14 September 2018

ФАРҲАНГ - СИМОИ МАЪНАВИИ ҲАР ХАЛҚУ МИЛЛАТ

Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи фарҳанг

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳои олӣ, директорони муассисаҳои соҳаи фарҳанг, нависандагон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Сараввал дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои соҳаи фарҳанг дар шаҳру навоҳӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид.

Читать далее

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТ: «ШАРОИТИ САФАР БА МУРҒОБ ХАТАРНОК БУД, ВАЛЕ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РОҲАШОН НАГАШТАНД…»

Тавре қаблан хабар додем, субҳи  13-уми сентябр,  дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб  ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкуҳ ташриф оварданд.

Тавре дар гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ омадааст, «имрӯз аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид….».    Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ҳолати мазкурро шарҳ дода, навиштааст: «Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеи куҳистон ташриф оварданд».

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони он дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро сокинони ноҳияи Мурғоб тӯҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сараввал  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазакур дод, ки сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқ танқисӣ доштанд ва бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.

Читать далее

Конфронси САҲА – Минбар ба бӯстонҳои нав?

Аз маводҳои баъзе расонаҳои хабарӣ маълум гашт, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Полша шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният (САҲА) ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор мегардад, ки ба он ин дафъа низ фаъолони ТТЭ ҲНИ даъват шудаанд. Бояд қайд кард, ки тамоми аъзоёни САҲА воқифанд, ки моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон кардааст.

Бар замми ин, аз 57 кишвари аъзои САҲА 13 кишвар инчунин аъзои сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террорристӣ-экстремистӣ эътироф кардаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки онҳо аз руи стандарти дугона кору фаъолият мебаранд. Гуруҳҳои террористӣ-эксремистиро вобаста аз манфиатҳояшон ба «хуб»-у «бад»- ҷудо мекунанд.

Ҳангоми баромадҳояшон доимо қайд мекунанд, ки мо бояд муборизаро бар зидди чунин гурӯҳҳои зиддиинсонӣ пурзӯр намоем, зеро ки хатари онҳо ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Лекин мутаассифона гуфтаҳои бисёрии онҳо бо амалашон рост наомада истодааст. Конфронсе, ки бо роҳбарии САҲА дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша гузаронида мешавад барои боз ҳам паст рафтани обрӯву нуфузи ин ташкилоти байнидавлатӣ мусоидат менамояд, зеро ки вай барои гуруҳи террористӣ-экстремистии дар боло зикршуда имконият дода истодааст, ки баромад намуда, дар бораи мақсадҳои ғаразноки худ ҳарф занад.

Мақсаде, ки гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ пеши худ гузоштааст ба ҳамагон маълум аст, лекин саволе ба миён меояд, ки мақсади асосии САҲА чист? Оё ин созмон метавонад, ки барои пурзӯр намудани амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Агар ҳа, пас барои чӣ ин созмон вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро накарда, ба чунин амалҳои номатлуб даст зада истодааст? Шояд ҳамин гуна амалҳои номатлуби САҲА буд, ки фаъолияти он дар чунин кишварҳо ба монанди Руссия, Белорусия, Озорбойҷон ва як қатор кишварҳои дигари аъзои ИДМ қатъ карда шуд. Намояндагони ин кишварҳо ба хулоса омаданд, ки аз ҳамкорӣ бо чунин созмони «стандарти дугона» дошта аҳамияте барои давлат ва халқи онҳо нахоҳад дошт. Ин созмон яке аз пунктҳои асосии фаъолияти худро, ки он мубориза бо терроризми байналхалқи аст, иҷро накарда истодааст. Аз ин лиҳоз фаъолияти чунин созмони байналхалқӣ дар ҳудуди кишвари мо низ аҳамияти худро гум карда истодааст.

САҲА яке аз созмонҳои байниҳукуматӣ буда, дар қабули қарорҳои ҷиддӣ мустақил нест, зеро ки вай вобаста ба манфиатҳои баъзе давлатҳои бузурги Аврупо кору фаъолият менамояд. Ин созмонро ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мебаранд.

