04 September 2018

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои "ситоиш" Хоманеиро ҷавобгӯ кунанд

 

 

 

Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд.

Читать далее

Бори каҷ ба манзил нарасад

А. Бобоев,
 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,  дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар сурату сирати хоинони ватан, кӯрнамакони зархариди наҳзатиро нишон дод. Мулло Айёмиддин як тан аз саркардагони ҳизби наҳзат ҳазорҳо инсонҳоро аз ҳаёт марҳум кардани наҳзатиёнро қайд карда гузашт ва иқрор гашт, ки ба туфайли ТТЭ ҲНИ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки гуноҳи худи ӯ хеле калон аст.

Таърих ба ҳама чиз гувоҳ аст. Амалҳои пасипардагии наҳзатиён нақши тираи худро дар таърихи Ватан гузоштааст. Хусусан ному насаб ва амалу рафтори як идда наҳзатиён ҳамчун хоинони Ватан дар таърихи халқу миллати тоҷик номнавис хоҳанд шуд. То насли оянда донанд, ки чунин ватанфурӯшон буданду аз дасти онҳо ҳазорҳо мардуми бечора зулм диданд.

Ингуна хоинон, террористу террористмиҷозон ҳастанд ва мемонанд, чунки Қасам хӯрда, аъзогии ин ҳизбро қабул карданд  ва дар ҳар маконии сиёҳдилон маскан гирифтаанд.

Барои ба доми чунин хоинон нафаромадани насли наврас ва ҷавонон, бояд мо, аҳли ҷомеаи кишвар - сараввал, падару модарон, устодону омӯзгорон ва насли калонсол  дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланди имониву инсонӣ ва виҷдонӣ дошта бошем. Аз ҷумла ба чунин корҳо аҳамияти беандоза диҳем:

- дар касбомӯзӣ ва дорои маълумот шудани фарзандон;

-  барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ гусел кардани фарзандон шитоб накунем. Ба ибораи халқ пулаш, ки азиз шуд ҷонашро азизтар донем;

- ҳамсафари ӯро, ҷои кори ӯро, ҳуҷҷатҳои заруриашро омода намоем. Дар курсҳои омӯзиши муҳоҷират иштирок намоем;

- дӯстдории Ватан, оила, додару хоҳарон, хешу табор, ҳаққи ҳамсоягонро омӯзонем, зеро маънои зиндагӣ ин дӯстдории Ватану инсонҳост;

- пуштибони фарзандон бошем, аз худ дур накунем ва нагурезонем. Ба худ бо маънои томаш ӯро вобаста  намоем, ҳамчун азизтарин инсон  қабул намоям.

- аз заруриёти дини пок натарсонда сухан ронем. Фарзандонро аз дин натарсонем, омӯзонем. Зеро маънои зиндагӣ, шариат ва дӯстдории Ватанро Қуръону ҳадис хуб гуфтааст. Аз қиёмат натарсонида зиндагии зебо бурданро ёд диҳем, зеро зиндагии нозеб бар душмании халқ равонашуда ин худ “ҷаҳаннам” аст.

Таъкид ба маврид аст, ки бояд ҳар яки мо исломи нобро аз исломи сиёҳ ва исломи фанатӣ фарқ карда, нагузорем, ки ақидаҳои ифротии гуруҳҳои аҳриманӣ дар фазои иттилоотиву мафкуравии ҷавонон паҳн шаванд. Нақшаву нияти ТТЭ ҲНИ ва ба ҳамин монанд созмону шабакаҳои иртиҷоӣ ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Зеро онҳо дар роҳи каҷ қарор доранд.

Читать далее

СУХАН АЗ ИСЛОМ, ВАЛЕ АМАЛ АЗ ШАЙТОН!

М. Ҳасанов,
муовини декан оид ба
корҳои тарбияи факултети инноватсия ва
телекоммуникатсияи ДДҲБСТ

Баъди тамошои филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” аз суханронии  яке аз муассисони ТТЭ ҲНИ  Айёмиддин Сатторов, ки бо номи “Мавлавӣ Айёмидин” машҳур аст,  огаҳӣ пайдо намудем, ки дар ташкили ҷанги шаҳрвандӣ нақши ҳизби наҳзат хеле калон аст ва гунаҳкори асосии ҷанг ба ҳисоб меравад.

Дар филм ин собиқадори наҳзат дар ҳама мушкилоти Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин тараф ҳизби наҳзатро гунаҳкор мекунад ва мегӯяд, ки ба ҳамин далел, аз узвият аз ТТЭ ҲНИ  даст кашидааст.

