12 September 2018

ҚАДРДОНӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШН

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мӯмин Машокир баробари пазироии меҳмонон устодону донишҷӯёнро  бо иди  фархундаи  27-умин солгарди   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба муносибати солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва муҳассилини ДДҲБСТ- зодаю парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ ва аз сидқи дил  муборакбод намуда, доир ба саҳми назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар тақвияти фаъолияти ҳизб сухан ронд.

 Дотсентон  Ҳабибулло Тоатов, Шероз Тоҷибоев ва докторант Давлат Бобоҷонов  аз нақши истиқлолият дар таҳкими давлатдории тоҷикон, мушкилоти ба даст овардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими қонуният дар кишвари ҷангзада ва ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани иқтисодиёти миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Гурӯҳе устодону кормандони хоҷагӣ барои меҳнати содиқона дар таълиму тарбияи насли созанда ва саҳми арзанда дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, донишҷӯёне, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва роҳбарони онҳо бо мукофоти пулӣ ва  ғолибони озмуну мусобиқаҳои  гуногун бо мукофотҳои арзанда сарфароз гардиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд С.Фаттоҳзода барои хизматҳои шоён дар густариши фаъолияти ҳизб ба ректори донишгоҳ Шарифзода М.М ва устоди донишгоҳ Ҷ.Тӯраев медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ супурд.

Солеҳи ЗАРИФЗОД,
          сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии “Маъвои хирад”

Читать далее

Тантанаи Иди Истиқлолият

Ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати андози вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин чорабинии идона роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати андоз, собиқадорон ва кормандони фаъолу имрӯзи мақомоти андоз ширкат доштанд.

Дар оғози тантанаи идона сардори Раёсати андози вилояти Суғд Бахтиёр Султон ҳозирини ҷамъомадро бо таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мақомоти андози вилояти Суғд табрик намуд.  

Сипас муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди Истиқлолият ба самъи кормандони мақомоти андози вилоят расонида, таъкид намуд, ки саҳми кормандони андоз дар пешрафти ҷомеа ва рушди кишварамон назаррас аст.

Дар қисмати дигари ҷамъомад собиқадорон ва кормандони фаъолу пешқадами мақомоти андози вилоят бо сипосномаҳои  Раиси вилоят  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андози вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.

 Тоҳирҷон Искандарзода,
Раёсати андоз дар вилояти Суғд

Читать далее

СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ»-И САҲА БАР МАНФИАТИ КИСТ?

Пас аз мутоилаи маводи Юрий Макеев таҳти унвони «Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо…» андешаҳои гуногун маро фаро гирифт. Гумон кардам ва андаке ваҳшатзада ҳам шудам, ки ба куҷо равонаем. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои тӯлонӣ ба созмонҳои байналмилалӣ амсоли Созмони амнияти ҳамкории Аврупо чун ҳомии ҳуқуқи инсон, рушди демократия  эътимоду боварӣ мекард, пас ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ низ пойбанди ин ё он қувва гардидааст. Агар не, дидаву дониста, бо он ки ТТЭ ҲНИ-ро якчанд ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф кардаанд, ба конфронси солонаи худ, ки «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» унвон дорад, даъват намекард.

 Парадоксро бубинед,  рисолати САҲА баланд  бардоштани қадри инсон дар ҷомеа ва нигоҳи баробар ба аҳли башар аст. Аммо дастандаркорони онҳо бо вуҷуди он амалҳои террористие, ки аъзои ТТЭ ҲНИ дар як соли охир нисбати сокинон кардаанд,  ин ҳамаро нодида гирифта, ба конфронси бонуфузи худ даъват мекунад, то намояндаи он сухан аз «Рушди демократияву нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон гӯяд». Дар назар аст, ки чун соли пешин Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТТЭ ҲНИ дар ин конфронс иштирок ва ҳатто баромад кунад. Муҳтавои маърӯзаи ин хиёнаткори миллат ба ҳама маълум. Ӯ дар ин конфронс аз  «азобу шиканҷа дар маҳкамаҳои кишвар нисбати маҳбусони сиёсӣ» сухан мекунад. Ҳол он ки ин тӯҳмату ғиреви ӯ асоси воқеӣ надорад.

 Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки  чаро САҲА зимни даъвати иштирокдорони конфронс нуктаи назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бобат нагирифт? Чаро масъулини САҲА, ки солҳои сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар дафтари кории худро дошт, вазъро таҳлил накарданд? Миёни мардум пурсишномае нагузарониданд, ки оё сокинонии кишвар ба ин ҳизбе, ки воқеан ҳам террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, бовар доранд ё не. Давлатҳои шомил ба Созмони ҳамкории Шанхай ва нозирони ӯ, ки ҳудуди 4,2 миллиард аҳолии сайёраро дар бар мегиранд, эътироф кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ ташкилоти экстремистиву террористӣ аст.   Инчунин, дар як ҳамоиши бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ-ро дар қатори дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ хатар ба ҷомеа эълон дошта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки муборизаи дастаҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бибаранд.  Ҳамакнун дар шаҳри Қоҳираи Миср таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» як конфронс доир шуда, иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки роҳи тайкардаи ҲНИ бо фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» монандии беш дошта, ҳар ду як мақсад доранд, табаддулоти давлатӣ ва бунёди кишвари фундаменталии динӣ. 

Чаро Тоҷикистон ва дигар созмонҳои бонуфуз амсоли СМЗТ, СҲШ, МЗТ, ИДМ, СААД, Интерпол ҲНИ-ро  ташкилоти экстремистиву террористӣ эътироф кардаву роҳбари ӯ дар ҷустуҷӯи интерпол қарор дорад? ҲНИ чун дигар ҳизбҳои қонунии кишвар ҳудуди беш аз 20 сол дар Тоҷикистон фаъолият бурда, бо ташкили ячейка, ташкилотҳои худ дар қаламрави кишвар дар пиёда кардани ҳадафҳои оинномавию барномавии хеш «саъй мекард». Сомонаву нашрияи он фаъолияти бомаром ва аз ҳисоби «фанатони исломпарасти зоҳирбин» муштариёни зиёд дошт. «Роҳбарияти олии ҳизбӣ» намегузоштанд, ки дигар фаъолони ҳизб дар курсии парлумони кишвар нишинанд. Кабирӣ ҷойгузини он буд.  

 Роҳбарияти олии ҳизб пайваста дар маърӯзаҳои худ эълон медоштанд, ки шумораи аъзоён аз сарҳади 50 ҳазор гузаштаасту онҳо дар ояндаи наздик курсиҳои парлумониро бештар гирифта, барои «ободии кишвар» саъй меварзанд. Аммо дар тӯли ин солҳо роҳбарияти ҳизб ба таври махфиёна бо охундҳои эронии худ забон як карда, андешаи таҳаввулотро дар сохтори конститутсионии кишвар мекарданд. Онҳо ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта чунин як нақшаи бобарори худро кашида, бо зархаридони эронии худ барои ангеза ёфтани низои миллӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ кӯшиш варзиданд. Коршиносони таърихӣ исбот кардаанд, ки маҳз майдоннишиниҳо ва қазияи арманиҳоро онҳоро оғоз бахшида, мардуми зиёдро гумроҳ намуда, ба майдони «Шаҳидон» кашиданд. Баъд аз аланга гирифтани оташи ҷанг ва низои қавмӣ, онҳо нақшаи аз байн бурдани шахсиятҳои маъруфи кишварро оғоз карданд, ки аксаран зода ва парвардагони минтақаи шимоли кишвар ҳастанд. Онҳо бо ин роҳ мехостанд, ин минтақаи оромро низ ба гирдоби ҷанг кашанд. Ҳамин тавр аз вазъи мусоид хостаҳои худро бароварда кунанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Афсурдагӣ то ба дараҷае расид, ки то соли 1997 дар минтақаҳои кӯҳӣ бо ҳукумати нави муросои миллӣ дар ҷанг шаванд. Ниҳоят соли 1997 ба ҷанги бемаънӣ нукта гузошт. Ба қавле «тарбуз аз бағалашон афтид». Аммо аз соли 1997 то ин ҷониби онҳо ба таври пинҳонкорона ҳамон мақсадҳои «олӣ»-и худро барои пиёда кардан кӯшиш карданд. Ҳодисаи куштори наваскарон дар минтақаи Тавилдара, шӯриши мусаллаҳона дар шаҳри Ваҳдат бо сарварии генерали ошӯбгар Ҳоҷиҳалим Назаров,  ба Сурияву Ироқ кашидани садҳо ҷавонони манқуртшудаи гумроҳ, амали террористӣ бар зидди сайёҳони хориҷӣ, нияти тарконидани  дивизияи 201-уми Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дорад, ин аст ҳосили «заҳматҳои шабонарӯзӣ»-и наҳзатиён.

