07 September 2018

Густариши ҳамкориҳо …

Дар Анҷумани соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар толори Маркази таълимии истироҳатии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти сохторҳои дахлдор, соҳибкорони бурунмарзӣ аз Федератсияи Русия, Қазоқистон ва ватанӣ иштирок карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба анҷуман ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод кард. 

Читать далее

Эътирози мардум дар назди дафтари САҲА дар ш.Душанбе

Cубҳи 7-уми сентябр тахминан соатҳои 9 дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Читать далее

Чеҳраи иблиснамои наҳзатиён

  Ахмедова Ш.А. – сармуаллимаи кафедраи
 тарбияи ҷисмонии ДДҲБСТ

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод аст.

Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки бар зидди хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолат овоз баланд кардааст.

Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Шарқи наздик ва мусалмоннишин сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои ифротгаро ягон муқаддасот, аз қабили Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Онҳоро бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз маҳви бесаводии аҳолӣ истифода намоянд. Ин гурӯҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурӯҳҳои экстремистии хеш шомил гардонида ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, ба монанди қатлу куштор, таркишу ғорат омода мекунанд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистони азиз фарзандони нохолифе ба номи ҳизби наҳзати Ислом сар боло карданд, к ибо дилу сиришти иблиснамо аз номи дини мубини Ислом ҳарф зада, ба шаъни дини муқаддас иснод оварданд. Диндорону мардуми худотарсро фирефтаи ақидаҳои ифротии худ сохтанд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуданд, ки нисбати он мисолҳои зиёде ҳаст.

Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза барем. Мо аҳли устодону омӯзгорон, ҳамчун синфи пешқадами ҷомеа, дар соатҳои дарсӣ оиди кирдорҳои ҷинояткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ, “ДИИШ”, “Толибон” ва амсоли инҳо маълумоти мушаххас дода, онҳоро аз роҳи каҷ ва бад нигоҳ дорем.

Читать далее

ЧАШМИ НОБИН ЗЕБОӢ НАМЕБИНАД

Маърифат Мавлонова,
устоди ДПДТТ

Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки ҳамагӣ 27 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд.

Имрӯз дар вобастаги ба муаммои ба миён омада, ки намояндагони ТТЭ ҲНИ аз минбарҳои худсохтаву амалкарди номатлубашон тарафдорӣ мекунанд, замоне мардумфиребӣ намуда мардумро алайҳи якдигар ба шӯр оварданд. Миллате, ки нону намакашро мехӯрданд, ноором ва вазъи озодиро халалдор намуда, заҳмату хизматҳои мардумро пушти по заданд. Имрӯз бошад бо якравию мутаҳамӣ садо баланд карда, дастовардҳои миллату давлатро нодида мегиранд, ин нобиноӣ ва ношукрии Кабириро мехоҳам бо як маҳфум ифода намоям, «ин айби чашми нобиност, ки зебоиро намебинад, мо мардумони сарбаланди ин диёр бошем шукронаи даврони мустакилияту озодӣ намуда, ба ояндаи дурахшони миллат бовар дорем.       

Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони соҳибистиклолу комилҳуқуқ, воқеан ҳам, макони миллати босаводону соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати кӯҳанбунёд анъанаҳои неки ниёгон ва асолати хешро гум накард, балки имрӯз он аҳамияти бештари умумиҷаҳониро соҳиб гаштаву поянда  гардидаст.

Имрӯз нафарони нохалафе ба мисоли М.Кабирӣ ҳамаи ин неъматҳои даврони истиқлол ва дастовардҳои бузурги моро нодида гирифта, хостанд чунин арзишҳои олимақоми давлатиамонро аз байн баранд. Лекин бояд М.Кабирӣ ва зердастонаш, ки имрӯз ноҷавонмардона паси пардаҳо аз як тарафи олам ба мардуми тоҷик гапу кор меомӯзонанд, бояд донанд, ки ин сарзамин соҳиб дорад ва соҳибони аслии он танҳо оромиву осоиштагӣ мехоҳанд. Маҳз барои ҳамин баъди ифшо ва  маълум гардидани ТТЭ ҲНИ барои қатъи фаъолияти он дар кишварамон мардум низ ҳукми мамнӯъ доданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки фаъолияти он барои осудаҳолии аҳолӣ набуда, балки худхоҳӣ ва мансабталошист ва оқибати кор онҳо ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб оварда мерасонад.