Аёмиддин Сатторов дар ҳаққи раиси ТТЭ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки ӯ одами мазҳабӣ нест, балки аз аҳли тиҷорат буда, аз парчами дини ислом барои пешбурди манфиатҳои тиҷоратиаш истифода бурдаву молу мулк ва сарвати зиёде ҷамъ овардааст. Ин ҳама факту далелҳоеро, ки қаҳрамони филми мазкур нисбат ба нақши Муҳиддин Кабирӣ дар нооромии иттилоотӣ байни мардуми шарифи тоҷик овардааст, дар ҳақиқат тасдиқи худро дарёфт. Дар куштору ҳамлаи террористие, ки санаи 29 июли соли 2018 ба ҷониби сайёҳон ба амал оварда шуд, чунин меҳисобем, ки яке аз бозиҳои ин афрод бо ёрии хоҷагони хориҷиашон ҳаст...

Бо ин гуна мисолҳои қаҳрамони филми мазкур ТТЭ ҲНИ -ро дар як силсила ҳодисаву бесарусомонии солҳои охир, аз ҷумла дар ҳамлаи дараи Камароб дар соли 2011, ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ ва ошӯби ҳоҷӣ ҳалим дар соли 2015 айбдор мекунад ва мегӯяд, “фақат дар сурат роҳбари он ошӯб Ҳоҷӣ Ҳалим буд. Дар асл роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ин корро бо пули Эрон анҷом дода буд”.

Ба гуфтаи Аёмиддин Сатторов, “вақте ТТЭ ҲНИ  дар интихоботи соли 2015 шикаст хӯрд, Кабирӣ ба Ҳоҷӣ Ҳалим  амр дод, ки агар мо бо роҳи қонунӣ ҳукуматро гирифта натавонистем, бо роҳи табаддулот бояд бигирем”.

Суоле ба миён меояд, ки Тоҷикистони ободу озоди моро ба ин хоинони миллат чӣ намефорад, ки табаддулот кардан мехоҳанд? Магар аз ин дасисаву аз бозиҳои пучу бемаънии худ хаста нагаштаанд? Магар намефаҳманд, ки мардум, ҷавонони имрӯза намехоҳанд, ки дубора Ватани ободу ороми худро дар доми оташ бинанду ин ҳама ободӣ барбод равад.

Мисолҳое, ки Айёмиддин Сатторов дар филм гуфта истодааст ҳоҷат ба равшанӣ андохтан нест. Зеро наҳзатиён  танҳо барои манфиати худ ва ба даст овардани маблағ фармони хоҷагонашро иҷро мекарданд. Номбурда бо забони худ иқрор мешавад, ки дар ҳақиқат баъди сарсониву гурезагиву оворагӣ аз “ҷаҳаннам” ба биҳишт, яъне ба Тоҷикистони ободу озод  баргаштааст ва дар поёни умри худ мехоҳад, зиндагиро дар ватани худ осуда паси сар кунад. Ӯ дар ҳақиқат мехоҳад, мардуми шарифи тоҷикро аз мақсадҳои нопоки ТТЭ ҲНИ  огоҳ созаду дубора таъкид намояд, ки ба суханҳову бозиҳои иттилоотии бемаънии онон бовар накунанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Читать далее

ИНЪИКОСГАРИ ГУЗАШТАИ СИЁҲИ НАҲЗАТИЁН

М.Салимова,
 номзади илмҳои иқтисодӣ,
дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, бори дигар амалҳои разилонаву пасипардагӣ ва хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат ва сармоягузорону хоҷагони эшонро нишон дод. Намояндагони касбу кори гуногун пас аз тамошои ин филм амалҳои ноҷавонмардонаву хоинона ва бар зидди давлату миллати тоҷик тарҳрезишудаи наҳзатиён ва хоҷагонашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шадидан маҳкум мекунанд.

Воқеаҳои солҳои охир дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гувоҳи ҳодисаҳои зиёд гардиданд, ки на танҳо пешравии бахшҳои алоҳидаро инъикос менамуданд, балки симои аслии хоинони Ватанро низ баҳри шаҳрвандон кушоданд.

Пеш аз ҳама ин ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 буд, ки гурӯҳи хоинон таҳти роҳбарии генерал Назарзода ҳоҷӣ ҳалим, аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон манъ шудааст, кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуда буданд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин иғвогариҳои хоинон дода нашуда, сари вақт пеши роҳи онҳоро гирифтанд ва дар атрофи сиёсати давлату ҳукумат муттаҳид гардиданд.

Филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”  бори дигар симои аслии хоинони Тоҷикистонро инъикос намуд, ки бо фармон ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ мехостанд ба сари мардуми шарифи Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро бор намуда, низоми сиёсии давлатдориро заиф гардонида, ба сари қудрат оянд. Собит сохт, ки барои ин хоинони миллат ба Ватану миллат, дину мазҳаб, фарҳангу таърих ягон қадру қимат надорад ва онҳо тайёранд ҳамаи ин муқаддасотро ба ивази пулҳои ҳангуфти хоҷагонашон, ки худро «дӯстони ҳамзабону ҳамфарҳанг»-и мо метарошиданд, иваз намоянд.