О. Холдоров, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 

Читать далее

Маҳкум менамоем!

Мо сархатибон ва имом-хатибон, дар ­умум ҳамаи ходимони дини вилояти Суғд па­нҷ рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастем, ки дар­ дили Аврупо дар шаҳри Варшава, ташкилот­и бо нуфузи САҲА бо кадом ҳадаф ҷаласа б­арпо намуда, шахсиятҳои зиёдро даъват нам­уд, афсӯс дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди­ ватангурезон, хоинони миллати тоҷикро ни­з ҷамъ намуд, ки онҳо эътилофи ихтилофанг­ез ташкил карданду рӯзи фардои он аъзои ҷаласаи САҲА  шуданд. Мо ходимони динро  ин хиёнат ба­ ғазаб овард ва дар як вақт мо ин ҷиноятро  маҳкум мекунем ва ба ташкилкунандагон ­талаби худро изҳор медорем:

Мӯҳтарам роҳбарон ва ходимони САҲА, оё шумо намедонед, ки ҳизби Наҳзат дар Тоҷикистони ба шумо дӯст ҳам­чун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эҳл­он гардидааст ва роҳбарони ин ҳизби мам­нӯи ба ном динии Наҳзат, Муҳиддин Кабирӣ ­, Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслаконашон ҳамчу­н террорист дар кофтуков мебошанду шумо ­онҳоро маблағгузорӣ карда даҳват намудед­, бо маслиҳату машваратҳо онҳо эҳтилофи х­оинонаи худро эълон карда, дар ҷаласаи шу­мо иштирок доранд.

Шумо роҳбарони САҲА доим даъво меку­нед, ки Созмони мо дар чаҳон зидди экс­тремизм ва терроризм фаолият карда, экстр­емистон ва террористонро намегузорад, ки­ фаолияти хоинонаи худро давом диҳанд, а­ммо афсӯс дар давоми панҷ рӯзи охири фао­лияти шумо дар пойтахти Полша акси гуфт­аатон мебошад.

Дар таҳлимоти ҳамаи динҳои олам хоин­они ватан бадтарин инсонҳо ҳисоб мешаван­д, нафароне, ки ҷиноят карда сабаби ҷангу ­ ҷидол шуда ба миллат, ватан ва мазҳаби х­уд хиёнат карданд, бояд онҳоро ҳеч кас дастгирӣ накунад.

Мо ходимони дини вилоят Суғд аз шум­о роҳбарияти САҲА ва ташкилкунандагони и­н ҳамоиш талаб менамоем, ки ин эътилофи ­наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯёна эҳл­он намуда, дигар бояд онҳоро дар рӯзҳои ­боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳед ва дар як в­ақт онҳо дар кадом давлате, ки сукунат д­оранд бояд ҳамон давлатҳо  онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, ки онҳо дар назди­ халқу қонун ҷавоб диҳанд.

Масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдин.
Хуҷанд, 14 09 2018.