Мояи ифтихор аст, ки барои ҷавонони мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Бояд зикр кард, худшиносии миллӣ мебояд, то ки фирефтаи ҳар гуна тарғиботу ташвиқоти бегона нагардем ва ҳисси бегонапарастию тақлидҳои ба худ ва миллат зарароварро аз шуури худ дур намоем.

Читать далее

Шукр, ки наҳзат маҳв шуд!

Ҷӯраев Ф.
дотсенти ДДҲБСТ

Солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумхурӣ аст. Ба дасисаи ТТЭ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.

Имрӯзҳо Мухиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор гирифта, нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу ҷоҳхоҳ тақдири дину миллати хешро ба гарав гузоранд. Мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишвар кунем ва барои гул-гулшукуфии он кӯшиш намоем, на аз қафои хочагони хориҷӣ шавему мансабталошӣ кунем.

Аъзоёни ҳизби наҳзат, ки даъвои Ислому худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр аз ба дасти худ гирифтани ҳокимият ва мансаб дигар мақсад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоту покиро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вуҷуди пайравони ТТЭ ҲНИ ақалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин қадар мардуми тоҷик зомин намешуданд. Имрӯз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахтӣ, куштору қашшоқӣ ва гуруснагӣ оварда, худашон шоҳу табъашон вазир шаванд. Вале мардум имрӯз дигар мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунад.

Зеро, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва маҳалгароӣ равона гардидааст. 

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташро дар кишварамон манъ карданд.

Читать далее

Вақти он расидааст, ки дӯстро аз душман бишносем...

Саидумрон Саидов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Инак вақте  ба воқеаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) назар мекунем, эҳсос мекунем,ки дар амалҳои он ба ҷуз расидан ба манфиат ва ҳадафҳои ғаразноки чанд тан аз афроди ватанфурӯш чизеро намебинем. Бадбахтона ин ташкилоти террористиро созмонҳое чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дастгирӣ мекунад,ки онҳо дар қаламрави олам чун нерӯи созанда ва сулҳовар худро муаррифӣ менамоянд. Мусаллам аст, ки фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ва ин қарор хулосаи Суди олии кишварест,ки онро кулли кишварҳои ҷаҳон чун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд ва САҲА низ дар ин бора маълумоти мукаммал дорад. Суоли ҷолиб ин аст,ки агар САҲА хостори сулҳу ваҳдат, бошад чаро ба қазияи мазкур аз як ҷониб менигарад? Оё САҲА қарори  57 давлати аъзои худро хатти бутлон мезанад,ки онҳо ТТЭ ҲНИ-ро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Мутобиқи ахборот фаъолияти ТТЭ ҲНИ, дар радифи  ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ карда шудааст. Оё ин маълумот мавриди таҳлил ва омӯзиши роҳбарияти САҲА қарор дорад ё не? Ин суолест,ки паи ҷавоби он метавон ба чандин хулосаҳое даррасид, ки аз нияти ғаразноки ин ҷамъият ва нақшаҳои сиёҳи ташкилоти террористию экстремистии ТТЭ ҲНИ дарак медиҳад. Пас замоне расидааст,ки мо дӯстонро аз душманон фарқ гузорем ва андеша намоем,ки Ватани моро ки мехоҳад аз нав ба вартаи ҷангу ҷидол ва хунрезӣ тела диҳад....

Матлаби дигар ин ҷост,ки кишварҳое,ки хатари ташкилотҳои террористиро монанди ТТЭ ҲНИ дарк кардаанд, ҷониби Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ва барои ҳамкорӣ бар зидди ифротгароён омодагии хешро баён кардаанд. Чунончи Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ҷолиб ин ки намояндагони САҲА низ дар он ширкат доштанд, дар баробари аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм сухан кардан ТТЭ ҲНИ-ро аз ташкилотҳои хафвнок дар минтақа маҳсуб донист..... Яъне ҳанӯз дар ҷаҳон фикри солим, ақидаи дуруст ва афроди ҳақиқатбин мавҷуданд ва ба воқеаҳо баҳои дуруст медиҳанд. Ва ҳамон суоли дигар рӯи кор меояд: чаро як бому ду ҳаво? Чаро САҲА ҷор мезанад, ки бар зидди терроризм мубориза мебарад вале ҳамоно ташкилотеро чун ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пуштибонӣ мекунад.