Хушбахтона, ин тири хоинон хок хӯрд ва мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат баста, кишвари худро боз ҳам зеботару пешрафтатар ва зиндагии шоистаро баҳри шаҳрвандон таъмин месозанд.

Читать далее

БОЗГАШТИ МУЛЛО АЙЁМИДДИН АЗ “ҶАҲАННАМИ” ТТЭ ҲНИ

Ғ.Ҷабборов,
 сармуаллими кафедраи
кори бонкии ДДҲБСТ

Яке аз падидаҳои ниҳоят зарарноки ҷаҳони муосир  терроризм ва экстремизм мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд аз аввали солҳои соҳибихтиёрӣ нисбати ингуна зуҳуроти номатлуб муқовимати худро ҷиҳати пешгирии он нишон дода,  муборизаи беамонро ба роҳ мондааст. Воқеан, экстремизм  ва  терроризм дар меҳвари гирудорҳои  сиёсии ҷаҳон қарор дошта,  хатари бузургеро дар пай дорад.

Филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ-экстремистӣ будани ҳизби наҳзати исломиро собит сохта, барои ин далелҳои раднопазирро пешорӯи бинандагон гузошт ва такроран аҳли ҷомеаамонро ҳушдор дод, ки чашм ба сӯи ҳақиқат боз кунем ва парда аз рӯи ин гурӯҳи тафриқаангезу ифротгаро бардорем.

Дар суханронии  худ собиқ узви ТТЭ ҲНИ Айёмиддин Сатторов амалҳои террористии  анҷомдодаи  Муҳиддин Кабирӣ ва  нақшаҳои пинҳонии ӯро зери ниқоби ислом ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷӣ  чунин баён кард: Солҳои тӯлонӣ то имрӯз сарвари ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таассубро талқин мекунад, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебарад, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекунад. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристанд ва даҳҳаи онҳо қурбони  чунин ташкилотҳои террористӣ гардидаанд.

Имрӯз ҷавонон бояд ба пуррагӣ дарк намоянд, ки ба амалҳои ношоистаи ТТЭ баҳои дуруст дода, дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, арзишҳои миллиамон кӯшиш намоянд.

Читать далее

ДАСТУРДЕҲИ ТТЭ ҲНИ КИСТ?

Камолуддин Қозиев,
муовини ректори Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
оид ба корҳои таълим

Бо боварии комил метавон гуфт, дар дунё ягон халқияту миллате нест, ки мисли гузаштагони мо оиди инсондӯстӣ, одаму одамгарӣ ва ахлоқи ҳамида мероси бузурги маънавӣ дошта бошад. Бубинед, “Шоҳнома” – и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ашъори Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, “Қобуснома” – и Унсурулмаолии Кайковус, “Сиёсатнома” – и Низомулмулк ва даҳҳо асарҳои дигари шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва сиёсату давлатдорӣ мебошанд. Маҳз барои соҳиб будан ба чунин мероси бузурги маънавӣ ва меҳмоннавозию инсондӯстӣ ҷаҳониён миллати куҳанбунёди моро мешиносанд. Аммо сад афсус, нафароне вомехӯранд, ки аз ин мероси бузурги фарҳангии аҷдодонамон бехабаранд. Ҷаҳонбинии маҳдуди ин тоифа аз ҳиссиётҳои бадбинию адоват нисбат ба миллату давлат, манфиатҷӯӣ, дасисакорӣ, манфиати худро аз миллату давлат боло гузоштан саршор аст. Ин нафарон тайёранд ҳар лаҳза барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ ба халқу Ватан хиёнат кунанд.

Ҳодисае, ки санаи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ омад, яъне ҳамлаи гуруҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Ин гуруҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо дастури ТТЭ-ҲНИ ин ҷинояти мудҳишро анҷом доданд, исбот намуданд, ки террорист миллат, мазҳаб, ҳудуд надорад. Маҳз барои ҳамин ҳам, имрӯз мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин вабои аср, хатари умумиҷаҳонӣ дастаҷамъона мубориза барем. Гуруҳи ҷинояткорон: Абдусамадов Ҳусейн, Юсупов Аслиддин, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар бо роҳбарии Убайдов Носирхӯҷа (Қорӣ Исмат) ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла оварда, мақсад доштанд, миллати моро бадном сохта, фазои сулҳу суботи кишварро халалдор созанд. Вале бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад, ба ибораи дигар чоҳканро чоҳ дар пеш аст. Хушбахтона, дар як муддати кутоҳ ин гуруҳи ҷинояткор дастгир ва безарар карда шуд.

