05 September 2018

ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

Рӯзи 05.09.2018 дар шабакаи интернет навори видеоии Аёмиддин Сатторов, ки яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ба Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо нашр шудааст.

Читать далее

Симо ва аҳамияти зишт фош шуданд

О.Оқилов,  устоди ДКМТ
дар шаҳри Бӯстон

Филми мустанади дар назари мо зинда гаштани «Бозгашт аз ҷаҳаннам» боиси бори дигар ҳодисаҳои нангини солҳои 90 – ум шуд ва хашму ғазаби мардумро нисбат ба пайравони ҳизби наҳзат Айёмиддин Сатторов бедор намуд.

Акнун ба гузашти айём дар сафи ҳизби беобрӯшудаи наҳзати исломӣ симо ва амлҳои зишт фош шуда истодааст. Ҳарчи бештар аз кирдори худ пушаймон шудани фаъолони ҳизби наҳзат чашми моро ба ҳодисаҳои сиёсӣ во мекунад, то бо назари ақл баҳо диҳем. Аз ин хотир тавбаву пушаймонии А. Сатторовро мусбат арзёбӣ менамоем.

Читать далее

Нақшаҳои нопоки наҳзатиён маҳв мешавад!

Ҳайати устодони кафедраи забонҳои
тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Мо, омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамагуна фаъолиятҳои пасипардагии ҳизби экстремистӣ ва террористии наҳзати ислом ва тамоми гурӯҳҳои  тундрав ва ифротгароёнро  маҳкум намуда, андешаҳои хешро иброз медорем.

Мусаллам аст, ки гурӯҳҳои мухталифи  ифротгарою тундрав, аз қабили ТТЭ ҲНИ солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд. Ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Онҳо  мехостанд  ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд,  субот ва сохти конститутсионии ҳукумати феълиро  сарнагун созанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят  соли 2015 амали анҷом додаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт. Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд. Мо омӯзгорон таъкид аз рафтору кирдори ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор аз арзишҳои дини мубини Ислом  сӯистифода намударо, ки боиси  ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд, бори дигар ёдовар шуда маҳкум менамоем. Алҳол Ҳизби экстремистӣ ва террористии наҳзати ислом баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Мо бояд бо номуси тоҷикона,  ифтихор аз марзу буми муқаддас бо маърифати созандагиву бунёдкорӣ, пойдории субот ва рушди рӯзафзуни он баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеъаи худ саъю талош варзем. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тӯли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳар вақта ҳушёрии сиёсиро таққозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқӣ будани худро собит карда тавонем. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масоили матраҳшуда ҳар як фарди ватандӯст вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро сарбаландона иҷро менамоем.

Читать далее

Маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров

4 сентябри соли 2018 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Қабл аз оғози маросими супоридани Ифтихорнома ва ҷоизаҳои вилоятӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури фаъолон, собиқадорон ва намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, амалишавии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаҳои гуногун дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Читать далее

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ “БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ”

С.Мирсаидов,
номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент, мудири
кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

ИМКОНИЯТИ ДУБОРАИ ТАҚДИР

Баъди тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар хиёнаткориҳои ТТЭ ҲНИ ошкор гардид. Тайи чанд ин сол ин ҳизби ифротӣ танҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ ноил гардидан аз номи дин истифода намудааст ва фаъолият бурдааст. Маҳз ҳизби наҳзат омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат аст, ки ҳамагон баъди тамошои филми мазкур бори дигар ба ин бовар карданд.

Филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар исбот кард, ки ТТЭ ҲНИ тайи солҳои охир ба чӣ гуна амалҳои пурдаҳшат даст задааст. Дар ин филм Айёмиддин Сатторов  бо ном «Мулло Айёмиддин» иброз менамояд, ки ӯ аз зумраи ташкилкунандагони ҳизби наҳзат мебошад ва дар майдонбозиҳои наҳзатиён фаъолияти калон дошт. Мардумро дар майдон ҷой медод ва ба онҳо ҳар гуна машқҳои диверсиониро таълим медод.  Худи ӯ иқрор мешавад, ки ҳизби наҳзат сабабгори ҳалокати яксаду панҷоҳ ҳазор мардуми бегуноҳи тоҷик мебошад. Роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ иҷрокунандагони супоришҳои душманонаи хоҷагони хориҷӣ мебошад, ки амали онҳо ҳазорон ятиму занҳои аз оила ҷудоро ба миён овардааст ва мардуми бечораи тоҷик ба хоки Афғонистон кӯч бастанд.

Мавлавӣ Айёмиддин таъкид менамояд, ки ӯ ҳамчунин  ба ғайри аъзои ҳизби наҳзат буданаш, боз дастпарвари Эрон буда, супоришҳои хоҷагони Эронии худро иҷро менамуд. Яке аз супоришҳои ӯ вазифаи таблиғи ақидаҳои ифротиро бар ӯҳда дошта, ҷалби ҷавононро бо роҳи таҳсил дар муассисаҳои динии Эрон таъмин менамуд. Инчунин худи ӯ қайд менамояд, ки имрӯз Эрон кӯшиш карда истодааст, ки ТТЭ ҲНИ – ро бори дигар эҳё кунад. Мулло Айёмиддин дар навори 33 дақиқагии худ иқрор мешавад, ки ҷониби Эрон ба роҳбарияти наҳзат ҳама вақт ёрии моливу моддӣ таъмин карда истодаанд. 

 Айёмиддин Сатторов бо хоҳиши худ ба Ватан баргашт ва аз кардаҳои худ пушаймон аст.  Бояд қайд кард, ки аз пушаймон гаштани ӯ амалҳои нопоки содиркардааш бахшида ва шуста намешаванд. Аммо муҳим он аст, ки як нафар хиёнаткор аз кардаҳояш пушаймон шуда, ба роҳи рости зиндагӣ рӯ овард. Давлату ҳукумати мо барои чунин, нафарон имконият медиҳад, ки баҳри диёр саҳм гузоранд.

Читать далее

ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН

С. Умарова,
 устоди ДДҲБСТ

Ислом ё дигар динро манбаи ифратгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифратгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифратгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди одамон чунин рафторҳои ифратгароёнаро таассуб дониста, маҳкум карда шавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминаш аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон чунин амалро ба иҷро расониданд, қаҳрамон дониста, хотираи некашон ёдоварӣ карда мешавад.

Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои вай диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддй доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифратгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем.  Байни гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Омили дигари пайдоиши ифратгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо метавонанд на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд. Барои пешгирӣ кардани ифратгарой ва терроризм манбаҳои моли ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ бояд муайян карда шавад.

Хулоса, мо устодон ба ҷавонон, донишҷӯён бояд ҳамеша талқин  намоем, ки дар зиндагӣ дар интихоби роҳи дуруст, илмомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, дӯст доштани Ватану арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, меҳнати ҳалол кардану нафъ ба мардум овардан саъй кунанд ва танҳо бо ин роҳ метавонанд ба саодати рӯзгор бирасанд.

Читать далее