Масъалаи дигар ин аст, ки бо тақдири Ватан  бозӣ кардан гуноҳи азим аст. ТТЭ ҲНИ бо истифода аз кулли имкониятҳояш мехоҳад Ватани азизи моро, ки ҳамзамон зодбуми аъзоёни ин ташкилоти террористӣ астноором намоянд.Оё дар ниҳоди эшон заррае муҳаббати кишвар, ёру азизон мавҷуд нест,ки мехоҳанд бо кӯмаки ташкилотҳое,ки аслан онҳо барои манфиати Ватани мо амалеро ба анҷом намерасонанд, ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо оё медонанд,ки ин ташкилотҳо “дар либоси дӯстона кори  душман мекунанд”.Ин суолест ки ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон ба он ҷавоб ҷӯяд.Зеро ҳини ҷавоб ҷустан масъалаҳои зиёд,ҳолатҳои мухталиф баррасӣ ва ошкор мешавад,ки бе муҳобо нафрати мардумро бар ин афроди нопок бештар месозад. Пас замоне расидааст,ки гузашта аз дипломатияву маданияти сиёсӣ ба воқеаҳо баҳои ҳаққонӣ диҳем,дӯстро аз душман имтиёз бахшем ва рӯшан донем,ки фардои дурахшони моро кӣ дидан намехоҳад?Танҳо он вақт мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ комгор шавем.

Читать далее

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд

Моҳинисо Саидова,
 устоди коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳо паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яке аз онҳо тавассути васоити ахбори омма таъсир расонидан ба маънавиёт ва арзишҳои миллии мо аст. Дар шароити муосир расонаҳои ахбории Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро дифоъ намоянд. Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки васоити ахбори омма  ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд. Ба ҳифзи оромиву  суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути хоҷагони хориҷӣ ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. ҲНИ ба ин гуна ҳизбҳое ворид мешавад, ки бо кирдорҳои номатлубаш мафкураи бархе мардуми кишварро ба гумроҳӣ бурд. Аз он шукргузорӣ менамоем, ки орзуи ин гуна ашхосе, ки ҳатто ба одам гуфтан онҳоро  забони кас намеравад, амалӣ нашуд ва ба ном «ҳомиён», яъне пушту паноҳашон, шахсоне ки ин гуна ноадолатиро ба сари мардум ва кишвари мо овардан мехостанд имрӯзҳо берун аз кишвари мо гурехта гаштаанд ва мумкин аст  хору залилона ҳаёт ба сар мебаранд. 

Читать далее

Паноҳу дастгири ТТЭ ҲНИ кист?

Э.Салимов
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Аз руи маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳои интернетӣ ва васоити ахбори омма ба мо расидааст, дар нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои таҳқиқ шуда, дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чуноне, ки аз сарчашмаҳо ба мо дастрас гардидааст, дар ин шӯро аъзоёни Ташкилоти Терористи ва Экстремисти Ҳизби Наҳзати Исломи низ даъват шудаанд. Қайд кардан зарур ва ба маврид аст, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шуда аст.  Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги хоиниву миллатфурӯши хеш, афкори экстремистии худ дар раванди ин чорабинии ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қиссаву ҳикоят намояд.

Тааҷҷубовараш дар он аст, ки аз 57 давлати аъзои Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо 13 кишвар, инчунин сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалии СМЗТ, СҲШ, МЗТ, ИДМ, СААД, Интерпол шомиланд, ки ҳизби мазкурро терористӣ ва экстремистӣ эътироф  кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, Арманистон ва Беларус ба минтақаҳои дар боло зикршуда пайвастанд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шӯрои Аврупо (CODӮҶTӮҚ), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲ доир шуд, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм баланд арзёбӣ намуд. Дипломати ҳиндӣ ТТЭ ҲНИ-ро барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ намуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира оид ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти конфронс шабоҳати ба ҳам наздики таърихи ташкилотҳои террористии номбаршуда, алоқамандӣ ва ягонагӣ дар кӯшишҳои онҳо барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр, инчунин дастгирии ин созмонҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот карда шуд.   