Пас барои кадомин хизматҳои ҲНИ ин ҳизбро чун ҳизби қонунӣ эътироф кунад. Дар ҳоле, ки мақсади наҳзатиён фиреб додани халқ, мазҳабгароӣ, тафриқаандозӣ байни мусулмонон, қатлу куштор аст.

Мо - устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бисёр мехостем, ки ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар иштироки ТТЭ ҲНИ-ро дар конфронси Варшава бозбинӣ кунанд. Зеро онҳо ҳаққи иштирок ва баромад карданро надоранд. Ҳар як сокини кишвар амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро маҳкум кардаанд. Барои миллати азизи мо беҳтарин неъмат ин сулҳу салоҳ аст. Будани ин ташкилоти террористӣ ҳамон гунае, ки гуфтам хатарест барои миллати мо.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Заволи роҳбарони ҲНИ

Шоми санаи 4 – уми сентябри соли 2018 тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Гирдоб», ки кирдорҳои разилона ва амалҳои таҳрибкоронаи саркардагон ва хоҷагони хориҷии ҳизби мамнӯъи террористӣ- экстремистии наҳзати исломиро фош менамояд, намоиш дода шуд.

Яке аз ташкилотчиёни амали тсррористии куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара, роҳбари гуруҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ Ҳусейн Абдусамадов возеҳу равшан баён кард ва иқрор шуд, ки дар ин амали террористӣ дасти роҳбарони ҳизби террористӣ, экстремистии наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо мебошад. Зеро нақшаи дар миқёси байналхалқӣ рехтани обрую нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро онҳо пешкакӣ тарҳрезӣ карда, мехостанд бо ҳамин васила нисбати кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳода ва мардуми меҳмоннавозу инсондӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои хориҷ ва давлатҳои мутараққӣ изҳори нобоварӣ нисбати амнияти шаҳвандонашон ба амал оранд.

Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки бо супориши роҳбарияти ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба ин амалиёти террористӣ дергоҳ тайёрӣ дида, онро зери байрақи ҳаракати террористии ДОИШ амалӣ гардонданд, то ки амалиёт ба ӯҳдаи ДОИШ вогузор гардад. Ин «каҷдумони зери бурё» дар ин ҷо низ мехостанд, худро мусичаи бегуноҳ ҳисобанд ва айбро ба души дигарон бор кунанд. Аммо амалиёти хеле фаврӣ ва муваффақонаи мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ошкор сохт, ки кори бевоситаи наҳзатиён ва мушовирони хориҷии онҳо мебошад.