Чӣ тавре ки дар боло қайд намудем, агар ин ҷинояткорони девсират аз мероси маънавию ахлоқии гузаштагони мо заррае огоҳӣ медоштанд, аввалаш ба  ҳизби террористии наҳзати ислом аъзо намегардиданд ва чунин ҷиноятҳоро содир намекарданд. Дар пештоқи бинои созмони бонуфузи ҷаҳонии СММ маҳз сатрҳои  шоири адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ҳаккокӣ шудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Шумо, ҷинояткорон, хоинони Ватан боре андеша намудед, ки дар пештоқи ин ташкилоти умумиҷаҳонӣ на мисраъҳои шоирони англис, франсуз ва ё олмонӣ, балки маҳз гуфтаҳои шоири бузурги классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ба ҳафт забон сабт карда шудааст.

Оё Шумо аз ашъори маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хабар доред, ки фармудааст:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Инсон ба дунё як бор меояд, барои некукорӣ, дӯстӣ, васл кардану таъмин намудани зиндагии шоиста. На барои куштор, сияҳкорӣ ва дасисабозию ҷангу хунрезӣ.

Мо, зиёиён, амалҳои террористиро қатъиян маҳкум менамоем. Аз ҷониби дигар мо, тарбиятдиҳандагонмасъулем, ки насли ҷавонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъро ба воя расонем.

Читать далее

ЧЕҲРАИ ЗИШТИ ТТЭ ҲНИ ВА ДАСТИ ЭРОН ФОШ ШУД

Р. Изатуллоев,
Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Чанд рӯз пеш тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин асрори зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ, алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси кишвари муайн ва зери идора, назорату раҳнамоии онҳо амалӣ шудани ин нақшаҳои зиддитоҷикона  фош сохт.

Дар Донишкадаи Кӯҳи-муталлургии Тоҷикистон бо иштироки ректор ва ҳайати устодон, профессорон, донишҷӯён ва коллективи  кормандон намоиши филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргузор гардид. Филми мазкур оид ба тахрибкорӣ ва ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон қисса карда, аз забони қаҳрамони филм, шоҳиди зиндаи бедодии ТТЭ ҲНИ, яке аз муассисон ва фаъолони ин ташкилот Мулло Аёмиддин муқаллаб ба “Мавлавӣ Аёмиддин”, ки аз узвияти он даст кашидаву ба Тоҷикистон омада, аз кардаҳои худ пушаймон шудааст, нақл мекунад. Аёмиддин Сатторов, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, пурра намоиш дода шуд. Бояд  қайд кунем, ки имруз низ бадхохони кишвари мо ки берун аз ватан фаъолият мебаранд, оромӣ ва дастоварҳои Тоҷикистонро халадор карданӣ ҳастанд, ки ин хулосаи намоишномаро чунин баён карадан мукин аст. Имрӯз Тоҷикистон кишвари созанда ва бунёдкунанда аст , симои шаҳру шаҳракҳо, деҳаҳо корхонаҳои нави замонавӣ  донишкадаву донишкадаҳо мактабҳо литсейҳо ва коллеҷҳои гуногун ва дигар иншоотҳои маданию маишӣ рӯз аз рӯз инкишёф ёфта истодаанд.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Имрӯз ва ҳамеша вазифаи муққаддаси устодон аз он иборат аст, ки ҷавонони имрӯза бояд дониши сиёсии баланд, донистани иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанг ва ҳисси хештаншносии баланд дар руҳияи қаҳрамонон ва фарзадони  барӯманди миллат тарбия карада шаванд. Бо зиракию хушёрии худ доимо омодаи  хифзи Тоҷикистони биҳиштосо бошанд.

Читать далее

Баргузории ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар 8 моҳи соли 2018

Рӯзи 3-юми сентябр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар 8 моҳи соли равон ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя

Дирӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруяро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.

Читать далее

РАДЖАБАЛИ КОМИЛОВУ ДАЛИ 10 ЛЕТ- ЭТО ЕЩЕ МАЛО!

Отдельные СМИ в соцсетях, существующие на средства недружественных спецслужб, продолжают муссировать тему о несправедливом отношении к членам ТЭО ПИВ и их родственникам. Одной из такой публикации на сайте «Фергана» является статья «Брат члена политсовета ПИВТ осужден на 10 лет», где говорится о том, что «В Таджикистане осужден Раджабали Камилов – брат одного из членов политсовета запрещенной оппозиционной Партии исламского возрождения (ПИВТ) Джаннатулло Камилова. В ней Джунатулло говорит, что «Режим в Таджикистане посадил моего брата на 10 лет без основания.

Читать далее