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бояд дарк намояд, ки кадом созмонҳои байналмилалӣ ва кадом давлатҳо барои сулҳу суботи Тоҷикистон камари ҳиммати «хирсона» бастаанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин сулҳи бо ранҷ бадастовардаи  моро ба коми оташ бидиҳанду худ аз дур инро назорат карда, аз маҳсули кори зархаридони худ, ки фарзандони миллати моянд, лаззат мебаранд.

Мо, ҳар як узви ҷомеаи кишвар бояд биёед чашми сару  чашми диламонро боз карда барои якпорчагии ин Ватан аз як гиребон сар барорем!

Читать далее

Терроризм - манбаи хатар

Максуда Ҳамроева,
 коллеҷи омузгории шаҳри  Панҷакент

Агар саҳфаҳои таърихро варақгардонӣ кунем, ба хулоса меоем, ки дар ҳама давру замон террористон амал мекарданд ва ба муқобили осудагиву сулҳу оштӣ шамшер аз наём мекашиданд.

Мутаассифона, бо пешрафти замон, тараққиёти техника террористон низ яроқу аслиҳа ва воситаҳои қатли инсонро нав мекунанд. Ҷойи тассуф аст, ки онон дар ҳар давру замон дар байни сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро доранд ва аз онҳо сарпарастӣ мебинанд. Баъзе сарварони моҷароҷӯйи кишварҳои алоҳида ва дастаҳои тундгаро террористонро ба сӯйи худ ҷалб намуда, онҳоро барои амалисозии ниятҳои даҳшатбори хеш истифода мебаранд. Террористон ҷавонони булҳавас ва зудбовару соддалавҳро ба доми фиреби худ кашида, бо ваъдаҳои пуч ба доми бало мепартоянд, аз Ватан, аз фарзандони дилбанд ва падару модари зор ҷудо месозанд. Бо маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хоинона онҳоро ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ба куштору сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд. Риққатовар он аст, ки чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ амсоли ҲНИ, ДИИШ шуда, ба нокомиву фалокатҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштаанд ва бархе ҷони ҷавони хешро бохтаанд.

Ҳамарӯза тариқи васоити ахбори умум, инчунин дар вохӯриву маҷлисҳо ва садову симо байни ҷавонон корҳои таблиғотиву ташреҳӣ гузаронида шуда, ононро ба дарки ватандориву хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ин аст, ки ҷавонон ҳоло барои рушду нумӯи ватани маҳбуб, ободгардонии маҳалли зисти хеш, хушбахтии оила ва донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ кӯшиш карда истодаанд. Ин ҳама тадбирҳо албатта, самари хуб хоҳанд дод ва ҷавонон ба хубӣ вабои аср будани терроризмро дарк ва аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар карда, ба муқобили зуҳуроти номатлуб баромада намегузоранд, ки ин мараз ба ҷомеаи мо реша давонад. Умеди мо ба насли ҷавон аст, зеро тақдири ояндаи миллату Ватан дар дасти онҳост.

Читать далее

АБЛАҲЕ АЗ БОМ АФТАД, ГАРДАНИ МО БИШКАНАД...

Файзулло Мамадҷонов,
корманди шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ

Дар Тоҷикистони азизи мо низ нерӯҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳоди диниву мазҳабии тундрав ТТЭ ҲНИ аз қабили онҳост.

Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекунанд ва бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезаданд. Гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба сафи худ бархе ҷавонони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври сода  идеологияро қабул мекунанд, ба содир намудани ҷиноят бештар ҷалб менамоянд.

Дар оқибат ҷавонони ноогоҳу аз оқибатҳои аз падидаҳои номатлуб бехабар оқибати амали худро фикр накарда, даст ба ҷиноят мезананд. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи мубориза ва муҳорибаи беадолатона аксар мардуми оддӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ зарар мебинанд. Алоқамандии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтаанд. Мисоли ин гуфтаҳо, таҳти роҳбарии яке аз аъзоёни фаъоли дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович, 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби роҳбари гурӯҳи муташаккил Ҳусейн Абдусамадов бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон амали  аблаҳона-қатли сайёҳони хориҷӣ содир шудааст.

Ин ҳодисаи нангин ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Дар иртибот ба ин қайд кардан зарур аст, ки  имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосии рақами яки ҷаҳон ин терроризму экстремизми байналхалқӣ тамоми сайёра гардида, дар ташвишҳои зиёдро ба миён овардааст ва ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъйу талош намоем.

Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Читать далее