Читать далее

ИЛҲОМ ЁҚУБОВ МАНҚУРТЕСТ, КИ АЗ ОЗОДИИ СУХАН ГАП МЕЗАНАД

Дар нишасти солонаи  Варшава, ки бо ташаббуси САҲА давоми ду сол як маротиба баргузор мегардад, дар қатори дигар хоинони миллат Илҳом Ёқубов  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, низ баромад намуд. Суоли нахустин, ки дар сарам чарх зад, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷуман интихоб кард? Аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбар  шавад. Сониян, кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷир фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он, ки дар хориҷи кишвар садҳо шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам буду бош, пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба сухану ҷурналистика иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯӣ»- ҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағҳои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронид. Ҳамчунин, бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид. Ӯ дар ин ҷо бо чанде аз рӯзноманигорон ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо робитаи мустақим пайдо намуд. Ҳамин тавр ӯ дар арсаи сиёсии шаҳр ва вилоят ном баровард. Бо нишони «ихлос» ба роҳбари рӯҳонии худ бо ҳамроҳии волидону пайвандонаш тарки диёр намуда, алҳол ҳамон тавре, ки гуфтем, ба «мақоми баландпоя»  расид. Акнун меоем ба сари ду «мушкилие»,  ки ӯ дар Варшава аз он бонги изтироб зад. Ӯ ба як ҷумла ҷурналистикаи муосири тоҷикро ба риштаи таҳлил кашид ва иброз дошт, ки дар кишвар озодии сухан нест. Овардани ҳамин рақам кифоя аст, ки ӯ дурӯғ мегӯяд. Дар он шаҳре, ки ӯ ба камол расидааст, ҳафт шабакаи телевизионӣ ва 5 радиои FM фаъолият доранд, ки 6 шабакаи телевизионӣ ва 4 радио хусусӣ мебошад ва ҳар кадоме барои рушди ҷурналистика, ифшои камбудиву норасоиҳо хизмат менамояд. Мо борҳо тариқи телевизонҳо гузоришҳои  таҳлилии рӯзноманигоронро дидаем, ки барои ислоҳи вазъ мусоидат намуд. Ягон фишор аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нест.

Гузашта аз ин,  тибқи муқаррароти Конститутсия давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст. Дар кишвар наздики 350 нашрия фаъолият дорад, ки аз ин шумор наздики 300 нашрияҳо хусусисанд.

Ҳамасола санаи 3 май чун санаи озодии сухан таҷлил шуда, беҳтарин ҷурналистон ба ҷоизаҳои "Эътимод", "Ҷасорати ҷурналистӣ", "Касбияти ҷурналистӣ","Ҳамраъйии касбӣ", "Тадқиқоти ҷурналистӣ" ва Ҷоизаи Пайванд Гулмуродзода соҳиб мешаванд.

Ҳамзамон, соли чорум аст, ки бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳо, ифшои камбудиҳо, таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад, ки тавассути қалами сеҳрофарини рӯзноманигорон  камбудиҳои ҷомеа ошкор ва масъулияти роҳбарон баланд бардошта мешавад. Баргузории нишасти матбуотӣ низ қадаме ба пеш барои тантанаи озоди сухан аст. Роҳбарон муаззаф ҳастанд, ки ба саволи ҷурналистон посухи воқеӣ диҳанд. Вокуниш нишон додани роҳбарон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо Илҳом Ёқубов, ки шояд дар асри 23 парвоз дорад, ин ҳамаро нодида мегирад.

Баҳогузории нафаре, ки аз кӯчаи ҷурналистӣ нагузаштаасту санги маломат ба сари ҷурналистон мезанад, аз рӯи камоли одоб нест.

Аксари нашрияҳои хусусие, ки ба гуфти Илҳом Ёқубов фаъолияташон қатъ шудааст, ба мушкилии молӣ рабт дорад, на ин ки фишору сензура. Тасаввур кунед, ҷаҳони иттилоот торафт доман мекашад. Имрӯз хабаргузории интернетпорталҳо рушд ёфтааст. Ба шакли электронӣ нашр шудани нашрияҳо низ дар мӯд аст. Иқрор ҳам бояд шуд, ки мардум дар қиёс ба газетаҳо бештар ба телевизион таваҷчуҳ доранд, пас муассис маҷбур мешавад, ки фаъолияташро қатъ созад. Тақдири сомонаи Тоҷнюс ва нашрияи «Нигоҳ» ба мушкилии молиявӣ рабт доранд.

Дар мавриди ҷурналист Исмоилов, ки дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекард, ҳаминро гуфтанием, ки ӯ на ба фаъолияти ҷурналистӣ ва озодбаёнӣ, балки барои гирифтани пора ва шантаҷ бо ҳукми суд ба маҳкама кашида шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон карданд ва гуфтанд, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи Президенти кишвар танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Сарвари давлат дар идомаи сухан таъкид карданд, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуданд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд.

Ба андешаи ман  се омили таъмингари озодии баён мебошад. яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ. Маҳз аз дидгоҳи ҳамин рисолат ҷурналист бояд кору фаъолият намояд. 