Модари ҷавонони террорист нисбати Кабирию Қорӣ Носир ва дигар гумоштагони ҳизби мамнуи ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дашном ва суханони босазо гуфт. Ҳеҷ модар намехоҳад, ки фарзандаш қотил, террорист ва дину мазҳабфуруш бошад. Роҳбарону саркардагони ҲНИ фарзандони моро гумроҳ карда аз онҳо террористу ватанфуруш тайёр мекунанду худашон бо зану фарзандон ва хешу таборон дар хориҷи кишвар зиндагии шоҳона ба сар мебаранд. Марг ба чунин саркардагону хоҷагони хориҷии онҳо.

Сокинони ноҳия филми мустанади «Гирдоб» -ро аз телевизион тамошо карда, қаҳру газаб ва нафраташон нисбати роҳбарони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва роҳбаладону сарпарастони хориҷии онҳо дучанд шуд. Дар маҷлису маъракаҳо ва ҷамъомадҳои умумӣ филми мазкур мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳозирин ба террористон, роҳбарон ва саркардаҳои онҳое, ки амнияти кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро чашми дидан надоранд ва бо ҳар роҳу восита ҳаёти орому осоиштаи сокинони мамлакатро халалдор месозанд, нафрат хонда, завол ба роҳбарони ҲНИ мехонанд.

Аз номи сокинони ноҳияи Деваштич

Читать далее

Фиристода бояд ки доно бувад….

Ба конфронси навбатии  Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)  даъват шудани  раҳбари ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ моро ба ҳайрат овард.

Оё ҳизбе ки фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудаасту дар руйхати ҷинояткорон номнавис шудааст, ҳуқуқи иштирок дар чунин як анҷумани байналмилалӣ дорад? Ду сол пеш ҳам дар ин конфронс  фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ  нағмасароӣ намуда, коршиносони байналмилалиро гаҳгум зада буданд.    Ҳол он ки солҳои сол семинару дарсҳо дар асоси лоиҳаҳои САҲА барои ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон  идома ёфта, фарҳанги сиёсии кишварро такмил медод. Ба дастгирии молиявии САҲА  чандин лоиҳаҳои хуб амалӣ гардид ва ҳанӯз идома дорад. Дар шароити бисёрҳизбӣ фаъолияти қонунии ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ба ҷуз ҳизби бонуфузи халқӣ-демократӣ, ҳизбҳои  аграрӣ, демократӣ, сотсиал-демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ дар арсаи сиёсат  фаъоланд. Барои ташкили ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва ҳаракатҳои мардумӣ қонунҳои мавҷудаи кишвар шароит фароҳам овардааст. Муҳим ғуломи қонун будан ва арзишҳои ҳуқуқи конститутсиониро ба ҷо овардан аст.

Аммо вақте ҳизб аз кишвари дигар пуштибонии молиявӣ мегираду  даст ба тахрибкорӣ мезанад, ба ҷуз зархарид чизи дигаре наметавон гуфт?  Беҳуда нест, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори худ ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ТТЭ ҲНИ маҳкум намуд.  Онҳое ки ба иллати гумроҳӣ шомили ин ҳизб шудаанд,  изҳори пушаймонӣ намуда роҳи ҳаёти осоиштаро пеш гирифтанд.

Аммо иддае аз пайравони ҳизб дар кишварҳои Аврупо лонаи макру фиреб гузошта бо изҳороту суханрониҳои бардурӯғ номи Тоҷикистонро доғдор мекунанд.  Ва бо ин амали зишти худ худ ба ризқи мардуми ин кишвар зомин мешаванд. Зеро коҳиш ёфтани лоиҳаҳои сармоягузории кишварҳои Аврупо низ аз эҳтимол дур нест.

Ба назари ман, вакили анҷуман як нафари ватандӯст, дилогоҳ, доно  ва инсони маҳбуб байни қишри ҷомеа  бошад. Орзую омоли аксариятро дар анҷуман иброз дошта тавонад.  Тавре Фирдавси бузург  фармудааст:

Фиристода бояд ки доно бувад

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Икром Абдуллоев,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо …

Аз маводҳои ВАО бармеояд, ки нимаи дуюми моҳи сентябр чун анъана дар Варшава конфронси солона таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор мегардад ва ин дафъа низ фаъолони ТТЭ ҲНИ ба он даъват шудаанд.

