт ҳамеша  фарҳанги сиёсиро такмил медиҳем.

Читать далее

“БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ” ВА Ё ШОНСИ ДУБОРАИ ТАҚДИР БА МУЛЛО АЁМИДДИН

  Мирсаидов С.А. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

Баъди тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар хиёнаткориҳои ТЭТ ҲНИ ошкор гардидаанд. Тайи чанд солҳо ин ҳизби ифротӣ танҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ ноил гардидан, аз номи дин истифода намудааст ва фаъолият бурдааст. Маҳз ҳизби наҳзат омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат аст, ки ҳамагон баъди тамошои филми мазкур бори дигар огоҳ гаридидан.

Дар ин филм Аёмиддин Сатторов  бо ном «Мулло Аёмиддин» иброз менамояд, ки ӯ аз зумраи ташкилкунандагони ҳизби наҳзат мебошад ва ӯ дар майдонбозиҳои наҳзатиён фаъолияти калон дошт. Мардумро дар майдон ҷой медод ва ба онҳо ҳар гуна машқҳои диверсиониро таълим медод.  Худи ӯ иқрор мешавад, ҳизби наҳзат сабабгори ҳалокати яксаду панҷоҳ ҳазор мардуми бегуноҳ мебошад. Роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ иҷрокунандагони супоришҳои душманонаи хоҷагони хориҷӣ мебошад, ки амали онҳо ҳазорон ятиму занҳои аз оила ҷудоро ба миён овардааст ва мардуми бечораи тоҷик ба хоки Афғонистон кӯч бастанд.

Мавлавӣ Аёмиддин таъкид менамояд, ки ӯ ҳамчунин  ба ғайри аъзои ҳизби наҳзат буданаш, боз дастпарвари Эрон буда, супоришҳои хоҷагони Эронии худро иҷро менамуд. Яке аз супоришҳои ӯ вазифаи таблиғи ақидаҳои ифротиро бар ӯҳда дошта, ҷалби ҷавононро бо роҳи таҳсил дар муассисаҳои динии Эрон таъмин менамуд. Инчунин худи ӯ қайд менамояд, ки имрӯз Эрон кӯшиш карда истодааст, ки ТЭТ ҲНИ – ро бори дигар эҳё кунад. Мулло Аёмиддин дар навори 33 дақиқагии худ иқрор мешавад, ки ҷониби Эрон ба роҳбарияти наҳзат ҳама вақт ёрии моливу моддӣ таъмин карда истодаанд. 

 Аёмиддин Сатторов бо хоҳиши худ ба Ватан баргашт ва аз кардаҳои худ пушаймон аст, ки ҳамчун узви ТЭТ ҲНИ худро дар рехтани хуни яксаду панҷоҳ ҳазор инсонҳои бегуноҳ ва сабабгори муҳоҷиру сарсон гаштани миллионҳо мардум ва модарони тоҷикро аз фарзандон ҷудошуда сабаб шудааст. Бояд қайд кард, ки аз пушаймон гаштани ӯ амалҳои нопоки содиркардааш нобахшиданист. Аммо давлату ҳукумати мо барои иваз шудани нафарони гумроҳ имконият медиҳад ва тибқи қонунгузорӣ гуноҳҳои ӯ авф гардиданд.

Читать далее

СИЁСАТБОЗОНИ МАЗҲАБФУРӮШ

Абдураҳим Шарипов,
мудири кафедраи математикаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ,
номзади илмҳои физика ва математика, дотсент

Дар замони мо кӯшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Чунончӣ ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ аз кабили чунин ниҳоди диниву мазхабии тундрав, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Бо баробари ин дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби наҳзат, ки мазҳаби бегонаро қабул карда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи он қарор дорад, ибрози ақида менамоем. Бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзои ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки ҳоло 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзои ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди охундҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд. Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни назҳатиён курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддадти таълимоти сиёсию мазҳаби ташкил мешаванд. Роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳонии шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд,ки роҳбарони ТТЭ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Ин ҳизби сиёсатбози мазҳабфурӯш бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори ислом огоҳӣ надоранд, кӯшиши ба сӯи худ ҷалб кунандаро дорад.Ҷиҳати  пешгирии аз масоили зикршуда бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеъаи худ саъю талош варзем.

Читать далее

Наҳзатиён оромии Ватанро дидан наметавонанд

Изатуллоев Р.Г.
муаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Дар ТВ Тоҷикистон навори А.Сатторовро дида дар ҳайрат мондем, ки ТТЭ ҲНИ барои мақсадҳои нопоки худ аз тамоми роҳ истифода мебарад.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосири Тоҷикистон ин ҳифзи сулҳу ваҳдати милли ягонагии Тоҷикистон таъмини ҳаёти хушбахтонаи мардуми Тоҷикистон аст. Имрӯз рушди ҳамаҷонибаи деҳа, ноҳия, шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, марказҳои фарҳангиву саломатӣ, мактаҳои нави замонавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, корхонаҳои калонтарин дар соҳаи саноат, таъминии доимӣ бо барқ, роҳҳои замонавии мошингард, роҳҳои оҳан пешрафт дар соҳаи кишоварзӣ ва раванди зиндигии ҷомеа дар давраи истиқлолият насиби мардуми кишвар аст. Гурӯҳҳое, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ҳиҷрат карда, ба ҷараёнҳои номатлуб ворид гардида ҳаёти хушбахтонаи моро  доғдор намуда  истодаанд, ин намояндагони ҲНИ ва гурӯҳҳои гуногуне, ки берун аз Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ғалабаҳои навини Тоҷикистони имрӯзаро қабул кардан намеҳоҳанд. Ва бо ҳар роҳ пешравии Тоҷикистонро боздоштан мехоҳанд. Имрӯз Тоҷикистон солҳои 90-ум нест, кишвари мо  давлати пешрафатистода буда, тинҷу ором аст ва ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав равон аст.

Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мутаҳиддӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, бо аҳли ҷамоатчигӣ, хатибони масҷидҳо, пирони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнати ноҳияҳо, шаҳрҳо,  бо сокиннони маҳалли  мавзеи зист вохӯрӣ ва маҳфилҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодааст.

Дар баромади намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вазъи имрӯзаи ҷаҳони имрӯза, таҳлил  карда шуда, ҳифзи ҳар як сокини Тоҷикистон дар маркази роҳбарии давлат истодааст. Ҳодисаҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон ва кишварҳои Ховари наздик ва дигар кишварҳои дунё нишон дода истодааст, ки терроризим ва эктремизм хатарҳои зиёде ба ҷаҳони имрӯза ворид намуда истодаанд. Сар задани алангаи нави мухолифату низоҳо дар Шарки Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобикаи тероризми байналмиллалӣ ва ҷинояткории муташакил,  афзоиш ёфта,  ин ҳолат моро водор месозад, ки дар байни ҷавонон доимӣ корҳои тарбиявиро доир ба музаффариятҳои имрӯзаи Тоҷикистони навин, омӯхтани илму маърифат. ахлоқи ҳамидаи онҳо оиди ватан, забон, миллат, фарҳанг ва зебоии кишвари маҳбубамон  донишҳои пурқувват дошта, ба ҳар гуна равияҳои номатлуб пайваст намудани  онҳо саҳмгузор бошем.

Тоҷикистони азиз, имрӯз дар миқёси ҷаҳон эътибори баланди худро дорост ва метавонад  комёбиҳои худро ва халқи азизашро  ҳамеша ҳифз кунад.

Читать далее

Изҳорот дар самти ифротӣ

Шавкат Рустамов,
номзади илмҳои  филологӣ

Бо ташаббуси филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 300 нафар омӯзгор ва кормандони соҳа - масъулини Раёсати маориф, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, мудирони кабинетҳои методӣ, мушовирони фаннӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони  пешқадаму навовар дар толори Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон семинари вилоятии дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Директори филиали Донишкада М.Исматдинов  роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиши мазкур, рушди ҳамкориҳои филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кабинетҳои методӣ, дастовардҳои ФМДДҶТИБКСМ дар вилоят бобати пешбурди корҳои таълимию методӣ ва илмӣ  сухан намуд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят профессор  Осим Каримзода роҷеъ ба раванди татбиқи ислоҳот ва созандагиву бунёдкорӣ дар соҳа, дастовардҳои муҳими маорифчиён дар иртибот ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба  соҳаи маориф ҳарф зада, баргузории чорабинии мазкурро дар самти татбиқи навгониҳо дар соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илмӣ-педагогӣ, эҷодкорӣ, муайян намудани роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ намуд.

Кори семинар дар 23 бахш: фанҳои гуманитарӣ, техникӣ, табиӣ -риёзӣ, муассисаҳои томактабӣ  ва таҳсилоти ибтидоӣ, бахшҳои марбут ба ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  идома ёфт.  Бахшҳоро омӯзгорони соҳибтаҷриба ва устодони соҳибкасб роҳбарӣ  намуданд. Дар ҷараёни кори бахшҳо доир ба масоили муҳими таълим, аз ҷумла навгониҳои раванди таълиму тарбия, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, ивази таҷрибаи пешқадам, истифодаи самараноку васеи он дар ҷараёни таълиму тарбия, коркарди роҳҳои самарабахши татбиқи таълими босалоҳият ва монанди инҳо мубодилаи афкор сурат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки қабл аз оғози ҳамоиш иштирокчиён филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”-ро, ки доир ба амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористию экстремистии Ҳизби мамнуъгардидаи наҳзати исломии Тоҷикистон нақл менамояд, тамошо намуданд. Ҳамчунин, тамошои филми мазкур бо иштироки омӯзгорону кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ  дар толори гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иштирокчиёни семинари омӯзишӣ, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барои омӯзишҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, гурӯҳҳои тоҷикӣ  ва русӣ  дар Осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон  чараён дошт, ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар омӯзгор онро тамошо намуданд.  Пас аз анҷоми намоиши филми мазкур иштирокчиён амалҳои тахрибкорона ва моҳияти террористӣ  ва экстремистии ҳизби наҳзати исломиро маҳкум карда, баҳри муборизаи беамон нисбат ба хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, озодию осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол якдилона изҳорот қабул намуданд.

 

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 апрели соли 2017 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1 сентябри соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба истифода дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат намуда, онҳоро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик намуд. Таъкид гардид, ки дар Рӯзи дониш мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нав фоли нек буда, он барои устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 туҳфаи арзанда дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Читать далее