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгири дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст, на бозичаи дасти дигарон шудан.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,
сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и
ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Изҳороти сокинони вилояти Суғд оид ба маҳкум намудани созмони ба ном “Паймони миллӣ”

Мо, сокинони вилояти Суғд баробари огаҳӣ ёфтан аз расонаҳои  хабарӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд,Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава,пойтахти Лаҳистон иқдом намудем, ки расман фаъолияти чунин созмоне, ки бо ташаббуси як гурўҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем, зеро ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирўз бо кўмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол бадгўиҳо менамуданд,  нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани  фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштанд, бо кадом асос ва бо кадом ҳуқуқ имрўз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд. Онҳо имрўз ҳуқуқи маънавии аз номи миллат ва Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд ва қатъан талаб мешавад, ки аз номи ин ташкилот номи миллат ва давлати Тоҷикистон бардошта шавад. Аслан, ин созмон ҳаргиз ташкилоте нав ё паймоне дигар наметавонад бошад, чун он ҳар чаҳор созмони гўё ба ҳам омада, ҳамон гурўҳҳое ҳастанд, ки ба як хоҷа хидмат намуда, ҳадафашон ноором сохтани Тоҷикистони азизи мо аст. Мо ин ташкилотро аслан паймони душманону хоинони миллат унвон мегузорем, ки солҳо дар фикри ноором кардани фазои кишвар ҳастанд. Аз ин рў, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаву суханҳои ин гурўҳҳои хиёнаткор нашаванд. Зиракию  сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани азизу муқаддас кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватан – ин пораи хоки муқаддасро бадном кунанд ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони миллат ба ҳадафи хеш намерасанд ва ин сарзамини поку муқаддас, ин Ватани азиз ҷовидон пойдор хоҳад монд.

Дар баробари ин, вобаста ба  баргузории машварати солонаи навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳоидемократӣваҳуқуқиинсони САҲА  бо таассуф изҳор мекунем, ки новобаста ба изҳороти фаровони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, эътирофи ТТЭ ҲНИ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ аз сўи гурўҳи калони кишварҳои  аъзои САҲА намояндагон ва ҷонибдорони ин ташкилоти террористиро ба машварат даъват намуда, ҳатто иҷозат дод, ки дар толори ҷаласа маҷмўи қоидаҳои баргузории нишасту маҷлисҳоро вайрон намоянд. Ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, ки бояд ҳадафи аслиаш пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм аст, бояд ҳаргиз барои сўистифодаи ин гурўҳҳо иҷозат намедод, то мухолифин дар толор ва долонҳои ин нишаст гўё онро “шаҳри бедарвоза” унвон карда, ҳар чӣ хостанд, анҷом диҳанд. Чунин муносибати САҲА бо намояндагони паймони навтаъсиси душманони миллати тоҷик баръакс шаъну эътибори онро поин бурда, нишон дод, ки баръакс ин ташкилоти ҷаҳонӣ аз онҳо пуштибонӣ дорад. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин гуна муносибати САҲА –ро имрўз аксари кишварҳои минтақа ба дурустӣ маърифат намудаанд, ки аллакай идомаи фаъолияти онро дар кишварҳои хеш қатъ кардаанд. Вақте ки САҲА мавқеи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, гурўҳи калони мамлакатҳои узви хешро дар мавриди эътирофи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экремистӣ ба эътибор нагирифта, баръакс аз онҳо пуштибонӣ мекунад, вақти он расидааст, ки ба фаъолияти он дар Тоҷикистон низ хотима дода шавад.

www.sugd.tj

Читать далее

Терроризм – хатар ба амнияти сайёра

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтав аст,  терроризму мебошад. Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон анҷом дода мешавад.

Давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан, дар нимаи дуюми асри ҶҶ терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм  вуҷуд дошт: ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ терроризм  ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксар ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии одамон таъсир расонида, мардумро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд, дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Мавриди ҳадафи ба ифротгароӣ ҷалб намудани ин гурӯҳҳо дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз  гардад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти  ҷаҳонва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён оварда аст. Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст  ва набояд фирефтаи он гашт.

Парвина Холикова,
омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Читать далее