9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

Аҷиб ин аст, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ки ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ  аз ҷумлаи  се ҳазор нафар террористонест, ки ба Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил карда шудааст.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, Арманистон ва Беларус ба минтақаҳои дар боло зикршуда пайвастанд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шӯрои Аврупо (CODӮҶTӮҚ), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии дароматҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲ доир шуд, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм баланд арзёбӣ намуд. Дипломати ҳиндӣ ТТЭ ҲНИ-ро барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ намуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира оид ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ баргузор шуд. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти конфронс шабоҳати ба ҳам наздики таърихи ташкилотҳои террористии номбаршуда, алоқамандӣ ва ягонагӣ дар кӯшишҳои онҳо барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр, инчунин дастгирии ин созмонҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот карда шуд.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси Эрон фаъолиятҳои ҷиноиро дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад. Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ҳамлаи террористӣ дар минтақаи ҷойгиршавии Пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Душанбе, ки онро мебоист 13 нафар аъзои аз ҷониби дастурдиҳандагони эронӣ омодагии диверсионидидаи ТТЭ ҲНИ анҷом медоданд, пешгирӣ намуданд. 29 июли ҳамин сол аз ҷониби аъзои ҲНИ дар муқобили сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи даҳшатбори террористӣ анҷом дода шуд.

Тайи як соле, ки аз рӯзи баргузории чунин конфронси қаблии САҲА сипарӣ гардид, дар ВАО як зумра маводҳо нашр ва якчанд филмҳои ҳуҷҷатӣ («Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати разолатпуш», «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ-узви фаъоли ТТЭ ҲНИ», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва ғайраҳо) намоиш дода шуданд, ки дар онҳо иштирокдорон ва шоҳидони бевоситаи ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ дар бораи корҳои анҷомдодаашон нақл карда, гуноҳи аъзои онро тасдиқ менамоянд. Ба назар мерасад, ки САҲА ба ташкилоти тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Акнун он аз рӯи субсидия (ёрии моддӣ) фаъолият мекунад. ТТЭ ҲНИ дорои захираҳои кофӣ мебошад. Манбаъҳояш ба ҳамагон маълуманд. Аз ин рӯ, фаъолони ин ташкилоти экстремистию террористӣ оромона дар конфронсҳои САҲА сабти ном мешаванд.

Пештар, барои бо ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо, ки САҲА мегузаронад, дар тамос шудан ва ҳамчун иштирокдорони онҳо номнавис гардидан бояд аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ мегузаштанд. Номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Иштирокдоронро дар ин вақт ҷо ба ҷо мекарданд ва бо «хароҷоти сафар» таъмин менамуданд. Якчанд моҳ пеш аз оғози конфронс шахсони бонуфузи боэътимод, ки ба мақоми САҲА мувофиқанд, даъватномаҳои шахсӣ мегирифтанд. Ва танҳо дар сурати тасдиқ гардидан суханронии пешниҳодкардаи онҳо ба рӯйхати маърӯзачиёни калидӣ ворид карда мешуданд. Чунин тартиби интихоб аккредитатсияи (бақайдгирии) рӯзноманигоронро низ дар бар мегирифт.

Ҳоло вазъ дар САҲА, ки бар асоси принсипи «шаҳри бедарвоза» фаъолият мекунад, ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Имконияти иштирок ва ҳатто суханронӣ карданро аз ин минбари баланди байналмилалӣ  дилхоҳ хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷиноят ба даст  меорад.

Иштироки Тоҷикистон дар САҲА зарурати нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани амниятро дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд. Робитаҳои устувор ва рушди ҳамкорӣ бо САҲА ба ҳадафҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Тоҷикистон мутобиқ ва ба манфиати таҳкими соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва амнияти миллии он ҷавобгӯ буданд. Аммо то он даме, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Варшава дар форуми САҲА аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ футболкаҳои бо аксҳои роҳбаронашонро ба бар карда, ба ҷонибдории онҳо аксия ташкил карданд. Он гоҳ ниятҳои аслии САҲА, ки меъёрҳои қонунгузории мавҷуда ва созишномаҳои дар самти таъмини амният дар минтақа батавофуқрасидаро дағалона поймол карда, бар хилофи конвенсияҳо ва қарорҳои умумиэътироф амал мекунад, ошкор шуданд. Дар ҳоле, ки вазифаҳои зиддитеррористии ҶТ ва САҲА мувофиқа карда шуда, бояд дар ҳамкории зич бар асоси машварат бо мақомоти Тоҷикистон ҳангоми риояи пурраи қонунҳо ва қоидаҳои ин кишвар ҳал карда шаванд.

Мисолҳои зиёди фаъолияти тахрибкоронаи САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва  манотиқи даргир маълуманд. Чанде пеш намояндагиҳои САҲА дар қаламрави Россия, Беларус, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ тамоман баста шуданд, зеро роҳбарияти онҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишварҳои худ намебинанд ва намехоҳанд, ки намояндагони «мустақил»-ро дар худ навозиш диҳанд.

Пас аз он ки ДИДҲБ-и САҲА ба ҷаласаи худ дар Варшава ҷоннибдорони ТТЭ ҲНИ-ро роҳ дод, паст бурдани ваколат ва мақоми ин ташкилот — аз Бюро (Дафтар) то ба Намояндагии барномавӣ дар Тоҷикистон – тадбири қонунӣ, ҷавобӣ ва мутаносиб буд. Ҳамин тариқ, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардида, идораҳои он дар Рашт , Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус баста шуданд. Ҳамзамон, то ба ҳол ба САҲА ҳуқуқ дода шудааст, ки якчанд лоиҳаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд.

Яке аз бандҳои фаъолияти САҲА ин мубориза (на ҳамкорӣ!) бар зидди терроризми байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили мубориза бар зидди чунин таҳдидҳо мебошад. Дар асл, САҲА танҳо, тавре мегӯянд «риштаи корро чигил мегардонад». Аён аст, ки он дигар ташкилоти мустақили байналмилалӣ нест, тавре ки кӯшиш мекунад худро нишон диҳад.

Ба Тоҷикистон «демократия»-и САҲА, ҳамсафон, шарикон ва ҳомиёни ҳуқуқ, ки созишномаҳои байналмилалиро иҷро намекунанд, бегона мебошад. Бо додани иҷозати иштирок дар конфронсҳои худ ба аъзои ТТЭ ҲНИ Намояндагие, ки бояд барои ҳалли низоъ ва мубориза бар зидди терроризм фаъолият мекард, ба меъёри нодуруст ва таҷрибаи нораво табдил ёфт. Равшан аст, ки Дабири кулли САҲА Томас Гремингер барои зикр кардани ин суханҳо далелҳои  қотеъ дорад: «Ихтилофоти ҷиддӣ дар атрофи фаъолияти ташкилоти мазкур пеш ҳам вуҷуд доштанд, вале имрӯз онҳо ба таври назаррас тақвият ёфтаанд ва бӯҳрони амиқи эътимод ба миён омадааст». Аз ҷониби Тоҷикистон ин талафоти пурраи эътимод нисбат ба Ташкилот, мақом ва нуфузи он мебошад. Зеро воқеаи соли 2016 барои САҲА дарси ибрат нашуд. Ташкилот ба  шаҳри бедарвоза мубаддал гаштааст, дар он ҳар каси хоҳишманд метавонад эҳтиёҷоти хурду калони худро баровард кунад.

Имрӯз, вақте ки вазъ бо ТТЭ ҲНИ метавонад такрор ёбад – эҳтимолияти ниҳоятан баста шудани Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон барои фаъолияти он тадбири кофӣ ва мутаносиб хоҳад буд.

Юрий МАКЕЕВ  

Читать далее